Имрӯз шаби эҷодии оҳангсоз Толибхон Шаҳидӣ баргузор мегардад

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Маркази фарҳангии «Бактрия» дар доираи чорабиниҳои фестивали мусиқии «Fete de la musique» шаби эҷодии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Толибхон Шаҳидӣ доир мегардад. Т.Шаҳидӣ соли 1946 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи оҳангсози машҳур Зиёдулло Шаҳидӣ таваллуд шудааст. Ӯ дар мактабҳои мусиқӣ аз […]

Баҳром Маннонов


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Маркази фарҳангии «Бактрия» дар доираи чорабиниҳои фестивали мусиқии «Fete de la musique» шаби эҷодии ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ Толибхон Шаҳидӣ доир мегардад. Т.Шаҳидӣ соли 1946 дар шаҳри Душанбе, дар оилаи оҳангсози машҳур Зиёдулло Шаҳидӣ таваллуд шудааст. Ӯ дар мактабҳои мусиқӣ аз устодони варзида Сергей Баласанян, Андрей Эшпай ва оҳангсози машҳур Арам Хачатурян сабақ омӯхтааст. Дар солҳои 70-уми асри гузашта манзумаи симфонии «Ҷашн» офарида шуда, балетҳои «Сиёвуш» ва «Марги судхӯр» рӯи саҳна омаданд. Соли 1980 коргардон Б.Кимёгаров филм-балети «Рубоиёти Хайём»-ро ба навор гирифт, ки дар он оҳанҳои Т.Шаҳидӣ истифода шудааст. Солҳои 80-ум манзумаи симфонии «Садо» офарида шуд. Дар солҳои истиқлолият Т.Шаҳидӣ оҳангҳои консерти №2 барои оркестри созӣ, каприччио барои саксофон ва оркестри созиро офаридааст. Дар ҳамин давра ӯ дар як қатор чорабиниҳои мусиқӣ дар Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Эрон, Олмон, Австрия, ИМА ва Латвия ширкат варзидааст. Толибхон Шаҳидӣ ташкилотчии хуби соҳаи фарҳанг мебошад. Ӯ солҳои 1987-1989 ба ҳайси директор ва роҳбари бадеии Театри давлатии опера ва балет ифои вазифа намуда, солҳои 1989-1992 дар вазифаи муовини аввали вазири фарҳанги ҶТ кор кардааст. Соли 2008 Т.Шаҳидӣ яке аз ташкилкунандагон ва иштирокчии фестивали мусиқии классикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.