«Точиксодиротбонк»: Аз руи қарзҳои додашуда соҳаи соҳибкори дар чои аввал аст

Кӯлоб: 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 5 моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоб ба ҳамаи самтҳои фаъолияти қарздиҳӣ 7 млн. 277 ҳазору 758 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Абдукарим Неъматов, сардори шӯъбаи бонк, иттилоъ медиҳад, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд […]

Турко Дикаев


Кӯлоб: 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар 5 моҳи соли ҷорӣ шӯъбаи «Тоҷиксодиротбонк» дар шаҳри Кӯлоб ба ҳамаи самтҳои фаъолияти қарздиҳӣ 7 млн. 277 ҳазору 758 сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» Абдукарим Неъматов, сардори шӯъбаи бонк, иттилоъ медиҳад, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст. Ба қавли ӯ, афзоиши нишондиҳандиҳандаи ҳаҷми қарздиҳӣ ба механизми нави сармоягузорӣ дар соҳаи пахтакорӣ марбут аст. «Ба 22 хоҷагии деҳқонии ноҳияҳои Восеъ, Кӯлоб ва Ҳамадонӣ, ки дар 1 ҳазору


501 га

кишти пахта мегузаронанд, аз 3 млн. 916,5 ҳазор сомонии қарзи талабшуда аллакай 2 млн. 445 ҳазору 696 сомониаш ба хоҷагиҳо дода шудааст», – идома дод манбаъ ва афзуд, ки сарчашмаи воситаҳои мазкур асосан пасандозҳои аҳолӣ мебошанд». А.Неъматов ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷиҳати ҳаҷми қарздиҳӣ соҳаи кишоварзӣ дар мақоми дуввум (36,5%) аст. «Мақоми аввалро қарздиҳӣ ба соҳаҳои соҳибкории хурду миёна ишғол мекунад, ки ба он аз оғози сол 3 млн. 688 ҳазору 290 сомонӣ (50,7%-и ҳамаи қарзҳои хурд) маблағ ҷудо гардидааст, – гуфт А.Неъматов. – Ба сохтмончиён, роҳсозон, коргарони соҳаи саноат ва муҳоҷирони меҳнатӣ 13%-и қарзҳо ихтисос дода шудааст».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.