Дар Душанбе барномаи CIDA оид ба дастгирии гузариш ба иқтисоди бозори муаарифи гардид

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари Бунёди Аврупо ва Осиё дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе барномаи бурсии сафорати Канада дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (CIDA), ки ба дастгирии давраи гузариш ба бозори иқтисодӣ равона гардидааст, муаррифӣ гардид. Набишер Ҷӯраев, корманди барномасози дафтари мазкур, зикр кард, ки чорабинӣ ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар […]

Мавчуда Ҳасанова


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар дафтари Бунёди Аврупо ва Осиё дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе барномаи бурсии сафорати Канада дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон (CIDA), ки ба дастгирии давраи гузариш ба бозори иқтисодӣ равона гардидааст, муаррифӣ гардид. Набишер Ҷӯраев, корманди барномасози дафтари мазкур, зикр кард, ки чорабинӣ ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Ба қавли ӯ, дар барномаи CIDA дастгирии самтҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, рушди босубот, таъмини баробарҳуқуқии занону мардон, ҳифзи муҳити зист, дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакон ва рушди иқтидори ташкилот пешбинӣ шудаанд.

 

«Дар чаҳорчӯбаи мулоқот бо ҳайати шахсии дафтари бунёд баррасии масъалаи имкони вусъат бахшидани фаъолияти Маркази дастгирии Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) перомуни ҳалли мушкилоти ҳамарӯзаи онҳо дар назар аст, – гуфт Н.Ҷӯраев. – Бар замми ин, масоили пуштибонӣ аз манфиатҳои ТҒД дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин муҳайё сохтани шароити мусоид баҳри ҳамкории судманди ҷонибҳои манфиатдор низ мавриди муҳокима қарор мегиранд». Ёдовар мешавем, ки намояндагии Бунёди Аврупо ва Осиё дар Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон 15-уми ноябри соли 2006 ифтитоҳ гардидааст. Бунёди мазкур вориси Бунёди Аврупо ва Осиё буда, фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1997 оғоз кардааст. Бунёди мазкур ҷонибдори дастгирии ташаббусҳои шаҳрвандони маҳаллӣ, ҳамкорӣ бо ҳукумат, созмонҳои ғайритиҷоратӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ аст, то ки бештар талаботи ҷомеаро омӯхта, барномаҳои зарурӣ ва муҳимро, ки ба рушди босуботи ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум нигаронида шудаанд, амалӣ созад. Намояндагиҳои Бунёд ҳамчунин дар шаҳрҳои Алма-Ато, Бишкек ва Ош ба қайд гирифта шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.