Home Blog Page 9

Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад

0

Дар оғози ҷанги Амрикову Исроил алайҳи Эрон мактаби “Шаҷараи тайиба”-и шаҳристони Миноб дар ҷануби Ҷумҳурии исломӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт, ки беш аз 170 хонанда ва даҳҳо омӯзгор ҷон бохтанд. Ин ҷинояти даҳшатбор, ки дар оғоз аз сӯйи расонаҳо нодида гирифта шуд ва аз сӯйи раисҷумҳуру вазири ҷанги Амрико кӯшиши инкори он мушиҳида шуд, ҳамакнун бештар таҳқиқ ва дасти Амрико дар он рӯшантар мешавад.

Гузоришҳои расонаҳо ва эътирофи аввалияи мақомдорони амрикоӣ ҳокӣ аз он аст, ки ба эҳтимоли қавӣ Амрико ба куштори кӯдакон даст зада, на Эрон. Ва изҳори назари Доналд Трамп, раисҷумҳур ва Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико дар бораи “танҳо Эрон ба куштори одамони ғайринизомӣ даст мезанад” гувоҳӣ бемасъулиятии ин ду аст. Ва ҳоло Кунгураи Амрико аз мақомдорони кишвараш, аз ҷумла Пит Ҳегсет талаб кардааст, ки дар бораи ҳамла ба мактабе дар Эрон ва куштори қариб 170 кӯдак гузориш ва натиҷаи таҳқиқ пешниҳод кунад. Чунин ба назар мерасад, ки ин қазияи риққатовар ва ҷинояти даҳшатбор домани вазири ҷангу раисҷумҳури Амрикоро ба ин наздикӣ раҳо нахоҳад кард ва эҳтимол дорад, поёни корашонро наздик кунад.

Дар ин матлаб талош кардем ҷузъиёти бештари ин ҳодисаро бозгӯӣ кунем.

 

Дар Миноб чӣ гузашт?

Рӯзи 28-уми феврал, нахустин рӯзи ҷанги Амрико ва Исроил алайҳи Эрон, дар шаҳри Миноби устон (вилоят)-и Ҳурмузгон дар ҷануби Эрон, мактаби ғайридавлатии “Шаҷараи тайиба”, ки хонандагони 7 то 12-сола дар он дарс мехонданд, мавриди ҳадаф қарор дода шуд.

Тавре мақомоти расмии Эрон ва расонаҳо иттилоъ доданд, ҳамлаҳо замоне сурат гирифтанд, ки волидайн кӯдаконашонро ба мактаб мебурданд ва синфҳо пур аз шогирдон буданд.

Тибқи маълумоти Вазорати омӯзиш ва парвариши Эрон, дар он рӯз 264 хонанда дар мактаб буданд. Дигар манобеъ 170 нафарро зикр кардааст. Занги тафреҳ буд, ки мавҷи аввали ҳамла сурат гирифт.

Ин мактаб, тибқи гуфтаи шоҳидон ва тадқиқоти мустақили расонаҳо, се маротиба мавриди ҳамла қарор гирифт. Ба гувоҳии ду табиби Ҳилоли Аҳмар, баъд аз зарбаи аввал, мудири мактаб гурӯҳе аз хонандагонро ба намозхона бурд ва ба волидайн занг зад, то кӯдаконашонро таҳвил гиранд. Баъд зарбаи дуввум омад ва ҳамон паноҳгоҳро нобуд кард. Зарбаи саввум боқимондаи сохтмони дуошёнаро тамоман вайрон сохт.

Боми мактаб фурӯ рехт ва садҳо тан, аксарашон духтарчаҳои хурдсол, зери харобаҳо монданд. Тасвирҳои пас аз ҳодиса расонаишуда ҷомеаи ҷаҳониро такон дод: кӯдакони беҳолу беҷон дар дасти наҷотдиҳандагон, китобу дафтарҳои хунолуд, мизу курсии мактаб дар байни харобаҳо…

Дар наздикии ин мактаб пойгоҳи низомии марбут ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) мавҷуд буд, ки он ҳам мавриди ҳадаф қарор дода шуд.

 

Омори қурбониён аз манбаъҳои гуногун

Иброҳим Тоҳирӣ, додситони шаҳри Миноб эълон кард, ки дар пайи ин таркиш 165 тан кушта ва 96 каси дигар маҷруҳ шуданд, ки аксарашон хонанда будаанд. Дигар манбаъҳои расмии эронӣ рақами 168 ва дар баъзе гузоришҳо то 180 тани қурбонишуда зикр шудаанд. Аз байни кушташудагон тахминан 110 нафар кӯдак (аз ҷумла 66 писар ва 54 духтар), 26 омӯзгори зан ва 4 тан падару модар буданд. Мудири мактаб низ ҷон бохтааст.

Дар ҳамон рӯз, баъд аз ҳамла ба мактаб, дармонгоҳи ин шаҳр низ мавриди ҳадаф қарор гирифт ва ин вазъи захмиёнро боз ҳам бадтар кард. Хонаводаҳои мотамзада барои гирифтани ҷасади фарзандонашон ба беморхонаҳо рафтанд, вале сардхонаҳои Миноб пур аз ҷасад буданд, ҳатто баъзе ҷасадҳоро дар мошинҳои яхдондор нигоҳ медоштанд. Амалиёти наҷот рӯзи 1-уми март ба поён расид, вале бо талафоти сангин…

Рӯзи 3-юми март маросими дастаҷамъии таъзия дар майдони шаҳри Миноб баргузор шуд. Ҳазорҳо тан ширкат карданд. Тасвирҳои расонаишуда нишон медиҳанд, ки беш аз 100 қабр дар паҳлӯи ҳам канда шудаанд.

 

 

Аввалин паёми Муҷтабо Хоманаӣ

Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари нави олии Эрон дар аввалин изҳороти худ аз "интиқоми хуни шуҳадо" сухан кард ва гуфт, вақти ситонидани он аз душман "нисбат ба хуни атфол ва кӯдаконамон ҳассосияти бештаре хоҳем дошт". Ӯ ваъда кард, ки ҷинояти дар мадрасаи "Шаҷараи тайиба"-и Миноб ҳатман таҳқиқ ва расидагӣ хоҳад шуд.

 

Пизишкиён, мансабдорон ва таҳлилгарони эронӣ чӣ мегӯянд?

Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, ҳамла ба мактаби шаҳри Минобро кори дасти Амрико ва Исроил номида, гуфт, он “ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърихии миллати мо зудуда нахоҳад шуд”.

Аббос Арақчӣ, вазири умури хориҷа дар шабакаи X акси харобаи мактабро нашр карда, навишт: “Ин бино дабистони духтарон дар ҷануби Эрон аст. Дар рӯзи равшан, замоне ки аз шогирдон пур буд, бомборон шуд. Даҳҳо кӯдаки бегуноҳ дар ин ҷой кушта шуданд… Ин ҷиноятҳо алайҳи мардуми Эрон бепосух нахоҳанд монд”.

 

 

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ҳамларо “ҷинояти ошкор” хонда, онро маҳкум кард ва аз Шӯрои амнияти СММ хост, ки “дар чорчӯби масъулиятҳои аввалияаш тибқи Оиннома амал кунад”.

Раиси дадгустарии вилояти Ҳурмузгон хабар дод, ки “боқимондаҳои бомбҳои истифодашуда аз мавзеъ гирифта, барои тафтиш интиқол дода шуданд”. Маъмурони шаҳри Миноб гуфтанд, ки мактаб “15 сол пеш аз пойгоҳи Сипоси посдорон ҷудо карда шуда буд”.

 

Рӯзгори сиёҳи волидон: шоҳиди ҷонбозии фарзандон…​​​​​​​

Вақте хабари ҳамла паҳн шуд, волидони нигарон ба майдони мактаб давидаанд. Нерӯҳои амниятӣ кӯшиш мекарданд мардумро аз бинои вайроншуда дур нигоҳ доранд, зеро хатари ҳамлаи дигарбора вуҷуд дошт. Аммо волидони фарзандгумкарда, ки садои фарзандонашонро аз зери харобаҳо мешуниданд, ба ҳеҷ чиз нигоҳ накарда, бо дастҳои холӣ хоку сангҳоро меканданд.

Дар пайи ҳамла ба мактаби Миноб, расонаҳои эронӣ бо волидоне суҳбат кардаанд, ки дар миёни обу оташ фарзандони худро меҷустанд. Яке аз онҳо нақл мекунад: “Аз мактаб занг зада, гуфтанд, ки духтарам зинда аст. Бо умед ба роҳ баромадам, то ӯро ба хона биёрам. Вале пеш аз он ки ба мактаб бирасам, зарбаи дувум омад ва ҳама умедҳоямро ба хок яксон кард”.

Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд ва ҷаҳонро такон дод, марде дида мешавад, ки аз зери вайронаҳо китобу дафтарҳои хунолудро пайдо карда, бо фарёд мегӯяд:

“Ин китобҳои кӯдаконест, ки ҳоло зери ин вайронаҳо мондаанд. Хуни онҳоро мебинед? Инҳо сарбоз набуданд ва ба ҷанг нарафта буданд. Ин ҷо дабистон буду онҳо танҳо барои дарс хондан омада буданд!”.

 

Трамп ва маъмурони амрикоӣ​​​​​​​ чӣ гуфтанд?

Вокуниши мақомоти расмии Амрико ба ҳодисаи ахир якхела набуд: онҳо ҳамзамон ҳам инкор мекарданд, ҳам шубҳа меандохтанд ва ҳам ваъдаи тафтишоти тӯлонӣ медоданд.

Тавре Reuters менависад, генерал Дэн Кейн, раиси Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи ИМА, рӯзи 2-юми март ошкоро харитаи ҳамлаҳоро нишон дода, гуфт, ки ҳадафи онҳо заиф кардани нерӯҳои баҳрии Эрон дар минтақаи ҷануб аст. Нуктаи муҳим ин аст, ки дар ин нақша шаҳри Миноб низ ҳамчун ҳадаф ишора шуда буд.

Пит Ҳегсет, вазири мудофиаи Амрико бошад, рӯзи 4-уми март аз додани ҷавоби мушаххас худдорӣ карда, танҳо гуфт, “мо ҳодисаро тафтиш мекунем”. Вале дар ҳамон нишаст харитае нашр шуд, ки боз ҳам шаҳри Минобро дар маркази ҳамлаҳои Амрико нишон медод.

Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар, рӯзи 7-уми март бидуни пешниҳоди ягон ҳуҷҷат, худи Эронро гунаҳкор карда, гуфт, силоҳҳои Эрон дақиқ нестанд ва эҳтимол дорад, ки онҳо иштибоҳан ба худашон зарба зада бошанд. Иддаое, ки аксар коршиносон ғайримантиқӣ, дурӯғи маҳзи хоси Трамп медонанд.

Ҳамзамон, Фармондеҳии марказии Амрико (СЕНТКОМ) хабар дод, ки гузоришҳо дар бораи зарар дидани мардуми мулкиро гирифтаанд ва онҳоро меомӯзанд.

 

Фишори сенаторони Амрико ба Пентагон

Рӯзи 9-уми март шаш сенатори калидии ҳизби демократ, аз ҷумла чеҳраҳои пурнуфузе чун Брайан Шатс, Патти Муррей, Ҷек Рид, Марк Уорнер, Ҷин Шаҳин ва Элизабет Уоррен, бо нашри як изҳороти муштарак Пентагонро зери фишор гузоштанд.

Дар изҳороти онҳо омадааст: “Куштори кӯдакони мактабхон таҳти ҳеҷ шароите қобили қабул нест ва фоҷиаи даҳшатнок мебошад. Вазир Ҳегсет вазифадор аст, ки тафтишоти дақиқ ва ҳамаҷониба анҷом диҳад, то мушаххас шавад, ки оё тасмимҳои сиёсии роҳбарият боиси ин фоҷиа гаштаанд ё на”.

Сенаторҳо махсусан аз “қоидаҳои даргирӣ” нигаронӣ карданд. Сабаби ин нигаронӣ изҳороти қаблии вазири мудофиа Пит Ҳегсет мебошад, ки бо лаҳни тунд гуфта буд, “дар амалиётҳо алайҳи Эрон бояд бидуни маҳдудият ва бо истифода аз ҳадди аксари нерӯ ва силоҳ амал кард”.

Ҳегсет қоидаҳои маъмулии ҷангиро, ки барои ҳифзи ғайринизомиён пешбинӣ шудаанд, “аблаҳона” хонда, ҷонибдори озодии комили низомиён дар лаҳзаи ҳамла буд.

 

Тадқиқоти мустақил расонаҳо чиро ифшо кард?​​​​​​​

Чандин тафтиши мустақилона аз ҷониби расонаҳои Bellingcat, BBC Verify, CNN, NYT, CBC, NPR ва HRW ба натиҷаи ягона расидаанд: ҳамла ба мактаби Миноб аз ҷониби ИМА сурат гирифтааст.

Аҳамиятноктарин далел ин аст: хабаргузории эронии Меҳр навори ҳамла ба мактаби Минобро мунташир карда, даъво дошт, ки мушак марбут ба Амрико аст. Пасон BBC Verify ва дигар расонаҳо онро тадқиқ карда, собит сохтанд, ки мушаки “Томагавк” ба бинои мактаб зарба задааст. Ба хулосаи таҳқиқгарон, мушаки “Томагавк” силоҳи баҳрии дурбурдест, ки танҳо Амрико аз он истифода мекунад.

Расонаҳои амрикоӣ ҳам ҳамла ба мактаби Минобро тадқиқ кардаанд. Аз ҷумла, чанд коршиноси силоҳ барои “Вашингтон Пост” тасдиқ кардаанд, ки дар он ҳамла мушаки “Томагавк” корбурд шудааст. The New York Times ҳам рӯзи 11-уми март аз қавли мақомоти Амрико хабар дод, ки ҳамла ба мактаби Миноб кори нерӯҳои амрикоӣ буда, сабаби он иттилооти кӯҳнаи маконҳои зарбазанӣ аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
“Бомбборону куштори чанд фармондеҳ поёни ҷанг нест ва Эрон омодаи ҷанги давомдор аст”.

Инчунин, Ҷефри Люис, мутахассиси маъруфи амнияти ҷаҳонӣ, мушаки эронӣ будани онро рад карда, гуфтааст, ки “мушаки ин навор ба ҳеч силоҳи шинохтаи Эрон мувофиқат намекунад”.

Reuters рӯзи 5 март аз ду афсари амрикоӣ, ки дар тафтиши дохилӣ иштирок доштанд, иқтибос оварда, навиштааст, ки “ба эҳтимоли хеле зиёд нерӯҳои Амрико масъул буданд”.

CBC хулоса кард, ки ҳадафи ҳамла зарба ба муҷтамаи низомии маҷовар буд, вале “мактаб ё дар натиҷаи хатои низомӣ, ё хатои ҷиддии иттилооте” ҳадаф қарор гирифт.

Маълумоти моҳвораӣ нишон медиҳад, ки то соли 2016 ин мавзеъ ба пойгоҳи низомии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тааллуқ дошт, вале баъдтар аз он ҷудо шуд. Мактаб беш аз 10 сол буд, ки ҳамчун дабистони ғайринизомӣ фаъолият мекард ва ҳеч далеле аз истифодаи низомии он вуҷуд надошт.

 

Вокуниши Созмонҳои байналмилалӣ​​​​​​​

Дар пайи ҳамлаи маргбор ба мактаби Миноб, созмонҳои байналмилалӣ ва чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ ин ҳодисаро маҳкум карда, хостори тафтишоти фаврӣ шуданд.

Аз ҷумла, ЮНЕСКО ҳамларо “нақзи ҷиддии қонунҳои башардӯстонаи байналмилалӣ” номида, таъкид кард, ки мактабҳо тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ бояд макони комилан амн бошанд.

Антониу Гутерреш, дабири кулли СММ ҳам ҳамларо қатъан маҳкум кард.

Волкер Тюрк, комиссари олии Ҳуқуқи башар, талаб кард, ки тафтишоти “фаврӣ, беғаразона ва ҷомеъ” гузаронида шавад ва таъкид кард, “масъулияти тафтиш пеш аз ҳама бар дӯши нерӯҳоест, ки ин ҳамларо анҷом додаанд”.

Ҳайати иборат аз 18 коршиноси мустақили Кумитаи ҳуқуқи кӯдак аз ҳодиса изҳори нигаронии амиқ карда, гуфтанд, “ҳеҷ баҳонае барои куштани духтарон дар синфхона қобили қабул нест!”.

Дидбони ҳуқуқи башар ҳам пас аз баррасии 14 видео, аксҳо ва 40 тасвири моҳвораӣ ба хулосае омад, ки ҳамла бо “силоҳи дорои дақиқии баланд” сурат гирифтааст. Ин созмон таъкид кард, ки ҳодиса “хатои тасодуфии мушак нест” ва аз Амрикову Исроил хост, ки ба гуноҳи худ эътироф кунанд.

 

Акси садои фаъолони ҷомеа ва давлатҳо​​​​​​​

Малала Юсуфзай, барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел ва паёмрасони сулҳи СММ, бо изҳори андӯҳ дар шабакаи Х навишт: “Ин хабар диламро шикаст ва маро изтиробзада кард. Куштани ғайринизомиён, бахусус кӯдакон, хилофи виҷдон аст ва ман онро комилан маҳкум мекунам”.

 

Равина Шамдасонӣ, нотиқаи дафтари Комиссари олии ҳуқуқи башар, гуфт, “ин ҳамла хунинтарин ва харобкортарин ҳодисаи даврони охирин аст. Бояд пурсуков ва мустақил тафтиш шавад”.

Русия ва Чин ҳамла ба мактаби Минобро қатъиян маҳкум кардаанд. Русия онро “ваҳшиёна” ва “ғайриинсонӣ” хонда, ба ИМА ва Исроил нисбат додааст. Чин ҳам ҳамла ба кӯдаконро “қатъиян маҳкум” кардааст.

Аз кишварҳои аврупоӣ то ҳол танҳо Италия ҳамла ба мактаби Минобро ба таври равшан ва мустақим маҳкум кардааст. Сарвазири Италия Ҷорҷия Мелонӣ дар сенат гуфт, “қатли духтарони мактаби Миноб”-ро сахт маҳкум мекунад ва талаб кард, “гунаҳкорон ҳарчи зуд муайян шаванд”.

Дигар кишварҳои аврупоӣ то ҳанӯз мушаххас дар бораи ин фоҷеа ҳарфе назадаву изҳороте интишор накардаанд. Демократҳои сенати Амрико, тавре гуфта шуд, тафтишотро талаб карданд.

Дигар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи ин ҳодиса мушаххас изҳороте надодаанд.

 

Расонаҳо чӣ гуна ин террорро инъикос карданд?​​​​​​​

Ин фоҷиа ҳоло дар сархати хабарҳои бонуфузтарин расонаҳои ҷаҳон, аз ҷумла NYT, Washington Post, BBC, CNN, Al Jazeera, Guardian, Reuters, CBC ва NPR қарор гирифтааст. Аммо аксари ин расонаҳо дар як ҳафтаи аввали баъди ин фоҷеа хомӯширо ихтиёр карда буданд. Вале акнун на танҳо хабар нашр карданд, балки даст ба таҳқиқоти мустақил низ заданд.

Бо вуҷуди ин, тарзи инъикоси мавзӯъ аз ҷониби расонашиносон ва коршиносон мавриди интиқод қарор гирифтааст. Аз ҷумла, Маризюш Завадзки, рӯзноманигори лаҳистонӣ аз нашрияи “Газета Виборча”, гуфтааст, ки дар ҳафтаи аввали пас аз ҳамла, расонаҳои ғарбӣ ин ҳодисаро тақрибан нодида гирифтанд ва ба он аҳамияти лозим зоҳир накарданд.

 

Энни Шил, коршиноси Маркази ҳимояи ғайринизомиён дар муноқишаҳо (CIVIC) бошад, ба раванди маъмул дар сиёсати Амрико ишора кардааст: “Дар солҳои охир борҳо шоҳид будем, ки Вашингтон аввал даст доштани худро дар ҳамлаҳо инкор мекунад, вале баъдан таҳқиқоти мустақили расонаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳақиқати талхро ошкор месозад”. Ба гуфтаи ӯ, ин дафъа низ хатари он вуҷуд дорад, ки мақомот бо истифода аз фурсат ҳақиқатро пинҳон кунанд.

Ба қавли коршиносон, ҳарчанд расонаҳои байналмилалӣ дар ниҳоят ба таҳқиқи ҳодиса пардохтанд, аммо таъхир дар вокуниш ва эътимоди аз ҳад зиёд ба изҳороти расмии мақомоти амрикоӣ нишон медиҳад, ки фишори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ошкор кардани воқеият нақши калидӣ дорад.

 

Рӯзноманигори тоҷикҳам нигарон аст…​​​​​​​

Мардони Муҳаммад, рӯзноманигори тоҷик, ки беш аз 20 сол дар бахши форсии ВВС дар Лондон фаъолият кардааст, рӯзи 5-уми март дар мусоҳиба бо рӯзноманигори “Азия-Плюс” на танҳо ин ҳамла, балки шеваи инъикоси ин фоҷиа дар расонаҳои ғарбиро шадидан интиқод кард.

 

Бояд зикр кард, ки ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Эрон аз сӯйи низомиёни Амрико дар ҷомеаи худи Амрико ҳам шадидан маҳкум мешавад ва ҷонибдорони таҳқиқи он ва муҷозоди омилони он рӯз аз рӯз бештар мешавад. Ҳоло Кунгураи Амрико ҳам ба ин қазия таваҷҷуҳ карда, аз забони чанд намояндаи мардумӣ, таҳқиқи ин ҳамла ва ироаи гузориши муфассал дар бораи онро аз вазири дифоъ талаб дорад. Натиҷаи ин таҳқиқ ва гузориши муфассал метавонад мақомдорони оғозкунандаи ҷанг дар Ховари Миёнаро жарфтар ба варта фурӯ барад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 – Хатсайри нави ҳавоӣ дар масири Урумчи–Хуҷанд–Урумчи ифтитоҳ гардид.

Соли 2010 – Дар Душанбе намояндагии Пажӯҳишгоҳи фарҳангии ЭКО (Институти фарҳанги Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ) кушода шуд.

Соли 2012 – Беш аз 100 мағоза ва нуқтаҳои савдои бозори “Фаровон” дар Қурғонтеппа (Бохтари имрӯза) бар асари сӯхтор нобуд шуданд.

Соли 2015 – Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши асъорро тавассути нуқтаҳои шахсии мубодила манъ карда, онро танҳо тавассути бонкҳои тиҷоратӣ иҷозат дод.

Соли 2015 – Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ шуд.

Соли 2016 – Дар Тоҷикистон “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2019 – Дар натиҷаи низои навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Соли 2023 – Бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1930 – Зодрӯзи Ҷумъа Одина, нависандаи тоҷик.

Ҷумъа Одина факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқанд ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аввал муддате муаллимӣ карда, баъдан солҳои гуногун дар нашриёти “Ирфон”, маҷаллаи “Тоҷикистон”, Радиои Тоҷикистон, моҳномаи “Садои Шарқ”, рӯзномаи “Маориф ва маданият” фаъолият кардааст.

Аввалин навиштаҳояш солҳои шастум ба табъ расидаанд, аз ҷумла соли 1964 дар моҳномаи “Садои Шарқ” қиссаи аввалинаш – “Авроқи рангин”, ва баъдтар “Иншо дар мавзӯи озод” ба табъ расида, баъдан дар шакли китоби алоҳида чоп шуд. Баъдан маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи “Чанбари оташ”, романи “Гузашти айём” нашр шуданд. Пас аз вафоти нависанда бобҳое аз романи нотамоми “Искандари Мақдунӣ” дар матбуот чоп шуданд.

Ҷумъа Одина беш аз 20 асари нависандагони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.

Нависанда 14 сентябри соли 1982 дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1935 – Мавлуди Султон Сафаров, драматурги тоҷик

Султон Сафар хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкин буда, аввал ду сол дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша фаъолият намуд ва сипас дар вазифаҳои масъули вазорати фарҳанг кор кард. Ӯ як муддат директори киностудияи “Тоҷикфилм”, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва ҷонишини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.

Як қатор драмаҳои офаридаи ӯ дар театрҳо саҳнагузорӣ шудаанд, аз ҷумла, “Субҳи Хуҷанд”, “Қарзи виҷдон”, “Беватан”, “Қасос”, “Уқоб”, “Одамият”, “Ду хоҳарон”, “Пайраҳаи зиндагӣ”, “Бузбибӣ”, “Зан агар ба шӯр ояд”.

Султон Сафар соли 2008 дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1944 – Зодрӯзи Давлат Худоназаров, сиёсатмадор ва коргардони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Давлатназар Худоназаров яке аз коргардонҳои шинохтаи синамои тоҷик буда, як муддат раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон будт. Дар синамои тоҷик як қатор филмҳои мондагорро рӯйи саҳна овард. Аз ҷумла ӯ коргардони филмҳои “Ҷӯра Саркор”, “Субҳи аввалини ҷавонӣ” аст.

Ӯ дар сиёсат ҳам шахси шинохта аст. Ӯ аз соли 1989 Вакили халқии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)аз Тоҷикистон ва аъзои “Гурӯҳи байниминтақавии вакилон” дар Анҷумани 1 вакилони халқии СССР буд.

Соли 1991 аз ҷониби қувваҳои мухолифин дар интихоботи Президенти Тоҷикистон ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд.

Ин сиёсатмадори тоҷик соли 1993 ба ИМА муҳоҷират кард ва соли 1995 ба Маскав баргашт.

Вай чанд сол аст, аз фаъолияти сиёсӣ ва коргардонӣ канор рафта, бештар ба таҳқиқ ва пажӯҳиш рӯ овардааст. Ҳоло дар Маскав зиндагӣ дорад ва бештар бо фаъолиятҳои ҷамъиятӣ машғул аст.

"Азия-Плюс" бахшида 75-солагии Давлат Худоназаров соли 2019 андешаҳои ӯро гирдоварӣ намуд, ки дар замони гуногун ба расонаҳо баён доштааст. Ин гуфтаҳо то андозае ҳолу ҳавои ӯро дар лаҳзаҳои мухталифи ҳаёташ бозгӯй мекунанд. Бо ин гуфтаҳоро дар ин пайванд метавонед шинос шавед: “Қонуни зиндагӣ”-и Давлат Худоназаров.

Соли 1946 – Мавлуди Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Толиб Шаҳидӣ, фарзанди Зиёдулло Шаҳидӣ яке аз оҳагсозони маъруфи тоҷик буда, бо фаъоляити худ дар саҳнаи ҳунари тоҷик ва офаридани намоишномаҳо барои театрҳо мавқеи хоса дорад.

Ӯ як муддат дар Киностудияи “Тоҷикфилм”, Телевизиони Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият кардааст. Шаҳидӣ дар бисёр жанрҳо асарҳо офаридааст, ки ҷумла дорои тобишҳои миллӣ буда, нақши манбаҳои мардумӣ дар онҳо инъикос меёбад.

Ӯ муаллифи асарҳои саҳнавии “Спитамен”, “Юсуф ва Зулайхо”, “Зани зебо ва ғул”, ва операву балетҳои “Марги судхӯр”, “Рубоиёти Хайём”, “Хотираи дил”, “Сиёвуш”, “Амир Исмоил” ва дигар асарҳои саҳнавӣ аст.

Соли 1974 – Зодрӯзи Зулфия Давлатзода, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон.

 

Зулфия Давлатзода дар риштаи филологияи шарқ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳсил карда, фаъолияти худро ҳамчун рӯзноманигор дар идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз кардааст. Сипас, соли 2007 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таъйин гардида, баъди як сол Сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ таъйин шуд ва то соли 2014 фаъолият кард.

Солҳои 2014-2015 директори Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ВМКБ буд ва соли 2015 муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин шуда, то соли 2020 дар ин мақом кор кард.

24-уми январи соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, моҳи январи соли 2024 аз вазифа озод шуд.

Ҳоло ӯ сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

13 марти соли 1917 аввалин шумораи рӯзномаи “Известия” бо номи “Известия Петроградскаго совета рабочих депутатов” нашр шуд. Ин рӯзнома ба нашрияи расмии ҳукумати нав табдил ёфта, дар саҳифаҳои он хабарҳои муҳим чоп мешуданд.

«Известия» аввалин рӯзномаи шӯравӣ буд, ки хабарнигорони мустақили худро дошт. Ҳафт сол пас, шабакаи васеи хабарнигорон, аз ҷумла намояндагиҳои хориҷиро таъсис дод. Аз августи соли 1991, рӯзнома ба нашрияи мустақил табдил ёфт. 

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 9+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 3-5º сард, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 0+2º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 13 ба 14-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Таъини ректорро бо мо мувофиқа накарданд”. Муовини вазири маорифи Русия гуфт, маблағгузории Донишгоҳи славянӣ қатъ шудааст

0

Константин Могилевский, муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Русия гуфтааст, ки Русия маблағгузории Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русияро муваққатан қатъ кардааст. Сабаби қатъи маблағгузорӣ, бидуни мувофиқа бо Русия таъин кардани ректори нав дар ин донишгоҳ будааст. Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ин мушкилро тасдиқ карда, гуфтанд, “он ба зудӣ ҳалли худро меёбад”.

Моҳи ноябри соли 2025 бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Машраб Файзулло аз вазифаи ректор озод ва ба ҷойи ӯ Илҳомиддин Иброҳимзода таъин шуд.

 

Могилевский дар мусоҳиба бо радиои русии Sputnik гуфтааст, созишномаи байниҳукуматии амалкунанда муқаррар кардааст, ки ректори донишгоҳ аз миёни номзадҳое таъин мешавад, ки бо тарафи Русия мувофиқа шудаанд. Аммо ин тағйироти ахир бо Русия мувофиқа нашудааст.

“Мо созишномаи байниҳукуматӣ дорем, ки тибқи он кор мекунем. Созишномаи навро тайёр мекунем, аммо созишномаи кӯҳна – амалкунанда мавҷуд аст, ки дар он навишта шудааст: ректор мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон аз миёни номзадҳое таъин мешавад, ки бо Русия мувофиқа шудаанд. Аммо касе аз мо напурсид, ҳеҷ номзаде бо мо мувофиқа нашуд, назари моро нагирифта қарор қабул карданд. Мо ин қарорро қабул карда наметавонем”, – гуфтааст Могилевский.

Ӯ таъкид кард, ки Русия аз шахсияти ректори нав нигарон нест, балки масъала вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ аст. Аз ин рӯ, маблағгузории донишгоҳ муваққатан қатъ карда шудааст, ба истиснои маоши кормандон: “Маблағи маошро мефиристем, аммо барои маблағгузориҳои дигар интизор мешавем, то масъала равшан шавад”.

Ба гуфтаи Константин Могилевский, ҷониби Русия аз Тоҷикистон талаб дорад, ки ин хаторо ислоҳ ва чанд номзадро барои мувофиқа пешниҳод кунад.

 

Душанбе чӣ мегӯяд?

Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки чунин мушкил вуҷуд дорад ва ба наздикӣ он ҳал хоҳад шуд.

Хуршед Мавлонов, сухангӯи ин вазорат ба мо гуфт, ки мувофиқаи ректори таъйиншуда – Илҳомиддин Иброҳимзода баррасӣ мешавад.

“Мувофиқаи ректори тозатаъйин дар баррасӣ аст. Маоши омӯзгорон қатъ нашудааст ва кори донишгоҳ мисли пештара идома дорад”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Донишгоҳи славянии Тоҷикистон – Русия яке аз муассисаҳои таълимии муштараки ду кишвар буда, дар асоси созишномаи байниҳукуматӣ фаъолият мекунад. Ин донишгоҳ яке аз марказҳои асосии таълим ба забони русӣ дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Коршиносон ин донишгоҳро як васила пешбурди нерӯи нарми Русия дар Тоҷикистон медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз се шарти Пизишкиён барои поёни ҷанг то қабули қатъномаи СММ зидди Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна

0

Бо ворид шудан ба рӯзи 13-уми ҷанг алайҳи Эрон, вазъ дар минтақаи Ховари Миёна печидатар мешавад. Буҳрони нафт низ доманааш васеъ мегардад. Бо ин ҳол, шаби гузашта Шӯрои амнияти СММ қатъномаеро зидди Эрон қабул кардааст, ки аз Теҳрон даъват мекунад, ба кишвари сеюм ҳамла накунад. Вале дар он ҷое аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ёдоварӣ нашудааст.

 

Вале ҳамлаҳои тарафҳои даргир ҳамчунон идома дорад.  Аз ҷумла бомдоди 12-уми март Исроил аз ҳамлаҳои нав ба Эрон хабар дода, дар Теҳрон, Кошон ва чанд шаҳри дигар садои таркишҳо шунида шудааст.

Дар посух, расонаҳои Эрон аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба пойгоҳҳои нафтии Исроил ва пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ховари Миёна хабар доданд.

Рӯзи гузашта Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар саҳифаи “Х”-и худ се шарти поёни ҷанг бо Амрикову Исроилро гуфт: “Танҳо роҳи поёни ҷанг, ки бо оташафрӯзии режими саҳюнистӣ ва Амрико оғоз шуд, пазириши ҳуқуқи мусаллами Эрон, пардохти товон ва муҳокимаи қатъии байналмилалӣ барои манъ кардани таҷовузи дубораи онон аст”.

 

Таҳдиди ҳамла ба бандарҳо ва афзоиши нархи нафт

Дар ҳамин ҳол, Амрико рӯзи гузашта аз сокинони наздисоҳилии бандарҳои Эрон дар наздики тангаи Ҳурмуз хост, аз ин минтақа дур шаванд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз шарти Теҳрон барои убури нафткашҳо то идомаи ҳамлаҳо ба Эрон ва зарбаҳо ба Исроил. Ҷанг дар Эрон вориди рӯзи 12-ум шуд

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи 11-уми март гуфтааст, нерӯҳои ин кишвар “наметавонанд, амнияти афродеро, ки дар наздикии ин таъсисот боқӣ мондаанд, кафолат диҳанд”. Ба иддаои онҳо дар бандарҳо таъсисоти нерӯҳои дарёии Ҷумҳурии Исломӣ мустақар ҳаст.

Пас аз ин Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ махфӣ шудани нерӯҳои дарёиро дар бандарҳо рад карда, таъкид кард, ки агар Амрикову Исроил ба таъсисоти бандарии Эрон ҳамла кунанд, бандарҳои минтақаро ҳадаф қарор хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки нархи нафт дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш меёбад.

Субҳи 12-уми март нархи нафти хом 9% афзоиш ёфта, дубора ба 100 доллар барои як бушка расидааст. Рӯзи 9-уми декабр нархи як бушка нафти хом ба 110 доллар расида буд.

Дар зимн, кишварҳои узви Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ ба қароре омадаанд, ки барои идораи қимати нафт 400 миллион бушка нафт ба бозор ворид кунанд. Қарор аст, ин ҳаҷм нафт аз захираҳои кишварҳои узви ин созмон ба бозор бароварда шавад ва 172 миллион бушкаи он танҳо ба Амрико рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, “Росатом”, ширкати давлатии энержии ҳастаии Русия гуфтааст, дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар ҳоли берун овардани кормандони  худ аз нерӯгоҳи ҳастаии “Бушаҳр” аст.

Ин ширкат 11-уми март гуфтааст, ки 150 кормандаш тариқи марзи Арманистон аз Эрон хориҷ шудаанд, вале ҳудуди 450 нерӯи онҳо ҳанӯз дар нерӯгоҳ ҳастанд.

Нерӯгоҳи “Бушаҳр”, ки аз тарафи Русия сохта шудааст, танҳо нерӯгоҳи ҳастаии фаъол дар Эрон аст.

Алексей Лихачёв, роҳбари “Росатом” гуфта буд, вазъият перомуни нерӯгоҳи ҳастаии “Бушеҳр” ҳамчунон пуртаниш аст, аммо ҳеҷ ҳамлае ба худи нерӯгоҳ ё маҳали лоиҳаҳои дар ҳоли сохтмон сурат нагирифта аст.

 

Қатъномаи СММ дар бораи Эрон бе ёдоварӣ аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил

Ин дар ҳолест, ки Шӯрои амнияти СММ шаби гузашта қатъномаеро қабул кардааст, ки аз Эрон мехоҳад, ҳамла ба кишварҳои Халиҷи Форсро қатъ кунад.

Қабули қатънома дар ҷаласаи Шӯро  бо 13 райъи мувофиқ қабул шудааст. Русия ва Чин аз додани райъ худдорӣ кардаанд.

Ин қатънома ҳамлаҳои Эрон ба кишварҳои ҳавзаи Халиҷи Форс ва Урдунро маҳкум карда, аз Эрон хостааст, ки “фавран” тамоми ҳамлаҳову таҳдидҳоро қатъ кунад.

Қатънома ҳамчунин, ҳаргуна иқдоми Эрон, ки “боиси баста ё халал дар киштиронии байналмилалӣ дар тангаи Ҳурмуз мегардад”-ро маҳкум кардааст.

Дар ин қатънома ҷое ишора аз ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Амир Сайид Ирвонӣ, сафири Эрон дар СММ дар ин ҷаласа гуфт, “ин қатънома зулми ошкоро алайҳи кишвари мо аст, ки қурбони аслии як иқдоми таҷовузкорона ва возеҳ аст”.

“Ин қатънома воқеиятҳои мавҷудро таҳриф карда, амдан далелҳои решаии буҳрони кунуниро нодида мегирад”, изҳор доштааст Ирвонӣ ва илова кардааст, ки аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дастикам 1 ҳазору 348 нафар кушта шуда ва беш аз 17 ҳазор тан маҷрӯҳ гаштааст.

Ҷумҳурии Исломӣ аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон, ки 28-уми феврал шуруъ шуд, таъкид кард, ки танҳо пойгоҳҳо ва маконҳоеро ҳадаф қарор медиҳад, ки Амрико аз онҷо барои ҳамла ба Эрон истифода кардааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон

Дар ин баробар, дар ҷараёни ҷаласа қатъномаи пешниҳодии Русия барои боз доштани фаврии даргириҳои Амрикову Исроил бо Эрон раъйи зарурӣ ба даст наовард ва рад шуд. Ба ин қатънома 4 раъйи мувофиқ, 2 раъйи мухолиф дода шуда, 9 аъзо аз раъй худдорӣ кардаанд.

Сафирони кишварҳои ҳошияи Халифи Форс пеш аз райъгирии қатъномаи Шӯрои амният гуфтаанд, ки давоми 12 рӯзи ҷанг 950 мушак ва 2 ҳазор 500 паҳпод аз сӯи Эрон ба кишварҳои онҳо партоб шудааст.

 

"Ню-Йорк Таймс": Амрико дар ҳафтаи аввали ҷанг алайҳи Эрон беш аз 11 млрд доллар масраф кардааст

Дар ҳамин ҳол, нашрияи амрикоии "Ню-Йорк Таймс" гузориш додааст, ки Вазорати ҷанги Амрико масрафи ҳафтаи аввали ҷанг дар Эронро “11,3 миллиард доллар” арзёбӣ кардааст.

Ин расона навиштааст, ки Вазорати ҷанги Амрико гузориши хароҷоти ҷангро дар ҷаласае пушти дарҳои баста ба Кунгураи ин кишвар ироа кардааст.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи манбаъ, ин арзёбӣ "баъзе ҷанбаҳо”-и ҷанги Амрико дар Эрон, аз ҷумла, ҷойгиркунии таҷҳизот ва низомиёни амрикоӣ пеш аз ҳамларо дар бар намегирад.

 

Вазъ дар кишварҳои дигари Ховари Миёна

Шабонарӯзи гузашта ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва посухи “Ҳизбуллоҳ” ба ин кишвар идома дошт.  Эрон шоми чоршанбеи 11-уми март аз ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ ба шаҳрҳо ва пойгоҳҳои низомии Исроил дар шаҳрҳои Телавив ва Ҳайфо хабар дод. Ин гурӯҳ мегӯяд, ҳамчунин ба нерӯҳои исроилӣ дар ҷануби Лубнон зарба задааст. Дар посух, Исроил аз ҳамла ба пойгоҳҳои “Ҳизбуллоҳ” хабар дод.

“The Times Of Israel” ҳамлаҳои шаби гузашта ба Исроилро ҳамлаҳои ҳамоҳангшудаи Эрон бо “Ҳизбуллоҳ” номида, менависад, ки дар ин ҳамла шомгоҳи 11-уми март беш аз 200 мушак ба сӯи Исроил партоб шудааст. Дар пайи ин ҳамлаҳо ду нафар дар Исроил захмӣ шудааст. Вазорати тандурустии Исроил мегӯяд, давоми шабонарӯзи гузашта 179 ва аз оғози ҳамлаҳои Эрон ба ин кишвар 2 ҳазор 745 нафар захмӣ шудааст.

Расонаҳо мегӯянд, ҳамлаҳои шаби гузашта ба Исроил шадид буд ва дар даҳҳҳо минтақаи ин кишвар “бонги хатар” ба садо даромадааст.

Дар ҳамлаи Исроил ба як мошини сабукрав дар Лубнон субҳи 12 март 7 нафар кушта шудааст. Ҳамчунин, аз ҳамлаҳо ба минтақаҳои маскунӣ гузориш дода мешавад, ки даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузоштааст.

Дар зимн, мақомоти Лубнон эълон кардаанд, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил давоми даҳ рӯзи гузашта ба Лубнон дастикам 634 нафар кушта шудаанд, ки 91 нафари онҳо кӯдаконанд. Ҳамчунин, беш аз 1,5 ҳазор маҷрӯҳ ва беш аз 816 ҳазор овора сабт шудааст.

Дар кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ҳам вазъ печидатар мешавад. 11-уми март ба як таъсисоти нафтӣ дар бандари Салолаи Уммон ҳамла шуда, боиси оташ гирифтани анборҳои нафт шудааст. Хабаргузории “Ал-Ҷазира” иттилоъ дод, ки чандин паҳпод ба ин таъсисоти захирасозӣ партоб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, қароргоҳи маркази “Хотам-ул-анбиё”-и Эрон изҳор доштааст, “ҳодисае, ки дар бандари Салолаи кишвари дӯст, ҳамсоя ва бародари Уммон иттифоқ афтода аст, бисёр машкук аст. Эрон дар ҳоли баррасӣ ин мавзуъ аст”.

Мақомоти Ироқ низ аз ҳамла ба ду нафткаш дар обҳои Халиҷи Форс хабар додаанд, ки дар оташсӯзии онҳо дастикам як нафар кушта шудааст. Мақомоти Ироқ то кунун 38 нафарро аз ин ду нафткаш наҷот додаанд ва гуфта мешавад, корҳои наҷотдиҳӣ идома меёбад. Манбаи ҳамла ба нафткашҳо маълум нашудааст ва дар пайи он Ироқ аз қатъи содирои нафт хабар додааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна

Тибқи маълумоти амалиёти тиҷорати дарёии Бритониё то 11-уми март дар маҷмуъ ба 13 киштӣ дар тангаи Халиҷи Форс, тангаи Ҳурмуз ва Халиҷи Уммон ҳамла шудааст.

Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ бомдоди 12-уми март аз раҳгирии 18 паҳпод дар шарқи ин кишвар хабар дод, вале гуфта нашудааст, ки ин паҳподҳо аз куҷо партоб шудааст.

Зимнан, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҷоршанбеи 11-уми март гуфтааст, ки гурӯҳе аз мутахассисони укроинии зидди паҳподи худро ба кишварҳои Халиҷи Форс фиристодааст.

Аз ин кишварҳо Қатар, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ ном бурда шудааст.

“BBC” хабар медиҳад, ки маҳдудиятҳо ва сонсури шадид дар Исроил ва кишварҳои Халиҷи Форс гирифтани иттилои дақиқ аз асари ҳамлаҳо ба ин кишварҳоро сахт кардааст. 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Чин дили бемори 9 кӯдаки тоҷикро ройгон ҷарроҳӣ мекунанд

0

Табибони чинӣ 9 кӯдаки гирифтори бемории қалб аз Тоҷикистонро дар шаҳри Тсиндаои Чин ройгон ҷарроҳӣ мекунанд. Кӯдакон ҳамроҳи яке аз волидайни худ имрӯз, 12-уми март барои табобат ба ин кишвар сафар мекунанд. Харҷи сафар ва будубош низ аз сӯйи Чин пардохт мешавад.

Маросими гусели кӯдакони дорои бемории қалб, дар бинои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии Тоҷикистон бо ширкати Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ  ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, Го Ҷитсзюн, сафири Чин дар Тоҷикистон ва Ян Ҳуй, роҳбари Маркази ташхисию табобатии “Чину Тоҷикистон”  баргузор шуд.

Зулфия Абдусамадзода, зимни гусели кӯдакон гуфт, дар Тоҷикистон теъдоди тифлоне, ки бо нуқсонҳои модарзодии қалб ба дунё меоянд, назар ба солҳои гузашта зиёд шудааст.

“Имрӯз мо ташхсиси фаросавтӣ мегузаронем, то дар дохили батни модар кӯдакони дорои нуқсонҳои модарзодиро пешгирӣ намоем. Новобаста ба ин ҳамасола, 2 ҳазор кӯдак бо нуқсони модарзодӣ (аз 264 ҳазор таваллудшуда) ба дунё меоянд, ки ин хеле ташвишовар аст”,-таъкид кард Абдусамадзода.

Ба иттилои ӯ, ҳар сол дар дармонгоҳи шаҳрии №2-и шаҳри Душанбе ва беморхонаи “Истиқлол” то 250 кӯдаки бемор ройгон ҷарроҳӣ карда мешаванд.

Ян Ҳуй ба “Азия-Плюс” гуфт, ташхиси кӯдакони дорои бемории қалб аз ҷониби 4 табиби чинӣ ҳанӯз дар моҳи август сурат гирифта буд. Кӯдаконе, ки барои ҷарроҳии ройгон интихоб шудаанд, аз 1 то 12-сола ҳастанд.

“Табобати 10 бемори қалб дар нақша буд, вале наздик ба 25 нафар дар рӯзи ташхис ҳозир шуданд. Мо дар аввал даҳ кӯдакро вобаста аз вазъи саломатӣ ва шароити молиашон интихоб кардем, вале бинобар сабабе, ки як нафари онҳо вазъи ниҳоят вахим дошт, аз рӯйхат берун кардем. Ҳоло 9 кӯдак, ки чор нафари онҳо бемориашон ҷиддитар аст, барои табобат ба Чин мефиристем ва дар онҷо ройгон ҷарроҳӣ мешаванд”,-гуфт Ян. 

 

Ҳамсуҳбати мо гуфт, аксари кӯдаконие, ки барои ҷароҳҳӣ ба Чин мераванд, дар Тоҷикистон имкони молии табобат надоранд.

Исфандиёр Шуҳратов, падари яке аз кӯдакон ба “Азия-Плюс” гуфт, бо сабаби надоштани маблағи ҷарроҳӣ натавонист тӯли солҳо фарзандашро табобат кунад.

“Муроҷиат кардем, моро дастгирӣ карданд, ҳамаи ҳуҷҷатҳоро омода карданд ва имрӯз ба Чин меравем. Хушҳолам, чун духтарам, ки аз замони ба дунё омаданаш аз бемории қалб ранҷ мекашид, ҷарроҳӣ шуда сиҳат мешавад”,-гуфт номбурда.

 

Бояд гуфт, ки ҳамасола даҳҳо кӯдаки тоҷик дар Тоҷикистон ва ё хориҷи кишвар аз бемории дил ройгон ҷарроҳӣ мешаванд. Аз ҷумла, чанд рӯз пеш Маркази ҷумҳуриявии илмии дилу рагҳо хабар дод, ки табибони ин марказ кӯдакони дорои бемориҳои дилро ройгон ташхис ва ҷарроҳӣ мекунанд. Ин иқдом ба муносибати моҳи шарифи Рамазон амалӣ карда шуда, “аз ҳисоби фондҳои хайрхоҳӣ пӯшонида мешавад”.

Ҳамчунин, соли 2024 низ 10 кӯдаки дорои бемории дил аз Тоҷикистон аз сӯи табибони чинӣ дар Чин ҷарроҳӣ шуда буданд.

Қаблан, табибони Имороти Муттаҳидаи Араб ҳам дар беморхонаи “Истиқлол”-и Душанбе кӯдакони дорои нуқсони дилро ройгон ҷарроҳӣ карда буданд.

Бемории қалб, яке аз маъмултарин маризӣ дар кӯдакон аст, ки ба таъкиди мутахассисони соҳаи тиб ин беморӣ метавонад дар ҳафтаҳои аввалини ҳомиладорӣ пайдо шавад ва сабаби он омилҳои гуногуни генетикӣ ва муҳити зист буда метавонад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти 7 тан бо гумони муомилоти 100 кг маводи мухиддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон

0

Мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон аз боздошти 7 “аъзои ду гурӯҳи нашъаҷаллоби фаромиллӣ” хабар доданд, ки ба муомилоти 100 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, афюн ва ҳабҳои психотропӣ гумонбар мебошанд. Ин гурӯҳҳо маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид карда, нияти фурӯш дар дохил ва хориҷи кишварро доштаанд.  

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар барномаи “Ахбори ВКД”, ки рӯзи 11-уми март нашр шуд, аз боздошти 5 нашъаҷаллоб хабар дода, аз саркардаи ин гурӯҳ Ғолибҷон Ғаниев, сокини 39-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ном бурда, гуфтааст, ӯ қаблан 7 сол зиндонӣ шудааст.

Мақомот аз дигар аъзои ин гурӯҳ Маҳмадроиб Асроров, Ҳакимҷон Маҳмадҷонов, ки қаблан 6 сол зиндонӣ шудааст, сокинони 52 солаи ноҳияи Рашт ва Фирӯз Мирзоеви 31-сола, Мухтор Раҷабови 41-сола, ки пештар ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст, сокинони ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ном бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, аъзоёни ин гурӯҳ, “воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, афюн ва моддаи психотропии “метамфитамин”-ро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт ба фурӯш баровардаанд”.

Мақомот гуфтаанд, гумонбарон “аз Ҷумҳурии Афғонистон воситаҳои нашъадорро дарёфт карда, бо мақсади минбаъд ба хориҷи кишвар интиқол додан ба минтақаи Рашт ва шаҳри Душанбе оварда, пинҳон кардаанд”.

“Моҳи ноябри соли 2025 дар ду марҳила 80 баста воситаҳои нашъадори навъи ҳашиш, афюн ва моддаи психотропии “метамфитамин”-ро тавассути Юсуф, шаҳрванди Афғонистон қабул намуда, бо ҳамроҳии яке аз аъзоёнашон Фирӯз Мирзоев 41 бастаи онро дар яке аз махфигоҳи худ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва қисми дигарро дар ноҳияи Шоҳмансур пинҳон кардаанд”,-гуфтааст ВКД.

Дар навори мақомот, Ғолибҷон Ғаниев иқрор мешавад, ки ба муомилоти маводи мухаддир даст задааст. Таҳти кадом шароит сабт шудани ин иқрор маълум нест.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Як сокини вилояти Хатлон ва ду шаҳрванди хориҷӣ бо гумони қочоқи маводи мухаддир аз 14 то 19 сол зиндонӣ шудаанд

Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз пеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) низ бо нашри як гузориш аз боздошти 2 коҷоқбар, ки як тани онҳо шаҳрванди Афғонистон аст, хабар дода гуфт, аз онҳо 20 кг маводи мухаддир мусодира шудааст.

Ин ниҳод гуфтааст, Оятулло Одинаев, шаҳрванди Тоҷикистон бо Муборакшо Шайдулло, шаҳрванди Афғонистон аз соли 2023 то инҷониб ҳамкорӣ дошта, мунтазам ба қоҷоқ ва муомилоти маводи мухаддир машғул будаанд. 

“Моҳи феврали соли 2026 Оятулло Одинаев ва Муборакшо Шайдулло 20 баста маводи мухаддири навъи ҳашишро дастрас ва бо мақсади фурӯш ба шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд”,- гуфта шудааст дар гузориши мақомот.

Ҳарду гумонбарон дар гузориши нашркардаи мақомот иттиҳомоти алайҳашон воридшударо қабул кардаанд. Вале дар кадом шароит сабт шудани ин изҳорот маълум нест.

Мақомот мегӯянд, нисбати боздошшудаҳо бо иттиҳоми “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ… ба миқдори махсусан калон” (моддаи 200, қисми 4, банди “д”-и КҶ) парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад. Ин банди қонунгузорӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари гумонбарони дигар дар робита ба ин қазия маълум нест.

Вақтҳои охир мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон дар робита ба боздошту зиндони кардани гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар кишвар зиёд иттилоъ медиҳанд.

Тибқи маълумоти Оҷонсии зиддинашъаи Тоҷикистон, соли гузашта 22 шаҳрванди хориҷӣ барои воридоти маводи мухаддир ба Тоҷикистон дастгир шудаанд. Аз онҳо 275 кг маводи нашъадор мусодира гардид.

Ин ниҳод иттилоъ дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ, соли гузашта 5 тоннаву 280 килограмм маводи нашъадорро мусодира кардаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 898 килограму 835 грам (21%) зиёд аст. Аз ин 2 тоннаву 742 килограм (соли 2024 – 1 тоннаву 824 кг) маводи мухаддир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон мусодира шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ФАВРӢ: Чаҳор муттаҳами асосии ҳамла ба “Крокус” ҳукми абад гирифтанд

0

Додгоҳи низомие дар Маскав Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов, гумонбарони асосии ҳамла ба толори консерти "Крокус Сити Ҳол" дар канораи Маскавро, ки ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд,  ба ҳабси абад маҳкум кардааст.

Ба навиштаи BBC, додгоҳ бо арзёбии тафтишот, ки гӯё ин чор нафар узви ДОИШ-и Хуросон* ҳастанд, розӣ шудааст. 

Ҳамчунин, 11  гумонбари дигар ҳам ба ҳукми абад маҳкум шуда, 4 тани дигар аз 19 то 22 сол зиндонӣ шуданд.

Манбаъ аз ин 11 нафар Умедҷон Солиев, Мустақим Солиев, Шаҳромҷон Гадоев, Зубайдулло Исмоилов, Ҳусейн Ҳамидов, Муҳаммад Шарифзода, Ёкубҷон Юсуфзода, Лутфуллои Назримад, Ҷумахон Қурбонов, Ҳусен Медов ва Ҷабраил Аушев ном бурдааст. Ба ғайр аз Медов ва Аушев, ки шаҳрвандони Ингушистон ҳастанд, дигар ҳама шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.

Қаблан, айбдоркунандаи давлатӣ ҳам ин ҷазоро талаб карда буд.

Бар асоси ҳукми додгоҳ, ҳар яки онҳо ҳамчунин 990 ҳазор рубл (12,5 ҳазор доллар) ҷарима бояд пардохт кунанд.

Ба навиштаи манбаъ, чаҳор гумонбари асосӣ, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, аз ҷониби додгоҳ барои омӯзиши фаъолиятҳои террористӣ, муомилоти ғайриқонунии силоҳ, иштирок дар фаъолияти ташкилоти террористӣ ва содир кардани амали террористӣ гунаҳкор дониста шудаанд.

Манбаъ мегӯяд, дар санади айбдоркунӣ гумонбарон ба чанд гурӯҳ ҷудо шудаанд. Аз ҷумла, ду нафар ба табдил додани силоҳи ғайриҷангӣ ба силоҳи ҷангӣ, панҷ нафари дигар ба интиқоли силоҳ ва тир ба иҷрокунандагони ҳамла, чор нафар дар таъмини молиявӣ, аз ҷумла, пардохти иҷораи манзил муттаҳам шудаанд. Ба гуфтаи тафтишот, баъзеи дигарон иртибот ва интиқоли маблағро таъмин мекарданд, аз ҷумла табдили рамзарз ба рубл.

 

Ҳамчунин Алишер Қосимов, шаҳрванди Қирғизистон, соҳиби манзиле низ, ки ба гуфтаи тафтишот, “аз мақсади ба иҷора гирифтани манзил огоҳ будааст”, ба 22 солу 10 моҳ зиндонӣ шудааст ва хонаи ӯро мусодира кардаанд.

Ҳамчунин, Исроил, Диловар ва Аминҷон Исломовҳо, шаҳрвандони Тоҷикистон, се узви як оилае, ки гуфта мешавад, ҳамлагарон аз онҳо мошини "Рено" харида, бо он баъди ҷиноят фирор кардаанд, ба шарикӣ дар ҷиноят муттаҳам ва ба 22 солу 10 моҳ зиндон маҳкум шудаанд. Гарчанде чанд рӯз пеш аз ҳамла онҳо мошинро фурӯхта ва пас аз дидани мошин дар телевизион ба пулис муроҷиат карда будаанд.

Додгоҳ ҳамчунин қарор кардааст, ки аз маҳкумшудаҳо ба фоидаи ҷабрдидаҳо 200 миллион рубл ситонида шавад.

Назари онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ ба расонаҳо дастрас нест. Наздиконашон қаблан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки бовар надоранд, ин чор нафар даст ба чунин ҷинояте зада бошанд.

Ёдрас мешавем, ки ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар вилояти Маскав рӯзи 22-юми марти соли 2024 сурат гирифта, тибқи иттилои пешакӣ, 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб дида буданд.

Аммо айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиа аз 147 ҷонбохта ёд кардааст.

Тафтишоти ин ҳодиса, ки 4-уми августи соли 2025 оғоз шуд, қариб 7 моҳ идома карда, аз ҷониби Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ғарбии №2 ҳафтае се навбат пушти дарҳои баста ҷараён дошт. Моҳи гузашта Людмила Айвар, вакили дифои ҷабрдидагони ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” гуфта буд, барои гумонбарони ин ҳамла ҷазои сахттарин ва ҳабси абад талаб мекунад.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?

Ӯ афзуда буд, “дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ барои ҳамлагарони мустақим, инчунин дигар афроди марбут ба ин амали террористӣ ҷазои ҳарчи сахттар ва одилона – то ҳабси якумрӣ талаб мекунем".

Пештар хабаргузории ТАСС аз қавли вакили дифои ҷабрдидагон гуфта буд, ки Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода дар мурофиаи аввали додгоҳӣ "ба гуноҳашон иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ карданд". Аммо далеле дар ин самт пешниҳод нашуд. Назари худи муттаҳамон то ҳол рӯшан нест. Номаълум аст, ки онҳо вакили дифоъ доранд ё не.

Наздикону пайвандон ва ҳамсояву омӯзгорони ҳамаи гумонбарон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтанд, бовар надоранд, ки Муҳаммадсобир ФайзовДалерҷон МирзоевСаидакрам Раҷабализода ва Фариддуни Шамсиддин ҳамлаи террористӣ анҷом дода, даҳҳо нафарро кушта бошад.

Қаблан, масъулияти ҳамла ба толори консертии "Крокус"-ро гурӯҳи ДОИШ-и Хуросон ба уҳда гирифта, онро "интиқом аз кофирон" хонда буд.

Дар бораи ҷузъиёти ҳодиса ва бо гузашти як сол чӣ тағйирот дар он сурат гирифт, дар ин пайванд хонед.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳӣ террористӣ дониста мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тавсияи Вазорати нақлиёт ба ронандагони тоҷик дар шароити номусоиди ҳаво

0

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз корхонаҳое, ки масъули нигоҳубини роҳҳои кишвар ҳастанд,  даъват кардааст, ки ба номусоидии ҳаво аз ҷумла, боридани борону омадани сел, инчунин, фаромадани тарма омода бошанд. Ба ронандагон тавсия додаанд, ки зимни ҳаракат дар чунин ҳаво эҳтиёт бошанд.

Ин ниҳод, бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносии кишвар хабар додааст, ки охири моҳи март дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин, дар баъзе вилоятҳо ғафсии қабати барф то 30 сантиметр расида, инчунин сатҳи об дар дарёҳо баланд мешавад. Ба ғайр аз ин, хатари фаромадани сангу омадани сел дар роҳҳо вуҷуд аст.

Вазорат гуфтааст, ки бар асари боришоти зиёди рӯзҳои ахир дар қаламрави ВМКБ ва водии Рашт, селу тарма фаромада, ба чанд роҳи мошингарди кишвар зарар расонидааст.

"Дар километри 661-уми роҳи байналмилалии "Душанбе – Кулма", дар мавзеи Гундии ноҳияи Шуғнон, инчунин дар километри 33-юми роҳи автомобилгарди "Рӯшон – Бартанг" тарма фаромада, дар деҳаҳои Аличур ва Мамаддзоири ноҳияи Мурғоб, Хостав ва Сағирдашти ноҳияи Дарвоз сел омад, ки ҳаракати нақлиётро халалдор кард", – гуфтааст ин ниҳод.

ГАЛЛЕРЕЯ (3)



Ҳамчунин, вазорат гуфтааст, ки дар ноҳияҳои водии Рашт, бахусус дар Нуробод, Сангвор ва Лахш низ борону барф боиси фаромадани тарма ва омадани сел гардидааст. Ба иттилои Вазорати нақлиёт, аз моҳи феврал то имрӯз, дар роҳи байналмилалии автомобилгарди "Ваҳдат-Рашт-Лахш-сарҳади Қиргизистон" ва роҳи автомобилгарди "Лабиҷар-Сангвор-Қалъаихумб" фаромадани беш аз 30 тармаи хурду бузург ба қайд гирифта шудааст.

"Офатҳои табиӣ дар ноҳияҳои мазкур ба қабати роҳҳо ва инфрасохтори он осеб расониданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар баъзе маҳалҳо муваққатан қатъ гардид”, – омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.

Вазорат гуфтааст, ки ҳоло ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт дар ҳамаи роҳҳои кишвар барқарор гардидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазорати саноат гуфт, ки чаро дар Тоҷикистон пӯст кам коркард мешавад

0

Чанде пеш "Азия-Плюс" дар бораи он ки “Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?”, мақола навишт. Дар он бо истифода аз омор ва назари коршиносон вазъи соҳа мавриди таҳлил қарор гирифта буд. Қабл аз омода кардани мавод, мо барои гирифтани иттилои расмӣ ба Вазорати саноат ва технологияи нав бо номаи расмӣ муроҷаит карда будем. Вале то рӯзи нашри мақола, аз ин ниҳод посух наомад. Чанд рӯз баъд аз нашри мавод, вазорат ба саволҳои мо посух гардонид, ки онро манзури хонандагон мегардонем. 

Ба саволҳои "Азия-Плюс" Азиз Назар, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ посух додааст.

 

– Айни замон дар Тоҷикистон чанд корхонаи саноати коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол амал мекунанд? Иқтидори воқеӣ ва сатҳи сарбории онҳо (таъминот бо маводу ашё ва ҳаҷми истеҳсол) чӣ қадар аст?

– Дар ҷумҳурӣ 5 корхонаи коркарди пӯсти чорвои калону майда, инчунин 22 корхонаи истеҳсоли пойафзол амал мекунанд.

Дар соли 2025 дар ин соҳа, 639 447 дона пӯсти ҳайвонот коркард шуда, истеҳсоли пойафзол 880 000 ҷуфтро ташкил дод.

Аммо сатҳи сарбории иқтидорҳои истеҳсолӣ дар корхонаҳои коркарди пӯст паст боқӣ монда, ба ҳисоби миёна 30-40% аз нишондиҳандаҳои лоиҳавиро ташкил медиҳад.

Сабабҳои сатҳи пасти сарборӣ таҷҳизоти кӯҳнашудаи технологӣ, дастрасии маҳдуд ба ашёи хоми хушсифат, инчунин мавҷуд набудани талаботи бозор ба маҳсулоти истеҳсолшуда мебошад.

 

– Чаро бо истеҳсоли то 1,7 млн дона пӯст дар як сол, камтар аз 2%-и он коркард мешавад?

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Чаро пӯст дар Тоҷикистон хеле кам коркард мешавад?

– Ҳозир дар ҷумҳурӣ сатҳи пасти коркарди пӯст ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои асосии чунин вазъият нокофӣ будани технологияҳои муосири коркади аввалияи пӯст (бо шумули вайрону фарсуда шудан ва навъбандӣ), мавҷуд набудани корхонаҳои бузурги силсилаи мукаммал, ки бо таҷҳизоти муосир технологӣ таъминанд, инчунин фоидаоварии зиёдтари содироти ашёи хом дар муқоиса бо роҳандозии коркарди амиқ дар давраи ибтидоӣ маҳсуб меёбанд.

Ғайр аз ин, норасоии кадрҳои ҳирфаӣ дар ин соҳа низ яке аз мушкилоти назаррас шуморида мешавад.

 

– Чаро Тоҷикистон то ба ҳол содиркунандаи ашёи нимахоми арзон боқӣ монда, маҳсулоти тайёри гаронро мехарад?

– Дар соли 2025 маблағи содироти пӯсти дар сатҳи аввалия коркардшуда 1,8 млн долларро ташкил дод.

Сабабҳои асосии содироти пӯсти дар сатҳи аввалия коркардшуда инҳо мебошанд:

– нокофӣ будани таҷриба дар роҳандозии силсилаи мукаммали истеҳсолот;

– мавҷуд набудани мактабҳои махсуси тарроҳӣ ва муҳандисӣ;

– дастрасии маҳдуд ба бозорҳои байналмилалии фурӯши маҳсулоти тайёр.

 

– Барои зиёд кардани ҳаҷми коркарди ашёи хом дар дохили кишвар чӣ гуна тадбирҳо рӯйи даст гирифта мешаванд? Барои тағйир сиёсати содирот – гузаштан аз ашёи хом ба маҳсулоти тайёр, чӣ чораҳо андешида мешаванд?

– Барои зиёд кардани ҳаҷми коркарди ашёи хом дар дохили кишвар ва тағйири сиёсати содирот таъмиру навсозии иқтидорҳои мавҷуда ва сохтмони корхонаҳои нави силсилаи мукаммал бо таҷҳизоти муосири технологӣ зарур аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Корхонаи нави коркарди пӯст ба кор медарояд

Дар ин робита, Вазорат барои рушди соҳаи коркард ва истеҳсоли маснуот аз пӯст, лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷумла сохтмони корхонаи истеҳсоли маснуот аз пӯст, инчунин корхонаи истеҳсоли пойафзол таҳия кард ва онҳоро барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол намуд.

Дар лоиҳаҳои протоколҳои комиссияи байниҳукуматӣ бандҳои ҷудогона оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар ин соҳа ворид карда мешаванд. Барои амалисозии чунин ташаббусҳо ҷалби фаъолонаи сармоягузориҳои мустақим пешниҳод мешавад.

 

– Стратегияи рушди саноат то соли 2030 вобаста ба соҳаи коркарди пӯст чӣ гуна амалӣ мешавад?

– Дар Стратегияи рушди саноат дар Тоҷикистон дар давраи то соли 2030, ки бо қарори ҳукумат аз 27-уми марти соли 2018, №159 тасдиқ шудааст, афзалият додан ба коркарди пӯст то маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ шудааст.

Дар он зиёд кардани ҳаҷми коркарди пӯст то 2 млн дона то соли 2030 тариқи ҷалби сармояи мустақим, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бо таҷҳизоти муосири технологӣ, инчунин роҳ ёфтан ба бозорҳои нави содиротии фурӯши маҳсулот ба нақша гирифта шудааст.

 

– Сабаби дар соҳаи истеҳсоли маснуот аз пӯст ҳузур надоштани сармоягузорони бузург дар чист?

– Сабаби асосии ҳузур надоштани сармоягузорони бузург нокофӣ будани рақобатпазирии маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва талаботи маҳдуд дар бозори дохилӣ мебошад.

Истеҳсолкунандагони дохилӣ бо рақобати шадиди ширкатҳои бузург аз Чину Ҳиндустон, Покистону Бангладеш дучор мешаванд, ки онҳо дар миқёси истеҳсол ва арзиши аслии маҳсулот бартарияти назаррас доранд.

 

– Барои корхонаҳои саноати коркарди пӯст чӣ гуна тадбирҳои дастгирӣ аз ҷониби давлат (имтиёзҳо аз андоз, кумакпулиҳо, қарз) пешбинӣ шудааст?

– Барои ҳавасмандсозии рушди саноати коркарди пӯст аз ҷониби ҳукумат дар доираи Кодекси андоз ва Кодекси гумрук, инчунин дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Тоҷикистон имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ шудааст, ки ба фароҳам сохтани шароитҳои мусоид баҳри сармоягузорӣ ва таъмиру навсозии истеҳсолот дар ин соҳа равона шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Як ҷавони 28-соларо дар Деваштич барои куштори падараш 19 сол равонаи зиндон кардаанд

0

Додгоҳи вилояти Суғд як ҷавони 28-солаи сокини ноҳияи Деваштичро бо иттиҳоми куштори падари 62-солаааш 19 сол равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора, барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дода, гуфтааст, ҳодиса моҳи августи соли 2025 рух дода, писар бо зарби курсӣ ва панҷшоха падарашро ба ҳалокат расонидааст.

Мақомоти Суғд аз айбдоршаванда Ҷумабой Сатторқулов, сокини ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич ном бурда, гуфтааст, рӯзи 14-уми августи соли 2025, тахминан соати 19 дар манзили истиқоматиаш байни ӯ ва падараш – Асрорқул Сатторқулов, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст, муноқиша сар задааст.

“Писар бо мақсади расонидани зарар ба саломатӣ бо истифода аз курсии чӯбӣ ва олоти кишоварзии панҷшоха падарашро латукӯб намуда, дар ҳолати барои ҳаёту саломатӣ хавфнок мегузорад”, –гуфта мешавад дар барнома.

Ба қавли манбаъ, падараш баъди 5 соати ҳодиса ва хунравии зиёд ба ҳалокат мерасад, аммо Ҷумабой Сатторқулов барои пинҳон кардани кирдораш, либосҳои падарро иваз намуда, вонамуд мекунад, ки гӯё ӯ бо марги табиӣ – “дар натиҷаи афтодан дар ҳолати мастӣ” ҷон бохтааст.

Манбаъ мегӯяд, воқеан ҳамдеҳагон даргузашти ӯро ҳамчун марги табиӣ пазируфта, ба хок месупоранд. Вале баъде, ки мақомоти пулис ва додситонии ноҳияи Деваштич баъди гирифтани иттилои зарурӣ, ҷасадро аз гӯр берун оварда, аз ташхиси судӣ-тиббӣ мегузаронанд, маълум мешавад, ки ин мард кушта шудааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Мақомот як марди 40-соларо барои куштори падари 69-солааш боздошт кардаанд

Вале маълум нест, ки ин чӣ иттилоъ буд ва кӣ ба мақомот дастрас кардааст.

Тибқи ҳукми додгоҳ, ӯ барои куштор ё моддаи 104, қисми 2, бандҳои в ва е-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, 19 сол равонаи зиндон мешавад. Маълум нест, ки ҳукми додгоҳ кай содир шудааст. 

Назари худи маҳкумшудаҳо ва наздикони ӯ ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Ин бори аввал нест, ки куштори падару модар ва дигар пайвандон аз ҷониби фарзанд ва ё баръакс, куштори кӯдакон аз ҷониби падару модари худ расонаӣ мешавад.

Моҳи декабри соли гузашта низ як марди 40-солаи сокини ноҳияи Ишкошими ВМКБ бо иттиҳоми куштори падари 69-солааш боздошт шуда буд.

Пештар аз ин, моҳи октябр як ҷавони 34-сола дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо гумони латукӯб ва куштори падари 67-солааш боздошт шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.