Хурӯҷи нерӯҳои низомии Русия аз Гурҷистон анҷом ёфт

0


Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-Юга.ру – Хурӯҷи нерӯҳои низомии Русия аз Гурҷистон шоми 22-уми август анҷом ёфт. Дар ин бора хабаргузории «Юга.ру» иттилоъ медиҳад. Тибқи иттилои хабаргузорӣ, вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков ба президенти Русия Дмитрий Медведев дар ин бора ҳисобот додааст. «Хурӯҷи қисмҳои низомӣ бидуни мушкилот соати 19.50 дақиқа ба анҷом расид», – изҳор доштааст А.Сердюков.




Ба қавли вазири мудофиаи Русия, «чанде аз нерӯҳои низомии Русия ҳоло дар Осетияи Ҷанубӣ қарор дошта, қисмате аз он аллакай ба маҳалли иқомати доимӣ ба қаламрави Русия баргаштаанд». «Дар маҳали даргириҳо посгоҳҳои назоратии нерӯҳои ҳомии сулҳи Русия ба фаъолият шурӯъ карданд», – хабар медиҳад агентии «РИА Новости».


Реклама на asia+

Дар Душанбе нахустнамоиши филми «Тафаккури исломӣ: Оғохон ва исмоилиҳо» баргузор мегардад

0


Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Хонаи кинои шаҳри Душанбе 29-уми август барои аввалин бор дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустнамоиши филми «Тафаккури исломӣ: Оғохон ва исмоилиҳо» баргузор мегардад.




Дар даъватномаи унвонии васоити ахбори умуми ҷумҳурӣ ирсолгардида продюсер ва яке аз коргардонҳои филм Самир Алибхай хабар медиҳад, ки «ин филми мустанади мустақил буда, аз рӯи сенарияи коргардони маъруфи соҳаи кино ва дорандаи ҷоизаи Эмми Билл Крэн наворбардорӣ шудааст».



«Бори нахуст филм дар шабакаи телевизиони Канада ва сипас дар Гарвард, Стэнфорд, Лондон ва Африқои Шарқӣ намоиш дода шудааст», – гуфта мешавад дар даъватнома.


Реклама на asia+

Соли равон хоҷагиҳои деҳқонии фермерӣ 638 ҳазор тонна хӯроки чорво тайёр карданианд

0


              Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Дар


ҷ


умҳур


ӣ


маъракаи


ҷ


амъовар


ӣ


ва захираи х


ӯ


роки чорво дар корхонаҳои кишоварз


ӣ


ва деҳқонию фермер


ӣ


давом дорад.




Кишоварзони


ҷ


умҳур


ӣ



 

имсол ният доранд, ки тибқи нақша 637924 тонна х


ӯ


роки хушсифати чорво тайёр намоянд. То имр


ӯ


з дар


ҷ


умҳур


ӣ


ба миқдори 381889 тонна х


ӯ


роки чорво


ҷ


амъовар


ӣ


карда шудааст, ки 61 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад.



              Мувофиқи нақша 226233 тонна х


ӯ


роки ширадори чорво тайёр карда мешуд. Айни замон 9976 тонна тайёр карда шудааст, ки 4,4 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Ба

 

як сар чорвои шарт


ӣ



 

дар асоси нақша 10,7 сентнер


ӣ


воҳиди х


ӯ


рока тайёр карда мешавад, айни замон нақшаи солона 5,5 сентнерии

 

воҳиди х


ӯ


рока и


ҷ


ро гардидааст, ки 51 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.



             Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон 79 фоиз, Суғд 42, ВМБК 23 ва ноҳияҳои тобеи марказ 64 фоиз х


ӯ


роки чорво


ҷ


амъовар


ӣ


ва захира карда шудааст.

 

Кишоварзони ноҳияи Р


ӯ


дак


ӣ


дар


ҷ


умҳур


ӣ


аввалин шуда

 

и


ҷ


рои нақшаи солонаро ба 123 фоиз расониданд. Онњо ба љои 10600 тонна хуроки чорвои дар наќша нишондодашуда, 13100 тонна хуроки чорво љамъовари намуданд.




 

Реклама на asia+

ҶСК «Пава»-и Русия ба вилояти Суғд орди навъи якум ворид месозад

0


Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Яке аз корхонаҳои бузурги минтақаи Сибир ва Шарқи Дури Русия – Ҷамъияти саҳомии кушоди «Пава» ба вилояти Суғди Тоҷикистон орди навъи якум ворид месозад.




Менеҷери ширкати номбурда Даря Коритина ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар ин бора зимни сафари ҳайати намояндагони вилояти Суғд таҳти роҳбарии раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба Олтой мувофиқа ҳосил шудааст.



Тибқи иттилои манбаъ, ҷамъияти матлуботи вилояти Суғд хостори воридоти орди навъи якум аз ин корхона шудааст ва рӯзҳои наздик он ба вилоят оварда мешавад. Ҳамчунин аз ин ҷо воридоти дигар зироати ғалладона ба вилоят низ ба нақша гирифта шудааст.



Мувофиқи маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ имрӯз дар бозорҳои пойтахт нархи як халта орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон 120-125 сомонӣ ва навъи дуввуми истеҳсоли Қазоқистон ё Тоҷикистон 115-120 сомониро ташкил медиҳад.


Реклама на asia+

Муасссисаҳои тандурустии Бадахшон ба маблағи 2,5 миллион сомонӣ кӯмак гирифтанд

0


Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир Медиа» – Аз оғози

 

сол то

 

ба ҳол

 

Вазорати тандурустии

 

ҷумҳурӣ ва Хадамоти тандурустии Бунёди Оғохон

 

барои муассисаҳои

 

тиббии Бадахшон ба

 

маблағи

 

2,5 миллион сомонӣ

 

доруворӣ ва таҳҷизот

 

фиристодааст.





 

Дар ин бора

 

зимни

 

баргузории

 

ҷаласа

 

бахшида

 

ба иди кормандони

 

тиб

  

дар

 

толори

 

мақомоти

 

шаҳрдорӣ

  

сардори раёсати тандурустии

  

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)

 

Шодӣ Ҷамшедов

    

иттиллоъ дод . Манбаъ гуфт,

 

ки

 

ҳамчунин дармонгоҳҳои

 

ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ

 

аз ҳисоби

 

фонди захиравии Президент маблағгузорӣ

 

шуданд.

 

Сардори

 

раёсати тандурустӣ

 

Ш.

 

Ҷамшедов иброз дошт

 

ки

 

барои

 

беҳтар намудани

 

шароити

 

корӣ

 

ва баланд бардоштани музди меҳнати

 

кормандони тиб низ

 

кӯшиш ба харҷ дода мешавад.



Дар ҷамъомад

 

ба

 

шаш нафар

  

кормандони

 


 

соҳаи тиб дар Бадахшон

  

унвони

 

Аълочии Вазорати тандурустӣ

 

дода шуд. Инчунин

 

иддае аз

 

кормандони соҳа

  

бо

    

Ифтихорнома ва

 

тӯхфаҳои хотиравӣ

 

қадр гардиданд.

 



Реклама на asia+

«Ориёнбонк» низоми нави интиқоли маблағҳои «MoneyGram»-ро ҷорӣ сохт

0


Душанбе. 23-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Аз нимсолаи дуюми соли


ҷ


ории 2008 сар карда, «Ориенбонк» баҳри ҳарч


ӣ


бештар қонеъ гардонидани талаботи мизо


ҷ


он аз р


ӯ


и интиқоли маблағҳои дастрас, қулай ва боэътимод, дар баробари намудҳои фаъоли низоми интиқоли маблағҳои “Migom”, “Анелик”, “Быстрая почта”, “Юнистрим”, “Contact”, “InterExpress”, «Ориенлайн», “Western Union”, “Близко”, «Faster», «Лидер», низоми нави интиқоли маблағҳои MoneyGram-ро ворид намуд, ки и


ҷ


роиши дархостҳои мизо


ҷ


он аз р


ӯ


и фиристодан ва гирифтани воситаҳои пул


ӣ


дар давлатҳои хори


ҷ


аи дуру наздикро таъмин менамояд.




Дар давоми тамоми таърихи мав


ҷ


удияти худ, ширкати MoneyGram, ба шарофати интиқолоти фавр


ӣ


, боэътимод ва қулаи воситаҳои пул


ӣ


ва хизматрасониҳои марбута, ба номи баланд сазовор гаштааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти бонки мазкур хабар доданд.


Реклама на asia+

Пас аз ҷустуҷӯи дусола қаллоб дастгир карда шуд

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Раёсати умури дохилӣ дар нақлиёти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар қаллобӣ сокини 49-солаи ноҳияи Ҳисор Толиб Боймирзоевро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор дошт, дастгир намуданд.




Сардори дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки номбурда моҳи сентябри соли 2006 аз хоҷагии деҳқонии «Хелисой»-и ноҳияи Ҳисор гӯё барои фурӯш дар Русия 144 тонна ангур гирифтааст, вале то ҳол аз ин ҳисоб беш аз 45 ҳазор сомониро пардохт накардааст.



«Баъди муроҷиати намояндагони хоҷагии деҳқонӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯ муддати ду сол бедарак шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Бино ба иттилои манбаъ, зимни тафтиш маълум гардид, ки Т.Боймирзоев ҳамчунин дар содир намудани ҷинояти дигаре низ даст дорад. «Аввалҳои соли 2007 Т.Боймирзоев ба боварии сокини пойтахт Сайлуқмон Муродов даромада, аз ӯ бо баёнот

 

5 ҳазор доллари амрикоӣ қарз мегирад, вале дар мӯҳлати таъиншуда онро барнагардонида, боз пинҳон мешавад», – афзуд сарчашма. Аз рӯи далелҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Реклама на asia+

«Тоҷпромбонк» барои рушди соҳаи пахтакории вилояти Хатлон 6,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ намуд

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон «Тоҷпромбонк» барои рушди соҳаи пахтакории вилояти Хатлон 6,4 млн. сомонӣ маблағгузорӣ намуд.




Аз бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки аз маблағҳои қарздодашуда 4 миллион сомонӣ ҳиссаи вазорати молия буда, маблағҳои боқимонда воситаҳои бонк мебошанд. Бино ба иттилои манбаъ, бонк ба хоҷагихои пахтакори вилояти Хатлон ба андозаи 18 фоизи солона қарз пешниҳод менамояд.






Маълумотнома:

«То


ҷ


промбонк» соли 1995 таъсис ёфта, айни замон дар қаламрави


ҷ


умҳур


ӣ


16 ш


ӯ


ъба дорад.


Реклама на asia+

Тоҷикистонро барои барқарорсозии бахши энергетика лозим аст, нархи 1 кВт/соат нерӯи барқро то 4 сент афзоиш диҳад

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистонро барои барқарорсозии ҳамаи шабакаҳои интиқоли барқ лозим аст, нархи 1 кВт/соат нерӯи барқро то 4 сент афзоиш диҳад.




Мутахассиси калони соҳаи энергетикаи минтақаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Рагувир Шарма дирӯз зимни сӯҳбат бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ арзон аст, зеро қариб ҳамаи нерӯгоҳҳои обию барқӣ ҳанӯз дар замони шӯравӣ сохта шудаанд. Ӯ зикр кард, ки айни замон дар Тоҷикистон нархи истифодаи нерӯи барқ дар сатҳи 1,5 сент қарор дорад ва барои таъмини нерӯи барқи доимӣ сармоягузории зиёд зарур аст.



Мавсуф ҳамчунин зикр кард, ки тибқи назарсанҷии Бонки ҷаҳонӣ, аҳолии Тоҷикистону Қирғизистон омодаанд, бо қиммати бештар арзиши истифодаи барқро пардохт намоянд, вале танҳо дар сурате, ки он доимиву босифат бошад.



«Дар соҳаи энергетика Тоҷикистон имконоти фаровонеро дорост, – гуфт ӯ. – Иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ ба андозаи 40 ҳазор МВт арзёбӣ мегардад, ки аз ин ҳисоб танҳо 10 фоизаш истифода мешавад ва ҳамчунин кишвар аз захираҳои ғании ангиштсанг низ бархӯрдор аст».



Р.Шарма таъкид сохт, ки Бонки ҷаҳонӣ тақозо дорад, ки танҳо пас аз қонеъ гардонидани талаботи дохилӣ содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар сурат гирад».



Зимни шарҳи масъалаи таҳияи заминаи иқтисодиву техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» намояндаи Бонки ҷаҳонӣ иброз дошт, ки таҳияи он ҳамаи паҳлӯҳои масъала, аз ҷумла таъсири он ба муҳмити зистро низ ба назар хоҳад гирифт ва пас аз анҷоми таҳияи лоиҳа бо ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон низ машваратҳо баргузор карда хоҳанд шуд.



Р.Шарма қайд кард, ки ширкатҳои «НорскГидро», «Гидро-Квибек» ва ширкатҳои Русия метавонанд ба сифати сармоягузорони нерӯгоҳи мазкур интихоб гарданд.


Реклама на asia+

ИМА ба Тоҷикистон 13,4 млн. доллари амрикоӣ кӯмак ҷудо кард

0


Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ба Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими таъмини амният ва тартиботи ҳуқуқӣ 13,4 млн. доллари амрикоӣ кӯмак ҷудо кард.




Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо назардошти ҷудо намудани маблағҳои иловагӣ маросими ба имзорасии ворид намудани тағйирот ба созишномаи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар соҳаи амният баргузор шуд. Асноди ҳамкориро сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ба имзо расониданд.

 




Дар чаҳорчӯбаи ин ин кӯмак 3 млн. доллари амрикоӣ барои таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар манотиқи дурдасти Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ва беш аз 2 млн. доллари амрикоӣ барои дастгирии сохтори милиса ва хадамоти амнияти Тоҷикистон ихтисос дода шудааст. Боз 3 млн. доллари амрикоӣ барои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дастгирии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон равона мегардад.



Барои таҳкими сарҳадоти Тоҷикистон, таъмири посгоҳҳои марзӣ, Академияи

 

хадамоти марзӣ дар Душанбе ва таъсиси маркази омӯзишиву таҳлилӣ дар Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳукумати ИМА 2,5 млн. доллари амрикоӣ ҷудо мекунад.



Маблағи 3,7 млн. доллари иловагӣ барои дастгирии волоияти қонун тавассути омӯзиши судяҳо, ҳимоятгарон ва пуштибонии ташаббусҳо ҷиҳати мубориза алайҳи харидуфурӯши одамон ва такмили минбаъдаи Кодекси ҷиноятиву мурофиавии ҶТ равона мегардад. Дар маҷмӯъ, аз соли 1992 ҳаҷми қумаки сафорати ИМА ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон барои таъмини амният 28,8 млн. доллари амрикоиро ташкил додааст.



«Мо ният дорем, дар соҳаи таъмини амният ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон идома диҳем, зеро кӯшишоти Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм назаррас арзёбӣ менамоем», – таъкид сохт сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон.



Қобили зикр аст, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳар сол ба маблағи зиёда аз 40 миллион доллар ба То


ҷ


икистон к


ӯ


мак мерасонад. Ин маблағҳо дар бехтар


ӣ


, рушди иқтисод


ӣ


, озодии демократии То


ҷ


икистон ва тандурустию таҳсили шаҳрвандони то


ҷ


ик саҳми худро доранд. Дар ин бора аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд.


 

Реклама на asia+