Дар Тоҷикистон меъёрҳои байнулмилалии қайди таваллуд ва фавти кӯдаконро ҷорӣ месозанд

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади дар таҷрибаи соҳаи тандурустӣ ҷорӣ сохтани бақайдгирии ҳодисаҳои таваллуд ва фавти кӯдакон мувофиқи меъёрҳои зиндазоӣ ва мурдазоӣ, аз 10 то 28-уми июн дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ перомуни мавзӯи меъёрҳои зиндазоӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҶТ […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Бо мақсади дар таҷрибаи соҳаи тандурустӣ ҷорӣ сохтани бақайдгирии ҳодисаҳои таваллуд ва фавти кӯдакон мувофиқи меъёрҳои зиндазоӣ ва мурдазоӣ, аз 10 то 28-уми июн дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ перомуни мавзӯи меъёрҳои зиндазоӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд, чорабиниҳои мазкур дар чаҳорчӯбаи амалисозии фармони вазири тандурустии ҶТ «Дар бораи тадриҷан гузаштани муассисаҳои тиббии Вазоарти тандурустии ҶТ ба меъёрҳои байнулмилалии қайди зиндазоӣ, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт тавсия додааст» гузаронида мешаванд. Бино ба иттилои манбаъ, семинарҳо ҳамчунин бо мақсади таъмини мувофиқати маълумот дар бораи таваллуд ва фавти кӯдакон дар давраи перинаталӣ, муайян кардани дахолат ба коҳиш додани фавти кӯдакон баргузор мегарданд. Бо барномаи омӯзишӣ мутахассисони ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Данғара, Балҷувон ва Қумсангири вилояти Хатлон фаро гирифта мешаванд. «Гурӯҳҳои мақсаднокро момодояҳо ва духтурони бемориҳои занона, неонатологҳо, кормандони омори соҳа ва ҳамшираҳои шафқати бақайдгирандаи таваллуд ташкил хоҳанд дод», – афзуданд дар Вазорати тандурустӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.