Точикистон расман Русияро ба бунёди НОБ-и «Роғун даъват» мекунад

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон расман Русияро даъват кардааст, ки дар Консорсиюми байнулмилалии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат варзад. Охири моҳи май Оқил Оқилов, сарвазири ҶТ, ба унвонии Владимир Путин, раиси ҳукумати Русия, бо ин мазмун мактуб ирсол кардааст. Давлат Назрӣ, сардори Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар баробари ин зикр кард, ки […]

Олга Тутубалина


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон расман Русияро даъват кардааст, ки дар Консорсиюми байнулмилалии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ширкат варзад. Охири моҳи май Оқил Оқилов, сарвазири ҶТ, ба унвонии Владимир Путин, раиси ҳукумати Русия, бо ин мазмун мактуб ирсол кардааст. Давлат Назрӣ, сардори Департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар баробари ин зикр кард, ки «дар мактуб ҷузъиёт ва шартҳои ширкати Русия дар консорсиюм нишон дода нашудааст». Аз рӯи лоиҳа, иқтидори НОБ-и «Роғун» 3,6 ҳазор МВт, истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар он беш аз 14 млрд. кВт/соат аст ва арзиши умумии он $3,4 млрд. мебошад. Айни замон дар ҳаҷми беш аз 40% корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд, ки маблағи он 800 миллион долларро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳа, навбати аввали нерӯгоҳ бояд дар муддати 4-4,5 сол ба истифода дода шавад, ки васли ду агрегати он бо иқтидори 800 МВт имкон медиҳад дар як сол то 5 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардад. Бунёди нерӯгоҳи «Роғун» ҳанӯз соли 1976 оғоз гардида буд, вале ба иллати муташанниҷ гаштани вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, соли 1990 сохтмони он қатъ шуд. Соли 2004 зимни сафари расмии Владимир Путин ба Тоҷикистон перомуни ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳ мувофиқа ҳосил гардида буд. Ширкати «Русский алюминий» бунёди навбати аввали нерӯгоҳро ба ӯҳда гирифт. Аммо «РУСАЛ» ва ҳукумати Тоҷикистон бобати масоили мушаххасоти техники нерӯгоҳ ба мувофиқае омада натавонистанд ва Тоҷикистон расман изҳор дошт, ки минбаъд аз ҳамкорӣ бо ширкати Русия даст мекашад. Моҳи августи соли 2007 ҳукумати ҶТ ба таври якҷониба қарордодро бо ширкати «Русский алюминий» бекор кард ва барои идомаи бунёди нерӯгоҳ Консорсиюми байнулмилалӣ таъсис дод. Моҳи марти соли 2008 Виктор Ющенко, президенти Украина, изҳор дошт, ки Украина низ манфиатдор аст, дар идомаи сохтмони нерӯгоҳ саҳм гузорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.