Дар беморхонаҳои Суғду Хатлон китобхонаҳои адабиёти тиббӣ ташкил мекунанд

0










 




            

Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар беморхонаҳои марказии вилояти Суғду Хатлон китобхонаҳои адабиёти тиббӣ ташкил дода мешаванд.






             

Ҳамоҳангсози робита бо ҷомеаи Маркази татбиқи лоиҳаҳои соҳаи тандурустии ҶТ Наргис Қосимова иттилоъ дод, ки бо дастгирии Лоиҳаи тандурустии бунёдӣ ва ҷамъиятӣ тавассути бурси Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 33 ҳазор доллари амрикоӣ беш аз 1,1 ҳазор нусха китобҳои адабиёти тиббӣ дастрас гардид.






           

Бино ба иттилои манбаъ, дар беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд, шаҳрҳои Нораку Сарбанд ва ноҳияҳои Қабодиёну Шӯроободи вилояти Хатлон китобхонаҳои дорои адабиёти замонавии тиббӣ ифтитоҳ мегарданд.






           

«Беморхонаҳо 140-160 нусхагӣ китоб мегиранд. Кормандони тиб имкон пайдо мекунанд, ки бо навгониҳои охирин дар соҳа огаҳӣ пайдо намуда, сатҳи дониши касбии худ ва ба ин васила беҳтар сохтани малакаҳои кӯмаки тиббиро ба аҳолӣ баланд бардоранд», – изҳор дошт Н.Қосимова ва афзуд, ки китобҳои мазкур хазинаи китобхонаҳои тибби оилавии ҷумҳуриро ғанӣ месозанд.



Ду нафар корманди Бунёди рушди Оғохон дар дарёи Панҷ ғарқ шуданд

0



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл бар асари ҳодисаи фалокатбор каме дуртар аз мавзеи Хумроғи ноҳияи Ванҷ ду нафар корманди Бунёди рушди Оғохон ба ҳалокат расиданд.






Аз Вазорати корҳои дохилии (ВКД) ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки кормандони созмон – шаҳрванди Тоҷикистон Афзалшо Пулкишоев ва шаҳрванди Афғонистон Абдулбасири Нусур ҳангоми интиқоли кӯмаки башардӯстона аз ҶТ ба Афғонистон дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд.





«Дар натиҷаи чаппа шудани қаиқ кормандон ғарқ шудаанд ва то ҳол ҷустуҷӯи ҷасадҳои онҳо идома дорад», – афзуданд дар ВКД.





 

Дар Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» ба табъ расид

0



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар пойтахти Тоҷикистон шумораи нахустини ҳафтаномаи «Боргоҳи сухан» ба табъ расид.






Сармуҳаррири ҳафтанома Мирзомаҳмуд Мирбобозода изҳор дошт, ки ҳафтаномаи нав нашрияи иҷтимоиву фарҳангӣ буда, барои мардуми форсизабони ҷаҳон пешбинӣ шудааст.





Маркази фарҳангии «Боргоҳи сухан» муассиси рӯзнома аст. Ба ҳайати мушовирони он шоирон Мӯъмин Қаноат, Фарзона, академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, профессорон Абдунабӣ Сатторзода ва Худоӣ Шариф, сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғар Амир Шеърдӯст, мушовири фарҳангии сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон Ғуломҳасан Ҳазратӣ ва роҳбари Маркази фарҳангии «Боргоҳи сухан» Бӯрӣ Карим аъзо мебошанд.





Маводи ҳафтанома бо ҳуруфи

 

кириллӣ ва арабӣ чоп мешаванд.





Дар шумораи нахустини он, ки бо теъдоди 3 ҳазор нашр шудааст, роҷеъ ба ҷашни 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакӣ, Намоишгоҳи байнулмилалии китоб дар шаҳри Теҳрон ва ташрифи барандаи ҷоизаи «Ясная поляна» барои романи беҳтарини Русия, нависанда Тимур Зулфиқоров мақолаву гузоришҳо ба табъ расидаанд.



Дар додгоҳ муноқишаи ду роҳбари Ҳизби Демократи Тоҷикистон ҳаллу фасл мегардад

0



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт қазияи додгоҳии ду роҳбари Ҳизби Демократии Тоҷикистон (ҲДТ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.






Раиси расман эътирофшудаи ҲДТ Масъуд Собиров аз роҳбари яке аз се ҷиноҳи ҳизб Саидҷаъфар Исмонов даъво дорад, ки барои чун раиси ҳизб худро муаррифӣ карданаш, ба сифати ҷуброни зарари маънавӣ ба ӯ 150 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт кунад.





Дар аризаи даъвогиаш М.Собиров аз мақолаҳои С.Исмонов дар ҳафтаномаи «Фараж» ёдовар мешавад, ки дар онҳо ӯ худро раиси ҳизб номидааст.





Дар ҳамин ҳол, С.Исмонов мегӯяд, ки даъвои М.Собиров «ҳеҷ асосе надорад». «Аввал, М.Собировро чун роҳбари ҳизб танҳо мақомоти ҳукумати расмӣ эътироф мекунанд, на раёсати ҲДТ, – изҳор дошт ӯ. – Дуввум, ба сифати даъвогар ӯ ба толори додгоҳ ҳозир нашудааст ва ҳузури рӯзноманигоронро дар толор манъ карданд, ки ин ба гумони ғаразнок будани баррасии даъво мебарад».

 






Имрӯз дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бояд

    

қарори ҳалномаи додгоҳӣ бароварда шавад.



«Тоҷикстандарт» ба хизматчиёни ҳарбӣ «обулой» кардани орди вайроншударо пешгирӣ кард

0



Кӯлоб. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Мутахассисони лабораторияи маҳсулоти ғизоии Раёсати стандартизатсия, сертификатсия ва назорати савдои минтақаи Кӯлоб 20 тоннаву 457 кило орде, ки барои қисми низомӣ таъин гардида буду аллакай дар анборҳо мехобид, вайроншуда ҳисобида, ба қисми низомӣ додани онро боздоштанд.






Сардори Раёсати минақавии «Тоҷикстандарт» Рустам Неъматов зикр кард, ки тайи шаш моҳи соли равон ин бори аввал нест, ки дар минтақа маҳсулот ва моли ғайристандартӣ дарёфт мегардад.





«Аз оғози сол дар лаборатория 389 ташхис гузаронида шуд ва дар 24 ҳолат ба меъёрҳо ҷавобгӯ набудани маҳсулоти ғизоӣ ошкор карда шуд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки аз ин маҳсулот 565 килояш равғани пахта,


100 кг

маҳсулоти ширӣ,

70 кг

қаннодӣ,

90 кг

маҳсулоти ҳасиб,

300 кг

қанд, 3,5 декалитр спирт, 100 декалитр нӯшокии ғайриспиртӣ,

70 кг

чой ва 35 тонна писта мебошанд.





«Санадҳои гайримеъёрӣ будани орд ба прокуратураи ҳарбии гарнизони Кӯлоб ва равғани растанӣ ба прокуратураи ноҳияи Восеъ ирсол гардиданд», – таъкид сохт Р.Неъматов.





Ба қавли ӯ, бӯҳрони энергетикии моҳҳои январ ва феврали соли 2008 ба самаранокии боз ҳам бештари фаъолияти раёсат халал расонидааст.



М.Убайдуллоев ба «Зарубежнефтегаз» бунёди мактаби таълими забони русиро пешниҳод сохт

0



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мудири кулли Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Зарубежнефтегаз»-и ширкати русиягии «Газпром» Валерий Гулев доир гардид.






Сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки М.Убайдуллоев аз фаъолияти ширкат дар ҷустуҷӯи конҳои гази Тоҷикистон қаноатмандӣ кард. Ӯ боварии худро изҳор намуд, ки ширкат метавонад дар зарфи 9 соли амалисозии лоиҳа талаботи Тоҷикистонро бо газ таъмин созад.






               

Бино ба иттилои манбаъ, В.Гулев мири пойтахтро бо ҷараёни корҳо дар чаҳор кон шинос намуда, масъалаи сохтмони намояндагии «Газпром» дар шаҳри Душанбе ва иштироки ширкат дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаи иҷтимоӣ дар пойтахтро зарур донист.






               

«Раиси шаҳри Душанбе бо дарназардошти тавоноии молияии ширкати русиягӣ пешниҳод сохт, ки «Газпром» дар бунёди нерӯгоҳҳои обию барқии ҶТ ва сохтмони манзилгоҳ сармоягузорӣ намуда, таъмини Тоҷикистон бо гази моеъ ва тарзи истифодаи бехавфи он дар нақлиёти ҷамъиятиро ҷорӣ кунад», – идома дод Ш.Саидов.






               

М.Убайдуллоев изҳор дошт, ки мақомоти шаҳрдорӣ омода аст, масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони намояндагии ширкати «Газпром»-ро муҳокима намояд ва ҷиҳати иштироки ширкат дар лоиҳаҳои соҳаи иҷтимоӣ бунёди мактаби таълим бо забони русиро пешниҳод сохт.



Дар Суғд корманди ваколатдори Намояндагии савдои Русия ба кор шурӯъ кард

0



Хуҷанд. 7-уми июл. ОИ «Аия-Плюс» – Бо мақсади густариши ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия қарор шудааст, дар вилояти Суғд Қабулгоҳи ҷамъиятии Намояндагии савдои Русия дар ҶТ ифтитоҳ гардад. Намояндаи ваколатдори он Азимбой Азизов таъин шудааст.






Аз консулгарии кулли Русия дар Хуҷанд хабар доданд, ки намояндаи ваколатдор муносиботи ҳамкории мутақобилаи доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русияро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, ба соҳибкорони рус дар интихоби шарикон дар Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.





«Ҳамчунин ӯ ба афзоиши мубодилаи мол миёни кишварҳо, рушди минбаъдаи ҳамкориҳои минтақавии Русияву Тоҷикистон ва амалисозии лоиҳааҳои байниминтақавии сармоягузории давлатҳо низ мусоидат хоҳад кард», – идома доданд дар консулгарӣ. – Барпо сохтан ва ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои муштарак, таъмини бозорҳои Тоҷикистон бо моли Русия, интиқоли маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба минтақаҳои Русия ва пешниҳоди хизматрасониҳои машваративу иттилоотӣ ба соҳибкорони ҳарду кишвар низ аз вазифаҳои афзалиятноки намояндаи масъул шуморида мешаванд».





Сарчашма инчунин зикр кард, ки дар робита ба омодагии баргузории Форуми саввуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Русия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» ба намояндаи ваколатдор супориш дода мешавад, ки дар кори ҳамоҳангсозии он аз ҷониби Русия ба гурӯҳи тадорукот ёрӣ расонад.



Волейболбозони Бадахшон дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар Кения ба мақоми дуввум сазовор гардиданд

0



Душабе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир-Медиа» – Тимҳои волейболи занона ва мардонаи ВМКБ дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки

 

дар охири моҳи июн дар Найробӣ- пойтахти

 

Кения баргузор шуданд, ширкат варзиданд.






Ба гуфтаи мутахассиси пешбари идораи кор бо ҷавонон, варзиш ва туризми вилоят Фаррух Оғоназаров, дар мусобиқот онҳо ба мақоми дуввум сазовор шуданд.





Ба ғайр аз волейболбозон дар ин мусобиқот варзишгарон аз рӯи намуди баскетбол, гӯштини тарзи озод ва шоҳмот ширкат доштанд.





«Дар ин бозиҳо

 

намояндагони 27 мамлакат, аз ҷумла 42 варзишгар аз Бадахшон ширкат варзиданд,- афзуд манбаъ.





Дар Бадахшон шумораи беморони дил меафзояд

0









Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир-Медиа» – Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи беморони дил афзудааст.





Ба гуфтаи сарпизишки маркази касалиҳои дил Авазбек Қудратбеков, тайи шаш моҳи соли равон дар маркази касалиҳои дил 950 нафар

 

беморон табобат гирифтаанд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта бештар аз 100 нафар зиёдтар аст.





Тибқи иттилои манбаъ, афзоиши бемориҳои дил дар минтақа ба таъсири омилҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва иқлимӣ вобаста будааст.





«Шумораи бештари бемороне, ки ба

 

Маркази касалиҳои дил муроҷиат мекунанд, фишори хунащон хеле баланд аст», – афзуд А.Қудратбеков.



Сокинони Хоруғро аз манзилҳояшон берун мекунанд

0



Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс»-«Помир медиа» – Дар Хоруғ се хонаводаро аз манзилҳояшон берун мекунанд.






Бино ба гуфтаи муовини аввали мири шаҳри Хоруғ Абдулло Худобердиев бунёди маркази ҷавонон дар маркази вилоят бардоштани ин манзилҳоро тақозо дорад. Вай ҳамчунин баён дошт, ки арзиши манзил барои соҳибонашон ҷуброн мешавад ва онҳо метавонанд бо маблағи ҷудошуда барояшон хона созанд.





Аммо худи сокинон мегӯянд, ки онҳо бовар надоранд, барояшон арзиши баробар бо арзиши манозиле, ки аз он ҷо берун афканда мешаванд, дода мешавад.





«Мақомот ваъда медиҳад, ки барои мо дар навбати аввал хона ҷудо мекунад, аммо дар шаҳр сохтмони манзилҳои истиқоматӣ дар нақша нест ва ба ин ваъда бовар намудан душвор аст»,- изҳор дошт яке аз истиқоматкунандагони ин хонаҳо Бахтибек Асалбеков