Дар шимоли Точикистон истеҳсоли арақ кам шудааст

Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд коршиносон раванди коҳиш ёфтани истеҳсоли спирт ва машруботро қайд кардаанд. Ба гуфтаи Матлуба Оқилова, сардори шӯъбаи саноати Кумитаи омори вилоят, дар 5 моҳи соли ҷорӣ ин ҷо 277 ҳазор литр навъҳои арақи гуногун истеҳсол шудааст. Ба қавли ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои вилоят 431 […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар вилояти Суғд коршиносон раванди коҳиш ёфтани истеҳсоли спирт ва машруботро қайд кардаанд. Ба гуфтаи Матлуба Оқилова, сардори шӯъбаи саноати Кумитаи омори вилоят, дар 5 моҳи соли ҷорӣ ин ҷо 277 ҳазор литр навъҳои арақи гуногун истеҳсол шудааст. Ба қавли ӯ, дар ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои вилоят 431 ҳазор литр арақ истеҳсол карда буданд. «Истеҳсоли спирт қариб ду баробар коҳиш ёфтааст: 338 ҳазор литр дар панҷ моҳи соли гузашта ва 179 ҳазор литр дар соли равон», – идома дод М.Оқилова. Бино ба иттилои манбаъ, айни замон дар вилояти Суғд 19 корхона ба истеҳсоли арақ машғул мебошанд. «Соли ҷорӣ 3 корхона аз истеҳсоли арақ даст кашида, ба истеҳсоли нӯшокиҳои нисбатан сабуки машруботӣ ва лимонад гузаштанд», – изҳор дошт коршинос ва афзуд, ки дар вилоят асосан ба истеҳсоли арақ ва спирт корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сарукор доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.