Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади дар таҷрибаи соҳаи тандурустӣ ҷорӣ сохтани бақайдгирии ҳодисаҳои таваллуд ва фавти кӯдакон мувофиқи меъёрҳои зиндазоӣ ва мурдазоӣ, аз 10 то 28-уми июн дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ перомуни мавзӯи меъёрҳои зиндазоӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд, чорабиниҳои мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии фармони вазири тандурустии ҶТ «Дар бораи тадриҷан гузаштани муассисаҳои тиббии Вазоарти тандурустии ҶТ ба меъёрҳои байнулмилалии қайди зиндазоӣ, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавсия додааст» гузаронида мешаванд. Бино ба иттилои манбаъ, семинарҳо ҳамчунин бо мақсади таъмини мувофиқати маълумот дар бораи таваллуд ва фавти кӯдакон дар давраи перинаталӣ, муайян кардани дахолат ба коҳиш додани фавти кӯдакон баргузор мегарданд. Бо барномаи омӯзишӣ мутахассисони ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Данғара, Балҷувон ва Қумсангири вилояти Хатлон фаро гирифта мешаванд. «Гурӯҳҳои мақсаднокро момодояҳо ва духтурони бемориҳои занона, неонатологҳо, кормандони омори соҳа ва ҳамшираҳои шафқати бақайдгирандаи таваллуд ташкил хоҳанд дод», – афзуданд дар Вазорати тандурустӣ.
Дар Тоҷикистон меъёрҳои байнулмилалии қайди таваллуд ва фавти кӯдаконро ҷорӣ месозанд
Рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ малакаҳои шарҳи мавзӯи бемории норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД)-ро меомӯзанд
Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе барои рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ семинари нахустини омӯзишӣ перомуни дар байни рӯзноманигорон омода сохтани мураббиён оид ба масоили шарҳи мавзӯи бемории норасоии масунияти бадан (БНМБ) ба кор шурӯъ мекунад. Семинар аз ҷониби созмони байнулмилалии «Лоиҳаи назорати БНМБ дар Осиёи Марказӣ» бо ҳамроҳии ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) созмон дода шудааст. Асомиддин Латипов, ҳамоҳангсози миллии лоиҳа ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тайи панҷ рӯз рӯзноманигорони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон малакаҳои мураббӣ шудан дар шарҳи мавзӯъро меомӯзанд, то ки минбаъд барои рӯзноманигорони кишварашон чунин семинарҳои омӯзишӣ баргузор кунанд. Ба гуфтаи, ҳамоҳангсози яке аз қисматҳои лоиҳа Чинора Сайталиева, ВАО дар шарҳи мавзӯи мазкур нақши бузург доранд ва барпо кардани ташкилоти минтақавии рӯзноманигорон мувофиқи мақсад аст. «Барои навиштани мақолаи хуб дар бораи ин мавзӯъ, поймолкунии ҳуқуқи беморон, рӯзноманигорро лозим аст, ки худаш ба мавзӯъ хуб сарфаҳм равад, дар мақолааш далелҳои мушаххасу санҷидашуда орад ва ба ҳангомаҷӯӣ роҳ надиҳад, – зикр кард А.Латипов. – Мураббиёне, ки дар ин семинар тайёр карда мешаванд, бояд маҳз чунин масоилро ба рӯзноманигорони кишварҳояшон омӯзонанд». Бино ба иттилои А.Латипов, рӯзноманигорон ҳамчунин бо фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии пешгирии БНМБ ва як қатор муассисаҳои дигар шинос мегарданд. «Лоиҳаи назорати БНМБ дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо бюрои кластерии ЮНЕСКО дар Алма-Ато махсусан барои семинарии мазкур Дастури омӯзишии мураббиёни медиа оид ба шарҳи ин мавзӯъро омода сохтааст, – идома дод манбаъ. – Пас аз озмоиш тарҷумаи он ба забонҳои кишварҳои минтақа пешбинӣ гардидааст».
Пагоҳ ба Тоҷикистон 20 ҳазор шиносномаи хориҷӣ меоранд, – ВКХ ҶТ.
Душанбе. 9 –уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи сешанбе, дар таърихи 10-уми июн аз Қазоқистон ба кишвари мо 20 ҳазор шиносномаи хориҷӣ меоранд. Бино ба иттилои Давлат Назриев, сардори Департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, аввали фасли баҳор, ҳангоми хурӯҷи мавсимии тоҷикистониён ба хориҷи кишвар, мушкилоти таъмини шаҳрвандон бо шиносномаи хориҷӣ ба вуҷуд омад. «Норасоии шиносномаҳо ба мушкилоти техники корхонаи Қазоқистон, ки дар он шиносномаҳо истеҳсол мегардиданд, вобастагӣ дошт ва аз ин сабаб ба Тоҷикистон миқдори зарурии шиносномаҳо ворид намешуданд, – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки ба ҷумҳурӣ дар ин вақт гоҳ-гоҳ миқдори ками шиносномаҳо оварда мешуданд, ки он талаботи аҳолиро қонеъ гардонида наметавонист. – Мо боварӣ дорем, ки дар рӯзҳои наздик мушкилоти норасоии таъмини шаҳрвандон бо шиносномаҳои хориҷӣ ҳал хоҳад шуд». Ёдовар мешавем, ки ахири моҳи марти соли равон роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо қарори худ ба шаҳрвандон иҷозат дод, ки бо шиносномаҳои дохилиашон тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар сафар кунанд. Иқдоми мазкур маҳз барои рафъи мушкилоти норасоии шиносномаҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардида буд.
Иттиҳодияи байнулмилалии молияви тағйироти андозбандиро пешниҳод мекунад
Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маҳфили матбуотие, ки дар таърихи 10-уми июн дар Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон доир мегардад, Иттиҳодияи байнулмилалии молиявӣ (ИБМ) барои баррасии масъалаҳои низоми андозабандӣ шароит фароҳам меорад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари ИБМ хабар доданд, маҳфили матбуотӣ дар доираи лоиҳаи «Рушди муҳити корӣ дар Тоҷикистон» баргузор мегардад. Бино ба иттилои манбаъ, дар чорабинӣ масоили дар амал татбиқ кардани марҳилаи саввуми тадқиқот дар соҳаи тиҷорат ва кор мавриди муҳокима қарор мегиранд. «Маҳфили матбуотӣ бо мақсади огоҳкунии аҳолӣ ва соҳибкорон аз супер-патенти (имтиёзномаи) нав, ки амалисозии он аввали моҳи июл оғоз мегардад, гузаронида мешавад, – иттилоъ доданд аз ИБМ. – Патенти нав дар як вақт се намуди андозбандӣ– андоз аз даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯшро дар бар мегирад». Ба гуфтаи манбаъ, бартарияти асосии патент дар пардохти муайяншудаи он ифода мегардад. Бар замми ин, дар ИБМ зикр карданд, ки аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввали тадқиқот, бо мақсади дастгирии муҳити соҳибкорӣ ба ҳукумати кишвар 50 пешниҳодот тавсия карда шудаанд, ки то имрӯз 15-тои он қабул гардидаанд. Тадқиқоти ИБМ ҳамчунин ба тағйирёбии патент мусоидат кардааст: супер-патенти номбурда натиҷаи тадқиқотҳои гузаронда мебошад.
Дар Шуғнон ҳавзи моҳипарвари сохта шуд
Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҳавзи озмоишии моҳипарварӣ ба истифода дода шуд. Ба қавли Марод Мирасанов, сардори раёсати назорати давлатии ҳифзи муҳити зисти ВМКБ, барои парвариш аз ноҳияи Ҳамадонӣ навъҳои гуногуни моҳӣ оварда шудааст. Раёсати назорати давлатии ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷиҳати сохтмони ҳавз 31 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Чанде қабл чунин ҳавз дар ноҳияи Рашт низ бунёд гардида буд.
Дар минтақаҳои кишвар гуруҳҳои кории Вазорати кишоварзи фаъолият доранд
Душанбе. -9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Таҳти роҳбарии муовини вазири кишоварзии ҶТ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ бо мақсади таҳлили вазъи кишту кор ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ чаҳор гурӯҳи кории 25-нафарӣ фаъолият доранд. Нарзулло Додобоев, сардори шӯъбаи иттилооти Вазоарти кишоварзӣ, мегӯяд, ки гурӯҳҳои корӣ ҳафтаи гузашта бо қарори вазири кишоварзии ҶТ Қосим Қосимов ташкил гардидаанд. Ба қавли Н.Додобоев, ба гурӯҳҳо супориш дода шудааст, ки вазъи киштукор ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ, сабабҳои иҷро нагардидани нақшаҳои истеҳсолиро нисбат ба ҳар зироат ҳамаҷониба таҳлил кунанд. «Бар замми ин, гурӯҳҳои корӣ бояд майдонҳои кишти такрории зироатҳои ғалладонагӣ, картошка ва сабзавотро муайян кунанд», – гуфт Н.Додобоев.
Пиллапарварони Суғд ба фатҳи марра наздиканд
Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс». – Пиллапарварони вилояти Суғд ба фатҳи марраи иҷрои нақшаи пешибинишуда наздик шуданд. Алишер Мирхолиқов, агрономи раёсати «Пилла» ба ОИ «Азия-Плюс хабар дод, ки то имрӯз пиллапарварон 1 ҳазору 14 тонна ашёи хоми нахи абрешим тайёр кардаанд, ки ин 78,1%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, пиллапарварони ноҳияҳои Ашт ва Конибодом аллакай нақшаро иҷро кардаанд ва пиллапарварони ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафуров низ рӯзҳои наздик ба фатҳи марра мерасанд. «Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар вилоят яке аз истеҳсолкунандагони асосии пилла маҳсуб мегардад ва то имрӯз дар ин ҷо 304,4 тонна ашёи хом тайёр шудааст», – афзуд агроном. А.Мирхолиқов зикр кард, ки тамоми ашёи хом барои коркард ба корхонаи муштараки «Вт-Силк» дода мешавад. Имсол пиллапарварони вилояти Суғд ният доранд, 1 ҳазору 299 тонна ашёи хоми нахи абрешим тайёр кунанд. Соли гузашта тайёр кардани 1 ҳазору 599 тонна пилла ба нақша гирифта шуда буд, вале он танҳо ба 52% (841 тонна) иҷро гардид. «Қисми зиёди тухми кирмак аз касалиҳо ҳалок гаштанд ва бинобар он, пиллапарварон ба нокомӣ дучор шуданд», – гуфт манбаъ ва афзуд, ки қариб ҳамаи қуттиҳои кирмак аз Чин оварда шуда буданд. «Соли ҷорӣ нархҳои фурӯши пилла афзудааст: ба 1 килои ашёи хоми нахи абрешим бо назардошти ААИ 1 доллару 15 сент нарх муқаррар шудааст (соли 2007 95 сент)», – илова кард А.Мирхолиқов.
Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодиии Аврупо ва Осиё чиҳати содироту воридоти сабзавоти зудвайроншаванда чораҳо меандешанд
Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс». – Кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё ният доранд, дар чаҳорчӯби семинари «Истифодаи механизмҳои биржавӣ барои гардиши бехатари сабзавоти зудвайроншаванда ва картошка дар бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё», ки рӯзҳои 10-12-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Проткол оид ба ташкил додани «роҳи сабз»-ро ба имзо расонанд. Аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар семинари байнулмилалӣ ширкати намояндагони Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Белорус дар назар аст. Ба гуфтаи манбаъ, семинар бо мақсади тақвият бахшидани муносибатҳои ҳамкорӣ дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишвоарзӣ доир мегардад.
Дар Душанбе масъалаҳои имконот ва дурнамои истифодаи ашёи хоми маҳалли дар корхонаҳои саноати сабуки ЧТ барраси мешаванд
Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар маҷмаии давлатии «Кохи ваҳдат»-и пойтахт намоишгоҳи навбатии 3-уми «ИнтерЛегПром-2008» ба кор шурӯъ кардааст, ки 4 рӯз давом хоҳад кард. Аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки намоишгоҳро Ҳукумати ҶТ, Палатаи савдо ва саноати ҶТ, Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коргарони саноати сабук ва бофандагӣ созмон додаанд. Бино ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ ҳудуди 30 ширкатҳои ватанӣ ва хориҷии соҳаи саноати сабук ва намояндагони корхонаҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. «Корхонаҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, кишварҳои Эрон ва Туркия барои иштирок дар намоишгоҳ дархост фиристоданд, – идома дод манбаъ. – Дар доираи чорабиниҳои намоишгоҳ ҳамчунин мизи мудаввар дар мавзӯи «Имконот ва дурнамои истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ дар корхонаҳои саноати сабуки ҶТ» баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳи нахустини байнулмилалии «ИнтерЛегпром» ба муносибати ҷашни иди касбии коргарони саноати сабук, 15-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ, ҷашни 2700-умин солгарди шаҳри Кӯлоб дар шаҳри Душанбе, дар таърихи 8-11-уми июни соли 200б доир гардида буд. Дар он намунаҳои маҳсулоти беш аз 30 ширкатҳо ва корхонаҳои Тоҷикистон, Эрон ва Ҳиндустон ба намоиш гузошта шуда буданд. Намоишгоҳи дуввум 8-11-уми июни соли 2007 дир гашт.
Дар шимоли Точикистон истеҳсоли арақ кам шудааст
Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд коршиносон раванди коҳиш ёфтани истеҳсоли спирт ва машруботро қайд кардаанд. Ба гуфтаи Матлуба Оқилова, сардори шӯъбаи саноати Кумитаи омори вилоят, дар 5 моҳи соли ҷорӣ ин ҷо 277 ҳазор литр навъҳои арақи гуногун истеҳсол шудааст. Ба қавли ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои вилоят 431 ҳазор литр арақ истеҳсол карда буданд. «Истеҳсоли спирт қариб ду баробар коҳиш ёфтааст: 338 ҳазор литр дар панҷ моҳи соли гузашта ва 179 ҳазор литр дар соли равон», – идома дод М.Оқилова. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон дар вилояти Суғд 19 корхона ба истеҳсоли арақ машғул мебошанд. «Соли ҷорӣ 3 корхона аз истеҳсоли арақ даст кашида, ба истеҳсоли нӯшокиҳои нисбатан сабуки машруботӣ ва лимонад гузаштанд», – изҳор дошт коршинос ва афзуд, ки дар вилоят асосан ба истеҳсоли арақ ва спирт корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарукор доранд.



