Дар шаҳри Оши Қирғизистон намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари ЧТ ташкил мегардад

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи ташкил додани намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар Ҷумҳурии Қирғизистон» ба имзо расонид. Аз дафтари матбуотии агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мувофиқи фармон, намояндагии агентӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон барҳам дода шуда, дар заминаи он намояндагии агентӣ дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон фармонро «Дар бораи ташкил додани намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар Ҷумҳурии Қирғизистон» ба имзо расонид. Аз дафтари матбуотии агентӣ ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки мувофиқи фармон, намояндагии агентӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон барҳам дода шуда, дар заминаи он намояндагии агентӣ дар шаҳри Оши Қирғизистон ташкил мегардад. «Такрорӣ будани фаъолияти намояндаи мухтори (афсари соҳаи алоқа) Тоҷикистон дар Маркази ҳамоҳангсозии минтақавии иттилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳо дар шаҳри Алма-Ато ба барҳам додани намояндагии агентӣ дар Қазоқистон асос шудааст», – таъкид кард манбаъ. Бино ба иттилои сарчашма, намояндагии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар Қазоқистон моҳи октябри соли 2004 ба фаъолият шурӯъ кардааст, ки он ба баргузории як қатор амалиёти муваффақона бобати барҳам додани хатҳои интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Қазоқистон, Русия ва минбаъд ба кишварҳои Аврупо мусоидат кардааст. Ёдовар мешавем, ки афсарони соҳаи алоқаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҳамчунин дар 4 музофоти сарҳадии Афғонистон (Бадахшон, Қундуз, Балх ва Таҳор) низ фаъолият мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.