Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» –
Як тими 20 – нафара муташаккил аз хабарнигорони хабаргузориҳо ва рӯзноманигорони муҳими эронӣ поёни моҳи ҷорӣ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Ин гурӯх, ки барои инъикос ва таҳияи хабар аз раванди корҳои умронии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон озими ин кишвар ҳастанд, дар барномаи сафари худ зимни боздид аз пружаҳои аз ҷониби Эрон сармоягузоришуда, аз қабили нақби «Истиқлол», нерӯгоҳи обию барқии «Сангтӯда-2», корхонаҳои муштарак ва ғайра нишасти самимӣ бо ҳамкорони тоҷики худ низ хоҳанд дошт. Дар ин бора аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Хабарнигорони эронӣ ба Точикистон меоянд
Имрӯз дар Ҳиндустон вохӯрии нимниҳоии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад
Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё имрӯз дар Ҳиндустон вохӯрии нимниҳоии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад.
Ёдрас мекунам, ки дар вохӯрии охирини гурӯҳӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи Афғонистон пирӯз гардида, ба давраи нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз се бозӣ панҷ хол ба даст оварда, дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро соҳиб гашт. Ҷои аввал дар ин гурӯҳ бо 7 хол насиби соҳибони майдон – футболбозони Ҳиндустон гардид, ки дар вохӯрии саввум бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд.
Дар гурӯҳи «В»-и мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё дар Ҳиндустон дастаи мунтахаби ҷавонони Кореяи Шимолӣ бар дастаи Мянма бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омада, дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб гашт. Дар бозии дигари нимниҳоӣ соҳибони майдон – дастаи Ҳиндусон бо дастаи Мянма қувваозмоӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ғолиби мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2011 мегардад.
Президенти Тоҷикистон вориди Пекин шуд
Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пештар вориди шаҳри Пекин шуд.
Дар сӯҳбати телефонӣ сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сарвари давлати Тоҷикистонро дар фурудгоҳ намояндагони воломақоми вазорати корҳои хориҷии Чин, сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов, президенти Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва намояндагони Кумитаи байнулмилалии олимпӣ пешвоз гирифтанд.
«Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти ширкати чиноии дар ҷаҳон маъруфи соҳаи коммуникатсия ва алоқаи «
ZTE
» мулоқот меорояд, то ба ҷалби сармояи ин ширкат барои рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон мусоидат намояд», – изҳор дошт сухангӯи сарвари давлат.
Президенти Тоҷикистон шоми имрӯз ҳамчунин дар деҳаи олимпӣ бо варзишгарони тоҷик дидору гуфтушунид хоҳад кард.
Д.Оуэн: Дар назди Вазорати молияи Тоҷикистон сохтори назоратии мониторинги корхонаҳои бузург таъсис меёбад
Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Сармушовири Департаменти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Дэвид Оуэн ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки моҳи сентябр дар назди Вазорати молияи Тоҷикистон сохтори назоратие таъсис дода мешавад, ки бо мониторинги корхонаҳои бузург машғул хоҳад гашт.
Ба гуфтаи ӯ, таъсиси мақомоти назоратӣ тибқи Барномаи мониторинги Хазина (
SMP
), ки айни замон дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, пешбинӣ шудааст.
«Корхонаҳои бузург мунтазам ба ин мақомот ҳисобот пешкаш менамоянд ва ин иқдоми муҳимест барои баланд бардоштани сатҳи шаффофияти фаъолияти корхонаҳои бузург, – идома дод ӯ. – Интизор меравад, ки ин сохтор моҳи сентябр таъсис хоҳад ёфт».
Дар бораи баргузории санҷиши ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Д.Оуэн зикр кард, ки айни замон аудит мегузарад, вале мӯҳлати анҷоми он маълум нест. Вай чунин баён дошт: «Мо бо якчанд суол ба ширкат муроҷиат намудем ва акнун мӯҳлати давоми аудит аз посухҳои онҳо вобаста аст. Мо барои он ба баргузории аудити ширкати «Барқи тоҷик» манфиатдорем, ки он андозсупорандаи бузург аст, вале маҳз аз супоридани андози буҷа то ҳол қарздор аст».
Д.Оуэн зикр кард, ки Бонки Миллии Тоҷикистон (БМТ) омода аст, ба пардохти қарзҳои ХБА шурӯъ намояд ва дар чанд ҳафтаи ахир захираҳои байнулмилалиро ба андозаи зиёд афзудааст, ҳарчанд чунин ҳаҷми афзоиш мувофиқи нақша пешбинӣ нашуда буд.
«Мо огоҳем, ки БМТ аз ахири моҳи сентябр ба пардохти ин қарзҳо шурӯъ хоҳад кард ва инро мақомоти расмӣ низ тасдиқ мекунанд», – афзуд ӯ.
Дар басти аввали лагерҳои тобистонаи ҷумҳурӣ ҳудуди 90 ҳазор нафар кӯдакон истироҳат карданд
Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Мудири Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявӣ ва беруназсинфии Вазорати маорифи Тоҷикистон Сафаралӣ Нозимов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки соли равон дар басти аввали лагерҳои тобистона ҳудуди 90 ҳазор нафар кӯдакон истироҳат карданд.
Ба гуфтаи ӯ, қисми бештари кӯдакон (67 ҳазор нафар) дар лагерҳои вилояти Суғд истироҳати худро гузаронидаанд, ки дар қаламрави ин вилоят 19 лагерҳо, аз қабили «Уқоб», «Парасту», «Артуч», «Зуҳал», «Обшорон», «Бободархон» ва ғайра фаъолият карданд. «Ҳамчунин дар вилоят барои хонандагони синфҳои болоӣ 195 лагерҳои меҳнатӣ ва 7 лагерҳои варзишӣ ташкил шуда буданд», – гуфт ӯ.
Дар лагерҳои истироҳативу меҳнатӣ ва варзишии вилояти Хатлон 21 ҳазор нафар, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 ҳазору 181 нафар ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ 2 ҳазор нафар кӯдакону наврасон истироҳат карда, саломатии худро беҳ сохтанд.
Айни замон дар бастҳои дуввуми саввуми лагерҳо истироҳати кӯдакон идома дорад.
Дар Душанбе хабарнигори бахши ӯзбекии радиои «Озодӣ» аз олам даргузашт
Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар шаҳри Душанбе пас аз бемории дурудароз дар синни 65-солагӣ хабарнигори бахши ӯзбекии радиои «Озодӣ» Ҳабибулло Боиров аз олам даргузашт.
Аз дафтари кории радиои «Озодӣ» дар Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки муддати фаъолият дар радио Ҳабибулло Ботиров аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон гузоришҳо омода месохт. Ӯ ҳамчунин вазифаи раиси ҷамъияти ӯзбекони Тоҷикистонро бар дӯш дошт.
Имрӯз дар яке аз қабристонҳои шаҳри Душанбе ҷасади рӯзноманигор ба хок супорида хоҳад шуд.
Марзбонони тоҷик аз қочоқи маводи мухаддир ба миқдори 145 кило аз Афғонистон ҷилавгирӣ карданд
Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Марзбонони тоҷик дар ноҳияи Шӯрообод аз қочоқи маводи мухаддир ба миқдори 145 кило аз Афғонистон ҷилавгирӣ карданд.
Сардори дафтари матбуоти Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон подполковник Хушнуд Раҳматуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар натиҷаи баргузории амлиёти махсус дар сарҳад шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудааст, ки ҳангоми кофтуков аз ӯ беш аз 140 кило маводи мухадддири навъи ҳашиш, 5 кило ҳероин ва аслиҳаи оташфишони «Калашников» дарёфт ва мусодира карда шуд.
«Айни замон нибат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, шарикони ӯ ҷустуҷӯ карда мешаванд», – изҳор дошт сарчашма. Аз пешниҳоди маълумот оид ба ҷузъиёти дигари ин ҳодиса бо сабаби идомаи чорабиниҳои фавриву ҷустуҷӯӣ худдорӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин рафт
Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон озими шаҳри Пекин шуд. Ӯ дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ иштирок хоҳад кард.
Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки интизор меравад, имрӯз Э.Раҳмон аз деҳаи олимпӣ боздид карда, бо варзишгарони тоҷик қабл аз оғози мусобиқот мулоқот хоҳад орост.
Дар ҳошияи сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои Олипии Пекин ӯ бо мақомоти расмии Чин як қатор мулоқот доир хоҳад намуд, ки дар онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории кишварҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Қобили ёдоварист, ки зимни боздиди расмии вазири корҳои хориҷии ЧинЯн Тсзечи аз Тоҷикистон номбурда пас аз мулоқот бо президенти ҷумҳурӣ изҳор дошта буд, ки «мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ бесаброна интизорем».
Зикр гардид, ки дар Пекин Э.Раҳмон бо раиси Ҷумҳурии Халқии Чин Ху Тсзинтао ва намояндагони як қатор ширкатҳои чиноӣ, аз ҷумла ширкати истихроҷи маъданҳои кӯҳии
Ziling
Mining
, ки 75 дарсади саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон»-ро соҳиб аст, мулоқот хоҳад орост.
Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои Олимпӣ дар Пекин дар таърихи 9-уми август оғоз гардида, то 24-уми август идома меёбанд. Интизор меравад, ки дар маросими ифтитоҳи мусобиқот президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчами Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин ба гурзандоз Дилшод Назаров боварӣ намуд.
Дар рӯзи нахустини оғози бозиҳо боксчии тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва камонвар Албина Камолиддинова ба мусобиқа шурӯъ мекунанд.
Бад-ин тартиб, то имрӯз 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш дар Олимпиадаи Пекин шарафи кишварро ҳимоят хоҳанд кард. Ин варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то
73 кг
), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то
81 кг
), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то
90 кг
), Виталий Корякин (гӯштии озод, то
60 кг
), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то
84 кг
), Шералӣ Достиев (бокс, то
48 кг
), Анвар Юнусов (бокс, то
51 кг
), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то
81 кг
), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод,
50 м
), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод,
50 м
), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Низом Сангов (вазнабардорӣ,
69 кг
) ва Сергей Бабиков (тирандозӣ) мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамоиши СҲШ пурмӯҳтавову сермаҳсул хоҳад гашт
Душанбе. 6-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл президенти Тоҷикистон дар мусоҳиба ба рӯзноманигори расонаи хабарии «Синхуа» чунин гуфтааст: «Ман оғози ҳамоиши навбатии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро (
C
ҲШ) бесаброна интизорам ва мутмаинам, ки он пурмӯҳтавову сермаҳсул хоҳад гашт».
Тибқи иттилои расона, сарвари давлати Тоҷикистон бар он назар аст, ки дар ҳамоиш пешниҳодоти тоза рӯи кор омада, лоиҳаҳои муштарак тарҳрезӣ хоҳанд шуд. «Мавқеи умумии кишварҳо нисбат ба мушкилоти асосии рушду тавсиа дар ҷомеаи байнулмилалӣ муайян гардида, аз натиҷаҳои фаъолияти созмон дар давраи сипаришуда натиҷагирӣ карда мешавад ва дурнамои таҳкими муносиботи ҳамкории давлатҳо дар самтҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт», – гуфтааст дар мусоҳиба Э.Раҳмон.
«Ман боварӣ дорам, ки дар Душанбе ҳамаи масоили муҳими мавҷуда дар кишварҳои созмон ҳаллу фасл хоҳанд шуд», – гуфтааст сарвари давлати Тоҷикистон.
Э.Раҳмон зикр кардааст, ки то имрӯз асосан таъсиси ниҳоду сохторҳои созмон ва механизми мукаммали минтақавии он, ки ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самтҳои пешбинишуда шароити мусоид фароҳам меоранд, анҷом ёфтааст.
«Имрӯз барои густариши фаъолияти СҲШ тамоми заминаҳо мавҷуданд ва зарур аст, ки мақомоти доимо амалкунандаи он дар таҳияи аснод ва назорати рафти иҷрои қарорҳои қабулшуда бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд», – таъкид сохтааст ӯ.
«Ман бар чунин назарам, ки дар сурати зарурати таъмини фаврият ва самаранокии фаъолияти созмон Шӯрои сарони кишварҳо метавонад дар бораи зиёдтар кардани ваколати Котибот ва Кумитаи иҷроияи созмон ба мақомоти марбута омода сохтани асноди заруриро супориш диҳад», – пешиҳод сохтааст Э.Раҳмон.
Ба ақидаи ӯ, Шӯрои ҳамоҳангсозони миллиро зарур аст, ки бо такя ба Котибот ва Кумитаи иҷроия дар кори хубтар ҳамоҳанг сохтани фаъолият ва ҳалли масоили ҷории созмон аз имконоти худ самаранок истифода намоянд.
«Тоҷикистон ба дурнамои неку созандаи созмон боварӣ дорад», – афзудааст сарвари давлати Тоҷикистон.
Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони 15 нафарро рабуд
Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон маълум шуд, ки бар асари садамаи нақлиётии шоми дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рухдода 15 нафари ҷабрдидагон, ки то дақиқаҳои ахир дар бораи онҳо чизе маълум набуд, ҳангоми ба дарё сарозер рафтани мошинҳо ба ҳалокат расидаанд.
Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар километри 197-уми шоҳроҳ дар як вақт садамаи се нақлиёт – навъи «КИА» таҳти идораи Сӯҳроб Абдуллоев, «Хондай» таҳти идораи Зарифҷон Бобошоев ва «Опел-Вектра» таҳти идораи Маҳмуд Маҳмудов ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа мошинҳо ба рӯдхонаи «Фондарё» сарозер мешаванд. «Бар асари садама 6 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 15 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо кӯдакон низ буданд», – изҳор дошт манбаъ.
То маълум шудани он, ки боқимонда 15 нафари дигар фавтидаанд, дар ҷои ҳодиса корҳои ҷустуҷӯӣ идома доштанд. Тибқи иттилои сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Айнӣ Зафар Мирзобошиев, феълан ҷасади яке аз фавтидагон – Товус Бухориева муайян карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ, яке аз сабабҳои рух додани садама бетаваҷҷӯҳиву беэҳтиётиии ронандагон арзёбӣ мешавад.
