Дар Агентии назорати маводи нашъавовар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъамандӣ доир гардид

Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 25-уми июли соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъмандӣ доир гашт. Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар кори ҷаласа аъзои шӯро, котиботи он, кормандони вазорату муассисоти дахлдори ҷумҳурӣ, раисони чунин шӯроҳо дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар таърихи 25-уми июли соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба пешгирии нашъмандӣ доир гашт.




Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар кори ҷаласа аъзои шӯро, котиботи он, кормандони вазорату муассисоти дахлдори ҷумҳурӣ, раисони чунин шӯроҳо дар вилоятҳо ва намояндагони Ташкилотҳои ғайриҳукумативу созмонҳои байнулмилалӣ, ки дар ин самт фаъолият доранд, иштирок карданд.



«Дар ҷаласа оид ба суръат бахшидану фаъол сохтани чорабиниҳои пешгирии нашъамандӣ миёни қишри осебпазири аҳолӣ қарор қабул карда шуд», – изҳор дошт манбаъ.



Ба гуфтаи корманди масъули агентӣ, Шӯрои ҳамоҳангсоз аз Вазорати маорифи кишвар дархост кардааст, ки ҳарчи зудтар дастури омӯзишии «Тарзи ҳаёти солим»-ро интишор намуда, онро дар тамоми муассисаҳои таълимӣ тақсим кунад.



Ёдрас мекунем, ки Шӯрои ҳамоҳангсози пешгирии нашъамандӣ моҳи апрели соли 2004 тибқи фармони президенти Тоҷикистон таъсис дода шуда, чунин шӯроҳо дар мақомоти ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.