Интиқоли барқи Точикистон ба Афғонистон шуруъ шуд

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон шурӯъ кард. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Афғонистон аз кишвари мо ҳудуди 200 ҳазор кВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад ва ҳамчунин ёдовар шуд, ки содироти нерӯи барқ ба ин кишвар асосан дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон шурӯъ кард. Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳамарӯза ба Афғонистон аз кишвари мо ҳудуди 200 ҳазор кВт нерӯи барқ интиқол дода мешавад ва ҳамчунин ёдовар шуд, ки содироти нерӯи барқ ба ин кишвар асосан дар давраи тобистон (моҳҳои май-октябр) сурат мегирад. «Имсол интиқоли барқ миёнаҳои моҳи май оғоз гардид, – зикр кард манбаъ. – Дар давраи тобистон дар маҷмӯъ мо ба ин кишвар тақрибан 50 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот мекунем, аз ҷумла соли гузашта ин рақам ба 51 млн. кВт/соат расид». Дар ҳамин ҳол Р.Гулов изҳор дошт, ки айни замон нерӯи барқи кишвар ба Қирғизистон интиқол намегардад, зеро Тоҷикистонро зарур аст, қарзи зиёди нерӯи барқи Ӯзбекистонро баргардонад. Ёдовар мешавем, ки интиқоли нерӯи Барқи Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ахири моҳи май шурӯъ шуд ва то имрӯз ба ин кишвар беш аз 60 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардидааст. Мувофиқи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон, кишвари мо дар давраи тирамоҳу зимистон аз Ӯзбекистон ба миқдори 600 млн. кВт/соат нерӯи барқ мегирад ва ба ивази он дар давраи баҳору тобистон ба Ӯзбекистон 900 млн. кВт/соат нерӯи барқ иниқол медиҳад. Дар ширкати «Барқи тоҷик» изҳори боварӣ намуданд, ки қарзи нерӯи барқи Ӯзбекистон то ахири моҳи августи соли ҷорӣ пурра баргардонида мешавад. Тибқи маълумоти ширкат, айни замон дар ҷумҳурӣ наздик ба 60 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад, ки қисми зиёди онро нерӯи барқи истеҳсолкардаи НОБ-и «Норак» ташкил медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.