Олимони соҳаи тибби Эрон бо фаъолияти марказҳои тадқиқоти бемориҳои меъдаву рӯда, гурда ва саратони ҶТ шинос шуданд

Душанбе. 9-уми июн. «Азия-Плюс» – Муддати як ҳафта мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии профессори Донишгоҳи тибби ҶИЭ Акрами Пуршамс бо фаъолияти марказҳои тадқиқоти бемориҳои меъдаву рӯда, гурда ва саратони ҶТ шинос шуданд. Бино ба иттилои Фотима Яқубова, сухангӯи Вазорати тандурустии ҶТ, ба ҳайат 4 нафар доктори эронӣ – мутахассисони Маркази тадқиқоти муҳити зисти донишгоҳ […]

Мавҷуда Ҳасанова


Душанбе. 9-уми июн. «Азия-Плюс» – Муддати як ҳафта мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии профессори Донишгоҳи тибби ҶИЭ Акрами Пуршамс бо фаъолияти марказҳои тадқиқоти бемориҳои меъдаву рӯда, гурда ва саратони ҶТ шинос шуданд. Бино ба иттилои Фотима Яқубова, сухангӯи Вазорати тандурустии ҶТ, ба ҳайат 4 нафар доктори эронӣ – мутахассисони Маркази тадқиқоти муҳити зисти донишгоҳ шомил буданд. Ба қавли ӯ, дар дидор бо муовини вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов масоили ҳамкории тарафайн низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. «Ҳайати эронӣ аз Донишкадаи гастроэнтерологии Академияи улуми ҶТ, беморхонаи марказии ёрии таъҷилии пойтахт боздид карда, ҳамчунин бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов мулоқот карданд, – идома дод Ф.Яқубова. – Зимни дидор ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки мулоқотии мазкур ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо ва баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони тоҷик дар Эрон заминаи боэътимод хоҳад гузошт».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.