Home Blog Page 8

Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд

0

Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) стратегияи нави шарикиро барои солҳои 2026-2030 қабул карданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз намояндагими доимии ин ташкилоти молиявӣ дар Душанбе.

Ҳуҷҷати мазкур барои расидан ба рушди устувор, гуноунсамт ва фарогир, ки дар он таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбуди сифати зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, равона шудааст.

Дар доираи стратегия рушди зерсохтор, беҳбуди амнияти энергетикӣ, тақвияти бахши хусусӣ ва дастгирии ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳимтарин дониста шудаанд.

Афзалиятҳои калидии стратегияи нав

1. Амнияти энергетикӣ ва нерӯи тоза

Яке аз таркибҳои марказии стратегия амалисозии лоиҳаи бузург – сохтмони Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” мебошад, ки ба Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба истиқлоли энергетикӣ, рафъи камбуди мавсимии барқ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумак мекунад.

Ғайр аз ин, дар стратегия таъмини босубот бо барқ ва боло бурдани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, рушди энергетикаи офтобӣ ва бодӣ (шамолӣ) пешбинӣ шудааст.

2. Рушди зерсохтор

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бонки осиёии рушд барои татбиқи се лоиҳа ба Тоҷикистон $95,2 миллион грант медиҳад

БОР ба сармоягузорӣ ба зерсохтори нақлиёт, бахусус дар доираи ҳамкории минтақавии иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) идома медиҳад. Ин аз беҳбуди вазъи роҳҳо ва бунёди долонҳои логистикӣ иборат аст, ки хароҷоти савдоро ба таври назаррас коҳиш дода, мавқеи Тоҷикистонро ба сифати ҳалқаи транзитӣ дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам месозад.

3. Рушди бахши хусусӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ

Бахши кишоварзӣ корфармои бузургтарин дар кишвар боқӣ мемонад, аммо барои ҳавасмандсозии рушди иқтисод, тақвияти бахши хусусӣ ва тиҷорати хурд талаб мешавад.

БОР ният дорад, ки аз лоиҳаҳои марбут ба таъсиси ҷойҳои корӣ дастгирӣ кунад, аз ҷумла тариқи дастгирии соҳибкории хурду миёна, ки ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва таъмини дастрасии бештар васеъ ба имконоти иқтисодӣ мусоидат мекунад.

4. Тағйирёбии рақамӣ

Рақамисозии иқтисод ва идоракунии давлатӣ аз афзалияти муҳими стратегия маҳсуб меёбад. БОР ба дастгирии ҷорисозии технологияҳои рақамӣ ҷиҳати беҳбуди дастрасӣ ба хидматрасониҳои давлатӣ, беҳбуди самаранокии идоракунӣ ва коҳиши фарқияти гендерӣ идома дода, имконотро барои ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла занон ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ васеъ мекунад.

5. Бахши кишоварзии устувор ва идоракунии захираҳои обӣ

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Бонки осиёии рушд коҳиши рушди иқтисоди Тоҷикистон барои имсол ва соли ояндаро пешгӯӣ кард

Бахши кишоварзии Тоҷикистон ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз дорад. Дар Стратегия гуногунсамт сохтани истеҳсолоти кишоварзӣ ва истифодаи технологияҳои муосири иқлимии устувор, аз ҷумла низомҳои зеҳнӣ барои обёрӣ ва идоракунии захираҳои об ҷиҳати мутобиқат ба тағйирёбии иқлим ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ пешбинӣ шудааст.

Рушди фарогир ва беҳбуди сифати зиндагӣ

Ба фарогирии иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Стратегия ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ, баланд бардоштани дастрасӣ ба таълим ва тандурустӣ, беҳбуди ҳифзи иҷтимоӣ ва зерсохтор нигаронида шудааст. Беҳбуди шароит барои занон ва гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, бахусус дар ноҳияҳои деҳот яке аз самтҳои аҳаммиятнок шуморида мешавад.

Дастгирии баробарии гендерӣ

БОР ният дорад, ки ба расидан ба баробарии гендерӣ фаъолона мусоидат намуда, ба занон ҷиҳати иштирок дар иқтисод тариқи таъсиси ҷойҳои корӣ, дастгирии таълим дар соҳаи STEM (илм, технологияҳо, муҳандисӣ ва риёзӣ) ва рушди соҳибкорӣ миёни занон дар шаҳру навоҳӣ  имконоти бештар пешниҳод созад.

Имзои Стратегияи нави шарикӣ бо БОР барои солҳои 2026-2030 ба Тоҷикистон баҳри расидан ба пешравӣ ва рушди устувор, таҳкими иқтисоди худ ва беҳбуди сифати зиндагӣ имконоти нодир фароҳам меоварад.

Бо таваҷҷуҳ ба соҳаҳои калидӣ ба монади нерӯ, зерсохтор, бахши хусусӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рақамисозӣ, Тоҷикитон барои амалисозии нақшаҳои дарозмуҳлат дар самти беҳбуди некӯаҳволии шаҳрвандон ва таъмини рушди уствор дар оянда ҳамаи шароитҳоро доро хоҳад буд.

Дар бораи Бонки осиёии рушд

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард

Аз замони узвият ба БОР дар соли 1998, ин ниҳоди молиявӣ ба сифати кумак барои рушд ҳудуди 3 млрд доллар маблағ ҷудо карда, яке аз шарикони бузургтарини бисёрҷонибаи кишвар шуд. Аз ин шарикӣ натиҷаҳои назаррас ҳосл шуданд, аз ҷумла таъмиру навсозии роҳҳои мошингарди калидии пайвасткунандаи шаҳру навоҳӣ дар саросари кишвар, низомҳои муҳими обёрӣ ва таъминот бо оби нӯшокӣ, инчунин сохтмони бемористону мактабҳо.

БОР ҳамчунин аз сохтмони хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои  барқӣ, дубора пайваст шудани низоми энергетикаи миллӣ ба шабакаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва таъмиру навсозии нерӯгоҳҳои барқи обии “Норак” ва “Сарбанд” дастгирӣ кард.

Бонки осиёии рушд бонки пешрафтаи бисёрсоҳавӣ мебошад, ки аз рушди фарогир, ба ҳаёт тобовар ва устувор дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дастгирӣ мекунад. Дар ҳамкорӣ бо кишвар ва шарикон ҷиҳати ҳалли муштараки вазифаҳои маҷмӯавӣ, БОР аз воситаҳои навоваронаи молиявӣ ва шарикӣ баҳри тағйири ҳаёти одамон, бунёди зерсохтори босифат ва ҳифзи сайёраи мо истифода мебарад. БОР соли 1966 таъсис ёфта, 69 кишвар ба ҳайати он шомиланд, ки 50-то аз ин кишварҳо дар минтақа қарор доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз соати 15:00 дар Театри давлатии русии драмавии ба номи В. Маяковский намоиши "Ҳар чӣ кобӣ, ҳамон биёбӣ" ("За чем пойдешь, то и найдешь") аз рӯи асари Островский бо коргардонии Хуршед Мустафоев ба саҳна гузошта мешавад. Нархи чипта 35 сомонӣ буда, метавон аз хазинаи театр ва ё сомонаи ticketon.tj дастрас кард.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони додситонӣ ҷашн гирифта мешавад. 14 марти соли 1992 Қонун “Дар бораи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуд, ки тибқи он мансаби додситони кул таъсис дода шуд ва аз ҳамон сол инҷониб 14 март Рӯзи кормандони додситонӣ таҷлил карда мешавад.

Соли 1942 – Марҳилаи аввали Комбинати нассоҷии Душанбе ба истифода дода шуд.

Соли 1955 – Боғи ботаникии Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 1994 – Анҷумани аввали Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон баргузор шуд.

Соли 2001 – Кумитаи давлатии идораи замини Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 2013 – Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва Тоҷикистон Созишномаи муштаракро дар бораи ҳифзи қитъаҳои мушкили сарҳадӣ имзо карданд.

Соли 2017 – Додгоҳи Олии Тоҷикистон вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёровро барои “беэҳтиромӣ ба суд” ба ду соли иловагии зиндон маҳкум кард, ки дар маҷмӯъ муҳлати ҷазояш ба 25 сол расид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1911 – Мавлуди Абдусалом Деҳотӣ, шоир, нависанда, дромнавис, луғатшинос ва арбоби давлатӣ.

Абдусалом Деҳотӣ, шоир ва пажӯҳишгари тоҷик аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ буда, дар Самарқанд зода шудааст. Ӯ дар таҳрири осори устод Айнӣ ва таҳияи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” саҳми босазо дорад.

Деҳотӣ солҳо дар Тоҷикистон фаъолият бурда, осори ғанӣ эҷод ва дастраси хонандагон кардааст. “Ҳаёт қадам мезанад”, “Бунафша, “Ҳадя ба хурдтаракон”, “Оби равон меояд” аз ин қабиланд.

Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад.

Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии “Хусрав ва Ширин”, мустақилона либреттои операҳои “Шӯриши Восеъ” ва “Комде ва Мадан”-ро навиштааст. Соли 1953 мазҳакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев”-ро ба қалам овардааст.

Абдусалом Деҳотӣ соли 1962 дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1948 – Мавлуди Мамадшо Илолов, риёзидон, собиқ президенти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон.

Соли 1956 – Мавлуди Ортиқ Қодир, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Ортиқ Қодир яке аз ҳунарпешагони маҳбуби тоҷик буда, бо садои марғубу нақшҳои муассир на танҳо дар фазои театру синамо мақом дорад, ҳамчунин нақши ӯ дар ҷараёни фарҳангии миллат низ сазовор арзёбӣ мешавад.

Ӯ шуъбаи ҳунарпешагии Донишкадаи давлатии санъат ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Шурӯъ аз солҳои донишҷӯӣ дар бисёр озмунҳо ва чорабиниҳои сатҳи баланд ба ҳайсӣ ровӣ ва ҳунарпеша иштирок кардааст.

Ҳунарпеша соли 1978 бо роҳхати Вазорати фарҳанг (ва дархости маъмурияти театр) ба Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ба кор даъват шуда, дар тӯли фаъолияти худ дар соҳаи театр даҳҳо нақшҳо офаридааст. Нақшҳои Шаҳзода дар “Кӯзаи гӯё”, шоҳ дар “Бахтатро бедор кун”, вазири мушон дар “Қиссаи аҷибу ғариб”, Лоҳутӣ дар “Қиёми Лоҳутӣ”, Хоҷа Ҳофиз дар “Кабки қафас”, Рӯдакӣ дар “Рӯдакӣ” аз беҳтарин нақшҳои ҳунарпешаанд.

Ортиқ Қодир аз соли 1991 то соли 1995 дар симмати ҳунарпешагии Театри навтаъсиси намунавии миниатюрии “Оина”-и идораи фарҳанги шаҳри Душанбе кор кардааст. Солҳои 1996-2001 муовини сардабири ҳафтаномаи “Чархи гардун” буд. 

Соли 1963 – Мавлуди Ҷумахон Файзализода, директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Соли 1970 – Зодрӯзи Ширин Исматуллозода, забоншинос, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз рӯзи таваллуди Алберт Эйнштейн – олими бузурги физика ва поягузори назарияи нисбият аст. Яке аз суханони маъруфи ӯ чунин аст: “Муҳим он аст, ки савол доданро бас накунӣ”. Ба ҳамин сабаб, 14 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии пурсиш ё пешниҳоди савол низ таҷлил мешавад.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи байналмилалии дарёҳо таҷлил мешавад. Пештар ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сарбандҳо маъруф буд. Онро соли 1997 дар Конфронси байналмилалии зидди сохтмони сарбандҳои бузург дар шаҳри Куритибаи Бразилия таъсис доданд. Шиори ин рӯз “Барои рӯдхонаҳо, об ва ҳаёт!”.

14 марти соли 1956 ширкати амрикоии "Ampex" аввалин сабти видеоиро намоиш дод. Ин ширкат аввалин видеомагнитофонро дар таърих намоиш дод. Ширкатро соли 1943 муҳоҷири рус Александр Понятов таъсис додааст. Видеомагнитофони аввалине, ки ин ширкат истеҳсол кард, намуди катушкӣ (тасмавӣ) дошт ва 14 марти соли 1956 ба намоиш гузошта шуд. Ин дастгоҳ танҳо барои истифодаи касбӣ дар студияҳои телевизионӣ пешбинӣ гардида буд.

Видеомагнитофони "Ampex" дар Иттиҳоди Шӯравӣ рақобати ҳасудонаеро ба вуҷуд овард. Соли 1958 Никита Хрушёв аз намоишгоҳи амрикоӣ, ки дар Маскав баргузор мешуд, боздид кард. Вақте, ки ӯ сабти мулоқоташро бо сафири ИМА дид, фавран амр дод, ки видеомагнитофони шабеҳе таҳия шавад, ки аз ин камӣ надошта бошад. Пас аз ду сол аввалин видеомагнитофони шӯравӣ бо номи “Кадр” истеҳсол шуд ва то давраи бозсозӣ (перестройка) дар СССР истеҳсол мегардид.

14 марти соли 1900 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико “стандарти тиллоӣ” ба расмият дароварда шуд. Ин низоми молиявиест, ки дар он тилло ҳамчун асоси муомилоти пулӣ ва ченаки арзиши умумӣ хизмат мекунад.

14 март ҳамчун Рӯзи ихтирои бутерброд ҳисобида мешавад. Маълумоти дақиқ дар бораи пайдоиши ин ғизо мавҷуд нест. Бархе онро ба яҳудиёни қадим рабт медиҳанд, ки дар матзо (нонҳои тунуки анъанавӣ) порчаҳои хӯрокҳои гуногун мегузоштанд. Дигарон ба нони чапатии ҳиндӣ ишора мекунанд, ки барои гузоштани гӯшт, моҳӣ ва дигар маҳсулот истифода мешуд.

Даниягиҳо бутербродро ихтирои худ мешуморанд – онҳо онро маъмулан бо пиёз ва моҳии дуддодашуда омода мекунанд. Шведҳо низ даъвои ихтирои бутербродро доранд, зеро он ҷузъи ҷудонашавандаи “столи шведӣ” аст. Англисҳо ихтирои бутербродро ба ҳамватани худ Ҷон Сэндвич нисбат медиҳанд. Тибқи ривоят, ӯ иштиҳои хуб дошт ва метавонист соатҳои дароз порчаҳои нонро, ки дар байни онҳо гӯшт бо равған ҷойгир буд, истеъмол кунад.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм,  дар баъзе минтақаҳо то 3-5º сард, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 22-24º сард.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона -1+1º.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 14 ба 15-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ

0

Аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаи Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳо ва зерсохтҳои Амрико дар Ховари Миёна ба ду ҳафта сипарӣ мешавад. Давоми шабонарӯзи гузашта Доналд Трамп таҳдиди аз байн бурдани зерсохтҳои барқии Эронро карда, Алии Лориҷонӣ ба ӯ посух гуфт. Ҳамчунин, ба Теҳрон ва чанд шаҳри дигари Эрон ҳамла шуд. Муҳимтарин ҳаводиси Ховари Миёнаро давоми шабонарӯзи гузашта дар ин матлаби мо хонед.

 

Таҳдиди Трамп ва посухи Лориҷонӣ

Алии Лориҷонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон 12-уми март дар шабакаи “Х” дар посух ба таҳдиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи аз байн бурдани барқи Эрон навишт, ки “агар ин корро кунад, зарфи ним соат кулли минтақа дучори хомушӣ мешавад ва торикӣ барои шикори низомиёни фирории Амрико дар минтақа фурсати хуберо фароҳам меорад”.

Пеш аз ин Доналд Трамп иддао карда буд, ки “метавонем зарфи ним соат барқи Эронро аз байн барем, аммо ин корро накардем”.

Алии Лориҷонӣ ба иддаоҳои Трамп, ки гуфт, “бояд дар ин ҷанг ба суръат пирӯз шавем”, навишт, ки “шуруи ҷанг осон аст, вале поёни он бо чанд твит (фириста дар шабакаҳои иҷтимоӣ) поён намепазирад. Раҳоятон намекунем, то хатои худро напазиред ва товони онро надиҳед”.

 

Идомаи ҳамлаҳои тарафҳо

Бомдоди ҷумъаи 13-уми март Амрикову Исроил ба шаҳрҳои Теҳрон, Караҷ, Арок ҳамла кардаанд. Хабаргузории “Тасним” аз ҳамлаҳои ҳавоӣ, аз ҷулма, аз шунида шудани садои таркиш дар ҷануби Теҳрон хабар дод. Пеш аз ин, артиши Исроил гуфта буд, ки ба Теҳрон ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом додааст.

Хабаргузории “Форс” хабар дод, ки бомдоди 13-уми март ба чанд нуқтаи пойтахт ҳамлаи ҳавоӣ шуд.

Хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон мегӯяд, ки дар пайи ҳамлаҳои мушакии шаби гузашта ба як манзили маскунӣ дар шаҳри Қудс 2 кӯдак кушта шуда, 17 тани дигар захмӣ шудаанд.

Раиси Созмони низоми пизишкии Эрон гуфтааст, дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил дар умум беш аз 20 беморхона, марказҳои дармонӣ ва ёрии таъҷилӣ осеб дидааст.

“BBC” менависад, ки атрофи “Бурҷи Озодӣ”, ки намоди шаҳри Теҳрон ва аз осори милли Эрон ба шумор меравад, бар асари таркишҳо осеб дидааст.

 

Зимнан, дар посух ба ин ҳамлаҳо Эрон гуфт, ба Исроил, аз ҷумла маркази ситоди фармондеҳии ин кишвар зарба задааст.

Сипоҳи посдорон низ иттилоъ дод, ки дар мавҷи нави ҳамлаҳои худ Ҳайфо ва чанд шаҳри дигарро ҳадаф қарор дода, ба чандин пойгоҳҳои дигари Исроил ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ анҷом додааст.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Исроил танҳо дар шабонарӯзи гузаша 213 нафар дар пайи ҳамлаҳои Эрон ҷароҳат бардоштааст. “The Times Of Israel” навиштааст, ки аз оғози даргирӣ дар умум 2 ҳазору 975 тан маҷрӯҳ гаштааст.

Ҳамлаҳои Эрон дар ҳолест, ки Бенямин Натаняҳу, сарвазири Исроил,рӯзи 12-уми март дар паёме гуфтааст, ки “Эрон ва “Ҳизбуллоҳ” дигар он таҳдиди қаблӣ нестанд”.

Ин аввалин паёми ӯ пас аз ҳамлаҳои якҷоя бо Амрико ба Эрон аст, ки дар макони номушахасе сабт шудааст.

 

“Суқут”-и ҳавопаймои сӯхтрасони Амрико дар Ироқ

Фармондеҳии марказии Амрико эълон кард, ки як ҳавопаймои сӯхтрасони “KC-135 ” ин кишвар дар ҷараёни ҳамла ба Эрон дар ғарби Ироқ “суқут” кардааст. Вале гурӯҳи Муқовимати исломӣ дар Ироқ гуфтааст, ки онҳо ин ҳавопайморо ҳадаф қарор додаанд.

 

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 12-уми март гуфт, ки дар ҷараёни ҳамла ду ҳавопаймои сӯхтрасони амрикоӣ ширкат дошт, ки яке “суқут карда”, дуюмӣ “бомувафаққият” фуруд омадааст. Ин ниҳод иддао кардааст, ки ҳавопаймояшро “бар асари оташи душман ё оташи худӣ” аз даст надодааст.

То ҳол аз кушта шудани 4 сарнишини ин тайёра хабар нашр шудааст.

Хабаргузори “Ройтерз” навишт, гурӯҳи Муқовимати исломӣ дар Ироқ масъулияти сарнагун кардани ҳавопаймои амрикоиро бар уҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ эълон кардааст, ки “барои дифоъ аз соҳибихтиёрии миллӣ ва фазои ҳавоии Ироқ" ҳавопаймои сӯхтрасони Амрикоро ҳадаф қарор додааст.

Ҳавопаймои сӯхтрасони “KC-135” дар ҷараёни ҷанг дар осмон ба ҷангандаҳо сӯзишворӣ медиҳад.

 

Вазъ дар кишварҳои дигари Ховари Миёна

Дар ҳамин ҳол, шаби гузашта ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва зарбаи “Ҳизбуллоҳ” ба пойгоҳҳои Исроил идома дошт.

Артиши Исроил аз ҳамла ба Бейрут хабар дода, гуфтааст, “зерсохтҳои “Ҳизбуллоҳ”” ҳадафи ин ҳамлаҳо будааст. “Ҳизбуллоҳ” низ мегӯяд, чанд пойгоҳҳи Исроилро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

 

Дар зимн, 13-уми март як сарбози фаронсавӣ дар Ирбили Ироқ кушта шудааст.

Эмануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса 11-уми март дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “ин узви нерӯҳои мусаллаҳ дар як ҳамла кушта шудааст” ва илова кардааст, ки чанд сарбози дигар захмӣ шудааст.

Пеш аз ин навишта, артиши Фаронса эълон карда буд, ки теъдоде аз нерӯҳояш дар пайи ҳамлаи паҳподӣ ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ин аввалин сарбози фаронсавӣ мебошад, ки аз оғози ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ дар Ховари Миёна кушта мешавад.

Ҳамчунин, дар минтақаи Ирбили Ироқ ба пойгоҳҳои низомии Бритониё ва Амрико ҳамла шудааст. “The Times Of Israel” навиштааст, ки дар ин ҳамлаҳо чанд сарбози амрикоӣ захмӣ шудааст.

Қаблан хабаргузории “Ройтерз” аз қавли мақомоти фаронсавӣ навишта буд, ки дар ин ҳодиса 6 сарбоз захмӣ шуда буд. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд

0

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” якҷо бо “Ориёнбонк” – аз бонкҳои низомсоз ва муваффақи кишвар бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин, 30-солагии Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар Боғи ғалабаи пойтахт 50 бех ниҳоли санавбар ё худ сӯзанбарг нишонданд.

Мо аз маъракаи ниҳолнишонӣ гузориш омода кардем.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”

0

Чанде аз бошандагони биное дар маркази Душанбе шикоят доранд, ки як ширкати сохтмонӣ бидуни бастани шартнома бо ҳамаи соҳибмулкон ва бе иҷозаи сохтмон ба тахриби биное, ки хонаҳояшон ҷойгир аст, оғоз кардааст. Онҳо мегӯянд, мақомоти дахлдор ҳам ба доди онҳо нарасидаанд. Роҳбари ширкати сохтмонӣ қазияро шарҳ намедиҳад. Ҳуқуқшинос роҳи дуруст ва қонунии тахриби бино ва риояи ҳатмии ҳуқуқи соҳибмулкро шарҳ дод.

Баҳс сари биное дар кӯчаи Академик Раҷабовҳо, 11 аст, ки ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон” ба тахриби он оғоз карда, мехоҳад дар ҷойи он бинои 19-ошёна созад. Ин ширкат барои оғози сохтмон дар шафати ин бино иҷоза дорад, аммо барои оғози сохтмони блокҳое, ки дар ҷойи бинои истиқоматкунандагонаш шикоятдошта бунёд бояд шавад, иҷоза надорад.

 

“Ҳаққи қонуниамро талаб дорам”

Ба қавли чанде аз сокинони ин бино, ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон” охири соли 2023 бо ирсоли мактуб соҳибмулконро огоҳ кардааст, ки мехоҳад дар ҷойи хонаҳои онҳо биноҳои баландошёна созад ва аз онҳо хостааст, ҳуҷҷатҳои манзилашонро барои муайян кардани масоҳат ва ҷубронпулӣ пешниҳод кунанд. Бо теъдоде аз истиқоматкунандагон ҳам шартнома бастааст, вале ба гуфтаи чанде аз сокинони ин бино, баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимӣ, ширкати бинокор барои бастани шартнома бо онҳо иқдоме накардааст.

Соҳибмулкони тарабхонаи “Ал-Шам”, ки дар ошёнаи якуми ин бино ҷойгир аст, аз ҷумлаи онҳоест, ки мегӯянд, ширкати бинокор то ҳол дар хусуси ҷуброни зарар ва бастани шартнома бо онҳо сӯҳбат накардааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


“Бо мо, чун соҳибмулкони ин бино, шартнома барои тахриби он ва пардохти ҷубронпулӣ баста нашудааст. Аммо ширкат ба тахриби бино оғоз кардааст. Ин танҳо тахриби бино нест, ин фишори ошкоро аст. Қубурҳо кафиданд, об аз шифт мечакад ва ба мустаҳкамии бино низ таъсир расидааст. Бо ин кор моро маҷбур мекунанд, ки дар шароити хатарнок фаъолият кунем, то худамон фирор кунем”, – мегӯянд онҳо.

Роҳбарони муассиса мегӯянд, ки аз ширкат танҳо риояи қонунро талаб доранд.

 

“Соҳибкор ин корро мекунад, то мо хонаамонро тарк кунем”

Галина Назарова сокини дигари ин бино аст, ки мегӯяд, ширкати бинокор бо ӯ шартнома набастааст, вале ба тахриби бино, ки дар қисме аз он ӯ ва оилааш зиндагӣ доранд, оғоз кардааст.

“Бо чанде аз истиқоматкунандагони бино то ҳол шартнома набастаанд. Мо пурсидем, ки чаро қисме аз сокинони биноҳоро розӣ кардед, аммо ба мо то ҳол пешниҳоди ҷуброни зарар нашудааст, гуфтанд, ҳоло то мо навбат нарасидааст. Аммо тибқи қонунгузорӣ, онҳо бояд бо ҳамаи соҳибмулкон созиш кунанд, шартнома банданд, баъдан ҳаққи тахриби биноро доранд”,-таъкид мекунад Галина Назарова.

Назарова ҳам шикоят дорад, ки дар пайи оғози тахриби бино, амнияти онҳо зери хатар аст, чун мустаҳкамии бино, низоми гармидиҳӣ, оби нӯшиданӣ ва ғайра дар ҳолати садамавӣ қарор гирифтааст.

Ӯ мегӯяд, ин ҳама “фишор болои сокинон” барои имзои шартнома бо шартҳои барои ширкати биносоз мувофиқ роҳандозӣ шудааст.

“Онҳо махсусан ин корро мекунанд, то бино дар ҳолати садамавӣ қарор гирад ва моро пеш кардан осонтар шавад. Як ҳамсояи мо маҳз ба ин хотир дар сармои зимистон бо кӯдакони хурдсолаш овораи кӯчаҳо шуд”,- нигаронӣ кард Назарова.

Сокинони ин бино, ки бо “Азия-Плюс” суҳбат карданд, гуфтанд, ки баъди оғози тахриби бино, онҳо бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ ҳастанд: гоҳ барқу об надоранд, гоҳи дигар роҳрави назди бинои истиқоматиро об зер мекунад. Кӯчаи ҳамшафати ин биноҳо бошад, бо сабаби ҳаракати мошинҳои боркаш ва техникаҳои сохтмонии ширкат, қисман вайрон шудааст.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



 

Роҳбари дастнораси ширкат

“Азия-Плюс” чандин рӯз ва ба такрор талош кард назари роҳбар ё масъулини ширкати “Луфт сохтмон”-ро дар робита ба даъвои сокинони ин бино фаҳмад.

Аммо раиси ширкати “Лутф сохтмон”, ки худро Анӯшервон Ҷанобилов муаррифӣ кард, бо баҳонаи дар хориҷа қарор доштан ҳар бор аз сӯҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” худдорӣ кард. Хабарнигори мо се маротиба ба нуқтаи фурӯши хонаҳои ин ширкат рафт, аммо ҳеҷ як намояндаи ширкати сохтмонӣ ҳозир нашуд даъвои сокинони биноро шарҳ диҳад.

 

Дар ин ҳолат қонунгузорӣ чӣ мегӯяд?

Шукрулло Шоҳинов, ҳуқуқшиноси тоҷик дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” роҳи дуруст ва қонунии тахриби биноҳои бартарафшаванда, ҳуқуқҳои соҳибмулкон ва муносибати ширкатҳои бинокорро шарҳ дод.

Ҳуқуқшинос гуфт, тибқи қонунгузории Тоҷикистон, намояндагони ширкати сохтмонӣ ҳақ надоранд, ки сокинонро барои озод кардани хонаҳояшон то имзои қарордод, бо ҳар роҳе маҷбур кунанд.

“Амали ширкате, ки бидуни бастани шартнома ва иҷозати расмӣ ба тахриби моликияти шаҳрвандон оғоз мекунад, ҳамчун бархурди худсарона ва барқасд расонидани зарар ба амвол баҳо дода мешавад. Тибқи моддаи 32-и Конститутсияи ҶТ ва моддаи 263-и Кодекси граждании ҶТ, моликият дахлнопазир аст. Гирифтани қитъаи замин, танҳо пас аз пардохти пурраи арзиши бозории амвол ё додани манзили баробарқимат бо ризояти соҳибмулк ва бастани шартномаи хаттии нотариалӣ амалӣ мешавад”,-таъкид кард ҳуқуқшинос.

Ӯ гуфт, ширкати бинокор ба соҳибмулке, ки хонааш ба нақшаи тахриб ворид шудааст, бояд огоҳинома фиристад, инчунин нусхаи қарор, шартҳои тахрибу ҷуброн ва нақшаи тасдиқшударо нишон диҳад.

“​Пеш аз бастани шартнома, амвол бояд аз ҷониби мутахассиси мустақил баҳогузорӣ шавад. Ширкати бинокор бояд арзиши бозории манзил, қитъаи замин, биноҳои ёрирасон, харҷи кӯчидан ва иҷораи муваққатиро ба назар гирад. ​Қонунгузорӣ ба соҳибмулк ҳуқуқи интихоб додааст. Ширкати бинокор ва соҳибмулк бояд “Шартнома дар бораи додани ҷуброн ва озод намудани қитъаи замин”-ро имзо кунанд. Дар он бояд муҳлатҳои аниқи пардохт ва кӯчидан зикр шавад”, – иброз дошт ҳуқуқшинос.

Шоҳинов таъкид мекунад, ки танҳо пас аз ҷуброни пурра, ҳуқуқи моликият ба бинои кӯҳна қатъ шуда, ширкати сохтмонӣ баъди дарёфти иҷозати расмии сохтмон ба тахриби бино оғоз карда метавонад.

Дар сурати риоя нашудани ин талаботи қонунгузорӣ, ба қавли Шоҳинов, ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон

Бояд гуфт, дар сурати пайдо шудани норозигӣ, ширкати сохтмонӣ бе ҳукми додгоҳ ҳаққи тахриби манзили сокинонро надорад. Бошандагони ин бино мегӯянд, додгоҳ дар бораи тахриби ин бино дастуре надодааст.

Чанде пеш, Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе барои пешгирӣ аз ҳолатҳои фиреби шаҳрвандон ва нофаҳмиҳо дар ҷараёни бунёди хонаҳои истиқоматӣ ва фурӯши он дар пойтахт аз сӯйи ширкатҳои сохтмонӣ феҳристеро рӯнамоӣ ва дар сомонаи худ ҷойгир кард, ки дар он метавон то куҷо қонунӣ будани кори ширкатҳои сохтмониро санҷид.

Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шудааст, ширкати бинокори “Лутф сохтмон” қарори оғози сохтмон дар блокҳои А, Б, В, Г, Д-ро дорад, аммо барои сохтмони блокҳои Е, Ж, ки дар ҷойи бинои истиқоматкунандагонаш шикоятдошта бунёд бояд шавад, иҷоза надорад.

 

“Як талаб дорем: риояи қонун!”

Истиқоматкунандагони бинои мазкур мегӯянд, барои ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур, ки бино дар ҳудуди он қарор дорад ва додситонии ин ноҳия шикоят кардаанд, вале бенатиҷа будааст. Онҳо мегӯянд, “ягон нафар на аз ҳукумат ва на аз додситонии ноҳия омада, вазъиятро насанҷид”.

Талаби онҳо аз мақомоти дахлдор як аст: пешгирӣ аз тахриби бино аз сӯйи ширкати сохтмонии “Лутф сохтмон” бидуни бастани шартнома бо бошандагони он.

“Мо чизи зиёд намехоҳем, танҳо риояи қонун. Яъне бастани шартнома бо мо ва пардохти ҷуброн тибқи нархи бозор”, – мегӯянд онҳо.

Дар Тоҷикистон мушкилоти марбут ба биноҳои навбунёд зиёд расонаӣ мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар моҳи декабри соли 2025 ва 10 рӯзи аввали моҳи январи имсол беш аз 250 шаҳрванд ба таври гурӯҳӣ аз болои биносозон ё миёнаравҳои онҳо ба ВКД шикоят кардаанд. Чор ниҳоди дигар ҳам аз кори баъзе ширкатҳои сохтмонӣ нигаронӣ карданд, ки бо муҳтавои он муфассал дар ин матлаб шинос шавед: Эътирофи мушкили “нанговар” ва пешниҳоди роҳҳал. Нигаронии 5 мансабдори тоҷик аз қаллобии хонасозон.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт

0

Дар ҷашни Наврӯз хонандагони мактабҳо 10 рӯз ва донишҷӯён 6 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ва илми кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Ба иттилои вазорат, хонандагони мактаб аз 20 то 29-уми март ва донишҷӯёни макотиби олии кишвар аз 20 то 25-уми март истироҳат доранд. Ҳамчунин, аз 20 то 29-уми март кӯдакистонҳои кишвар низ фаъолият намекунанд.

Вазорат мегӯяд, таътили баҳории хонандагони мактабҳои миёна низ дар ин феҳрист ворид аст. Яъне хонандагон то 25-уми март дар доираи таҷлили Наврӯз ва аз 25 то 29-уми март, 5 рӯз таътили баҳорӣ доранд.

Мувофиқи қарори ҳукумати кишвар, ки моҳи декабр қабул гардида буд, сокинони кишвар (онҳое, ки 5 рӯзи корӣ дар ҳафта доранд) дар ҷашни Наврӯз 9 рӯз пайиҳам, аз 21 то 29-уми март истироҳат мекунанд. Ҳамчунин, имсол иди Рамазон рӯзи 20-уми март таҷлил мешавад ва тибқи қонун, ин рӯз низ истироҳатӣ аст.

Бо назардошти ин, истироҳат барои сокинону донишҷӯён ва таътил барои хонандагон рӯзи 20-уми март оғоз мешавад.

Тибқи қарори ҳукумат, рӯзи ҷумъаи кории 27-уми март ба рӯзи истироҳатии шанбеи 14-уми март гузаронида шуд. Ба иттилои Вазорати маориф, бо ин тартиб, пагоҳ 14-уми март дар кӯдакистонҳо низ рӯзи корӣ аст.

Ҳамин тариқ, рӯзҳои истироҳатӣ барои хонандагон ба ин тартиб аст:

– 20-уми март иди Рамазон;

– аз 21 то 24-уми март рӯзҳои истироҳатии расмӣ барои ҷашни Наврӯз;

– бо назардошти он ки рӯзҳои 21 ва 22-юми март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост мегирад, рӯзҳои 25 ва 26-уми март низ истироҳатӣ аст;

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?

– аз 25 то 29-уми март таътили баҳории хонандагон.

Бо ин тартиб, таҳсили донишҷӯён аз 26-уми март ва хонандагони мактаб аз 30-юми март оғоз мешавад.

Бояд гуфт, моҳи март сокинони Тоҷикистон бо назардошти Рӯзи модар, ҷашни Наврӯз, иди Рамазон ва рӯзҳои ғайрикорӣ, 15 рӯз истироҳат доранд: 1, 7, 8, 9, 15, 20, 21, 22, 23, 24, 25, 26, 27, 28, 29.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта низ сокинони Тоҷикистон дар моҳи март 15 рӯз истироҳат доштанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?

0

Як сол пеш байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ ба имзо расид, ки ба боз шудани марз ва комилан барқарор гардидани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни кишварҳо мусоидат намуд. Аз он дам чӣ тағйир ёфт?

Шартнома рӯзи 13-уми марти соли 2025 дар доираи сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қирғизистон имзо шуд.

Зимни гуфтушунид ба барқарор намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Ҷонибҳо созишномаҳо ба имзо расониданд, аз ҷумла дар бораи рушди саноат ва бахши кишоварзӣ, ки барои рушд имконоти нав боз мекунанд.

“Кишварҳои мо барои рушди муштарак имконоти зиёд доранд. Мо доир ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дар солҳои наздик ба 500 млн доллар расонидани ҳаҷми савдои дуҷониба ба тавофуқ расидем”, – гуфта буд он замон президенти Тоҷикистон.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Низоъ миёни Тоҷикистону Қирғизистон: Равобити иқтисодӣ чӣ гуна тағйир ёфт?

Сарвари давлати Қирғизистон Садир Жапаров дар навбати худ таъкид дошта буд, ки “фароҳам сохтани шароити мусоид барои тиҷорат дар Қирғизистону Тоҷикистон ба пайдо гардидани ҷойҳои нави корӣ, рушди зерсохтор ва таҳкими робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ муоидат менамояд”.

Дар изҳороти  муштараки сарони кишварҳо зикр шуд, ки ҳамкории иқтисодӣ на танҳо барои ҳарду кишвар манфиатовар аст, бкли ба рушди умумии минтақа мусоидат мекунад. Зикр гардида буд, ки созишномаҳои имзошуда барои рушди минбаъда замина гузошта, таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ ва зерсохтор барои соҳибкорону сармоягузорон уфуқҳои нав боз мекунад.

Ёдрас мекунем, ки муносибатҳо байни кишварҳо пас аз муқовимати дурӯзаи мусаллаҳона дар сарҳад моҳи апрели соли 2021, ки бар асари он аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар ҳалоку садҳо нафар захмӣ шуданд, ба сардӣ гароид. Он замон Қирғизистон якҷониба сарҳадҳояшро баст.

Афзоиши босуръати гардиши мол

Дар соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 33,1 млн долларро ташкил дод, ки аз соли 2024 ба таври назаррас зиёд аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тайи соли ахир ҳаҷми гардиши молу маҳсулот 2,7 баробар боло рафта, соли 2024 ин ҳаҷм ҳамагӣ ба 12,2 млн доллар баробар буд.

Соли гузашта аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ба маблағи умумии зиёда аз 8,6 млн доллар молу маҳслуот содир шуд.

Молу маҳсулоти содиргардида аз ангури навъҳои гуногун, маснуоти пахтагин ва нерӯи барқ иборат буданд.

Воридот аз Қирғизистон беш аз 24,5 млн доларро ташкил дода, аз ангишти тира, нафт ва маҳсулоти нафтӣ, инчунин маснуоти макаронӣ, зарф, шиша ва дигар молу маҳсулот иборат буданд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо реҷаи савдои озод дорад?

Соли 2020 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо 37 мл долларро ташкил дод, лекин бар асари буҳрони марбут ба баста шудани сарҳад, соли 2023 ҳаҷми савдо то 11,6 млн доллар (беш аз се баробар) поин рафт.

Ҳаҷми савдои дуҷониба тайи ин чор сол тавассути кишварҳои сеюм (Қазоқистон, Ӯзбекистон) нигоҳ дошта мешуд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, ки то баста шудани марз дар қаламравҳои ҷудогона бозорҳои наздимарзӣ амал мекарданд, ки дар онҳо аҳолии ҳарду кишвар метавонистанд молу маҳсулоти ҷудогонаро хариду фурӯш кунанд.

Масалан, сокинони ҳарду кишвар рӯзи сешанбе дар деҳаи Аркаи вилояти Ботканд ва рӯзи якшанбе – дар деҳаи Хистеварзи вилояти Суғд ба хариду фурӯш машғул мешуданд. Мақомоти кишварҳо баъди боз шудани сарҳад эълон карданд, ки дар ин нуқтаҳо савдо базудӣ барқарор мешавад, аммо ин кор то ҳол ба сомон расонида нашудааст.

Ба сурати умум, Тоҷикистону Қирғизистон, ки захираҳои назарраси нафту газ надоранду дар сатҳи монанд бо сохтори иқтисодии наздик ба ҳам рушд мекунанд, асосан ашёи хом содир намуда, маҳсулоти тайёр ворид мекунанд. Аз ин рӯ, гардиши молу маҳсулот байни онҳо ҳамеша маҳдуд буд.

Транзит

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Гардиши мол миёни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз $100 млрд расидааст

Боздоштани боркашонии транзитӣ тариқи қаламрави Қирғизистон ба иқтиоди Тоҷикистон зарбаи бештар ҳассос расонид. Гап сари он аст, ки то баста шудани сарҳад қисмате аз молу маҳсулот ба/аз Чин ва Қазоқистон, ки ба сегонаи шарикони асосии Тоҷикистон шомиланд, тариқи Қирғизистон оварда мешуд.

Пас аз имзои шартнома дар бораи сарҳад қисмате аз нуқтаҳои гузаргоҳҳо боз шуд. Аз ҷумла, 13 марти соли 2025 гузаргоҳҳои “Қизил-Бел” ва “Қайрағач – Маданият”, ки қариб чор сол баста буданд, кори худро барқарор карданд.

Барқарор гардидани кори гузаргоҳҳои сарҳадӣ имкон дод, ки қисмате аз самтҳои боркашонӣ тадриҷан ба хатсайрҳои пешина баргардонида шавад.

Садир Жапаров моҳи июли соли гузашта зимни сафари давлатӣ ба Тоҷикистон изҳор намуд, ки Қирғизистон ба сифати долони транзитии стратегӣ ҷиҳати мусоидат ба роҳ ёфтани молу маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё омода аст.

Сармоягузорӣ

Сармоягузорӣ миёни кишварҳо ҳатто дар давраи муносибатҳои гарм барои ҳамсоякишварҳое, ки марзи масофаашон қариб ба 1 ҳазор километр баробар аст, дар сатҳи хеле паст қарор дошт. Лекин ин фаҳмост, зеро ҳарду кишвар имконоти зиёди сармоягузорӣ надоранд. Гузашта аз ин, ин кишварҳо аз лиҳози ҷалби сармоя аз дигар кишварҳои нисбатан доротари ҷаҳон, рақибони мустақим шуморида мешаванд.

Сар аз соли 2022 аз ҷониби мақомоти омори кишварҳо вуруди сармоягузорӣ миёни давлатҳо ба қайд гирифта нашудааст.

То ин дам сармоягузорӣ аз Қирғизистон ба иқтисоди Тоҷикистон начандон зиёд ворид мешуд. Ба ин тариқ, соли 2021 ҳаҷми сармоягузории Қирғизистон ҳудуди 550 ҳазор доллар, аз ҷумла 390 ҳазор доллар – сармоягузории мустақимро ташкил дода буд.

То охири соли 2021 сармоягузориҳои андӯхтаи Қирғизистон дар иқтисоди Тоҷикиситон ба зиёда аз 2,2 млн доллар расид (ҳудуди 1,9 млн доллар – сармоягузориҳои мустақим).

Маълумот дар бораи ҳаҷми сармоягузорӣ аз Тоҷикистон ба иқтисоди Қирғизмистон дар манбаъҳои боз мавҷуд нест.

Минбаъд чӣ мешавад?

Сарфи назар аз афзоиши назарраси савдои дуҷониба, робитаҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон то ҳол нисбатан маҳдуд боқӣ мемонанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзудааст

Ҳаҷми кунунии гардиши молу маҳсулот аз сатҳе, ки кишварҳо мехоҳанд солҳои наздик ба он расанд, ба таври назаррас камтар мебошад.

Имзои шартнома дар бораи сарҳади давлатӣ қадами муҳими сиёсие маҳсуб меёбад, ки яке аз монеъаҳои асосӣ барои ҳамкории иқтисодиро бартараф намуд.

Аммо барои болоравии ҷиддии ҳаҷми савдо дигар омилҳо ҳам заруранд, аз ҷумла рушди зерсохтори нақлиёт, густариши савдои наздимарзӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар иқтисод.

Коршиносон зикр мекунанд, ки дар сурати вазъи босуботи сиёсӣ ва барқарор гардидани хатсайрҳои логистикӣ, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо метавонад тадриҷан зиёд шавад. Лекин барои расидан ба ҳадафи изҳоршудаи то 500 млн доллар, ҳамгирии бештар амиқ тақозо мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст

0

Дар Конибодом ягона мактаби қирғизӣ, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби наздиктарини он табдил дода шуд. Ин мактаби қирғизии рақамӣ 28 буда, дар деҳаи Санҷидзори ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом воқеъ аст.

Рӯзи 27-уми феврали имсол қарори раиси шаҳри Конибодом дар бораи табдили он ба филиали мактаби 41-и ин шаҳр, ки дар деҳаи Ҷаҳонзеби ҷамоати Лоҳутӣ ҷойгир аст, ба имзо расид. “Азия-Плюс” ба нусхаи ин қарор шинос шуд, ки дар он сабаби табдили мактаб “кам будани шумораи хонандагон” гуфта мешавад.

Ба иттилои Фирӯза Абдувоҳидзода, мудири маорифи шаҳри Конибодом, “азбаски хонанда ва омӯзгор, ҳарду қирғизтаборанд, ҳоло барои мутобиқгардонӣ дар мактаб-интернати рақами 40-и деҳаи Санҷидзор фаро гирифта шудаанд”.

Ин чӣ мактаб аст ва чаро бо як хонанда фаъолият дошт? Хабарнигори "Азия-Плюс" ба ин мактаб рафт.

“Як хонандаи синфи 3 таҳсил мекард”

Тақдири мактаби қирғизии рақами 28-и ин шаҳр моҳи феврали имсол дар нишастҳои хабарии шаҳрдории Конибодом ва Раёсати маорифи вилояти Суғд муҳокима шуда буд.

Фирӯза Абдувоҳидзода,  мудири шуъбаи маорифи ин шаҳр гуфта буд, воқеан “имрӯз мактаби №28-и деҳаи Санҷидзор бо як хонанда, духтарчаи синфи 3 ва як омӯзгор, ки вазифаи директорро низ ба ӯҳда дорад, фаъолият мекунад”.

“Айни замон ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ба филиали мактаби №41 табдил додани мактаби №28, ки наздиктарин аст, ба раиси шаҳр барои баровардани қарор пешниҳод шудааст”, – гуфта буд ӯ.

Рӯзи 9-уми феврал дар нишасти хабарии  Раёсати маорифи вилояти Суғд низ ин мавзуъ матраҳ шуд.

Гулсара Мирзозода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд далели табдили ин мактабро чунин шарҳ дод:

“Давоми ду-се соли охир бо сабаби кӯч бастани мардум ба Қирғизистон теъдоди омӯзгорону хонандагони мактаби рақами 28-и деҳаи Санҷидзори ҷамоати Лоҳутии шаҳри Конибодом кам шуд. Ҳоло воқеан як омӯзгори синфи ибтидоӣ он ҷо фаъолият дорад”, – гуфт ӯ.

Ӯ аз ин омӯзгор Насиба Юлдашева ном бурда гуфт, ҳам хонанда ва ҳам омӯзгор қирғизтабор мебошанд.

Ба қавли ӯ, дар мактаб то ҳол кормандони хоҷагӣ, посбон, фаррош ва мудири хоҷагӣ кор мекунанд.

Мирзозода афзуд, ин мактаб зарфияти ғунҷоиши 208 хонандаро дорад.

“Ягон муаммо нест”

Хабарнигори “Азия-Плюс” барои аз наздик дидани ин мактаб ба деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом рафт. Замоне ба мактаб ворид шудем, Насиба Юлдошева, ягона омӯзгор, ҳамзамон роҳбари он, дар мактаб қарор дошт.

 

ГАЛЛЕРЕЯ (4)




Аммо ӯ аз суҳбат бо мо худдорӣ карда, танҳо гуфт, аллакай дарси имрӯзаи ягона хонандааш ба итмом расидааст.

“Ҳама ҷо тинҷӣ аст, ягон муаммо нест. Мактаб кор карда истодааст”, – гуфт ӯ ва дигар иттилое надод.

Мувофиқи иттилои “CABAR.asia”, ин мактаб соли 1932 таъсис ёфта, фаъолияташро танҳо бо ду синфхона оғоз карда буд. Баъдан теъдоди хонандагонаш то 500 нафар дар як баст  расид. Хонандагони ин мактаб, тибқи барномаи таҳсил, забони қирғизӣ, адабиёт ва таърихи Қирғизистон ва дигар фанҳоро меомӯхтанд.

Бояд гуфт, соли гузашта Бурҳониддин Ҷабборӣ, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Конибодом, теъдоди хонандагони ин муасссиаро 3 нафар гуфта буд.

Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом гуфта буд, "ҳодисаҳои нохуши минтақа, аз ҷумла, муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ва пасон кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом ба таҳсили толибилмон ва фаъолияти омӯзгорон асар кардааст".

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд

0

Чойхонаи миллии маъруф ба “Харбуза”-и Ҳисор дар музоядаи 3-юм низ, ки 11-уми март баргузор шуд, харидор наёфтааст.

Аз  Корхонаи воҳиди давлатии ташкили фурӯши амволи давлатӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, барои хариди ин бино “ягон пешниҳод нашуд”.

“Мо гуфта наметавонем, ки чанд кас дар ин музояда ширкат кард, вале савдо нашуд. Пешниҳод низ нашуд. Дигар иншоот ҳам буданд, баъзеи онҳоро хариданд, инро нахариданд”, – гуфт намояндаи ин ниҳод.

Мақомот бештар аз якуним сол аст, барои фурӯши бинои чойхонаи “Харбуза” дар шаҳри Ҳисор талош доранд. Арзиши он беш аз 34,9 миллион сомонӣ (зиёда аз 3 миллион доллар) муайян шудааст. 

Бори дуюм 12-уми декабри соли гузашта ин чойхонаро ба фурӯш гузошта буданд, аммо дар ин музояда  ягон нафар ширкат накард ва он боз фурӯхта нашуд.

Он вақт масъули Корхонаи воҳиди давлатии ташкили фурӯши амволи давлатӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки бо вуҷуди онки як моҳ қабл эълони фурӯши ин биноро гузошта буданд, “ягон кас барои хариди Чойхонаи миллӣ ҳавасманд нашуд”.

“То имрӯз қариб 8 бор эълони фурӯши бинои Чойхонаи миллиро гузоштаем, вале бо сабаби баланд будани нархи он ҳеҷ кас барои хариди он муроҷиат накардааст”,-гуфта буд масъули кумита.

Музоядаи аввалини Чойхонаи миллӣ, рӯзи 27-уми сентябри соли 2024 баргузор шуд, вале он вақт низ касе барои хариди ин бино “ҳавасманд нашуд”.

Чойхонаи миллии “Харбуза”, ки бо сарфи қариб 35 млн сомонӣ ва дар майдони 4,7 гектар бунёд шудааст, ҳудуди 10 сол пеш ифтитоҳ шуд. Коршиносон мегӯянд, бинои мазкур самаранок истифода нашуд. Тибқи маълумоти расонаҳо, Муродалӣ Алимардон, раиси пешини Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбари “Агроинвестбонк”, ки баъдан муфлис шуд, сармоягузори аслии он аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт

Чойхона аз ду ошёна иборат буда, ошёнаи дуюмаш, ки 2000 метри мураббаъ аст, шакли харбузаро дорад. Баландии чойхона 43 метр, дарозиаш 100 метр, бараш 55 метр мебошад. Гуфта мешуд, ки дар ошёнаи якум панҷ ошхона, дар ошёнаи дуюми он барои 1 ҳазору 300 меҳмон ҷой пешбинӣ шудааст.

Ба ин макон бештар сокинону сайёҳони хориҷӣ барои тамошо мерафтанд. Бар иддаои мақомот баъди ифтитоҳи чойхона бояд 100 нафар бо кор таъмин мешуданд, аммо ба қавли сокинон, ин чойхона баъди ифтитоҳ се моҳ фаъолият кардаасту халос.

Биноро 650 нафар дар муддати як сол сохтаанд. Баъди муфлис шудани “Агроинвестбонк” чойхона ба ҳисоби давлат мусодира ва баъдан ба фурӯш гузошта шуд.

Дар ин мавод дар бораи чойхонаи маъруф ба “Харбуза” ва омилҳои чанд сол боз ба фурӯш нарафтани он маълумот гиред: “Харбуза” хеле гарон аст”. Чаро касе намехоҳад чойхонаи маъруф дар Ҳисорро харад ва арзиши он чанд аст?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чилу панҷуми ин асари таърихӣ манзури ҳаводорони китоб мешавад.

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савтӣ манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.