Ба бонкҳои ВМКБ ҳудуди $ 16,7 миллион маблағ интиқол дода шуд

0


Душанбе. 28-уми июл. ОИ «Азия Плюс»-«Помир Медиа» –


Таи 6 моҳи соли 2008-ум хаҷми интиқоли пулӣ аз ҷониби ашхоси воқеӣ аз хориҷи кишвар тавассути бонкҳо бештар аз 16 миллиону 695 сомониро ташкил дод.




Дар ин бора сардори бахши бонки миллӣ дар Хоруғ Насриддин Насриддинов иттилоъ дод.



Ҳаҷми интиқоли маблағ таи соли гузашта тавассути бонкҳо 23 миллиону 382 ҳазор долларро ташкил додааст. Ҳаҷми бештари пул аз муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ворид шудааст. Барои бисёр хонаводаҳо дар Бадахшон маблағи интиқолӣ ягона воситаи даромад маҳсуб мешавад.

 



Дар Конибодом бар асари садамаи нақлиётӣ мусофирон осеб диданд

0


Конибодом. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар қаламрави ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд бар асари садамаи нақлиётӣ як нафар фавтида, як нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошт.




Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки автомашинаи навъи «Мерседес-Бентс», ки ба сокини шахри Душанбе Рустам Анварзода таалуқ дошт, ба симчӯби барқӣ бархӯрда, дар натиҷа сокини ҷамоати Лоҳутии ноҳия ба ҳалокат мерасад ва мусофири дигарро бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба бмеорхона мебаранд. Ронанда ва мусофири дар курсии пеши мошин нишаста осеб надидаанд.



«Садама дар натиҷаи аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда дар километри 53-уми роҳи мошингарди Хуҷанд-Конибодом рух дода ва ҳафтаи гузашта дар ин роҳ ду садама ба вуқӯъ пайваст, ки бар асари он ду нафар ҳалок шуданд», – афзуд манбаъ.


Хатмкунандаи мактаби Бадахшон дар озмуни байналмиллалӣ оид ба забони русӣ ғолиб шуд

0



Душанбе




. 28-




уми








июл




.




ОИ




«




Азия









Плюс




»-«




Помир








Медиа




» –







Хатмкунандаи




мактаби




ноҳияи




Мурғоб




дар




озмуни




байналмиллалӣ




оид




ба




забони




русӣ




сазовори




ҷои




саввум




шудааст


.









Ба гуфтаи мудири маорифи ноҳияи Мурғоб Элмира Татиева Анора Муратова-хатмкунандаи

 

мактаби рақами 1-и ноҳия дар озмуни байналмиллалӣ дар Маскав ширкат дошта, ба ҷои саввум лоиқ дониста шудааст. Дар озмун намояндагони 36 давлати дунё ширкат варзидаанд.








«А.Муратова барои дохил шудан ба Институти забони русии ба номи Пушкин соҳиби квота гардидааст»,- афзуд манбаъ.

 


 



«Тоҷикматлубот»-и Суғд ба хориҷи кишвар ҳудуди $153 ҳазор маҳсулоти кишоварзӣ содирот кард

0


Конибодом. 28-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаш моҳи соли равон иттифоқи «Тоҷикматлубот»-и вилояти Суғд ба хориҷи кишвар ба маблағи 523,8 ҳазор сомонӣ маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ содирот кард.




Сарвари ин иттифоқ Равшанбек Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки воридоти маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум ба вилоят 457, 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 




Мавсуф изҳор дошт, ки 1462 муассисаи савдо, корхонаҳои саноатӣ ва кооперативии «Тоҷикматлубот»-и вилоят ба аҳолӣ ба маблағи 2 млн. 983 ҳазор сомонӣ маҳсулот фурӯхтанд.



Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти кумитаи омори вилоят, дар ин давра содироти молу маҳсулот аз вилоят чашмрас нест. Барои намуна, дар шаш моҳи соли ҷорӣ содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳамагӣ ба миқдори 0,8 дарсад афзуда, воридот бошад, якбора 49,2 дарсадро ташкил додааст.

 



Пагоҳ дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба Ҳиндустон меравад

0


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дастаи миллии мунтахаби футболи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар мусобиқоти ниҳоӣ оид ба футболи Ҷоми даъвати Осиё ба шаҳри Ҳайдарободи Ҳиндустон сафар мекунад.




Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар гурӯҳи «А» ҳарифони футболбозони тоҷик дастаҳои Туркманистон, Ҳиндустон ва Афғонистон мебошанд.



«Вохӯрии нахустин бо дастаи Турқманистон санаи 30-уми июл баргузор хоҳад гашт», – иттилоъ дод манбаъ.



«Бозии дуввум бо дастаи соҳибони майдон – Ҳиндустон дар таърихи 1-уми август ва вохӯрии саввум бо футболбозони Афғонистон 3-уми август доир мегардад»,- гуфт манбаъ ва афзуд, ки дар гурӯҳи «В»-и мусобиқот дастаҳои Кореяи Шимолӣ, Мянма, Непал ва Шри-Ланка бо ҳам қувваозмоӣ мекунанд.



Ёдрас мекунем, ки ғолиби мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2001 мегардад.




 

Дар нимсолаи аввал ба соҳаи иҷтимоии кишвар 800 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавӣ равона гардиданд

0


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар нимсолаи аввал ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 6,5 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,8 дарсад бештар аст.




Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки сатҳи таваррум ба 5,8 дарсад баробар аст.



Ба гуфтаи ӯ, муомилоти молии хориҷии кишвар дар нимсолаи аввал $2 млрд. 326 миллионро ташкил дод, ки ҳиссаи содирот ба $790 млн. ва воридот ба $1 млрд. 536 млн. баробар аст ва ин дар ҳолест, ки қисмати даромади буҷа ба андозаи 16 дарсад зиёдтар иҷро шуда, 1,6 млрд. сомониро ташкил медиҳад.



Мавсуф зикр кард, ки қисмати хароҷоти буҷа ба 1,8 млрд. сомонӣ (90 дарсади нақша) баробар буда, дар нимсолаи аввал ба соҳаи иҷтимоии кишвар 800 млн. сомонӣ маблағҳои буҷавӣ равона гардиданд.



«Маблағгузорӣ ба соҳаи сохтмон 112 млн. сомониро ташкил дода, ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои «Истиқлол», «Шар-Шар» ва «Чормағзак, купрӯкҳо дар дарёи Панҷ, кашидани хати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон» ва сохтмони

 

нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» истифода шуданд», – афзуд С.Наҷмиддинов.


Вазири корҳои хориҷии Чин: Мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпии Пекин интизорем

0


Душанбе. ОИ «Азия-Плюс» – Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ян Тсзечинро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.



Таваҷҷӯҳи хос ба масоили омодагӣ ба сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон ва ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки охири моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, зоҳир карда шуд.



«Барои Тоҷикистон муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Созмони ҳамкории Шанхай аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ аст», – изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

 




Ян Тсзечин Ҷумҳурии Мардумии Чинро дӯсти содиқ, ҳамсояи хуб ва шарики боэътимоди кишвари мо номида, изҳор дошт, ки давлати Чин азм дорад минбаъд низ Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, муносибатҳои худро бо он боз ҳам густариш диҳад. Ба андешаи ӯ суботи сиёсӣ ва фазои хуби ҳуқуқию инвеститсионӣ, ки дар Тоҷикистон зери раҳбарии Э.Раҳмон эҷод гаштааст, заминаи хуб барои ба сатҳи баланд баровардани робитаҳои ду кишвари ҳамсоя аст. «Мо иштироки президенти Тоҷикистонро дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Олимпӣ интизорем», – гуфт ӯ.



Ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, нақлиёту коммуникатсия, гидроэнергетика, илму фарҳанг ва ғайра гуфтугӯйи судманд анҷом дода, аз ҳаҷми мубодилоти мол байни ду кишвар ва болоравии босуръати он изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот дар зарфи ду соли охир қариб чор баробар ва дар шаш моҳи соли равон 60 дар сад афзоиш ёфтааст.



Ба масоили ҳамкории минтақавӣ дар бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои обӣ, хатҳои интиқоли нерӯи барқ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок ва ғайра, ки метавонад заминаи боэътимоди рушди иҷтимоию иқтисодии ҳамаи кишварҳо бошад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шуд.



Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масоили амнияту суботи минтақа ва мусоидат ба барқарорсозии ҳаёти осоиштаю иқтисодиёти рушдкунанда дар Афғонистон гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Президенти Русия ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон меояд

0


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Наталя Бессонова изҳор дошт, ки охири моҳи августи соли равон зимни сафари расмӣ ба Тоҷикистон президенти Русия Дмитрий Медведев аз донишгоҳи мазкур боздид хоҳад кард.




Ба қавли ӯ, Д.Медведев дар маросими ифтитоҳи маркази «Ҷаҳони русӣ» (Русский мир) иштирок хоҳад намуд. «Маркази номбурда дар назди китобхонаи донишгоҳ боз мегардад», – зикр кард мавсуф.



Ёдрас мекунем, ки Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо қарори ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия соли 1996 таъсис дода шуда, дар муддати кӯтоҳ ба яке аз мактаби олии бонуфузи ҷумҳурӣ табдил ёфт.


Тантанаҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллии соли 2009 дар Хуҷанд баргузор хоҳанд шуд

0


Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, ки мувофиқи он тантанаҳои бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллии соли 2009 дар маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳанд шуд.




Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ якҷоя бо мақомоти

 

иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд супориш дода шуд, ки иҷрои ҳатмии дастуру

 

супоришҳои

 

дар вохӯрӣ бо роҳбарони фаъолони шаҳру ноҳияҳои

 

вилояти зикршуда рӯзи 15-уми майи соли 2008 муайяншударо то баргузории Рӯзи ваҳдати миллӣ таъмин намоянд. 






 



 



 



«Тоҷпромбонк» ба соҳаи пахтакории вилояти Хатлон 6,2 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кард

0



             



Душанбе. 26-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Б


онки саҳомиву тиҷоратӣ ва саноатии таҷдид ва рушди «Тоҷпромбонк» то имрӯз


ба соҳаи пахтакории вилояти Хатлон 6,2 млн. сомонӣ маблағгузорӣ кард.




Аз бонки мазкур хабар доданд, ки аз ин маблағ 4 млн. сомониро ҳукумати Тоҷикистон ихтисос дода, миқдори боқимонда маблағҳои бевоситаи худи бонк мебошанд.



Зикр гардид, ки бонк қарзҳоро ба хоҷагиҳои кишоварзии пахтакори вилояти Хатлон бо фоизи солонаи 18 дарсад ҷудо мекунад.





Маълумотнома:




«Тоҷпромбонк» соли 1995 таъсис ёфта, айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ 17 шӯъба дорад.