Президенти Тоҷикистон вориди Пекин шуд

Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пештар вориди шаҳри Пекин шуд. Дар сӯҳбати телефонӣ сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сарвари давлати Тоҷикистонро дар фурудгоҳ намояндагони воломақоми вазорати корҳои хориҷии Чин, сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов, президенти Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва намояндагони […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пештар вориди шаҳри Пекин шуд.




Дар сӯҳбати телефонӣ сухангӯи президент Абдуфаттоҳ Шарифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки сарвари давлати Тоҷикистонро дар фурудгоҳ намояндагони воломақоми вазорати корҳои хориҷии Чин, сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов, президенти Кумитаи миллии олипии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев ва намояндагони Кумитаи байнулмилалии олимпӣ пешвоз гирифтанд.



«Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти ширкати чиноии дар ҷаҳон маъруфи соҳаи коммуникатсия ва алоқаи «


ZTE


» мулоқот меорояд, то ба ҷалби сармояи ин ширкат барои рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон мусоидат намояд», – изҳор дошт сухангӯи сарвари давлат.



Президенти Тоҷикистон шоми имрӯз ҳамчунин дар деҳаи олимпӣ бо варзишгарони тоҷик дидору гуфтушунид хоҳад кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат