Баррасии парвандаи «Эсхатабонк» муқобили «Кабоол Точик Текстайлз» шуруъ гардид

Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд баррасии парвандаи даъвоии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди (ҶСК) «Эсхата бонк» муқобили Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи (ҶСП) КМ «Кабоол Тоҷик текстайл» шурӯъ гардидааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи иқтисодии вилоят хабар дода, зикр карданд, ки даъвогар дар таърихи 16-уми май бо талаби […]

Бахтиёр Валиев


Хуҷанд. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд баррасии парвандаи даъвоии Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушоди (ҶСК) «Эсхата бонк» муқобили Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи (ҶСП) КМ «Кабоол Тоҷик текстайл» шурӯъ гардидааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи иқтисодии вилоят хабар дода, зикр карданд, ки даъвогар дар таърихи 16-уми май бо талаби азҷавобгар рӯёнидани беш аз $474 ҳазор муроҷиат кардааст ва ин ҷо гап сари моликияти ба гаравмонда ва баргардонидани қарзи бонк меравад. Дар ҳамин ҳол, корхонаи (ҶСК КМ «Кабоол Тоҷик текстайлз»), ки дар он ҳудуди 1 ҳазор нафар (асосан занон) кор мекунанд, аз моҳи марти соли ҷорӣ аз фаъолият бозмондааст ва ба гуфтаи раиси иттифоқи касабаи корхона Мунаввара Аҳмедова корхона аз 19 марти соли равон кор намекунад. «Намояндагони ҳамкори хориҷӣ – корхонаи «Кабоол ЛТД»-и Куриёи Ҷанубӣ, ки 56%-и саҳмияҳоро соҳибанд, он замон эълон доштанд, ки корхона танҳо дар рӯзҳои ҷашни Иди Наврӯз фаъолият нахоҳад кард, вале ҳамон рӯз онҳо корхонаро тарк карда, дигар барнагаштаанд», – гуфт М.Аҳмедова. «Коргарон то ҳанӯз умедворанд, ки муассиса аз нав ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард, – гуфт ӯ. – То имрӯз аз кор 12 нафар озод шудаанд ва дигарон аз моҳи март маош намегиранд». Бино ба иттилои роҳбарони корхона, масъалаи мазкур то ҳанӯз норавшан аст. Онҳо мегӯянд, ки ҳамкорони хориҷиашон ба мактубҳо ҳам посух намедиҳанд ва айни замон бино, иншоотҳо ва таҷҳизоти истеҳсолиро кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр посбонӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.