Home Blog Page 5386

Чангалбони боғи «Ғалаба»-и пойтахт барои фуруши замин варақаҳо ва муҳри замони шуравиро истифода бурдааст

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ ҷангалбони боғи «Ғалаба»-и пойтахт Маҳкам Ҷӯраевро дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 247-и Кодексии ҷиноии ҶТ (қаллобӣ ба миқдори калон) гунаҳкор кардаанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти агентӣ хабар доданд, гумонбаршуда бар ивази мукофотпулӣ ба маблағи $6 ҳазор ба сокини пойтахт ваъда додаст, ки барои бунёди манзили зист ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунад ва ӯро бовар кунонидааст, ки ҳуҷҷатҳои замин ба таърихи гузашта қайд карда хоҳанд шуд. «Кормандони агентӣ ҷангалбонро ҳангоми гирифтани пора дар хонааш дастгир карданд. Зимни кофтуков аз хонаи М.Ҷӯраев ҳамчунин миқдори зиёди варақаҳои холии қарорҳои Шӯрои вакилони мардумии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо мӯҳру имзоҳо дарёфт гардида, мусодира шуд», – изҳор дошт манбаъ. Бино ба иттилои сарчашма, аз гумонбаршуда ҳамчунин 16 шиносномам шаҳрванди ҶТ ва каме маводи мухаддир низ мусодира гардидааст.

Дар Точикистон тайи панч моҳ ҳудуди се тонна маводи мухаддир мусодира шудааст

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар муддати панҷ моҳи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҶТ аз гардиши ғайриқонунӣ 2 тоннаву 883 килою 775 грамм маводи мухадирро мусодира кардаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 37,7% бештар аст. Ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, ки 856 килою 624 грамм ҳероин мусодира шудааст, ки аз нишондиҳандаи соли гузашта 16,7% бештар аст. Афюн ба миқдори 1 тоннаву 255 килою 819 грамм ва маводи мухаддири гурӯҳи хашхош 771 килою 331 грамм мусодира гардидааст, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,5% ва 94% бештар аст. «Дар давраи мазкур кормандони агентӣ 42 ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро пешгирӣ карда, 813 килою 926 грамм маводи мухаддирро мусодира кардаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои панҷ моҳи соли 2007 5,3 маротиба бештар аст», – изҳор дошт манбаъ. Ба қавли намояндаи агентии мазкур, бо назардошти муҳимии масъалаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии трансмиллии маводи мухаддир, агентӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, кишварҳои узви ИДМ ва Афғонистон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дар ин давра дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ 4 амалиёти муштараки муваффақона гузаронида шуда, 38 килою 959 грамм маводи мухаддир мусодира шудааст. «Агентӣ ӯҳдадориҳои вогузоштаро мувофиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба иҷро мерасонад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 15 амалиёти муштараки байнулмилалӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ва Қазоқистон гузаронида шудааст, – таъкид сохтанд дар агентӣ. – Аз гардиши ғайриқонунӣ 928 килою 589 грамм маводи мухаддир, аз ҷумла 312 килою 159 грамм маводи ҳероин мусодира гардидааст».

Баррасии парвандаи «Эсхатабонк» муқобили «Кабоол Точик Текстайлз» шуруъ гардид

0


Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд баррасии парвандаи даъвоии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди (ҶСК) «Эсхата бонк» муқобили Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи (ҶСП) КМ «Кабоол Тоҷик текстайл» шурӯъ гардидааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи иқтисодии вилоят хабар дода, зикр карданд, ки даъвогар дар таърихи 16-уми май бо талаби азҷавобгар рӯёнидани беш аз $474 ҳазор муроҷиат кардааст ва ин ҷо гап сари моликияти ба гаравмонда ва баргардонидани қарзи бонк меравад. Дар ҳамин ҳол, корхонаи (ҶСК КМ «Кабоол Тоҷик текстайлз»), ки дар он ҳудуди 1 ҳазор нафар (асосан занон) кор мекунанд, аз моҳи марти соли ҷорӣ аз фаъолият бозмондааст ва ба гуфтаи раиси иттифоқи касабаи корхона Мунаввара Аҳмедова корхона аз 19 марти соли равон кор намекунад. «Намояндагони ҳамкори хориҷӣ – корхонаи «Кабоол ЛТД»-и Куриёи Ҷанубӣ, ки 56%-и саҳмияҳоро соҳибанд, он замон эълон доштанд, ки корхона танҳо дар рӯзҳои ҷашни Иди Наврӯз фаъолият нахоҳад кард, вале ҳамон рӯз онҳо корхонаро тарк карда, дигар барнагаштаанд», – гуфт М.Аҳмедова. «Коргарон то ҳанӯз умедворанд, ки муассиса аз нав ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард, – гуфт ӯ. – То имрӯз аз кор 12 нафар озод шудаанд ва дигарон аз моҳи март маош намегиранд». Бино ба иттилои роҳбарони корхона, масъалаи мазкур то ҳанӯз норавшан аст. Онҳо мегӯянд, ки ҳамкорони хориҷиашон ба мактубҳо ҳам посух намедиҳанд ва айни замон бино, иншоотҳо ва таҷҳизоти истеҳсолиро кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр посбонӣ мекунанд.

Гумонбаршудагони қатли хабарнигори рус рузҳои наздик ба курсии айбдори менишинанд

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Эҳтимол меравад, ки парвандаи ҷиноии қатли хабарнигори рус Илёс Шурпаев аллакай ахири моҳи июн ба додгоҳ пешниҳод гардад. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Прокуратураи генералии ҶТ иттилоъ доданд, ҳамаи маводи парвандаи ҷиноӣ аз Русия дастрас шудааст. «Мо дар рӯзҳои наздик омӯзиши пурраи маводҳоро ба анҷом мерасонем. Бо итмоми амалиёти тафтишоти пешакӣ ба гумонбаршудагон Масрур Ятимов ва Наҷмиддин Муҳиддинов айбномаи ниҳоӣ пешниҳод гардида, парванда ба додгоҳ ирсол карда мешавад», – зикр кард манбаъ ва афзуд, ки эҳтимол парвандаи ҷиноӣ ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ахири ҳамин моҳ пешниҳод шавад. Ёдовар мешавем, ки Илёс Шурпаев шаби 21-уми март дар хонаи ба иҷора гирифтааш, дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Маскав кушта шуда буд. Муфаттишони Русия дар содир кардани ин ҷиноят шаҳрвандони Тоҷикистон Масрур Ятимови 25-сола ва Наҷмиддин Муҳиддинови 20-соларо, ки пас аз як рӯзи содир кардани ҷиноят ба ватан баргашта буданд, гумонбар донистанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия 29 март ба шаҳри Душанбе омада, аз ҳодисаи мазкур ҳамтоҳои тоҷикистонии худро огоҳ сохтанд ва худи ҳамон рӯз гумонбаршудагон дастгир карда шуданд. Ҳамроҳи онҳо бародари Н.Муҳиддинов низ боздошт гардид, вале маълум гардид, ки ӯ ҷиноят содир накардааст ва шоҳиди ҷиноят ҳам набудааст, танҳо милитсияро аз содир намудани ҷиноят огоҳ насохтааст. Тибқи қонунгузории ҶТ, шоҳидӣ накардан ба хешованди наздик ҷиноят ҳисобида намешавад. Зимни кофтуков аз М.Ятимов ва Н.Муҳиддинов далелҳои шайъӣ – соати тиллоӣ, ноутбук, телефонии мобилии хабарнигори кушташуда ва 150 ҳазор рубли русӣ дарёфт гардид. Гумонбаршудагон даст доштани худро дар содир намудани ҷиноят комилан эътироф карданд. Дар таърихи 8-уми апрел Прокуратураи генералии ҶТ ба гумонбаршудагон расман тибқи ду моддаи КҶ ҶТ айбнома эълон кард. М.Ятимов ва Н.Муҳиддинов тибқи моддаҳои 104 (одамкушӣ) ва 249 (роҳзанӣ)-и КҶ ҶТ гумонбар дониста шудаанд.

Комиссияи Марказии интихоботи ЧТ хостори тагйирот ба қонуни

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии (КМИ) ҶТ перомуни ворид намудани тагйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи интихобот ба Маҷлиси Олии ҶТ» 11 пешниҳод таҳия кардааст. Дар робита ба ин мавзӯъ бо ширкати намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Мусоидати касбӣ ба баргузорӣ ва ислоҳоти интихобот дар ҶТ», ки Бунёди байнулмилалии низоми интихоботӣ доир кард, мулоқот доир гардид. Ба гуфтаи Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари Дастгоҳи КМИ ҶТ, комиссия пешниҳод дорад, ки барои номзадҳо ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ муқаррароти зарурияти дар панҷ соли ахир дар Тоҷикистон зиндагӣ кардан бекор карда шавад. Ӯ мегӯяд, ки КМИ ҳамчунин пешниҳод дорад, ки дар гаравпулии интихоботӣ на миқдори маоши ҳадди ақал , балкимаблағи мушаххас нишон дода шавад ва воситаҳои воридшуда на ба буҷаи давлатӣ, балки ба буҷаи КМИ гузаронида шаванд. «Илова бар ин, мо пешниҳод дорем, ки ҷамъ кардани имзоҳо барои дастгирии номзадҳо бекор карда шавад, – идома дод М.Додоҷонов. – Дар сурати мавҷудияти чунин муқаррарот миқдори имзоҳои тақаллубӣ на бо фоизҳо (3%), балки бо рақами мушаххас (масалан 15 имзо) нишон дода шавад». Яке аз тағйиротҳои усулие, ки КМИ пешниҳод мекунад, ба чунин муқаррароти қонун дахл дорад, ки дар он аз як тараф интихобот озод ва ихтиёрӣ номида шудааст, аммо аз тарафи дигар, гуфта мешавад, ки интихобот дар он сурат доиргардида маҳсуб мешавад, ки агар дар он на кам аз 50%-и интихобкунандагон ширкат варзида бошанд. «Ин ба таври демократӣ нест, бигзор ҳамон миқдори интихобкунандагоне ширкат варзанд, ки ба он майлу хоҳиш дошта бошанд. Мо пешниҳод дорем, ки меъёри эътирофи интихобот аз рӯи ширкати интихобкунандагон умуман бекор карда шавад», – изҳор дошт роҳбари дастгоҳи КМИ. Ба қавли ӯ, акнун КМИ пешниҳодоти худро барои омӯзиш ба комиссияи корӣ медиҳад, ки дар рӯзҳои наздик ба фаъолият оғоз мекунад. Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадалии Ҳайит, намояндаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) изҳор дошт, ки муқаррарот дар бораи гаравпулии интихоботӣ бояд умуман аз матни қонун бароварда шавад. «Аксари номзадон ба курсии вакилӣ намояндагони равшанфикрон мебошанд ва бо мавҷудияти чунин муқаррарот мо онҳоро аз имкони ширкат дар интихобот маҳрум месозем, чунки бештари онҳо дар камбағалӣ умр ба сар мебаранд, – таъкид сохт ӯ. – Бинобар он ҲНИТ минбаъд низ қотеъона талаб хоҳад кард, ки муқаррароти мазкур бекор карда шавад».

Дар Душанбе сенатори амрикои масоили вазъи робитаҳои байнипарлумонии Точикистону Амрикоро барраси мекунад

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар чаҳорчӯби боздиди ҳайати ИМА таҳти роҳбарии сенатори штати ЮТА Ҷон Валентай, ки имрӯз ба шаҳри Душанбе омадаанд, масоили вазъи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Амрико мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Аз ВКХ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки зимни сафари чоррӯза сенатор ният дорад, бо сарвазири ҶТ Оқил Оқилов, вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири маорифи ҶТ Абдуҷаббор Раҳмонов ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вохӯриву мулоқотҳо доир намояд.

Эмомали Раҳмон аз Точикистонро дастгири накардани кишварҳои узви ИДМ дар бухрони иқтисодии зимистони гузашта изҳори таассуф кард

0


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» /Баҳром Маннонов/ – Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербург дар ҳамоиши ғайрирасмии сарони кишварҳои узви ИДМ ширкат варзид. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд, мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ дар қасри Константини шаҳри Санкт-Петербург баргузор гашт. Дар мулоқот масоили омода кардани стратегияи рушди иқтисодии ИДМ, тавсиаи фаъолияти байнидавлатии гуманитарӣ ва омодагӣ ба ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд. Зимни муҳокимарониҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамгироии иқтисодӣ ва хосса энергетикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар муқобили равандҳои глобализатсия нокифоя номида, аз пешниҳод дар бораи соли 2009-ро дар доираи ИДМ – соли энергетика эълон кардан, пуштибонӣ намуд. Ӯ изҳори тассуф кард, ки дар бӯҳрони иқтисодии зимистони гузашта дар Тоҷикистон дастгирии кишварҳои узви ИДМ ҳис нагардид. «Ҳамкории иқтисодии кишварҳоро бояд мардуми он ҳис кунанд», – гуфт ӯ. Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки лоиҳаи аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳодшудаи Консепсияи сиёсати муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ мавриди дастгирӣ қарор мегирад. Президенти ҶТ ҳамчунин аз фаъол гаштани Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки имрӯз шаҳри Душанбе ба баргузории Форуми 3-юми зиёиёни илмию эҷодии кишварҳои аъзои ИДМ омодагии ҷиддӣ мебинад. Хотиррасон бояд кард, ки форуми мазкур моҳи сентябр дар мавзӯи «Рушди гуфтугӯи фарҳангҳо дар миқёси Иттиҳод» таҳти шиори «Бо гуфтугӯи фарҳангҳо ва шаффофият – сӯйи ғанигардонии ҳамдигар ва пешрафти мардумони Иттиҳод» баргузор хоҳад гашт. Дмитрий Медведев, президенти Русия дар маърӯзааш ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳоро самти муҳимтарини фаъолияти ИДМ номид. Эмомалӣ Раҳмон ва сарони кишварҳои дигари узви ИДМ ҳамчунин дар намоишномаи Анҷумани XII-уми байнулмилалии иқтисодии Санкт-Петрбург ширкат варзида, бо комёбиҳои тозатарини илму техника шинос гардиданд. Сипас Э.Раҳмон бо президенти Русия Д.Медведев мулоқот кард. Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба ва мавзӯҳои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русияро баррасӣ карданд. «Сарони кишварҳо аз муносиботи тарафайн изҳори қаноатмандӣ карда, сохтмони НОБ-и «Сангтӯда-1»-ро намунаи барҷастаи ин ҳамкориҳо арзёбӣ намуданд, – идома доданд аз дафтари матбуот. – Ба гуфти Дмитрий Медведев ҷониби Россия манфиатдор аст, ки дар татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон низ иштироки фаъол дошта бошад. Сарони кишварҳо ҳамчунин аз сатҳ ва мӯҳтавои ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Русия қаноатмандӣ изҳор намуданд. «Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника ва маориф воситаи хуби рушди муносибатҳои байни давлатҳо ва мардумони онҳо маънидод гашт, – зикр кард манбаъ. – Эмомалӣ Раҳмон ба Дмитрий Медведев барои омодагӣ баҳри кушодани филиалҳои як зумра муассисаҳои олии таълимии Русия дар шаҳри Душанбе арзи сипос намуд». «Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили байналмилаливу минтақавӣ, авзои кунунии Афғонистон ва таҳкими ҳифзи сарҳад бо он муҳокима гардиданд», – афзуданд дар дафтари матбуоти сарвари кишвар. Дар ҳошияи мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо роҳбарони як қатор давлатҳо, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва дигарон оид ба масоили мавриди таваҷҷӯҳ мубодилаи афкор намуд.