«Барқи Тоҷик» омодасозии мутахассисони варзидаро сарпарастӣ мекунад

0


Душанбе. 31-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз соли гузашта ширкати саҳомии холдингии кушодаи (ШСХК) «Барқи Тоҷик» омодасозии мутахассисони варзидаро дар макотиби олии кишвар ва хориҷа таҳти сарпарастӣ гирифтааст.




Сухангӯи ширкат Нозир Ёдгорӣ мегӯяд, ки бо дастгирии молиявии ширкат дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ 331 нафар, дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон 103 нафар ва дар коллеҷи политехники Қӯрғонтеппа 34 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд.



Н.Ёдгорӣ ҳамчунин афзуд, ки ШСХК «Барқи тоҷик» таҳсили 12 нафар намояндагони Тоҷикистон дар макотиби олии соҳаи энергетикаи Украинаву Русияро низ аз ҷиҳати молиявӣ таъмин месозад.


Президент судяҳои ояндаро ба таъмини волоияти қонун ҳидоят намуд

0




Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулияти сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, раис ва муовини раиси суд ва судя пешниҳодгаштаро барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфт.








Сарвари давлат дар сӯҳбат бо нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти мақомоти судӣ пешниҳодгашта аз камбудиҳои ҷиддии ин соҳа, пеш аз ҳама, аз ришваситонӣ изҳори нигаронӣ карда, онҳоро ба риояи бечуну чарои ваколату салоҳияти вазифавӣ, тартиботи ҳуқуқӣ, худдорӣ аз сӯйиистифода аз мансаб ва ба таъмини волоияти қонун ҳидоят намуд ва таъкид дошт: «Ҳаргиз фаромӯш накунед, ки шумо бо тақдири одамон сару кор доред ва ҳукмҳои судӣ бояд одилона бошанд».

 








Дар назди кадрҳои ба вазифаҳои сатҳи роҳбарияти вазорату идораҳо ва роҳбарии муассисаҳои олии таълимии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот пешниҳодгашта низ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.







Нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ пешниҳодгашта ба президент қавл доданд, ки содиқонаю софдилона ба Ватан ва давлату миллати худ хидмат мекунанд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.




Аз моҳи июл дар Тоҷикистон аз музди меҳнат ду навъи андоз ситонида мешавад

0


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон аз 1-уми июл аз музди меҳнат андоз ситонида мешавад, зеро маҳз аз ҳамин сана маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон аз 20 сомонӣ ба 60 сомонӣ расид ва акнун аз он андоз аз даромад ва андози нафақа ситонида мешавад.




Аз Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, ки андоз аз як қисми маоши ҳадди ақал, яъне аз 35 сомонии он андози 8 фоизаи даромад ва андози 1 фоизаи нафақа супурда мешавад, ки маблағи умумии он ба 3 сомониву 35 дирам баробар аст.





Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон то 1-уми июл аз маоши ҳадди ақал умуман андоз ситонида намешуд.






 

Қотилони И.Шурпоев ба муддати 21 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд

0


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон қотилони рӯзноманигорони шабакаи телевизиони Русия ба муддати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум карда шуданд.




Тибқи ҳукмномаи додгоҳ гумонбаршудагон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмуддин Муҳиддинов дар содир намудани ҷинояти қатли рӯзноманигори рус гунаҳкор дониста шуда, бо мусодираи мол ва адои ҷазо дар зиндони тартиботи шадид ба муддати 21 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.Ҳайатаи мушовараи додгоҳ ҳамчунин қарор кард, ки Н.Муҳиддинов ба муолиҷаи иҷбории бемории нашъамандӣ фаро гирифта шавад.




 





Имрӯз ҳангоми суханронӣ дар додгоҳ Масрурҷон Ятимови 25-сола

 

изҳор дошт, ки аз карда пушаймон аст. Қотили дигари рӯзноманигори рус Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола низ тавбаву надомат карда, аз додгоҳ дархост намуд, ки зимни баровардани ҳалнома ҷавон будани ӯро ба назар гиранд.



Ёдрас мекунем, ки судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов зимни қироати айбномаи судӣ изҳор дошт, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола гунаҳкор дониста мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади азхуд кардани амволи шахси дигар ин ҷиноятро содир кардаанд.





Ӯ қайд кард, ки мувофиқи маълумоти санадҳои тафтишоти пешакӣ, М.Ятимов бо И.Шурпоев аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар истгоҳи метрои «Таганская шинос шудааст. Он замон рӯзноманигор худро чун соҳибкор бо номи Марат муаррифӣ карда, ба ӯ рақами телефонашро медиҳад. «То ҳамон рӯзи шум ман ӯро якчанд маротиба дидам ва дар яке аз чунин вохӯриҳо ӯро бо дӯсти худ Наҷмиддин Муҳиддинов шинос кардам, – гуфт ҳангоми пурсиш М.Ятимов. – Дар таърихи 20-уми март рӯзноманигор ба ман занг зада, хоҳиш намуд, ки ҳамроҳи Муҳиддинов барои вақтгузаронии маҳрамона назди ӯ оем ва ваъда дод, ки барои як соат ба дӯстам 3 ҳазор рубли русӣ медиҳад. Он замон Муҳиддинов ба героин гирифтор буд ва аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ мекашид. Мо соати 9-и шаб ба хонаи ӯ омада, муддати якчанд соат он ҷо мондем ва ҳангоми рафтан И.Шурпоев ба дӯсти ман танҳо 500 рубли русӣ пардохт намуд. Аз ин Муҳиддинов ба ғазаб омада, байни онҳо ҷанҷол шурӯъ шуд. Ман хостам, ки онҳоро халос кунам, вале Шурпоев маро ба як тараф тела дод. Дар ин замон Муҳиддинов ба ӯ ҳуҷум карда, бо тасмае, ки дар гардани ӯ буд, Шурпоевро буғӣ кард. Пас аз ин ӯ кордро гирифта гардани ӯро бурид, ҳарчанд ӯ аллакай намеҷунбид».





Судя ҳамчунин иҳор дошт, ки Н.Муҳиддинов низ ба гуноҳаш иқрор намешавад. «Шурпоевро ман накуштаам, – таъкид кард ӯ. – Ҳангоме ки ман ба гулӯи ӯ кордро гузоштам, Шурпоев аллакай аз тарафи М.Ятимов буғӣ шуда буд».





Ш.Азимов зикр кард, ки айбдоршавандагон пас аз қатли рӯзноманигор хонаи ӯро оташ зада, соатҳои 2-и шаб аз ҷои ҳодиса фирор крдаанд. Онҳо амволи марҳум – ноутбук, соати швейтсарӣ, телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ ба миқдори 150 ҳазор рубли русиро низ ҳамроҳи худ гирифтаанд, ки баъдтар онро миёни худ 75 ҳазор рублӣ тақсим кардаанд.





Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.





Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.





Хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.





Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.


Гумрукчиёни фурудгоҳ мусофири хатсайри Душанбе-Санкт-Петербургро бо 14 кило ҳероин боздошт карданд

0


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз кормандони гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбе миқдори зиёди ҳероинро ошкор ва мусодира карданд.




Мусофири хатсайри Душанбе-Санкт-Петербург ният дошт, ба Русия 13 килову


846 грамм

маводи мухаддирро интиқол диҳад. Аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии борхалтаи мусофирони ин хатсайр ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.



Айни замон нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, таҳқиқот гузаронида мешавад. Ба иллати он ки тафтишот ҳанӯз идома дорад, аз ифшои ному насаби соҳиби бор худдорӣ карданд.


Низомиёни тоҷику рус аз фурудгоҳи Айнӣ дар ҳамбастагӣ истифода хоҳанд кард, – вазирони мудофиаи Русияву Тоҷикистон

0


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки фурудгоҳи низомии Айнӣ, ки дар 20 километрии ғарби Душанбе воқеъ аст, аз ҷониби нерӯҳои ҳарбии ҳар ду кишвар истифода хоҳад шуд.




Вазири мудофиаи Тоҷикистон низ дар мулоқот ширкат варзид ва чунин изҳори ақида намуд, ки ин ҷо гап сари масъалаи иҷораи фурудгоҳ аз ҷониби Русия нест, балки ҳар ду кишвар дар ҳамбастагӣ аз он истифода хоҳанд кард.



«Мо ба президент иттилоъ додем, ки нақшаи муштараки ҳамкориҳои низомӣ миёни кишварҳо муваффақона амалӣ мегардад ва барои соли оянда лоиҳиа нақша барои имзо омода аст, – гуфт А.Сердюков.



Ӯ зикр кард, ки дар мулоқот бо президенти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи махсус ба омӯзиши кадрҳои низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои олии таълимоти ҳарбии Русия зоҳир гашт.



Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, айни замон дар макотиби олии низомии Русия ҳудуди 500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ аз Тоҷикистон таҳсили илм мекунанд.



Дар посух ба суоли дар як замон иттифоқ афтодани боздиди ӯ бо сафари роҳбари Фармондеҳии марказии Амрико Мартин Демпс вазири мудофиаи Русия изҳор дошт, ки ин танҳо тасодуф аст.



Зимни боздид А.Сердюков ҳамчунин аз пойгоҳи мушоҳидаи кайҳонии «Норак» ва пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард.




 

Қотилони И.Шурпоев аз карда пушаймонанд

0


             Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мурофиаи охирини додгоҳии гумонбаршудагони қатли рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев ба айбдорон сухани охирин дода шуд. Ҳангоми суханронӣ дар додгоҳ Масрурҷон Ятимови 25-сола

 

изҳор дошт, ки аз карда пушаймон аст. Қотили дигари рӯзноманигори рус Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола низ тавбаву надомат карда, аз додгоҳ дархост намуд, ки зимни баровардани ҳалнома ҷавон будани ӯро ба назар гиранд. Интизор меравад, ки пас аз нисфирӯзӣ


ҳукми додгоҳ нисбат ба ҷинояткорон содир хоҳад гашт.




Ёдрас мекунем, ки судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов зимни қироати айбномаи судӣ изҳор дошт, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола гунаҳкор дониста мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади азхуд кардани амволи шахси дигар ин ҷиноятро содир кардаанд.





Ӯ қайд кард, ки мувофиқи маълумоти санадҳои тафтишоти пешакӣ, М.Ятимов бо И.Шурпоев аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар истгоҳи метрои «Таганская шинос шудааст. Он замон рӯзноманигор худро чун соҳибкор бо номи Марат муаррифӣ карда, ба ӯ рақами телефонашро медиҳад. «То ҳамон рӯзи шум ман ӯро якчанд маротиба дидам ва дар яке аз чунин вохӯриҳо ӯро бо дӯсти худ Наҷмиддин Муҳиддинов шинос кардам, – гуфт ҳангоми пурсиш М.Ятимов. – Дар таърихи 20-уми март рӯзноманигор ба ман занг зада, хоҳиш намуд, ки ҳамроҳи Муҳиддинов барои вақтгузаронии маҳрамона назди ӯ оем ва ваъда дод, ки барои як соат ба дӯстам 3 ҳазор рубли русӣ медиҳад. Он замон Муҳиддинов ба героин гирифтор буд ва аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ мекашид. Мо соати 9-и шаб ба хонаи ӯ омада, муддати якчанд соат он ҷо мондем ва ҳангоми рафтан И.Шурпоев ба дӯсти ман танҳо 500 рубли русӣ пардохт намуд. Аз ин Муҳиддинов ба ғазаб омада, байни онҳо ҷанҷол шурӯъ шуд. Ман хостам, ки онҳоро халос кунам, вале Шурпоев маро ба як тараф тела дод. Дар ин замон Муҳиддинов ба ӯ ҳуҷум карда, бо тасмае, ки дар гардани ӯ буд, Шурпоевро буғӣ кард. Пас аз ин ӯ кордро гирифта гардани ӯро бурид, ҳарчанд ӯ аллакай намеҷунбид».





Судя ҳамчунин иҳор дошт, ки Н.Муҳиддинов низ ба гуноҳаш иқрор намешавад. «Шурпоевро ман накуштаам, – таъкид кард ӯ. – Ҳангоме ки ман ба гулӯи ӯ кордро гузоштам, Шурпоев аллакай аз тарафи М.Ятимов буғӣ шуда буд».





Ш.Азимов зикр кард, ки айбдоршавандагон пас аз қатли рӯзноманигор хонаи ӯро оташ зада, соатҳои 2-и шаб аз ҷои ҳодиса фирор крдаанд. Онҳо амволи марҳум – ноутбук, соати швейтсарӣ, телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ ба миқдори 150 ҳазор рубли русиро низ ҳамроҳи худ гирифтаанд, ки баъдтар онро миёни худ 75 ҳазор рублӣ тақсим кардаанд.





Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.





Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.





Хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.





Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.




Бонки таҷдид ва рушди Аврупову ҳукумати Нидерланд ҷиҳати беҳсозии идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт ҳар яке $4 млн. маблағ ҷудо мек

0


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар шаҳри Душанбе миёни мақомоти роҳбарии шаҳрдории пойтахт, Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки таҷдиду рушди Аврупо (БТРА) созишномаи қарзӣ ва кафолатноки лоиҳаи БТРА оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт ба имзо расид.




Аз намояндагии бонк дар ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки Бонки таҷдид ва рушди Аврупову ҳукумати Нидерланд ҷиҳати беҳсозии идоракунии партовҳои сахти маишии пойтахт ҳар яке ба маблағи

 

$4 млн. сармоягузорӣ мекунанд.



Зикр гардид. ки дар чаҳорчӯбаи татбиқи лоиҳа барномаи устувори идоракунии партовҳои сахи маишии шаҳри Душанбе таҳия гашта, самтҳои афзалиятноки беҳсозии низоми кашонидани партовҳо ва бозсозии партовгоҳҳои мавҷуда низ маблағгузорӣ карда мешаванд.


Сокини Темурмалик дар ҳавлии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия худро овехт

0


Кӯлоб. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми рӯзи гузашта дар ҳавлии шӯъбаи корҳоии дохилии ноҳияи Темурмалик сокини ин ноҳия даст ба худкушӣ даст зад. Ӯ ба гумони даст доштан ба дуздии чорвои хусусӣ ба шӯъба оварда шуда буд.




Муовини додситони вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, мушовири адлияи дараҷаи аввал Алфаттоҳ Розиқов дар сӯҳбат бо рӯзноманигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки гумонбаршуда ба дуздиаш иқрор шуда, дар ин бора баёнот ҳам менависад ва сипас барои қазои ҳоҷат ба ҳавлии шӯъба баромада, дар муддати якчанд дақиқа худро меовезад. «Дар болои ҳоҷатхона арматураи ғафсе бо симҳои баста насб шудааст, ки ӯ аз он истифода намуда, даст ба худкушӣ задааст, – идома дод ӯ. – Далелҳои дуздии чор гов ва фурӯши он ба маблағи 4000 сомонӣ собит гаштанд».



Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, дар чаҳорчӯбаи он ҳамчунин ба амали кормандони шӯъба низ хулоса бароварда хоҳад шуд.




 

Вазорати рушди байнулмилалии Британия минбаъд низ судҳои ҳакамиро дар Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард

0


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб чанде қабл кормандони намояндагии Вазорати рушди байнулмилалии Британия (


DFID


) дар Тоҷикистон бо мири шаҳр Ҳамид Абдуллоев, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма вохӯриву мулоқот доир намуданд.




Роҳбари намояндагӣ Дилан Виндер (


Dylan




Winder


) изҳор дошт, ки тайи се сол


DFID




барои амалисозии лоиҳаи рушди фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон ва таъсиси 10 маркази дастгирии ҳуқуқии «Арбитраж» 1 млн. 303 ҳазор фунт стерлинг маблағгузорӣ кард.



«Маблағҳои мазкур беҳуда сарф нашуданд, – гуфт ӯ. – Аз 1-уми апрели соли 2008 дар ҷумҳурӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» амал мекунад ва марказҳо 1500 баҳсҳоро бидуни дахолати додгоҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ризоияти тарафайн ҳал карданд».



Мавсуф ҳамзамон зикр кард, ки минбаъд низ фаъолияти судҳои ҳакамӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби намояндагӣ дастгирӣ хоҳанд ёфт ва дар буҷаи панҷсолаи


DFID


ба рушди хоҷагиҳои деҳот ва бахши хусусӣ низ афзалият дода мешавад.



Д.Виндер таъкид сохт, ки агар дар маҳалҳо мардум ба воситаҳои дигари ҳалли баҳсҳо ҷуз додгоҳу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, яъне судҳои ҳакамӣ дастрасӣ надошта бошанд, амалисозии лоиҳаҳои номбурда хеле мушкил мегардад. «Бо мавриди амал қарор гирифтани Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» гуфтан мумкин аст, ки мақомоти давлатӣ низ бо он сарукор хоҳанд гирифт, – афзуд ӯ. – Аз ин рӯ, ҷиҳати барқарор сохтани робита бо онҳо ва дигар созмонҳои байнулмилалии марбута кӯшиш ба харҷ хоҳем дод».