Чангалбони боғи «Ғалаба»-и пойтахт барои фуруши замин варақаҳо ва муҳри замони шуравиро истифода бурдааст

Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ ҷангалбони боғи «Ғалаба»-и пойтахт Маҳкам Ҷӯраевро дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 247-и Кодексии ҷиноии ҶТ (қаллобӣ ба миқдори калон) гунаҳкор кардаанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти агентӣ хабар доданд, гумонбаршуда бар ивази […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» – Кормандони Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ ҷангалбони боғи «Ғалаба»-и пойтахт Маҳкам Ҷӯраевро дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаи 247-и Кодексии ҷиноии ҶТ (қаллобӣ ба миқдори калон) гунаҳкор кардаанд. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз дафтари матбуоти агентӣ хабар доданд, гумонбаршуда бар ивази мукофотпулӣ ба маблағи $6 ҳазор ба сокини пойтахт ваъда додаст, ки барои бунёди манзили зист ба ӯ қитъаи замин ҷудо мекунад ва ӯро бовар кунонидааст, ки ҳуҷҷатҳои замин ба таърихи гузашта қайд карда хоҳанд шуд. «Кормандони агентӣ ҷангалбонро ҳангоми гирифтани пора дар хонааш дастгир карданд. Зимни кофтуков аз хонаи М.Ҷӯраев ҳамчунин миқдори зиёди варақаҳои холии қарорҳои Шӯрои вакилони мардумии ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо мӯҳру имзоҳо дарёфт гардида, мусодира шуд», – изҳор дошт манбаъ. Бино ба иттилои сарчашма, аз гумонбаршуда ҳамчунин 16 шиносномам шаҳрванди ҶТ ва каме маводи мухаддир низ мусодира гардидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.