Рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ малакаҳои шарҳи мавзӯи бемории норасоии масунияти бадан (ВИЧ/СПИД)-ро меомӯзанд

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе барои рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ семинари нахустини омӯзишӣ перомуни дар байни рӯзноманигорон омода сохтани мураббиён оид ба масоили шарҳи мавзӯи бемории норасоии масунияти бадан (БНМБ) ба кор шурӯъ мекунад. Семинар аз ҷониби созмони байнулмилалии «Лоиҳаи назорати БНМБ дар Осиёи Марказӣ» бо ҳамроҳии ташкилоти Созмони Милали […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе барои рӯзноманигорони кишварҳои Осиёи Марказӣ семинари нахустини омӯзишӣ перомуни дар байни рӯзноманигорон омода сохтани мураббиён оид ба масоили шарҳи мавзӯи бемории норасоии масунияти бадан (БНМБ) ба кор шурӯъ мекунад. Семинар аз ҷониби созмони байнулмилалии «Лоиҳаи назорати БНМБ дар Осиёи Марказӣ» бо ҳамроҳии ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) созмон дода шудааст. Асомиддин Латипов, ҳамоҳангсози миллии лоиҳа ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки тайи панҷ рӯз рӯзноманигорони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон малакаҳои мураббӣ шудан дар шарҳи мавзӯъро меомӯзанд, то ки минбаъд барои рӯзноманигорони кишварашон чунин семинарҳои омӯзишӣ баргузор кунанд. Ба гуфтаи, ҳамоҳангсози яке аз қисматҳои лоиҳа Чинора Сайталиева, ВАО дар шарҳи мавзӯи мазкур нақши бузург доранд ва барпо кардани ташкилоти минтақавии рӯзноманигорон мувофиқи мақсад аст. «Барои навиштани мақолаи хуб дар бораи ин мавзӯъ, поймолкунии ҳуқуқи беморон, рӯзноманигорро лозим аст, ки худаш ба мавзӯъ хуб сарфаҳм равад, дар мақолааш далелҳои мушаххасу санҷидашуда орад ва ба ҳангомаҷӯӣ роҳ надиҳад, – зикр кард А.Латипов. – Мураббиёне, ки дар ин семинар тайёр карда мешаванд, бояд маҳз чунин масоилро ба рӯзноманигорони кишварҳояшон омӯзонанд». Бино ба иттилои А.Латипов, рӯзноманигорон ҳамчунин бо фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии пешгирии БНМБ ва як қатор муассисаҳои дигар шинос мегарданд. «Лоиҳаи назорати БНМБ дар Осиёи Марказӣ дар ҳамкорӣ бо бюрои кластерии ЮНЕСКО дар Алма-Ато махсусан барои семинарии мазкур Дастури омӯзишии мураббиёни медиа оид ба шарҳи ин мавзӯъро омода сохтааст, – идома дод манбаъ. – Пас аз озмоиш тарҷумаи он ба забонҳои кишварҳои минтақа пешбинӣ гардидааст».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.