Садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони 15 нафарро рабуд

Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон маълум шуд, ки бар асари садамаи нақлиётии шоми дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рухдода 15 нафари ҷабрдидагон, ки то дақиқаҳои ахир дар бораи онҳо чизе маълум набуд, ҳангоми ба дарё сарозер рафтани мошинҳо ба ҳалокат расидаанд. Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 6-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Айни замон маълум шуд, ки бар асари садамаи нақлиётии шоми дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рухдода 15 нафари ҷабрдидагон, ки то дақиқаҳои ахир дар бораи онҳо чизе маълум набуд, ҳангоми ба дарё сарозер рафтани мошинҳо ба ҳалокат расидаанд.




Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар километри 197-уми шоҳроҳ дар як вақт садамаи се нақлиёт – навъи «КИА» таҳти идораи Сӯҳроб Абдуллоев, «Хондай» таҳти идораи Зарифҷон Бобошоев ва «Опел-Вектра» таҳти идораи Маҳмуд Маҳмудов ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷа мошинҳо ба рӯдхонаи «Фондарё» сарозер мешаванд. «Бар асари садама 6 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, 15 нафар ба ҳалокат расиданд, ки миёни онҳо кӯдакон низ буданд», – изҳор дошт манбаъ.



То маълум шудани он, ки боқимонда 15 нафари дигар фавтидаанд, дар ҷои ҳодиса корҳои ҷустуҷӯӣ идома доштанд. Тибқи иттилои сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ноҳияи Айнӣ Зафар Мирзобошиев, феълан ҷасади яке аз фавтидагон – Товус Бухориева муайян карда шудааст.



Мувофиқи маълумоти пешакӣ, яке аз сабабҳои рух додани садама бетаваҷҷӯҳиву беэҳтиётиии ронандагон арзёбӣ мешавад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат