Ҳ.Зарифӣ: Мо Русияро ба консорсиуми сохтмони НОБ-и «Роғун» давъат мекунем

0




 



Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Тайи як нишасти матбуотӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ муносиботи Тоҷикистону Русияро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки ифтитоҳи консулгарӣ дар шаҳри Екатеринбург шаҳодати ин гуфтаҳоянд.



Вазир иброз дошт, ки дар муносиботи иқтисодӣ низ Русия дар мақоми аввал аст – дар нимсолаи аввал муомилоти мол миёни Русияву Тоҷикистон беш аз $554 миллионро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 39,4 дарсад зиёдтар аст. «Албатта, сафари расмии қарибулвуқӯъи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон ба рушду тависаи ин муносибот такони ҷиддие хоҳад бахшид», – гуфт ӯ. – Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд доир сохтани ин боздид омодагии ҷиддӣ мегирад ва аллакай 7 санадҳои созишномавӣ таҳия гаштаанду шояд шумораи он то шурӯъи сафар бештар гардад».



Ҳ.Зарифӣ ҳамзамон баён дошт, ки зимни боздид баррасии мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахши энергетика дар назар аст, вале қарор нест, ки мавзӯи иштироки Русия дар лоиҳаи НОБ-и «Роғун ба таври алоҳида дар он муҳокима гардад. «Ба ҳар ҳол, м


о Русияро ба консорсиуми сохтмони НОБ-и «Роғун» давъат мекунем», – гуфт ӯ.



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон оид ба масъалаи гӯё мувофиқат ҳосил кардани кишвараш бобати ба ихтиёри Русия вогузор намудани 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳ чунин ибрози назар кард, ки Тоҷикистон на шифоҳиву на хаттӣ аз ин хусус ҳарфе нагуфтааст. «Чунин масоил бояд зимни гуфтушунидҳо ҳал шаванд», – гуфт ӯ дар анҷом ва афзуд, ки қарорҳои мазкур бояд шаффофу ошкоро ба тасвиб бирасанду ҷавобгӯи манфиатҳои Тоҷикистон бошанд.


Дар Душанбе мушкилот ва роҳҳои такмили қонунгузории Тоҷикистон дар бораи соҳибкории хурду миёна баррасӣ мешавад

0


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Охири ҳамин моҳ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Вазъ, мушкилот ва роҳҳои такмили қонунгузории Тоҷикистон дар бораи соҳибкории хурду миёна» доир мегардад.




Аз Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки иштирокдорони мизи мудаввар масоили қонунгузории Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти соҳибкории хурду миёна ва бахусус Қонуни ҶТ «Дар бораи соҳибкории хурду миёна»-ро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Тибқи барномаи мизи мудаввар, иштирокдорони он нақшаи чорабиниҳои муштараки роҳандозии лоиҳаи қонун ва ҳайати аъзои гурӯҳ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва амалисозии нақшаро тасдиқ мекунанд.



Мизи мудаввар аз ҷониби Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон ва дастгирии Фонди Авросиёи Осиёи Марказӣ (ФЕТСА) ва ҳукумати Нидерланд созмон дода мешавад.


Дар Суғд ҳайати мушовараи муштараки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад

0


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Санаи 1-уми августи соли равон дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҳайати мушовараи даҳуми муштараки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад.




Аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ҳайати мушовара масоили мубрами амалиёти муштараки воҳидҳои тафтишотии вазоратҳо дар ошкор сохтани ҷиноёти гурӯҳҳои муташаккили байнулмилалӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



«Ҳамзамон нақшаҳои фаъолияти минбаъдаи мақомот оид ба мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, ошкор сохтану аз байн бурдани марказҳои интиқоли он ва нақшаи фаъолияти ҳайати мушовара барои соли 2009 муҳокима хоҳанд шуд, – иттилоъ дод манбаъ. – Интизор меравад, ки миёни мақомот як қатор санадҳои ҳамкорӣ ба тасвиб хоҳанд расид».


Эмомалӣ Раҳмон охирҳои соли ҷорӣ аз Украина боздиди расмӣ хоҳад кард

0


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ муносиботи хориҷии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо кишварҳои дигар тавсиа ёфта, дар ин муддат 30 санад, аз ҷумла 14 созишномаи гуногун ба имзо расиданд.




Вазир ёдовар шуд, ки соли равон президенти Тоҷикистон ба кишварҳои Эрон, Алҷазоир ва Қазоқистон сафари расмӣ анҷом дода, дар як қатор мулоқоту нишастҳои расмӣ ва ғайрирасмии сарони давлатҳо дар чаҳорчӯбаи созмону иттиҳодҳои гуногун иштирок кард. Дар навбати худ, имсол президенти Украина Виктор Юшенко ва президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Зимни гуфтушунидҳо бо В.Юшенко миёни кишварҳо 8 санадҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд. Эмомалӣ Раҳмон охирҳои соли ҷорӣ аз Украина боздиди расмӣ хоҳад кард. Ҳ.Зарифӣ муносиботи Тоҷикистон бо Қазоқистону Қирғизистонро қаноатбахш арзёбӣ намуд.



Ҳангоми посух ба суоли мушкилоти муайянсозии марзҳо бо Ӯзбекистон, ӯ иброз дошт, ки ин масъалаи мубрам аз замони шӯравӣ мерос мондааст. «Ман аз вазири корҳои хориҷии Русия дархост кардам, то имкон диҳанд, мо дар бойгониҳои Маскав баъзе ҳуҷҷатҳоро аз нав омӯзем, зеро то ба имрӯз дар бораи чанде аз қитъаҳои сарҳадӣ мо маълумоти мушаххас надорем, – зикр кард ӯ. – Корҳо дар ин самт идома доранд ва набояд ба шитобкорӣ роҳ дод».



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки масъалаи раводид кори мустақилонаи ҳар давлат аст, вале чун мо бо кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон алоқаҳои зиёде, аз ҷумла хешутаборӣ дорем, пас зарур аст, бикӯшем, ки масъалаи равуои шаҳрвандонро осонтар кунем, аммо набояд ба касе шарт гузошт, ки дар ҳамин мӯҳлат ин мушкилот ҳал карда шавад.



Ҳ.Зарифӣ оид ба масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои обию барқӣ дар рӯдхонаи Зарафшон чунин изҳори ақида кард, ки нерӯгоҳҳо на барои эҷоди мушкилот, балки ҷиҳати рушди иқтисоди тамоми минтақа бунёд мегарданд. «Ӯзбекситон тақозо намуд, ки ташхиси ё таҳқиқоти холисона гузаронида шавад ва мо аз Олмон дархост кардем, ки онро анҷом диҳад, – идома дод ӯ. – Тибқи хулосаи таҳқиқоти коршиносони олмонӣ ин нерӯгоҳҳо ба ҳеҷ кишвари ҳамҷавор зарар нахоҳанд овард, чунки иқтидори онҳо начандон пурқувват буда, сарбандашон баланд нест ва ҳамчунин обанбори онҳо ҳамарӯза танзим гардида, бузург нахоҳад буд».


Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон иттилои «Коммерсант»-ро беасос номид

0




 



Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки иттилои рӯзномаи «Коммерсант»-и Русия дар бораи аз ҷониби Тоҷикистон ба ихтиёри Русия додани 75 дарсади саҳмияҳои НОБ-и «Роғун» асоси воқеӣ надорад.



Ба қавли муовини сарвазир, мактуб унвонии Русия дар ин хусус ирсол шудааст, вале на ба он мазмуне, ки рӯзномаи Русия онро дар таърихи 23-уми июл дар саҳфаи худ шарҳ додааст.



«Аз ин рӯ, зарур медонам, ки ба матни мактуб аз 26-уми июни соли 2006 истинод оварам. Дар нома бевосита чунин гуфта шудааст: «Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи Созишнома миёни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистонро дар бораи идомаи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии (НОБ)

 

«Роғун» дар рӯдхонаи Вахш мавриди баррасӣ қарор дод. Мувофиқи мақсад мебуд, агар созишномаи мазкур бо дарназардошти омилҳои воқеияти имрӯза мавриди муҳокимаи муштарак қарор гирад». Воқеият бошад, чунин аст. Аввал, то имрӯз дар иншоот 40 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Бинобар он минбаъд зимни таҳиясозии санадҳо он бояд чун «идомаи сохтмони иншоот» ё «анҷоми сохтмони НОБ» номгузорӣ шавад. Ҳамаи корҳои амалишудаи иншоот моликияти истисноии давлати

 

Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Дуввум, Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсиси Консорсиуми байнулмилалии анҷоми сохтмони ин нерӯгоҳ тадбирҳо меандешанд ва ин консорсиум кушода буда, ҳамаи хоҳишмандон имкон доранд, ба он шомил шаванд. Дар доираи консорсиум Русия метавонад дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳм гирад. Дигар тарзи ба анҷом расонидани сохтмони ин иншоот мавҷуд нест», – таъкид сохт А.Ғуломов.



Ёдрас мекунем, ки санаи 23-уми июл дар рӯзномаи русиягии «Коммерсант» мақолае таҳти унвони «Вахш ба энергетикаи Русия ҷорӣ мешавад» (Вахш вливается в российскую энергетику) нашр шуд. Хабарнигорони ин рӯзнома Владимир Соловёв ва Екатерина Гришковетс бо истинод ба номаи муовини аввали сарвазири Тоҷикистон А.Ғуломов хабар дода буданд, ки Тоҷикистону Русия ҷиҳати таъсиси ширкати байнулмилалӣ барои сохтмони нерӯгоҳи «Роғун» ва ба ихтиёри Русия додани 75 дарсади саҳмияҳои ин иншоот тавофуқ ҳосил карданд.


Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба мулоқот бо ҳамтоҳои кишварҳои форсизабон ба Теҳрон меравад

0


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Фардо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ҷиҳати иштирок дар мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои форсизабон ба Теҳрон меравад.




Аз сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрону Афғонистон дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.



Бино ба иттилои манбаъ, Ҳамрохон Зарифӣ, Манучеҳр Муттақӣ ва Рангин Додфар Спанта масоили ҷараёни омодагии боздиди сарони кишварҳоро, ки баргузории он соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, ҳаллу фасл хоҳанд кард.



Дар мулоқот ҳамчунин муҳокимаи масъалаи имконоти сохтмони роҳи оҳан миёни кишварҳо, таъсиси шабакаи телевизионии муштарак, ҳамкориҳои фарҳангӣ ва таҷлили ҷашни 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷики Абӯабдулло Рӯдакӣ низ ба нақша гирифта шудааст.


Сайёфи Мизроб аз болои бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурд

0


Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзноманигори тоҷик Сайёфи Мизроб аз болои бахши тоҷикии радиои «Озодӣ», ки чанде қабл он ҷо фаъолият дошт, ба прокуратураи генералӣ шикоят бурд.




Аз хадамоти мониторингии


Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки с


обиқ корманди бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» қарори худро бо он асоснок мекунад, ки гузоришҳои ин радио унвонии президент, хешу ақрабои ӯ, ҳукумати кишвар, додситонӣ ва шахсони маъруфи Тоҷикистон хусусияти тавҳиномез доранд.



С.Мизроб бар ин назар аст, ки радиои мазкур солҳои ахир тамоми амалҳои ҳукуматро таҳрифомез мунъакис мекунад. «Ӯ фаъолияти раҳбарияти радио, аз ҷумла мудири бахши тоҷикии он Қудрат Шаҳидиро низ ғайриқонунӣ ва дасисаҷӯёнаву бадномкунанда меҳисобад, – хабар доданд аз АМВАОМТ бо истинод ба мусоҳибаи рӯзноманигор дар рӯзномаи «Нигоҳ». – Кормандони хадамоти минтақавии радио дар вилояти Хатлон, Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хонандагону шунавандагон мунтазам бо 7 суол муроҷиат мекунанд ва бад ин васила назарсанҷии афкори ҷомеа баргузор менамоянд, гӯё афкори 300 нафарро сабт мекарда бошанд. Дар пешниҳодот ба мақомоти раҳбарии радиои «Озодӣ» Қудрат Шаҳидӣ иброз доштааст, ки сабтҳои ин 300 нафар пурсидашудагон дар бойгонии бахши тоҷикии радио маҳфуз аст, аммо ҳангоми пахши барнома оид ба назарсанҷӣ аз ин овозҳо истифода нашудааст». Ба назари С.Мизроб, ин гувоҳи он аст, ки раҳбарияти радио ба «таҳрифи далоил» машғул аст.









АМВАОМТ ҳамчунин бо истинод ба ин мусоҳиба, иттилоъ медиҳад, ки «радиои «Озодӣ» далелҳои беасосеро оид ба «куштори» Ҳасан Саъдуллоев нашр намудааст, ки он хешовандони президентро бадном месозад». «Маълумот дар ин хусус дар бойгонии сомона бо нишонии




www.ozodi.org


маҳфуз аст ва бояд аз ҷониби додситонии ҷумҳурӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирад, – мегӯяд рӯзноманигор. – Радиои «Озодӣ» бояд расман ба тӯҳмат ҷавоб бигӯяд».



Дар ҳамин ҳол, дар Прокуратураи генералӣ шикоят бурдани С.Мизробро тасдиқ карданд. «Айни замон ариза мувофиқи мӯҳлатҳои муқарраргаштаи қонунгузорӣ баррасӣ мешавад», – афзуд манбаъ.



 



Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ним сол ба андозаи $132,13 млн. афзуд

0


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» –

 

Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми июли соли 2008 ба беш аз $1 млрд. 252 миллион баробар аст, ки он 28,59 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро (ММД) ташкил медиҳад.




Сардори Сарраёсати қарзи давлатӣ ва активҳои молиявии давлатии Вазорати молияи ҶТ Темуралӣ Афғонов изҳор дошт, ки қарзи мустақими давлатии ҳукумати Тоҷикистон аз $1 млрд. 157 миллион зиёдтар аст, ки 26,47 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад. «Қарзҳои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) ба $44,36 млн. баробар аст», – гуфт ӯ ва афзуд, ки қарзҳои кафолатноки давлатӣ беш аз $27,83 млн. ва қарзҳои муассисаҳои давлатӣ бидуни кафолати давлатӣ $20,41 миллионро ташкил медиҳанд.



Мавсуф зикр кард, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон дар ним сол ба андозаи $132,13 млн. афзуда, айни замон ба $1 млрд. 119,90 млн. баробар аст.



«Афзоиши қарзи хориҷӣ ба азхудкунии воситаҳои қарзии «Эксимбонк»-и Чин, созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки рушди Осиё, Фонди кишварҳои нафтрасон (ОПЕК), Фонди рушди Қувайт ва ғайра афзуд», – гуфт дар анҷом Т.Афғонов.




 

Ҳалокати 16 нафар дар таркишҳои Истанбул

0


Бар асари ду таркиш дар шаҳри Истанбули Туркия, шаби якшанбе дастикам 16 нафар кушта ва 150 нафар маҷрӯҳ шудаанд.


Дар баёнияи расмии шаҳрдори Истанбул гуфта мешавад, аз миёни захмиён вазъи 15 тани онҳо ниҳоят вазнин аст. Ба қавли шоҳидони айнӣ, афроди зиёде барои кӯмак ба осебдидагони таркиши аввал шитофта ва дар натиҷаи инфиҷори дуввум маҷрӯҳ шудаанд.


Муаммар Гулер – шаҳрдори Истанбул гуфт, таркишҳо дар маҳалли коргарнишини Гунгорен ба вуқӯъ пайваст. Ин таркишҳо дар фосилаи 10 дақиқа миёни ҳамдигар ба вуқӯъ пайвастаанд ва Муаммар Гулер онҳоро “ҳамлаҳои террористӣ” унвон кард.

Дар Агентии назорати маводи нашъавовар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ доир гардид

0


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 25-уми июли соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъмандӣ доир гашт.




Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар кори ҷаласа аъзои шӯро, котиботи он, кормандони вазорату муассисоти дахлдори ҷумҳурӣ, раисони чунин шӯроҳо дар вилоятҳо ва намояндагони Ташкилотҳои ғайриҳукумативу созмонҳои байнулмилалӣ, ки дар ин самт фаъолият доранд, иштирок карданд.



«Дар ҷаласа оид ба суръат бахшидану фаъол сохтани чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ миёни қишри осебпазири аҳолӣ қарор қабул карда шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Ба гуфтаи корманди масъули агентӣ, Шӯрои ҳамоҳангсоз аз Вазорати маорифи кишвар дархост кардааст, ки ҳарчи зудтар дастури омӯзишии «Тарзи ҳаёти солим»-ро интишор намуда, онро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ тақсим кунад.



Ёдрас мекунем, ки Шӯрои ҳамоҳангсози пешгирии нашъамандӣ моҳи апрели соли 2004 тибқи фармони президенти Тоҷикистон таъсис дода шуда, чунин шӯроҳо дар мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд.