Дар ҷаласаи раёсати Шӯрои кории СҲШ дар Душанбе масъалаҳои амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ баррасӣ мешаванд

0


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пешорӯи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Тоҷикистон ҷаласаи раёсати Шӯрои корӣ ва Шӯрои ҳамкории байнибонкии ин созмон доир мегардад.




Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи корӣ 26-уми август дар Душанбе баргузор шуда, дар он масоили амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, рушди бахши сайёҳӣ ва мушкилоти соҳаи кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Дар ҷаласа Тоҷикистонро ҳайати кишвар таҳти роҳбарии раиси қисми миллии Шӯрои кории СҲШ, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид роҳбарӣ мекунад.



Дар ҳамин ҳол, аз Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» хабар доданд, ки аз 24 то 27 август дар шаҳри Хуҷанд Маҷлиси 4-уми Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ баргузор мегардад. Дар маҷлис намояндагони бонкҳои кишварҳои узви созмон масъалаҳои ҳамкории бонкҳоро баррасӣ хоҳанд кард.


Марзбонони тоҷик қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро пешгирӣ карданд

0


Душанбе. 19-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар самти Шӯроободи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон марзбонони тоҷик қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро пешгирӣ карданд.




Сардори дафтари матбуоти Саридораи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ подполковник Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳангоми задухӯрд як шаҳрванди Афғонистон ба ҳалокат расидааст. Мувофиқи маълумоти мавҷуда, гурӯҳи қочоқчиёни афғонро Наим валади Назар роҳбарӣ мекардааст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷои ҳодиса 3 халта маводи бангдона ва 12 бастаи афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст. Дар байни марзбонон касе осеб надидааст.


Парвиз Мушарраф ба истеъфо меравад

0


Душанбе. 16-уми август. ОИ «Азия-Плюс»-«


ozodi


.


org


» – Президенти Покистон Парвиз Мушарраф пас аз эълони истеъфо гуфт, ки худро гунаҳгор намешуморад, вале истеъфои


ӯ


ба нафъи миллат хоҳад буд.




Ҳоло маълум нест, ки баъди истеъфо Мушарраф ч


ӣ


кор хоҳад кард ва дар ку


ҷ


о хоҳад буд?




 

Дар як паёми телевизионии яксоата президенти Покистон Парвиз Мушарраф гуфт,


ӯ


метавонад собит намояд, ки айбномаҳои рақибони сиёсиаш асос


ӣ


воқе


ӣ


надоранд, вале ин амал кишварро ба вартаи б


ӯ


ҳрони сиёсии дарозмуддат партофта, дар ниҳояти амр ба тамоми мардуми Покистон азият меорад.

 




Генерал Парвиз Мушарраф, собиқ фармондеҳи артиши Покистон ва муттафиқи ИМА дар


ҷ


анг бо террор, соли 1999 дар


ҷ


араёни як табаддулоти низомии бидуни хунрез


ӣ


сари қудрат омада, сарвазири давр Навоз Шарифро ба Арабистони Сауд


ӣ


бадарға кард.

 

Ҳоло Шариф узви эътилофи ҳоким ва яке аз ташаббускорони барканорсозии Мушарраф аст.



Дар Покистон мансаби ноибпрезидент ву


ҷ


уд надорад ва тибқи қонуни асос


ӣ


дар ҳоли фавт ва ё барканоршавии президент раиси ма


ҷ


лиси болоии парламент, яъне

 

Сенат муваққатан раёсат


ҷ


умҳурии Покистонро бар д


ӯ


ш мегирад. Агар аризаи истеъфои Мушарраф тасдиқ шавад, эҳтимол раиси Сенат Муҳаммад Миён Сомо, собиқ муттафиқи наздики Мушарраф муваққатан ваколатҳои президенти Покистонро бар


ӯ


ҳда гирад. Сипас Ш


ӯ


рои интихобкунандаи Покистон, ки расман масъули интихоби президент аст, дар давоми 90 р


ӯ


зи оянда раис


ҷ


умҳури нави кишварро интихоб мекунад.



Дар солҳои раҳбар


ӣ


генерал Мушарраф ваъда дода буд, ки дар Покистон низоми демократ


ӣ


барпо хоҳад кард. Соли 2002-ум дар ин кишвар интихоботи парламент


ӣ


доир шуд ва баъди муддате вакилони Ш


ӯ


рои интихобкунандаи Покистон Мушаррафро президент интихоб кард.



Шореҳони сиёс


ӣ


мег


ӯ


янд, нокомиҳои Мушарраф моҳи марти соли 2007-ум баъди барканор намудани раиси додгоҳи Олии Покистон Ифтихор Чавдр


ӣ


буруз намуданд. Ҳуқуқшиносони покистон


ӣ


бо мудофиаи сарсахтона аз Чавдр


ӣ



 

мухолифини сиёсиро ба амал тар


ҷ


еҳ намуданд.



Моҳи ноябри соли гузашта Мушарраф дар т


ӯ


ли шаш ҳафта вазъи изтирор


ӣ


эълон намуд. Бо ин роҳ


ӯ


мехост аз к


ӯ


шишҳои муҳокимаи тарзи интихоби Мушарраф ба курсии раёсат


ҷ


умҳур


ӣ




ҷ


илавгир


ӣ


кунад. Сипас баъди эътирофи даври дуюми президентиаш Мушарраф ризоят дод аз мансаби сарфармондеҳи артиш даст кашад. Дар интихоботи парламентии моҳи феврал бошад, пайравони Мушарраф ноком гашта, эътилофи мухолифаш сари қудрат омад.



Ҳафтаҳои ахир эътилофи ҳоким маъракаи барканорсозии Мушаррафро омода мекард. Баъзе муттафиқонаш аз


ӯ


р


ӯ


й тофтанд ва вакилони ма


ҷ


лисҳои чор вилояти Покистон ба унвони Мушарраф номаи адами эътимод таслим намуданд.

 




Доминик Мойс


ӣ


муовини раиси Институти равобити байналмилалии мустақар дар пойтахти Фаронса мег


ӯ


яд, барои аксарият Мушарраф рамзи назму субот дар Покистон буд. Вале бо мурури замон


ӯ


худ ба бахше аз мушкилоти ин кишвар табдил ёфт. Мансабдорони Арабистони Сауд


ӣ


, ИМА ва Британия бо ҳадафи хатми муқовимат миёни президенти Покистон ва эътилофи ҳоким бо ду


ҷ


ониб музокирот пеш бурдаанд. ИМА гуфтааст, ки сарнавишти Мушарраф дар дасти мардуми ин кишвар аст.


Дар ВМКБ ба баргузории конфронси ҳисоботиву интихоботии ҲСДТ монеъа эҷод карданд, – Р.Зойиров

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба баргузории конфронси ҳисоботиву интихоботии ҲСДТ монеъа эҷод карданд. Мавсуф изҳор дошт, ки барои аввалин бор ҳизб тасмим гирифт, дар ҳамбастагӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чорабинӣ доир созад ва роҳбари бахши вилоятии ҳизб Алим Шерзамонов ҳанӯз ахири моҳи июл ба ҳокимияти маҳаллӣ муроҷиат карда буд, ки бо ин мақсад толори баргузории конфронсҳои мақомоти шаҳрдориро ба ихтиёри онҳо диҳанд.




«Дар оғоз муовини раиси вилоят Муҳаббатшо Рӯзадоров розӣ шуд, ки ба ин кор мусоидат хоҳад кард, аммо баъдтар ҳамеша «пагоҳ ҳал мекунем» гӯён аз мо худро дур мегирифт ва рӯзи охир бошад, тамоман аз баргузории конфронс даст кашид», – гуфт Р.Зойиров. Ҳамроҳи Р.Зойиров ҳамчунин се нафар аъзои Шӯрои сиёсии ҲСДТ низ ба шаҳри Хоруғ омада буданд.



Ба қавли ӯ, қарор шудааст, ки конфронс дар дигар ҷо гузаронида шавад, вале «мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва бахусус кормандони кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ВМКБ фаъолона фазои номақбулро барои баргузории конфронс ба вуҷуд меоварданд».



«Бо вуҷуди ин конфронс муваффақона доир гашт, танҳо дар толори дигар ва ду соат дертар аз вақти муқарраргардида», – баён дошт раиси ҳизб.



Алим Шерзамонов бори дигар раиси бахши вилоятии ҲСДТ интихоб гардид. Дар конфронс ҳадаф ва вазифаҳои ҳизб дар солҳои наздик дар вилоят ва дурнамои стратегияи ширкати ҲСДТ дар интихоботи ояндаи порлумонии соли 2010 низ баррас


ӣ


шуд.


Соли равон дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ беш аз 500 ҳазор ҳодисаи қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуданд

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон кормандони Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ 534 ҳазору 772 қонуншиканиҳоро дар роҳҳои мошингард ба қайд гирифтанд.




Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ҷумҳурӣ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки ба истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми ҳаракати нақлиёт 1 ҳазору 42 ҳодисаи қонуншиканӣ, ба идораи воситаи нақлиёт бидуни иҷозатномаи ҳуқуқи ронандагӣ 24 ҳазору 576 қонуншиканӣ ва дар ҳолатӣ сархушӣ идора кардани воситаи нақлиёт 6 ҳазору 576 ҳодисаи қонуншиканӣ ба рост меояд.



Ҳангоми баргузории амалиёт ҳамчунин 5 ҳазору 419 автомашина бидуни рақами давлатӣ ва 4 ҳазору 749 воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳшуда ошкор карда шуданд.




 

Дар Душанбе зимни боздиди расмии Д.Медведев ва Ху Тсзинтао аз Тоҷикистон як қатор асноди дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе зимни боздиди расмии сарони кишварҳои Русия Д.Медведев ва Чин Ху Тсзинтао

аз Тоҷикистон

як қатор асноди дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расид. Сардори департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон Давлат Назриев ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки айни замон рӯйи мувофиқасозии асноди мазкур корҳо идома доранд. Ӯ қайд кард, ки боздиди расмии сарвари Чин ба 27-уми август ва Русия ба 29-уми август муқаррар шудааст.




Намояндаи вазорати умури хориҷии кишвар изҳор дошт, ки дар боздидҳои расмӣ мулоқоти «танҳо ба танҳо»-и сарони кишварҳо ва дидори васеи ҳайати ҷонибҳо баргузор мешавад. Д.Медведев ва Ху Тсзинтао ҳамчунин бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов низ дидору гуфтугӯ хоҳанд кард. Боздиди Д.Медведев аз пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ пешбинӣ гардидааст.


Пас аз сӯҳбати телефонӣ бо шавҳар ҷавонзани 18-солаи ноҳияи Ғончӣ даст ба худкушӣ зад

0


Хуҷанд. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пас аз сӯҳбати телефонӣ бо шавҳар ҷавонзани 18-солаи ноҳияи Ғончӣ даст ба худкушӣ зад. Аз дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки дар таърихи 17-уми август тақрибан соатҳои 8-и бегоҳ ҷавонзани 18-солаи деҳоти Далёни Поёни ноҳияи Ғончӣ Матлуба Раҳматова худро ба дор овехтааст.




Бино ба иттилои манбаъ, ҷавонзан пас аз сӯҳбати телефонӣ бо шавҳараш, ки дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, ба худкушӣ даст задаст. Зимни азназаргузаронии ҷасади марҳум аломатҳои куштор бо роҳи зӯриву шиканҷа ба мушоҳида нарасидааст. Нисбат ба ин далел корҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.


Қазоқистон аз 1-уми сентябр манъи содироти зироати ғалладонаро бекор мекунад

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Қазоқистон аз 1-уми сентябр манъи содироти зироати ғалладонаро бекор мекунад. Қобили зикр аст, ки ба Тоҷикистон аз ин кишвар беш аз 90 фоиз зироати ғалладона ворид мегардад. Дар ин бора бо истинод ба сарвазири Қазоқистон Карим Масимов хабаргузории «Казахстан. Сегодня» иттилоъ медиҳад. Дар машварати бахшида ба масоили танзими бозори зироати ғалладона ва таъмини амнияти ғизоӣ К.Масимов изҳор доштааст, ки «агар мо талаботи дохилии кишвари худро бо ғалла таъмин карда тавонем, минбаъд манъи содироти онро ҷорӣ нахоҳем сохт».




Сарвазири кишвари ҳамсоя ҳамчунин таъкид сохт, ки арзиши зироати ғалладона бояд таҳти назорат бошад ва ба баландшавии нархҳо набояд роҳ дод.



Қобили ёдоварист, ки в


азири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғуломҷон Бобозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон зироати ғалладона ба миқдори кофӣ захира шудааст ва ҷумҳурӣ минбаъд бо мушкилоти таъмини орд мувоҷеҳ нахоҳад гашт.




 

«Ҳарчанд дар шимоли кишвар ба иллати камобиву хушкии имсола ҳосили дилхоҳ ба даст наомада бошад ҳам, дар манотиқи дигари кишвар ҳосили зироати ғалладона хуб аст», – гуфт ӯ ва афзуд ки истеҳсоли зироати ғалладона дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.





Вазир гуфт, ҳукумати кишвар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз норасоии орд дар бозори дохилӣ ва афзоиши захоири давлатии зироати ғалладона маблағгузориро аз воситаҳои буҷавӣ зиёд кард.





Ба гуфтаи вазир, вазорат ба парлумони кишвар лоиҳаи қонунеро ирсол кардааст, ки дар он аз 20 то 10 дарсад коҳиш додани андоз аз арзиши изофа барои воридоти зироати ғалладона ба кишвар пешниҳод шудааст.





«Кам кардани андоз аз арзиши изофа яке аз омилҳоест, ки ба коҳиши нарх дар бозори дохилӣ мусоидат менамояд», – гуфт Ғ.Бобозода ва афзуд, ки айни замон нархи чунин маҳсулот мӯътадил нигоҳ дошта мешавад.






 

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» донишҷӯёни тоҷики факултаи энергетикаи макотиби олии Украинаро ба ҳузур пазируфт

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси ширкати саҳомии холдинги кушодаи (ШСХК) «Барқи тоҷик» Шарифхон Самиев даҳ нафар донишҷӯёни тоҷики факултаи энергетикаи Донишкадаи политехники шаҳри Харков ва Донишгоҳи миллии Украинаро ба ҳузур пазируфт.




Сухангӯи ширкат Нозир Ёдгорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки раиси ширкат ба донишҷӯён хониши аълову комёбиҳо орзу намуда, таъкид сохтааст, ки «ояндаи соҳаи энергетикаи Тоҷикистон ба шумо вобаста аст».



Зикр гардид, ки ин гурӯҳи дуввум аст, ки ширкат барои таҳсил ба макотиби олии Украина равона месозад. Айни замон дар ин кишвар 11 нафар донишҷӯён аз Тоҷикистон дар курси дуввум мехонанд. Ба иттилои манбаъ, тамоми хароҷоти таҳсил ва арзиши роҳкиро барои як бор дар як сол аз ҷониби ширкат пардохта мешавад.



«Дар Донишкадаи политехникии Харков таҳсил намудани донишҷӯёни тоҷик бесабаб нест, зеро маҳз дар корхонаҳои ин шаҳр бо фармоиши ширкат чархаҳои кории нерӯгоҳи «Норак» тайёр карда мешаванд», – гуфт Н.Ёдгорӣ ва афзуд, ки ширкат таҳсили 490 нафар донишҷӯёнро дар дохил ва хориҷи кишвар бо маблағ таъмин мекунад.


Дар арафаи нишасти СҲШ чорабиниҳои таъмини амният дар Душанбе пурзӯр карда мешаванд

0


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар арафаи баргузории нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз имрӯз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ба низоми пурзӯри фаъолияти хидматӣ гузаронида шуданд.




Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки чорабиниҳои иловагии таъмини амният асосан дар шаҳри Душанбе амлӣ гардида, шумораи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба маротиб зиёд карда мешавад.



«Дар рӯзҳои баргузории нишаст ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳои асосии маркази пойтахт манъ гардида, дар ин бора тавассути васоити ахбори умум ронандагон огоҳ карда мешаванд», – таъкид сохт сарчашма. Бино ба иттилои манбаъ, то 10-уми сентябр рухсатиҳои меҳнатии кормандони мақомот мавқуф гузошта шудааст.



«Интизор меравад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабинӣ шумораи меҳмонон аз ҷумлаи ҳайатҳои расмӣ ва намояндагони ВАО ба беш аз панҷ ҳазор нафар хоҳад расид», – изҳор дошт манбаъ.



Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 27-28-уми августи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ доир мегардад. Дар нишаст ба ҷуз сарони кишварҳои «шашгонаи Шанхай» (Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Ӯзбекистон) ҳамчунин сарони кишварҳои нозири созмон – Эрон, Покистон, Муғулистон, Ҳиндустон ва меҳмонони даъватшуда – президентони Туркманистону Афғонистон низ ширкат хоҳанд варзид.