Пагоҳ ба Тоҷикистон 20 ҳазор шиносномаи хориҷӣ меоранд, – ВКХ ҶТ.

Душанбе. 9 –уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи сешанбе, дар таърихи 10-уми июн аз Қазоқистон ба кишвари мо 20 ҳазор шиносномаи хориҷӣ меоранд. Бино ба иттилои Давлат Назриев, сардори Департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, аввали фасли баҳор, ҳангоми хурӯҷи мавсимии тоҷикистониён ба хориҷи кишвар, мушкилоти таъмини шаҳрвандон бо шиносномаи хориҷӣ ба вуҷуд омад. «Норасоии шиносномаҳо ба […]

Виктория Наумова


Душанбе. 9 –уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи сешанбе, дар таърихи 10-уми июн аз Қазоқистон ба кишвари мо 20 ҳазор шиносномаи хориҷӣ меоранд. Бино ба иттилои Давлат Назриев, сардори Департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, аввали фасли баҳор, ҳангоми хурӯҷи мавсимии тоҷикистониён ба хориҷи кишвар, мушкилоти таъмини шаҳрвандон бо шиносномаи хориҷӣ ба вуҷуд омад. «Норасоии шиносномаҳо ба мушкилоти техники корхонаи Қазоқистон, ки дар он шиносномаҳо истеҳсол мегардиданд, вобастагӣ дошт ва аз ин сабаб ба Тоҷикистон миқдори зарурии шиносномаҳо ворид намешуданд, – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки ба ҷумҳурӣ дар ин вақт гоҳ-гоҳ миқдори ками шиносномаҳо оварда мешуданд, ки он талаботи аҳолиро қонеъ гардонида наметавонист. – Мо боварӣ дорем, ки дар рӯзҳои наздик мушкилоти норасоии таъмини шаҳрвандон бо шиносномаҳои хориҷӣ ҳал хоҳад шуд». Ёдовар мешавем, ки ахири моҳи марти соли равон роҳбарияти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ҶТ бо қарори худ ба шаҳрвандон иҷозат дод, ки бо шиносномаҳои дохилиашон тавассути ҳавопаймо ба хориҷи кишвар сафар кунанд. Иқдоми мазкур маҳз барои рафъи мушкилоти норасоии шиносномаҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардида буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.