Дар Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергнетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати чиноии «Yunnan Phosphate Chemical Group Co., LTD» ба имзо расид

0




            



Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергнетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати чиноии «


Yunnan




Phosphate




Chemical




Group




Co


.,


LTD


» ба имзо расид.



Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷонибҳо омодагии худро бобати амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаҳои рушди саноати кимиёвӣ, истихроҷ ва коркарди нуриҳои минералӣ дар Тоҷикистон изҳор намуданд.



«Ҷонибҳо дар бораи таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли селитраи аммиакӣ дар асоси усулҳои сарфакоронаи техникиву иқтисодӣ дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушоди «Химзавод» ба мувофиқа расиданд», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки тибқи Ёддошт вазорат дар ташкил ва бақайдгирии корхонаи муштарак мувофиқи тартиботи муқарраршуда мусоидат хоҳад кард.


Реклама на asia+

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов се мактаб мавриди истифода қарор гирифт

0


Хуҷанд. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҳамроҳи зиёиён, олимон, намояндагони мақомоти ҳкумати маҳаллӣ ва васоити ахбори омма бо сафари корӣ аз ноҳияҳои вилоят боздид мекунад.




Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қ.Расулзода дар маросими ба истифода додани мактаби таҳсилоти умумӣ дар ҷамоати Ғӯлакандоз барои 400 нафар толибилмон, ки тариқи ҳашар аз маблағи сокинони ҷамоат ва кооперативи истеҳсолии ба номи Самадаов бунёд ёфтааст, иштирок намуд. Барои сохтмони мактаби дигар аз буҷаи вилоят 700 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, он барои 192 нафар хонанадагон пешбинӣ шудааст.



Дар шаҳраки Пролетар раиси вилоят дар маросими ифтитоҳи нимпайкараи Одамушшуаро Абӯабдулло Рӯдакӣ дар саҳни мактаб иштирок кард. Акнун мактаб номи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷикро гирифт. Ҷиҳати таъмири мактаб аз буҷаи вилоят 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.


Реклама на asia+

Дар Бишкек зимни баргузории ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви ИДМ лоиҳаи Статегияи рушди иқтисодии иттиҳод баррасӣ мешавад

0


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки 18-уми октябр дар шаҳри Бишкек баргузор мешавад, 18 масъала мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.




Мушовири дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ Мария Гутсало ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ҷаласа ба лоиҳаи Стратегияи рушди иқтисодии иттиҳод дар давраи то соли 2020 ва масъалаи афзалиятнок шуморидани ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика барои соли 2009 таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд.



Дар ҷаласаи шӯро ҳамчунин асноди Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, аз ҷумла лоиҳаи Муқаррарот дар бораи раёсат дар ИДМ, Қоидаҳои тартиби гузаронидани ҷаласаҳои Шӯрои сарони кишварҳо, нахуствазирон, вазирони умури хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ ва Муқаррарот дар бораи Ҳамоҳангсозони миллӣ низ муҳокима карда мешаванд.


Реклама на asia+

Имрӯз Э. Рахмон бо М.Аҳмадинажод гуфтушунид хоҳад кард

0


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомлӣ Раҳмон бо президенти Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар чаҳорчӯбаи сафари серӯзаи худ сарвари давлати Эрон чун кишвари нозир дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзида, ҳамчунин бо роҳбарони давлатҳои форсизабон – Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳамид Карзай дидору гуфтушунид хоҳад кард.




Дар нишасти матбуотӣ сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст изҳор дошт, ки президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод дар доираи боздид аз Тоҷикистон бо зиёиёни тоҷик мулоқот хоҳад орост.



Сафир зикр кард, ки дар Душане бобати мулоқоти дуҷонибаи М.Аҳмадинажод бо сарони кишварҳои Русия, Чин ва Қазоқистон мувофиқа ҳосил шудааст. «Ҳамчунин иштироки президенти Эрон дар маросими ифтитоҳи сохтмони бинои нави сафоратхонаи Эрон дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар назар аст», – афзуд Алиасғари Шеърдӯст.




Реклама на asia+

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо раисони палатаҳои парлумони Тоҷикистон дидору гуфтушунид кард

0









































           



Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар доираи баргузории вох


ӯ


рии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) Раиси


Ҷ


умҳурии Халқии Хитой


ҷ


аноби Ху Тсзинтао

 

бо ташрифи давлат


ӣ



 

дар


ҷ


умҳур


ӣ


қарор дорад.

 

Тибқи нақшаи протоколи ин ташрифи давлат


ӣ



 

меҳмони олиқадрро имр


ӯ


з Раиси Ма


ҷ


лиси миллии Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳамроҳии Раиси Ма


ҷ


лиси намояндагони Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

Сайдулло Хайруллоев

 

ба ҳузур пазируфтанд.



Зимни мулоқоти самим


ӣ


М.Убайдуллоев

 



ҷ


аноби Ху Тсзинтаоро бобати ташрифи давлат


ӣ



 

ва дар сатҳи баланди ташкилию ғояв


ӣ


баргузор намудани 29 –мин бозиҳои Олимпиадаи тобистона дар шаҳри Пекин ва дастовардҳои беназири варзишгарони ин кишвари д


ӯ


сту ҳамсоя сидқан шодбош намуда, густариши пайвастаи муносибатҳои

 

неки

 

ҳамсоягиро дар самтҳои мухталиф, ки дар асоси сиёсати

 

созандаи Сарони ҳар ду кишвар барои рушди ҳаёти иқтисодиву и


ҷ


тимоии

 



ҷ


омеаҳо мусоидат менамоянд, нек арзёб


ӣ



 

кард.



Таъкид гардид, ки к


ӯ


макҳои техник


ӣ


ва интиқолу азхудкунии инвеститсияҳои Чин дар соҳаҳои нақлиёт, телекоммуникатсия, сохтмони роҳи Душанбе – Чаноқ,

 

нақби Шар-шар, хатҳои барқии баландшиддати «Шимол-


Ҷ


ануб», «Лолазор – Хатлон» гувоҳи равшани

 

муносиботи ҳам


ҷ


авор


ӣ


, д


ӯ


ст


ӣ


ва ҳамкориҳо

 

мебошанд. Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон дар татбиқи сиёсати

 

Президенти мамлакат м


ӯ


ҳтарам Эмомал


ӣ


Раҳмон бобати таъмини фазои ҳуқуқ


ӣ


, такмили қонунгузории кишвар баҳри рушди муносибатҳои ҳасанаи тарафайн тадбирҳои мушаххасро ан


ҷ


ом дода, дар ин равобит бо Ма


ҷ


лиси Умумихитойии Намояндагони Халқи


Ҷ


умҳурии Халқии Хитой робитаҳои байнипарламентиро муттасил густариш ва та


ҷ


рибаи бойи онро мавриди паж


ӯ


ҳиш қарор медиҳад.



Ҳамзамон изҳори бовар


ӣ


карда шуд, ки барои баланд бардоштани нуфузи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар таъмини сулҳу суботи минтақа ва вусъати


ҷ


араёнҳои ҳамгиро


ӣ


парламентҳои кишварҳо потенсиали худро равона месозанд.



Раиси


Ҷ


умҳурии Халқии Хитой


ҷ


аноби Ху Тсзинтао

 

аз ин пазиро


ӣ


изҳори сипосманд


ӣ


намуда, аз номи Раиси Кумитаи Доимии Ма


ҷ


лиси Умумихитойии Намояндагони Халқи


Ҷ


умҳурии Халқии Хитой


ҷ


аноби У Банго ба ҳамтоёнаш паёми шодбош


ӣ


расонида, зикр сохт, ки кишвараш барои беш аз ҳарвақта бо мамлакати д


ӯ


сту ҳамсоя тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд манфиатдор аст. Ва барои такмили

 

он дар асоси эҳтироми арзишҳои ҳамсояг


ӣ


ва соҳибихтиёрии давлат


ӣ


нақши парламентҳоро муассир арзёб


ӣ


карда,


ҷ


иҳати ташрифи Раиси Ма


ҷ


лиси миллии Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Ма


ҷ


лиси намояндагони Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии То


ҷ


икистон

 

Сайдулло Хайруллоев аз кишвараш даъват ба миён овард. Дар ин бора ёвари Раиси Ма


ҷ


лиси миллии Ма


ҷ


лиси Олии


Ҷ


умҳурии

 

То


ҷ


икистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлат


ӣ


Ш. Саидов хабар дод.


Реклама на asia+

Сарони кишварҳои Қирғизистон, Эрон, Ӯзбекистон, Русия ва ҳайати Ҳиндустон ба Душанбе омаданд

0


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дувуми имрӯз сарони кишварҳои кишварҳои Қирғизистон – Қурмонбек Боқиев, Эрон – Маҳмуд Аҳмадинажод, Ӯзбекистон – Ислом Каримов, Русия – Дмитрий Медведев ва ҳайати Ҳиндустон таҳти роҳбарии вазири нафт ва гази кишвар Мурли Деор ба Душанбе омаданд.




Дар фурудгоҳи пойтахт меҳмононро сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ин дақиқаҳо ташрифи президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст.


Тибқи барномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, шоми имрӯз дар бӯстонсарои президенти Тоҷикистон «Варзоб» мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони давлатҳо баргузор мегардад.

 







Реклама на asia+

Пазируфтани Покистон ба узвияти СҲШ фаъолияти созмонро тақвият хоҳад бахшид, – назари роҳбари ҳайати Покистон

0


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз роҳбари ҳайати Покистон дар нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе, мушовири нахуствазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Маҳмуд Алӣ Дурронӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки пазируфтани Покистон ба узвияти СҲШ фаъолияти созмонро тақвият хоҳад бахшид.




«Мо СҲШ-ро чун созмони пурқувват дидан мехоҳем ва узвияти кишвари мо ба он мусоидат хоҳад кард», – изҳор дошт мусоҳиб.



Сиёсатмадори покистонӣ изҳори умед кард, ки дар нишасти Душанбе шарту усулҳои пазируфтан ба узвияти созмон мушаххас карда хоҳанд шуд.


Реклама на asia+

Э.Раҳмон: Боздиди кунунии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба рушди муносиботи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид

0



           

Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз анҷоми гуфтушуниди ҳатйтҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Чин президенти Тоҷикистон ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки боздиди давлатии кунунии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба рушди муносиботи дуҷониба дар ҳамаи самтҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.





           

Ӯ сарвари давлати Чинро дӯсти қадрдони тоҷикон номида, зикр кард, ки гуфтушуниди Душанбе мавқеи ҷонибҳоро бобати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд боз ҳам наздиктар сохт.




           

«Айни замон сатҳи ҳамкориҳо дар ҳоли рушд аст ва мо мутмаинем, ки санадҳои имрӯз баимзорасида ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳоро мушаххастар месозанд», – гуфт Э.Раҳмон. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки феълан дар қаламрави Тоҷикистон ҳудуди 80 ширкатҳои чиноӣ дар соҳаҳои алоқа, сохтмон ва умури хизматрасонӣ фаъолият доранд.




           

«Мо ният дорем, бо ёрии Чин дар рӯдхонаҳои дохили кишвар як қатор нерӯгоҳҳои обиву барқӣ бунёд созем ва боварӣ дорем, ки ояндаи наздик мутахассисони кишварҳо рӯйи он ба фаъолият хоҳанд пардохт», – таъкид сохт президенти Тоҷикистон.




           

Э.Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон ва Чин ҷонибдори таҳкиму устувории минбаъдаи Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошанд ва изҳори умед кард, ки нишасти қарибулвуқӯъ дар Душанбе ба он мусоидат хоҳад намуд.




           

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао баён дошт, ки кишвараш омода аст ба Тоҷикистон дар азхудкунии захоири минералӣ, рушди гидроэнергетика ва бахши кишоварзӣ мусоидат намояд. Ху Тсзинтао аз намояндагони ширкатҳои хусусӣ даъват ба амал овард, ки ҳарчи бештар фаъолияти худро густардатар созанд.


Реклама на asia+

Иштирокдорони нишасти СҲШ вориди Душанбе мешаванд

0


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Иштирокдорони нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) вориди Душанбе мешаванд. Роҳбари Департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев, ки айни замон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе қарор дорад, ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки чанде қабл президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай ба Душанбе омад. Ҳ.Карзай дар нишаст ба сифати меҳмон ширкат хоҳад варзид.




Ба қавли ӯ, ояндаи наздик ташрифи ҳайати Ҳиндустон дар назар аст. Дар нимаи дуввуми рӯз ҳайати давлатҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон, Покистон ва Муғулистон низ ба Душанбе меоянд.



Тибқи барномаи ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, шоми имрӯз дар бӯстонсарои президенти Тоҷикистон «Варзоб» мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони давлатҳо баргузор мегардад.

 



Реклама на asia+

Эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон яке аз хатоҳоест дар маҷмӯи иштибоҳоти раҳбарияти сиёсии Русия тӯли ду ҳафтаи ахир , – наза

0


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – «Эътирофи истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистон яке аз хатоҳоест дар маҷмӯи иштибоҳоти раҳбарияти сиёсии Русия тӯли ду ҳафтаи ахир», – гуфт дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» коршиноси сиёсии тоҷик Саймуддин Дӯстов.




Ба қавли ӯ, ҳеҷ кас дар ҷаҳон гуфта наметавонад, ки амалиёти Саакашвилӣ дар Схинвали чорабинии ҷазодиҳӣ набуд, вале ҳатто ин далел низ ба Русия ҳуқуқ намедиҳад, ки дар минтақаи муҳиме барои худ чун Қафқоз ба сифати ҷониби мустақил иштирок намояд.



«Карори Русия дар мавриди посухи қотеъ ба таҷовузгар ва иштироки ӯ дар даргирии мазкур чун ҷониби мустақили низоъ иштибоҳ аст, ки ба манфиатҳои ҳақиқии дарозмуддати миллии кишвараш мухолиф аст, – мӯътақид аст коршинос. – Бо эътирофи истиқлоли

 

ин кишварҳо Русия на танҳо обрӯву нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ аз даст медиҳад, балки он Русияро ба оқибатҳои ногувори иқтисодӣ, аз ҷумла заиф гаштани раванди рушди иқтисодӣ ва барҳадар рафтани кӯшишоти ҳукумати Путин ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии халқ мувоҷеҳ хоҳад сохт».



С.Дӯстов таъкид сохт, ки ҷудоихоҳии этникӣ дар қаламрави собиқ империяи Русия ва баъдан Иттиҳоди Шӯравӣ яке аз омилҳои муҳими сиёсати Русия аст. «Онҳо худашон аксари чунин низоъҳоро ба вуҷуд оварданд ва ахиран онҳо муқобили Русия қарор гирифтанд», – гуфт ӯ.



Дар шарҳи масъалаи суратгирии вазъи минбаъдаи рӯйдод ва вокуниши кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба он коршинос зикр кард, ки «ҳар яке аз ин кишварҳои соҳибистиқлоли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Чеченистони худро доранд, ки бархе аз нерӯҳои ғарбӣ ҳатман аз он истифода хоҳанд кард».



«Дар Тоҷикистон низ заминаҳои низоъи этникӣ мавҷуданд, ки дар минтақаи барои русҳо муҳими Осиёи Марказӣ метавонанд дарди сари навбатии Русия шаванд», – гуфт дар анҷом коршиноси тоҷик.


Реклама на asia+