Ширкати фаронсавии «Planet Rating» ба фаъолияти «Бонки Эсхата» баҳои баландро сазовор донист

0




          



Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ширкати рейтингии Фаронса «


Planet




Rating


» аз фаъолияти «Бонки Эсхата» дар соли 2007 натиҷагирӣ намуд. Ба иттилои сомонаи расмии бонк, тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ ба фаъолияти бонк баҳои баланд сазовор дониста шуда, он мӯътадил будани вазъи молиявӣ ва рушди мустақими бонкро нишон медиҳад.



Ба гуфтаи сариқтисодчии шӯъбаи тиҷорати байнулмилалии Бонк Масрур Эшонов, натиҷагирӣ мувофиқи усули


GIRAFE




баргузор шуд, ки дар он нишондиҳандаҳои тарзи идоракунӣ, ҳисобот, таъмини иттилоотӣ, хавфҳо ва молиягузорӣ (дараҷаи мӯътадилии таъмини молиявии амалиётҳои бонк) мавриди омӯзишу санҷиш қарор гирифтанд.



Дар иттилои бонк ҳамчунин гуфта мешавад, ки баргузории санҷиши рейтингӣ ба шаффофияти фаъолияти молиявӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат кардааст.



Зикр мегардад, ки ин санҷиши дуввуми рейтинги бонк буда, соли гузашта ширкати Ҳиндустон


MCRIL


аз он натиҷагирӣ намуда буд.


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аҳли ҷомеаро даъват мекунад, ки ба фаъолияти «Салафия» роҳ надиҳанд

0


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Ёвари вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Шафоатов изҳор дошт, ки аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бояд ба фаъолияти ҷараёни мазҳабии салафия роҳ надиҳанд, зеро он рӯз то рӯз густариш ёфта, минбаъд

 

метавонад аз ҷониби нерӯҳои ифротгаро истифода гардад ва ба амну суботи кишвар хатар эҷод намояд.




«Салафиён тарзи хоси эътиқод ба дину мазҳаб ва ҳаётро талқин месозанд ва то ҳол ба ҳеҷ амали ғайриқонуние даст назадаанд, – гуфт ӯ. – Аз нуқтаи назари маънавият ва ахлоқ ин ҷараён мӯҷиби хатар ба амнияти кишвар шуда метавонад, зеро имрӯзҳо аксари ҷавонон ба он пайваст мешаванд».



Мавсуф зикр кард, ки айни замон Шӯрои ҳамоҳангсози назди Додситонии кулл фаъолияти ин ҷараёнро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст.



Дар нишасти матбуотии ахир додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов чунин изҳори ақида намуд, ки «агар даст доштани салафиҳо дар фаъолияти зиддиконститутсионӣ собит гардад», додситонӣ ҷиҳати манъи фаъолияти он ва ба рӯйхати созмонҳои ифротгаро дохил кардани ин ҷараён ба Додгоҳи Олӣ муроҷиат хоҳад кард.



Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, айни замон беш аз 20 ҳазор нафар тоҷикистониён шомили ин ҷараёнанд, ки роҳбарии онро Муҳаммади Раҳматулло ба дӯш дорад.

Соҳибкорони пойтахт барои ҷорисозии мораторияи санҷиши субъектҳои соҳибкории хурду миёна аз президент миннатдоранд

0


           Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия -Плюс» –


Соҳибкори пойтахт Холмаҳмад Тӯраев изҳор мекунад, ки






фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 25-уми июли соли 2006, ки дар давоми ду сол дар ҷумҳурӣ ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳаи соҳибкории хурду миёнаро манъ кардааст, ба рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна такони ҷиддӣ бахшида, барои ҷалби сармоягузорон шароити мусоид фароҳам месозад.




«Мо аз ин ғамхории президент нисбати фаъолиятамон миннатдорем ва боварӣ дорем, ки фармони мазкур аз ҷониби тамоми мақомоти дахлдор риоя карда хоҳад шуд», – гуфт ӯ.



Мавсуф дар бозори «Корвон» якчанд нуқтаҳои фурӯш дорад ва бар ин назар аст, ки санҷишҳои ҳарҳафтаинаву ҳамарӯза на танҳо ба фаъолияти соҳибкорон, балки ба воридшавии маблағҳо ба буҷаи кишвар низ монеъа эҷод мекунанд, ки албатта, ба нархҳо низ бетаъсир намемонад. «Ҳангоме ки санҷишгар аз соҳибкор «ҳаққаш»-ро меситонад, дар навбати худ, ӯ даромадҳои воқеии соҳибкоронро рӯйпӯш месозад ва гузашта аз ин, соҳибкор низ маҷбур мешавад арзиши молу маҳсулотро зиёд намояд», – зикр кард соҳибкор.



Х.Тӯраев ва соҳибкорони дигар хоҳони онанд, ки фармони мазкур аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор ба таври фаҳмову дастрас шарҳу тафсир дода шавад. Ӯ дар мавриди он ки бо амалӣ гаштани фармони мазкур гӯё воридшавии маблағҳои андоз ба буҷаи кишвар коҳиш меёбанд, розӣ нест. «Аксари соҳибкорон андозро мувофиқи патент пардохт мекунанд, маблағи он бошад, барои ҳама маълум аст, – идома дод ӯ. – Аз ин рӯ, аз пардохти чунин андозҳо мо ҷои гурез надорем».


«Барқи тоҷик» хостори аз моҳи август ҷорӣ кардани маҳдудияти истифодаи барқ аст

0


Душанбе. 30-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини

сармуҳандиси 

 ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик»

Рустам Раҳимов

ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар ҷумҳурӣ ҷорӣ кардани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ шояд аз моҳи август оғоз гардад ва ширкат бо чунин дархост ба ҳукумат муроҷиат кардааст.




«Агар пешниҳоди моро ҳукумат маъқул шуморад, аз моҳи август тартиби аз рӯи меъёр истифода намудани барқ шабона ҷорӣ хоҳад шуд», – таъкид сохт ӯ.



Дар мавриди шарҳи мавзӯъ

Рустам Раҳимов

зикр кард, ки айни замон сатҳи оби обанбори «Норак» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта


11 метр

поинтар аст. «Дар сурати наандешидани чораҳои зарурӣ, то оғози мавсими тирамоҳу зимистон сатҳи он метавонад то

16 метр

поинтар фарояд», – афзуд муовини

сармуҳандис

.


Ёдрас мекунем, ки вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки меъёри истифодаи барқ дар Тоҷикистон пас аз 9-уми сентябр ҷорӣ мегардад.





Ҳамчунин 18-уми июн зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаи энергетика президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда буд, ки меъёри истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон на дар фасли зимистон, балки тирамоҳ, аз 1-уми сентябр ҷорӣ карда шавад.





Вазир зикр карда буд, ки ба иллати хушксолӣ ва камобии имсола Тоҷикистонро зарурат пеш омадааст, ки дар обанбори Норак оби кофӣ захира намояд.





Ба қавли Г.Шералӣ, то ахири моҳи август мизони об дар обанбори Норак бояд ба

908 метр

расад ва ин дар ҳолест, ки айни замон ҷараёни воридшавии об ба обанбор ҳудуди 1-1,2 ҳазор метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад.





«Захира кардани об бояд бо дарназардошти баргардонидани қарзи нерӯи барқи кишвар ба Ӯзбекистон амалӣ гардад», – гуфт ӯ ва афзуд, ки феълан дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз ҳудуди 63-64 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад ва аз ин миқдор 11 млн. кВт/соат ба Ӯзбекистон ва 1 млн. кВт/соат ба Қирғизистон интиқол дода мешавад.






 

Лоиҳаи «Ман огоҳам» занонро ба солимии репродуктивӣ ҳидоят мекунад

0


Душанбе. 29 июл. ОИ «Азия-Плюс» – Охири ҳафтаи гузашта дар мизи мудавваре, ки бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва созмонҳои мададрасон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, аз рафти татбиқи лоиҳаи «Ман огоҳам», ки ба беҳбудии солимии репродуктивӣ дар Тоҷикистон равона шудааст, натиҷагирии навбатӣ доир гашт. Тавре ба «АП» аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) маблағгузорӣ шуда, ба тавсиаи хизматрасонии солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила дар деҳоти шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Кӯлоб ва Колохозобод нигаронида шудааст. Ба гуфтаи сарчашма аз вазорати тандурустӣ, дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои маҳаллӣ дар татбиқи лоиҳа фаро гирифтани 60 дарсади занони деҳот бо солимии репродуктивӣ ва банақшагирии оила дар деҳоти атрофи ш. Душанбе, ноҳияхои Рӯдаки, Кӯлоб ва Колхозобод пешбинӣ шудааст.




Аз маркази матботи вазорат ҳамчунин иттилоъ доданд, ки лоиҳа дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ,

 

раёсатҳои тандурустии вилоятӣ ва ноҳиявӣ, маркази миллии солимии репродуктивӣ, ҳукуматҳои маҳалллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии занона, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии «Накӯкор», «Ғамхорӣ» ва «Гендер ва тараққиёт» татбиқ гашта истодааст. Тибқи иттилои вазорати тандурустӣ, иҷрокунандаи лоиҳаи «Ман огоҳам»

 

Ташкилоти байналмилалии ҷамъиятӣ


PSI


(Шӯъбаи хадамоти байналмиллалии нуфус дар Тоҷикистон) мебошад.



Бояд гуфт, ки


PSI


дар арсаи ҷаҳонӣ дар соҳаи маркетинги ҷамъиятӣ пешрав буда, дар 70 мамлакати дуньё лоиҳаҳои худро татбиқ мекунад. Давомнокии лоиҳаи «Ман огоҳам» се сол буда, он аз соли 2007 инҷониб дар Тоҷикистон амалӣ мегардад.





 


Муовини Олег Захарченко роҳбари гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ таъин карда шуд

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки собиқ муовини сардори гурӯҳи таъиноти махсуси вазорат Евгений Сергеев роҳбари гурӯҳи мазкур таъин карда шуд.




Ӯ таъкид сохт, ки собиқ роҳбари гурӯҳ полковник Олег Захарченко «на ба иллати иқдомоти тарҳрезишудаи бебарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ дар сафар ба қатл расид.



«Прокуратураи генералӣ нисбати ин қазия тафтишот мебарад ва шахсони ба ин ҷиноят дастдошта ояндаи наздик ба курсии айбдорӣ хоҳанд нишаст», – афзуд М.Солеҳов.



Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта


додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки гумонбаршудаи қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко муайян карда шудааст, вале бо дарназардошти идомаи корҳои тафтишотӣ аз ифшои номи ӯ худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ин шахс то ҳол ба ҳабс гирифта нашудааст ва тафтишоти қазия ҳанӯз давом дорад. «Ман чун додситони кулли ҷумҳурӣ қотеъона мегӯям, ки дер ё зуд содиркунандагони ин ҷиноят ба курсии айбдорӣ хоҳанд нишаст», – гуфт додситони кулл.





Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ  ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.





Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд. Дар ҳамин ҳол, М.Аҳмадов то ҳол дар мансаби пешинаи худ ифои вазифа менамояд ва худро гунаҳкор намедонад. «Бояд шахсе муттаҳам карда шавад, ки он «сафари шум»-ро барои О.Захарченко фармоиш дода буд», – изҳор дошт дар яке аз мусоҳибаҳояш ба ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов.




Дар заминҳои бекорхобидаи Кӯлоб манзилҳои зист сохта мешаванд

0


Кӯлоб. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Кӯлоб барои мушаххас кардани қитъаҳои замини қаламрави собиқ корхонаҳои бузург ва муассисаҳои нақлиёти шаҳр қарор карданд, ки аз ҳисоби намояндагони мардумии маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ комиссияи барӯйхатгирӣ ташкил кунанд, то ин қитъаҳоро дақиқан мавриди тафтиш қарор диҳад.




Аз мақомоти шаҳрдорӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки мири шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ҷиҳати дар рӯзҳои наздик мушаххас сохтани қитъаҳои замини бекорхобидаи ин корхонаву муассисот супоришоти мушаххас додааст.



«Заминҳои бекорхобидаи мазкур барои сохтмони манзили зист ҷудо карда хоҳанд шуд», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки аз 4 ҳазор нафари бо ариза муроҷиаткарда, мақомоти шаҳрдорӣ имкон дорад танҳо ба 1000 нафар мӯҳтоҷон қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҷудо намояд, зеро заминҳои мавҷуда талаботи ҳамаро қонеъ намесозанд.



Дар ҳамин ҳол, оҷонсӣ огаҳӣ ёфт, ки шӯъбаи дар Кӯлоб будаи «Тоҷиксодиротбонк» ба иттиҳодияи сохтмонии «Кӯлобдеҳсохтмон» ҷиҳати оғози сохтмони тарзи ипотекаи коттеҷҳои дуошёна дар қаламрави фурудгоҳи кӯҳна 1 млн. сомонӣ маблағ ихтисос додааст.


Моҳи август дар макотиби олии ҷумҳурӣ имтиҳоноти қабули довталабон оғоз мегарданд

0


          Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 1-уми август


дар




макотиби




олии




ҷумҳурӣ




имтиҳоноти




қабули




довталабон




оғоз




мегарданд


.


Сардори




раёсати




маълумоти




олии




касбӣ




ва




баъдидипломии




Вазорати




маорифи




Тоҷикистон




Алидод




Расулов




ба




ОИ


«


Азия





Плюс


»


хабар




дод


,


ки




ба




макотиби




олии




кишвар




то




аввали



ҳ



амин



ҳ



афта


30 ҳ


азору


694


довталаб



ҳ



уҷҷат




супориданд


.








           

Ба қавли ӯ, ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон 3 ҳазору 470 нафар, ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон 2 ҳазор нафарӣ довталаб ҳуҷҷат супориданд, ки миёни макотиби олӣ ин нишондиҳандаҳои зиёдтарин мебошанд.



Қобили зикр аст, ки чанде қабл вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов гуфта буд, ки с


оли ҷорӣ шумораи донишҷӯён дар шӯъбаҳои ғоибонаи макотиби олии ҷумҳурӣ ба миқдори 30 дарсад кам карда мешавад.  





 «Ҳамин тавр, соли хониши оянда шумораи донишҷӯён аз 27 ҳазори соли гузашта то 22 ҳазору 193 нафар камтар мешавад», – гуфт А.Раҳмонов.





Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон 28 мактаби олӣ мавҷуд аст.




Тайи шаш моҳ дар Тоҷикистон 6 ҳазору 333 ҷиноят ба қайд гирифта шуд

0


Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки тайи шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 6 ҳазору 333 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 290 ҷиноят ё худ 4,4 дарсад камтар аст.




Чунин тамоили мусбатро вазир ба он марбут медонад, ки дар ҷумҳурӣ вазъи сиёсӣ мӯътадил гашта, талаботи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ошкор сохтани ҷиноётҳо пурзӯр гаштааст.



«Теъдоди ҷиноёти дуздӣ – 11,5, дуздии молу амволи манзили зист – 48,5, ҷиноёти вазнин – 2, ғоратгарӣ – 17,4, одамкушӣ – 1,5, барқасдона зарари ҷисмонӣ расонидан – 7,5 ва содир намудани ҷиноят бо силоҳи оташфишон 45 дарсад коҳиш ёфтааст», – гуфт М.Солеҳов.



Тибқи маълумоти вазорат, мизони ошкорсозии ҷиноятҳо ба андозаи 2,8 дарсад афзуда 85,6 фоизро ташкил медиҳад.


Мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии қатли И.Шурпоев анҷом ёфт

0


           Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар идомаи мурофиаи додгоҳии қатли рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон изҳори фикри тарафайн шунида шуда, мурофиаи судӣ анҷом ёфт. Фардо мурофиаи охирини додгоҳии парвандаи ҷиноии қатли рӯзноманигори рус баргузор мегардад, ки дар он ҳукми додгоҳ нисбат ба ҷинояткорон содир хоҳад гашт.




Ёдрас мекунем, ки судяи Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шӯҳрат Азимов зимни қироати айбномаи судӣ изҳор дошт, ки дар куштори рӯзноманигори рус Илёс Шурпоев шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимови 25-сола ва Наҷмуддин Муҳиддинови 20-сола гунаҳкор дониста мешаванд, ки бо маслиҳати пешакӣ ва бо мақсади азхуд кардани амволи шахси дигар ин ҷиноятро содир кардаанд.





Ӯ қайд кард, ки мувофиқи маълумоти санадҳои тафтишоти пешакӣ, М.Ятимов бо И.Шурпоев аввали моҳи марти соли ҷорӣ дар истгоҳи метрои «Таганская шинос шудааст. Он замон рӯзноманигор худро чун соҳибкор бо номи Марат муаррифӣ карда, ба ӯ рақами телефонашро медиҳад. «То ҳамон рӯзи шум ман ӯро якчанд маротиба дидам ва дар яке аз чунин вохӯриҳо ӯро бо дӯсти худ Наҷмиддин Муҳиддинов шинос кардам, – гуфт ҳангоми пурсиш М.Ятимов. – Дар таърихи 20-уми март рӯзноманигор ба ман занг зада, хоҳиш намуд, ки ҳамроҳи Муҳиддинов барои вақтгузаронии маҳрамона назди ӯ оем ва ваъда дод, ки барои як соат ба дӯстам 3 ҳазор рубли русӣ медиҳад. Он замон Муҳиддинов ба героин гирифтор буд ва аз ҷиҳати молиявӣ танқисӣ мекашид. Мо соати 9-и шаб ба хонаи ӯ омада, муддати якчанд соат он ҷо мондем ва ҳангоми рафтан И.Шурпоев ба дӯсти ман танҳо 500 рубли русӣ пардохт намуд. Аз ин Муҳиддинов ба ғазаб омада, байни онҳо ҷанҷол шурӯъ шуд. Ман хостам, ки онҳоро халос кунам, вале Шурпоев маро ба як тараф тела дод. Дар ин замон Муҳиддинов ба ӯ ҳуҷум карда, бо тасмае, ки дар гардани ӯ буд, Шурпоевро буғӣ кард. Пас аз ин ӯ кордро гирифта гардани ӯро бурид, ҳарчанд ӯ аллакай намеҷунбид».





Судя ҳамчунин иҳор дошт, ки Н.Муҳиддинов низ ба гуноҳаш иқрор намешавад. «Шурпоевро ман накуштаам, – таъкид кард ӯ. – Ҳангоме ки ман ба гулӯи ӯ кордро гузоштам, Шурпоев аллакай аз тарафи М.Ятимов буғӣ шуда буд».





Ш.Азимов зикр кард, ки айбдоршавандагон пас аз қатли рӯзноманигор хонаи ӯро оташ зада, соатҳои 2-и шаб аз ҷои ҳодиса фирор крдаанд. Онҳо амволи марҳум – ноутбук, соати швейтсарӣ, телефони мобилӣ ва маблағи пулӣ ба миқдори 150 ҳазор рубли русиро низ ҳамроҳи худ гирифтаанд, ки баъдтар онро миёни худ 75 ҳазор рублӣ тақсим кардаанд.





Мурофиа кушод буда, бо забони русӣ мегузарад ва дар он рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ иштиок карда метавонанд. Ба мурофиаи додгоҳӣ судяи Додгоҳи Олии ҶТ Шӯҳрат Азимов раисӣ мекунад. Айбдоркунандаи давлатӣ намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Азимҷон Абдуев аст.





Хешовандони рӯзноманигори марҳум ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ба мурофиа ҳозир нашуданд.





Хабарнигори шабакаи аввали телевизиони Русия Илёс Шурпоев 21-уми марти соли равон дар манзили зисти иҷораааш дар шимолу шарқии Маскав кушта шуд. Мақомоти тафтишотии Русия дарҳол дар содир намудани ин ҷиноят даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон Масрурҷон Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддиновро ошкор сохтанд, ки ҳамагӣ як рӯз баъд аз қатли Шӯрпоев тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон фирор кардаанд.





Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29-уми март ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳамдастӣ бо ҳамтоёни тоҷик худи ҳамон рӯз нафарони гумонбаршударо боздошт карданд. Ҳангоми тафтиш аз онҳо далелҳои шайъӣ – 150 ҳазор рубли русӣ, соати тиллоии хабарнигори марҳум, ноутбук ва телефони мобилӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Гумонбаршудагон даст доштани худро ба содир намудани ин ҷиноят комилан эътироф карданд. Гумонбаршудаи асосӣ М.Ятимов ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия бегона нест. Ӯ соли 2005 ба гумони даст доштан дар дуздӣ дар мавзеи Железнодорожнии Русия маҳкум ба зиндон гардидааст ва тобистони соли 2007 пеш аз мӯҳлат аз маҳбас озод шуда буд.