Нигина Амонқулова нишони фахрии “Эҳтиром ба фарҳанг ва ҳунар”-и Ӯзбекистонро гирифт

0

Нигина Амонқулова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони шинохтаи тоҷик, дар моҳи январ ду дастовард дошт: ӯ як ҷоизаи дигари Ӯзбекистонро ба хазинаи ҳунарии худ илова карда, инчунин дар ҷашни бузургдошти Мавлоно дар Шотландия ширкат варзидааст.

 

Эътирофи навбатӣ дар Ӯзбекистон

Тавре телеграм-канали овозхон хабар медиҳад, Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон рӯзи 28-уми январ Нигина Амонқуловаро барои саҳми арзандааш дар рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва тарғиби санъати асил бо нишони фахрии “Эҳтиром ба фарҳанг ва ҳунар” сарфароз гардонидааст.

Бояд гуфт, ки ин ҳунарманди маҳбуб ҳанӯз соли 2024 барои хидматҳои шоистааш бо унвони Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон қадрдонӣ шуда буд. Дар ватани худ, Тоҷикистон, ӯ унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

Ҳузур дар бузургдоши Мавлоно дар Шотландия

Пеш аз ин рӯйдод, Нигина Амонқулова рӯзи 24-уми январ дар шаҳри Глазгои Шотландия дар маҳфили бузургдошти Роберт Бёрнс ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – ду шоире, ки эҷодиёташон ба ҳамдигар наздик аст,  ҳунарнамоӣ кардааст.

Дар ин чорабинӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди афғонистониҳои Глазго ва Донишгоҳи Глазго ташкил шудааст, намояндагони фарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Шотландия ширкат варзидаанд.

Нигина Амонқулова дар ин шоми фарҳангӣ дар Шотландия ширкат карда, сурудҳои бо ашъори Мавлоно эҷодшударо сароидааст. Ӯ дар мусоҳибае бо телевизиони “Afghanistan International” аз забон ва фарҳанги муштараки Тоҷикистону Эрону Афғонистон ҳарф зада, ба кишварҳои ҳамзабону ҳамтамаддун сулҳу амният таманно кардааст.

МЕДИА (IFRAME)

 

Муаррифгари санъати Тоҷикистон дар хориҷа​​​​​​​

Нигина Амонқулова 30-юми январи соли 1986 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, ҳоло яке аз маъруфтарин сарояндагони эстрада ва сурудҳои мардумии тоҷик ба шумор меравад.

Амонқулова аввал дар коллеҷи тиббӣ таҳсил мекард, аммо шавқу ҳунар ба суруд ӯро ба саҳна овард. Нахуст соли 2006 бо фестивали “Андалеб” шуҳрат пайдо кард: иҷрои сурудҳои “Муҳаббат – бахти хандонӣ”, “Ранҷида нигорам омад” ва махсусан “Дар лаби обе” барои ӯ ҷоизаҳои баланд ва ҳатто Шоҳҷоизаи озмунро овард.

Баъд аз хатми коллеҷи тиббӣ, бо даъват ба Донишгоҳи ҳунарҳои зебо ба номи Мирзо Турсунзода гузашта, фаъолияти ҳирфаии овозхониро оғоз намуд ва баъдан ҷоизаву унвонҳои баланд, аз ҷумла унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистонро соҳиб гашт.

Ӯ бо иҷрои сурудҳои мардумӣ ва эстрадӣ шӯҳрат дорад ва чанд сол боз дар аксар чорабиниҳои давлатӣ дар дохили каишвар ва дар барномаҳои консертиву рӯзҳои фарҳангӣ дар хориҷа ширкат мекунад. Ҳоло яке аз чеҳраҳои санъати Тоҷикистон дар хориҷа дониста мешавад.

Ҳузури Нигина Амонқулова дар ҷашни бузургдошти Мавлоно, ки охири соли 2024 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Порис баргузор гардид, эътибори ӯро дар арсаи байналмилалӣ дучанд афзуд. Ҳунарнамоии ӯ дар ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ бори дигар исми ин овозхони тоҷикро вирди забонҳо кард ва имкон дод, ки ҳунари асили худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Ӯ ҳоло дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Дар бораи раҳи тайкарда, шӯҳрати бадастоварда, ҳунар ва таъсири он, тарзи либопӯшии овозхонон, як саргузашти ҷолиб ва зиндагии Нигина Амонқулова дар чеҳракушоии зерини “Азия‑Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Норасоии табибон, муассисаҳои таъмирталаби тиббӣ ва афзоиши таваллуд. Дар нишасти матбуотии вазорати тандурустӣ боз чӣ гуфтанд?

0

Норасоии кормандони соҳаи тиб, муассисаи таъмирталаб, афзоиши ҷарроҳии пайванди узвҳо, коҳиши фавти кӯдакон, зиёдшавии таваллуд ва теъдоди кӯдакони маъюб дар кишвар, аз нуктаҳои муҳими нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло дар кишвар 1 ҳазору 432 корманди соҳаи тандурустӣ намерасад. Шаш моҳ пеш норасоӣ 1 ҳазору 600 нафарро ташкил медод ва дар ин давра 168 нафар ба кор қабул шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта мактабҳои олии кишварро 2 ҳазору 945 нафар хатм кардаанд.

Ҳамчунин вазир нагуфт, ки дар ин давра чанд нафар тарки соҳа кардаанд. Дар нишасти хабарии қаблӣ, дар моҳи июли соли гузашта, ӯ таъкид карда буд, ки дар шаш моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 51 табиб ҷойи кори худро тарк карда, ба муҳоҷират рафтаанд, вале сарфи назар аз ин, раванди муҳоҷиршавии табибон коҳиш ёфтааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамолиддин Абдуллозода

Абдуллозода изҳор дошта буд, ки сол аз сол бо мақсади муҳоҷират соҳаро тарк кардани табибон коҳиш меёбад ва дар муқоиса бо солҳои пешин, ки дар як сол то 500-600 табиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ин омор хеле коҳиш ёфтааст. Ӯ сабаби коҳиши сатҳи муҳоҷирати табибонро беҳтар гардидани шароити кор дар беморхонаҳои кишвар ва боло рафтани маоши онҳо унвон кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло кишвар 94% аз табиб ва 99% аз кормандони миёнаи тибб таъмин аст. Дар кишвар 22 ҳазору 419 табиб ва 64 ҳазору 909 корманди миёнаи тиб фаъолият мекунад, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 1,9 ва 2% зиёдтар аст.

Ҳамчунин, вазир гуфт, имрӯз дар мактабҳои олии тиббии кишвар дар умум 26 ҳазору 911 нафар, аз ҷумла 13 ҳазору 860 донишҷӯ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 2 ҳазору 875 донишҷӯ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон, 5 ҳазору 759 нафар дар факултаҳои тиббии Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон ва 4 ҳазору 417 донишҷӯ дар Донишгоҳи тиббӣ-иҷтимоӣ таҳсил мекунанд.

Дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ бошад 80 ҳазор донишҷӯ таҳсили тиб мекунад, ки нисбат ба соле пеш 7 ҳазору 240 нафар зиёд аст.

 

Муасиссаҳои таъмирталаби тиббӣ

Ба гуфтаи вазири тандурустии кишвар, ҳоло дар Тоҷикистон 62 бемористон таъмирталаб буда, 52 бемористони дигар дар бинои дигар муассисаҳо ҷойгир будаанд. Ӯ гуфт, интизор меравад, ки то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ин мушкилот бартараф шавад.

Ҳамчунин, вазир гуфт, соли гузашта дар кишвар бо дастгирии соҳибкорон ва шарикони рушд 113 беморхонаи нав сохта шуда, 301 муассисаи тиббии дигар таъмир шудаанд.

Ба гуфтаи Ҷамолиддинзода, ҳоло дар Тоҷикистон 5 ҳазору 289 муассисаи тандурустӣ ҳаст.

 

Афзоиши пайванди узвҳои бадан

Соли гузашта дар Тоҷикистон 330 ҷарроҳии пайванди узвҳои бадан, аз ҷумла, 222 ҷарроҳии пайванди гурда ва 108 пайванди ҷигар гузаронида шудааст.

Ба гуфтаи Абдуллозода, соли 2024 дар Тоҷикистон 298 ҷарроҳии пайванди узвҳо, аз ҷумла 199 пайванди гурда ва 67 ҷигар анҷом шуда будааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, аз 330 ҷарроҳии пайванди узвҳо дар соли 2025-уми 99-тояш (64 гурда ва 35 ҷигар) дар бадани кӯдакон ва 95-тои дигараш дар тани шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирифтааст. Вазир нагуфт, ки онҳо шаҳрванди кадом кишвар буданд ва арзиши ин навъи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст.

Абдуллозода, ҳамчунин, изҳор дошт, ки соли гузашта дар кишвар дар умум беш аз 203 ҳазор ҷарроҳӣ анҷом шуд. Ин рақам нисбат ба соле 2024-ум 10% ё 20 ҳазор адад зиёд будааст.

 

“Таваллуди кӯдакон афзуда, фавт кам шудааст”

Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон 264 ҳазору 913 кӯдак таваллуд шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 1496 тифл зиёд аст. Соли 2024 дар Тоҷикистон 263 ҳазору 417 кӯдак таваллуд шуда буд.

Ҳамчунин ӯ гуфт, дар ин давра фавти кӯдакон коҳиш ёфта, аз 1000 кӯдаки таваллудшуда 10,8 кӯдаки то яксола фавтидааст. Соли 2024 ин нишондод аз 1000 тифл 11,8 фавтро ташкил медод.

Инчунин, давоми соли 2025 аз 100 кӯдаки зиндатаваллуд 13,1 кӯдаки то панҷсола фавтидааст. Соле пеш аз он ин рақам ба 14 фавт аз 1000 зиндатаваллуд рост меомад.

 

Воридоти дору ба кишвар

Дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 1 миллиард 152 миллион сомонӣ дору ва молҳои тиббӣ ворид шудааст. Он нисбат ба соле пеш 32,77 миллион сомонӣ зиёд будааст.

Аз ҷумла, дар соли гузашта ширкатҳои дорусозӣ ба маблағи 30 миллион сомонӣ дору ва моддаҳои биологӣ ба хориҷа фурӯхтаанд, ки 5 миллион сомонӣ бештар аз соли қаблӣ будааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбут

Ба гуфтаи вазир, соли гузашта 4 корхонаи нави ватанӣ ба истеҳсоли дору оғоз кардаанд. Ҳоло дар кишвар 71 корхонаи ватанӣ 634 навъ дору ва молҳои дигари тиббӣ истеҳсол мекунад. Соли 2025 дар кишвар беш аз 106,5 миллион адад дору истеҳсол шудааст. Ин нишондод аз соли қаблӣ 4,5 миллион адад бештар будааст.

 

Беш аз 172 ҳазор шахси дорои маъюбият дар Тоҷикистон

Ба иттилои вазири тандурустии кишвар, ҳоло дар Тоҷикистон 172 ҳазору 538 шахси маъюбиятдошта буда, 35 ҳазору 381 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.

Гуфта мешавад, ки маъюбон дар кишвар 1,6 дарсади аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон 0,8 дарсадро ташкил медодаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазири кишоварзӣ савдогаронеро, ки гӯштро қимат мефурӯшанд, ҷаллоб номид

0

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 29 январ савдогароне, ки гӯштро бо нархи баланд мефурӯшанд, ҷаллоб номид. Ӯ гуфт, барои ба эътидол овардани нархи гӯшт бояд "дастаҷамъона кор кард".

 

Дар бораи гӯшти воридотӣ

Вазири кишоварзӣ гуфт, дар як сол ба кишвар зиёда аз 8 ҳазор тонна гӯшт ва 12 ҳазор тонна гӯшти паранда ворид карда шудааст.

Қурбон Ҳакимзода шарҳ дод, ки дар робита ба гӯшти воридотӣ миёни аҳолии кишвар нофаҳмиҳо вуҷуд дорад. Ӯ баҳси хабарнигоронро дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар бораи ҳалол будани мгӯшти воридотӣ дар назар дошт.

“Мо асосан аз Беларусу Қазоқистон ва қисман аз Русия гӯшт ворид мекунем. Гӯшти чорвои хурд аз Муғулистон оварда мешавад. Гӯшти паранда аз Беларусу Русия ва қисман аз Қазоқистон харидорӣ мешавад”, – шарҳ дод Ҳакимзода.

Ӯ гуфт, ки бо Беларус ҳамкорӣ доранд ва дар ин кишвар забҳи чорво мувофиқи меъёрҳои ҳалол анҷом дода мешавад: “Бо бо истеҳсолкунандагони гӯшт аз Беларус ҳамкорӣ мекунем. Дар ин кишвар чорво дастӣ бо иштироки намояндагони мо забҳ мешавад”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қурбон Ҳакимзода (дар марказ)

 

Дар бораи нархи гӯшт дар бозору ярмаркаҳо

Ба гуфтаи вазир, ҳоло дар бозорҳои кишвар 1 кг гӯшти воридотӣ вобаста ба сифаташ бо нархи аз 65 то 80 сомонӣ фурӯхта мешавад.

“Айни замон нархи гӯшти воридотӣ 75-77 сомонӣ ва дар ярмаркаҳо – аз 65 то 70 сомониро ташкил медиҳад”, – зикр кард Ҳакимзода.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки тайи се соли ахир гӯшти паранда қимат нашуда, дар сатҳи 27-28 сомонӣ барои 1 кг боқӣ мондааст.

 

Дар бораи ҷаллоб ва даъват ба инсоф

Қурбон Ҳакимзода ба мушкили марбут ба ҷаллобон, ки ба таври сунъӣ нархи гӯштро боло мебаранд, низ таваҷҷуҳ кард:

“Бисёре аз ҷаллобоон (узр барои истифодаи чунин калима) баҳри фоидаи худ беасос нархҳоро боло мебаранд. Нарх вобаста ба вазъи биологӣ ва ҷисмонии чорво аз 50 то 54 сомонӣ, вале баъд гӯштро бо нархи 110-115 сомонӣ мефурӯшанд. Ин ҷо ҳам бояд инсоф бошад охир?”, – зикр кард вазир.

Вазири кишоварзӣ илова кард, ки  нархи гӯшт, бахусус дар давраҳои ҷашну маросим боло меравад: “Мо доимо аз арзишҳои исломӣ, ҳаҷ ҳарф мезанем, лекин маҳз дар моҳи Рамазон ва дигар иду маросим бархе нархҳоро боло мебаранд”.

Ӯ гуфт, ки Вазорати кишоварзӣ ба истеҳсоли гӯшт ҷавобгӯ буда, вале ба нархҳои чакана дахолат намекунад, зеро барои ин дигар мақомоти назоратӣ вуҷуд доранд.

Вазир таъкид дошт, ки барои ба субот овардани нархҳо кори дастаҷамъона зарур аст. Ӯ фаъолмандии блогеронро зикр кард, ки ҳамаи ҷараёни савдои чорво бо вазни зиндаро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд.

“Тамоми бозори чорво дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаст. Блогерон нишон медиҳанд, ки чӣ гуна чорво бо вазни зинда савдо мешавад. Акнун худатон ҳисоб кунед, ки оё 1 кг гӯшт метавонад 100 сомонӣ ё зиёдтар аз он бошад?”.

Ба ақидаи ӯ, дар ин самт агар кори дастаҷамъона ба роҳ монда шавад, метавон аз болоравии сунъии нархҳо пешгирӣ кард.

“Биёед ҳамроҳ кор кунем, то аз амалҳои шахсоне, ки нархи гӯштро боло мебардоранд, пешгирӣ намоем. Бовар дорам, ки нарх ба субот меояд”, – илова кард вай.

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, аз оғози соли 2025 нархи гӯшти гӯсфанд ба андозаи 17% ва гӯшти гов – 14,4% боло рафтааст.

Ҳамзамон дар расонаҳои Қирғизистон хабаре нашр шуд, ки тибқи он, аз лиҳози арзиши гӯшт Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ зинаи аввалро касб кард. Нархи миёнаи 1 кг гӯшт дар Тоҷикистон ба 13 доллар баробар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аз кушта шудани 3 “қочоқбари афғон” дар марз бо Афғонистон хабар дод

0

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)  аз пешгирии як сарҳадшикании “5 қочоқбари афғон”, ки марзи Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур кардаанд, хабар дода, гуфт, ки дар пайи “муқовимати мусаллаҳона” бо онҳо се қочоқбар кушта шудаанд. Ба иттилои ин ниҳод, ду тани дигар ба Афғонистон фирор кардаанд.

Дар изҳороти ин ниҳод, ки имрӯз, 30-юми январ дар хабаргузории “Ховар” нашр шуд, аз ҷумла гуфта мешавад, ки ҳодиса тахминан соати 19:30-и 29-уми январи соли 2026 дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Баҳорак»-и Шамсиддини Шоҳин рух дода, “5 қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид шуданд”.

“Дар натиҷаи андешидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ масири ҳаракати ҷинояткорон дар минтақаи мазкур муайян карда шуд. Қочоқбарон ба амри сарҳадбонон итоат накарда, бо истифода аз силоҳу муҳиммоти ҷангӣ, муқовимати мусаллаҳона нишон дода, кӯшиш карданд, ки ба самти Афғонистон фирор намоянд”, – гуфта мешавад дар изҳороти ин ниҳод.

Ба гуфтаи Қушунҳои сарҳадӣ, “дар натиҷаи оташи ҷавобӣ 3 қочоқбари афғон Ҷовид валади Давлатманд, Рошид валади Давлатманд, сокинони қарияи Ворича ва Собир валади Зоҳир, сокини қарияи Анҷири вулусволии Чаҳёби вилояти Тахори Афғонистон дар ҷойи ҳодиса безарар карда шуданд. Ба 2 қочоқбар муяссар гардид, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд”.

Ба иттилои ин ниҳод, аз ҷойи ҳодиса, 3 автомати Калашников бо 4 тирдон, 150 дона тири қутрашон гуногун, миқдори зиёди тирҳои парондашуда, 4 борхалта бо 73 баста воситаи нашъадори навъҳои «ҳашиш» ва «афюн», инчунин 1 қаиқ дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Нерӯҳои марзбонии гуфтааст, ки ҳоло вазъ дар сарҳад таҳти назорат ва ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар пайи ин ҳодиса, КДАМ бо моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ), 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии  Тоҷикистон) ва 195 (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан… гирифта гаштани силоҳ, лавозимоти ҷангӣ…)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда, тафтиш идома дорад.

Дар як моҳи охир ин дуввумин даргирӣ дар марз бо Афғонистон аст. Қаблан, ин ниҳод рӯзи 18-уми январи соли равон дар мавриди “маҳви террористон” хабар дода, гуфта буд, ки он дар минтақаи марзии воқеъ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳамсарҳад бо ноҳияи Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон рух дода, "чор террорист нобуд карда шуд”.

Дар пайи ин, ҳукумати Толибон* аз сарҳадшиканон "қочоқбарон" ном бурда, гуфта буданд, ки ин ҳодисаро тафтиш мекунанд. То ҳол натиҷаи тафтиш маълум нест.

Соли гузашта дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон чанд даргирӣ рух дод, ки боиси кушта шудани чанд сокини осоишта ҳам шуд. Аз ҷумла, шаби 23-юми декабри соли 2025, дар дидбонгоҳи сарҳадии №5-и "Боғ" -и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин "се аъзои гурӯҳи террористӣ", ки сарҳадро убур карда, ба Тоҷикистон гузаштанд, аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон нобуд карда шуданд.

Пештар аз ин, дар пайи ду ҳамлаи дигар дар рӯзҳои 26 ва 30-юми ноябр аз Афғонистон ба ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон 5 шаҳрвандони Чин кушта ва панҷ нафари дигар захмӣ шуданд. Ин ҳамлаҳо аввал ба бошишгоҳи як ширкати маъдантозакунӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва баъдан ба як ширктаи роҳсозӣ дар ноҳияи Дарвоз сурат гирифтанд.

Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро шадидан маҳкум карда аз “Толибон” хоста буд, ки омилони онро дастгир кунанд. ВКХ-и ҳукумати Толибон гуфт, ки ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ихроҷи беш аз 600 донишҷӯи тоҷик аз Русия дар як сол. Тақдири онҳо чӣ шуд?

0

Дар соли 2025 беш аз 600 донишҷӯи тоҷик аз мактабҳои олӣ ва фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Дар ин бора Лутфия Абдулзолиқзода, муовини вазири маориф ва илм имрӯз, 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба қавли Абдулзолиқзода, ҳоло ин теъдод донишҷӯёни ихроҷшуда дар мактабҳои олии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ӯ гуфт, ки моҳи ноябри соли гузашта дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик аз Русия ва баргардонидани онҳо аз фурудгоҳҳои ин кишвар баррасӣ шудааст. Ба иттилои ӯ, дар пайи ин гуфтушунид иҷозаи идомаи таҳсили 730 донишҷӯи тоҷикро, ки давоми ду соли охир аз Русия ихроҷ шудаанд гирифтаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лутфия Абдулзолиқзода

“Дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки далели беасос ихроҷ кардани ин теъдод донишҷӯёнро аз Русия исбот мекард, ҷониби ин кишвар розӣ шуданд, ки 730 донишҷӯи тоҷикро барои идомаи таҳсил қабул кунанд. Аммо аз миёни ин донишҷӯён бештарашон дар муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон интиқол ёфта, таҳсилро идома медоданд, нахостанд ба Русия баргарданд”,- таъкид кард Абдулзолиқзода.

Бояд гуфт, ки ҳар сол мақомоти Русия дар оғози соли таҳсил даҳҳо донишҷӯёни тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил мекунанд, ихроҷ карда, чанди дигарро аз сарҳад ба дохил роҳ намедиҳанд. Аз ҷумла дар соли таҳсили 2024 чанд нафар донишҷӯёни тоҷик аз ихроҷ шуданашон аз донишгоҳ ё баргардонидан аз фурудгоҳҳои ин кишвар нигаронӣ карда буданд.

Пештар “Азия-Плюс” дар асоси шикояти донишҷӯёни тоҷик дар хусуси ихроҷи онҳо ҳудуди ин кишвар матлаб нашр карда буд, ки метавонед дар ин пайванд мутолиа кунед.

Баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол” фишор болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия якбора бештар шуд. Аксари онҳоро ба Русия роҳ намедиҳанд ва ё бидуни шарҳ ихроҷ мекунанд. Ҳамакнун дар ин кишвар қонунҳои алоҳидае қабул шудаанд, ки зиндагӣ ва кори муҳоҷирони тоҷикро дар ҳудуди Русия чандин маротиба душвор кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Баргаштани 9 ҳазор хонандаи тоҷик аз Русия. Вазири маориф аз дур мондани кӯдакони муҳоҷирон аз таҳсил нигаронӣ кард

0

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, соли гузашта 9 ҳазор хонандаи тоҷик, ки дар мактабҳои Русия мехонданд, ба ватан баргашта, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ӯ аз таҳсил дур мондани фарзандони муҳоҷирон тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард ва гуфт “омори дақиқи кӯдакони дар ин кишвар қарордошта мавҷуд нест”.

Раҳим Саидзода, вазири маориф имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамаи кӯдаконе, ки ба ватан баргаштанд, “зери назорати худ гирифтем, чун инҳо фарзандони мо ҳастанд, вақте муроҷиат карданд онҳоро ҷобаҷо кардем”.

“Фақат дар баъзе ҳолатҳо мушкилие сар зад, ки баъзе шаҳрвандон дар Русия ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд. Масалан дар Тоҷикистон синфи 7 хондааст, рафтааст як соли дигар хондааст, баргашта омада мехоҳад, ки ба синфи 8 ё 9-ум гузарад, ки ин мумкин нест. Тибқи қонунгузорӣ бояд тахминан 75% барномаи таҳсилиро аз худ кунад, дар ин ҳолат имкони ба синфи дигар гузарондан мавҷуд аст”,-гуфт вазири маориф.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳим Саидзода

Бояд гуфт, ки баргашти ин теъдод хонандагони тоҷик аз Русия дар ҳолест, ки баъди қабули қонун дар бораи санҷиши сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактабҳои ин кишвар, ҳазорҳо кӯдакон аз таҳсил дур монданд. Худи муҳоҷирон мегӯянд, ки дар баъзе аз макотиби манотиқи Русия бо баҳонаи надонистани забони русӣ кӯдаконашонро ба мактаб қабул намекунанд, ки ин боиси аз таҳсил дур мондани фарзандонашон мегардад.

Дар ҳамин ҳол, вазири маорифи Тоҷикистон дар робита ба теъдоди кӯдакони тоҷике, ки дар Русия қарор доранд ва аз таҳсил дур мондаанд, гуфт, ки “мо омори дақиқ надорем чунки ин дар салоҳияти Вазорати маориф нест”.

“Мутаассифона бисёри падару модарон ҳамроҳашон кӯдаконашонро гирифта рафтанд ва онҳо аз таҳсил дар Русия дур монданд. Баргашта меоянд ба Тоҷикистон ва моро маҷбур мекунанд, ки фарзандашонро баробари дигар ҳамсинфонаш қабул кунем. Як нафар кӯдакро овард, вақте хонандаи синфи 4 буд, рафтааст (ба Русия, аз идора), ҳоло хонандаи синфи 8 шудааст, аммо нахондааст (мактаб, аз идора). Мо дастур додем, ки роҳҳои ба таҳсил фаро гирифтани ӯро фикр кунанд”,-таъкид кард Саидзода.

 

Имкони таҳсили фосилавӣ барои кӯдакони муҳоҷирони тоҷик мавҷуд аст?

Раҳим Саидзода ба суоли он ки баъди куштори Қобилҷон Алиев, дар яке аз мактабҳои Маскав аз сӯйи шаҳрванди 15-солаи Русия имконии роҳандозии дарсҳои фосилавӣ (онлайнӣ) барои фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистонд ар кишварҳои хориҷӣ, махсусан Русия имконпазир аст, посухи рад дод ва гуфт, “ин ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста нест”.

“Ҳар як давлат мустиқилияти худашро дорад, барои онки мо таҳсилро дар дигар кишвар амалӣ кунем, инҷо сохторҳои марбута ҳаст, ки инҳо моро иҷозат медиҳанд. Агар иҷозат надиҳанд мо чӣ хел дар як давлати дигар таҳсилро ба тариқи онлайнӣ амалӣ мекунем? Лекин дар ин самт ягон кас то ҳол муроҷиат ҳам накардааст ва мо фикр ҳам накардем”,-гуфт вазири маориф.

Бояд гуфт, ки ду сол пеш аз мақомоти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки дар Русия мактаб ё синфи тоҷикӣ нест. Вазорати маорифи Тоҷикистон низ то кунун дарсҳои фосилавӣ роҳандозӣ накардааст ва барои тоҷикони бурунмарзӣ таҳсил бо забони тоҷикӣ ва тибқи барномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар Русия дастрас нест.

Қаблан сабаби роҳандозӣ нашудани дарсҳои фосилавиро як манбаъ аз Вазорати маориф ва илм ба маҳдудияти интиқоли барқ ва суръати пасти интернет рабт дода буд. Пас аз ин дигар дар бораи роҳандозии дарсҳои фосилавӣ иттилоъе нашр нашудааст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Хокбориш, сифати ҳаво ва тағйирёбии иқлим. Муҳимтарин нуктаҳое, ки дар нишасти хабарии Кумитаи ҳифзи муҳити зист садо дод

0

Хокбориш дар Тоҷикистон, нишондодҳои сифати ҳаво аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳаракати пиряхи Деҳдал аз мавзӯҳои муҳиме буданд, ки дар нишасти матбуотии Кумитаи ҳифзи муҳити зист 29-уми январ ба баҳс кашида шуданд.

Баҳодур Шерализода, раиси  Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли 2025 дар Тоҷикистон 216 рӯз (7 моҳ) хокбориш буд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Шерализода дар соли 2020 дар кишвар 169 рӯзи хокбориш буд.

“Соли гузашта 63 ҳолати гарду ғубор дар кишвар ба қайд гирифта шудааст.Як анбуҳи гарду ғуборе, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад,  чанд рӯз давом меёбад. Манбаҳои хокбориш аз биёбонҳои шимоли Африқо, Ховари Миёна гарду ғуборҳо бо сиклонҳо ба ҷумҳурии мо ворид мешавад”, – изҳор дошт раиси Кумита.

Ин ниҳод соли гузашта гуфта буд,, ки дар кишвар 35 ҳолати хокбориш ба қайд гирифта шуд буд, вале он замон миқдори рӯзҳои хокборишро нагуфта буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист

 

“Радабандиҳои ҷаҳонӣ дар бораи сифати ҳаво воқеъбинона нест”

Зимни нишасти хабарӣ, Баҳодур Шерализода зикр кард, ки “радабандиҳои ҷаҳонӣ дар бораи сифати ҳавои Тоҷикистон воқеъбинона нестанд ва баъзеи онҳо манбаъи маълумот" надоранд.

“Масалан IQAir, радабандӣ мекунад, онҳо худашон ба фурӯши таҷҳизотҳои сифати ҳаво машғуланд ва ман фикр мекунам ширкате, ки ба фурӯши таҷҳизот машғул аст, радабандии обективӣ аз ҷониби онҳо сурат намегирад”, – гуфт Шерализода.

Бояд гуфт, "IQAir" як ширкати ҷаҳонӣ  аст, ки сифати ҳаворо назорат мекунад ва маълумоти ифлосшавии ҳаворо ба таври онлайнӣ нишон медиҳад. Тибқи маълумоти ин ширкат, Тоҷикистон соли 2024 ба даҳгонаи кишварҳо дорои ҳавои ифлос ворид шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Масъулони Кумита соли гузашта низ аз гузоришҳо дар бораи сифати ҳаво, ки аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ нашр мешаванд, норозигӣ карда, гуфта буданд, маълумоти онҳо воқеиятро нишон намедиҳанд.

 

Тағйирёбии иқлим ва ҳаракати пиряхи "Деҳдал"

Дар идомаи нишаст, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, аз тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, яке аз паёмадҳои асосии тағйирёбии иқлим баландшавии ҳарорати ҳаво ва обшавии босуръати пиряхҳо мебошад ва илова кард, ки “пиряхҳои Тоҷикистон бо суръат об шуда истодаанд”.

Камолиддин Назирзода, муовини сардори Маркази яхшиносии Оҷонсии ҳавошиносӣ дар нишаст зикр кард, ки пиряхи "Деҳдал" давоми моҳҳои ноябр ва декабр низ ҳаракат кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Назирзода Камолиддин, муовини сардори маркази яхшиносии Оҷонсии обуҳавошиносӣ

“Бо назардошти раванди таъсири тағйирёбии иқлим дар давоми 30 соли охир ин пирях аллакай ду маротиба ҳаракат кардааст. Соли 2016 ҳаракати он ба қайд гирифта шуда буд. Инчунин дар соли 2025 се маротиба ҳаракати ин пирях  ба қайд гирифта шуд”.

Назирзода зикр кард, ки масса дар моҳи октябр дар масофаи зиёда аз 4 ҳазор метр, дар маротибаи дуюм зиёда аз 5 ҳазор метр массаи яхин аз ин пирях ба поён ҳаракат кардааст.

“Таҳлилҳо рафти тадқиқоти давраи сеюм, ки аз тарафи мутахассисон ба роҳ монда шуд, ин пирях мунтазам дар моҳҳои ноябр ва декабр бо суръати зиёда аз 20 метр дар давоми рӯз ба поён ҳаракат намуда истодааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки чӣ гуна раванди тағйирёбии иқлим ба захираҳои обии Тоҷикистон таъсири худро расонида истодааст”, – шарҳ дод Камолиддин Назирзода.

Қаблан, низ Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сабаби асосии канда шудани пораи пиряхи азими “Деҳдал”-ро “баландшавии ҳарорати ҳаво ва набудани боришот дар давраи тӯлонӣ” гуфта буд.

Канда шудани пораи пиряхи “Деҳдал” чӣ хатар дорад, дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аҳолӣ аз барқ беш аз 1 млрд сомонӣ қарздоранд. Вазорат қарздорони калонтарин аз барқ ва истеҳсолу фурӯши онро гуфт

0

Қарзи истифодаи нерӯи барқ то 1-уми январи соли 2026 аз сӯи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва ниҳодҳои дигари давлатӣ 3 миллиарду 634,8 милион сомонӣ будааст. Дар ин бора Далер Ҷумъа, вазири энерҷии кишвар рӯзи 29-уми январ дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, қарздори калонтарин аз барқ дар Тоҷикистон то ба ҳол аҳолӣ буда, миқдори қарзи онҳо 1 миллиарду 161,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Қарздорони дигари калонтарин аз истифодаи барқ дар муқоиса бо соле пеш ба таври зайланд:

ГАЛЛЕРЕЯ (6)






Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта аз аҳолӣ ва корхонаҳо 92,6%-и пули истифодаи барқро, ки 6,5 млрд сомонӣ будааст, ҷамъоварӣ кардаанд. Ин маблағ нисбат ба соли 2024 (91,1%) 1,6 млрд сомонӣ ё 33% бештар аст.

Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта аз аҳолӣ маблағи истифодаи барқ 100% (2,4 млрд сомонӣ) ва аз истифодабарандагони бахши саноат ва тиҷорат (ба истиснои ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷикистон”) 98% (3,5 млрд сомонӣ) ҷамъоварӣ шудааст.

 

Истеҳсоли барқу гармӣ дар кишвар

Дар соли 2025 дар Тоҷикистон 23 миллиарду 982,6 милион кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 1 млрд 534,9 млн кВт-соат ё 6,5 % будааст.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ дар соли 2025 ба 1 млн 328,8 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбат ба соли 2024 ба ҳаҷми 26,4 ҳазор Гкал ё 2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Чунин ба назар мерасад, ки афзоиши истеҳсоли нерӯи барқ ҳам мушкили камбуди нерӯи барқ дар кишварро ҳал накардааст. Сокинони Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳо баръакс аз камбуди шадиди нерӯи барқ шикоят мекунанд.

Талафоти энергияи барқ бошад, дар соли гузашта ба 3 млрд 992 млн кВт соат баробар будааст, ки ин 15%-и барқи истеҳсолшударо ташкил медодааст.
Ба қавли Далер Ҷумъа, сатҳи талафот коҳиш ёфта, нисбати соли пеш 482 млн кВт соат ва ё 3,6 дарсад камтар будааст. Аз ҷумла, дар сатҳи шабакаҳои тақсимот 15,6% дарсад барқ талаф шудааст.

 

Фурӯши 1 млрд 760,3 млн кВт-соат барқ ба Афғонистон

Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, Тоҷикистон дар соли 2025 ҳаҷми умумии содироти барқ 5 млрд 356,1 млн кВт соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2024-ум 1 млрд 454,4 млн кВт соат ё 37,3% зиёд аст. 

Ба иттилои ӯ, Тоҷикистон соли гузашта бо маблағи 912,8 млн сомонӣ 2 млрд 666,4 млн кВт-соат барқ фурӯхтааст (содироти тиҷоратӣ). Ин рақам назар ба соли 2024-ум 188 млн кВт-соат ё 7,6% зиёд будааст.

Фурӯши барқ ба кишварҳои зерин анҷом дода шудааст:

– Афғонистон – 1 млрд 760,3 млн кВт-соат ба маблағи 742,3 млн сомонӣ;

– Ӯзбекистон – 894,7 млн кВт-соат ба маблағи 169,8 млн сомонӣ;

– Қирғизистон – 11,5 млн кВт-соат ба маблағи 1,2 млн сомонӣ.

Вазири энергетика таъкид кард, ки "беш аз 90% барқ дар моҳҳои апрел–сентябр (давраи зиёд гардидани резиши об дар дарёҳо) содирот шудааст".

Ин дар ҳолест, ки сокинони кишвар аз камбуди барқ дар кишвар шикоят мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, Далер Ҷумъа илова кард, ки соли гузашта Тоҷикистон 2 млрд 701,9 млн кВт-соат барқ харидааст. Ин назар ба соли 2024 ба андозаи 1,1 млрд кВт-соат ё 67% будааст.

Соли гузашта, аз ҷумла, аз Ӯзбекистон 2 млрд 688 млн кВт-соат ва аз Қирғизистон 13,9 млн кВт-соат барқ харидорӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 16

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми шонздаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Душанбе панелҳои офтобӣ насб мекунанд. Дар куҷо ва барои чӣ?

0

Дар Душанбе, аз ҷумла дар роҳҳои пиёдагард насби панелҳои офтобӣ оғоз шудааст. Яке аз аз чунин панелҳо дар болои пули роҳи оҳан дар мавзеи наздии “Комбинати нассоҷӣ” ё худ “Текстилкомбинат” насб шудааст.

Дар нишасти матбуотии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 29 январ ба иттилоъ доданд, ки "панелҳои офтобӣ бо мақсади сарфаи нерӯи барқ ва истифодаи минбаъдаи онҳо дар корхонаҳои хурд, муассисаҳо барои кӯдакон ва биноҳои истиқоматӣ насб мешаванд".

“Бо фармоиши раиси Кумита, иншооте, ки бояд панелҳои офтобӣ насб шавад, аз ташхис гузаштанд. Фармоиш рӯзи 1-уми апрели соли 2024 имзо шуда, аз то он лаҳза 1 530 иншоот аз ташхис  гузаштанд. Дар онҳо насби панелҳои офтобӣ бо иқтидори аз 250 то 500 ватт пешбинӣ шудааст”, – изҳор дошт Низом Мирзозода.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Яъне барқи панелҳои офтобӣ дар суртаи қатъи барқ истифода мешаванд.

Раиси Кумита илова кард ки лифт ва камераҳои мушоҳидавӣ бояд бо панелҳои офтобӣ кор кунанд, ки ин ҳам “як кумак ба шабакаҳои мутамарказ аст”.

Ҳамин тариқ, мувофиқи маълумоти Раёсати ташхиси давлатии ғайрисоҳавии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, дар доираи амалисозии фармоиши зикршуда дар давраи аз 1-уми апрели соли 2024 насби панелҳои офтобӣ дар 558 иншоот пешбинӣ шудааст.

“Аз ҷумла, дар 381 бинои истиқоматӣ, 23 корхонаи саноатӣ, 61 муассисаи таълимӣ, 13 муассисаи томактабӣ, 42 бемористон ва марказҳои тиббӣ, инчунин 36 бинои маъмурӣ”, – гуфтанд дар Кумита.

Ёдрас мекунем, ки Далер Ҷумъа, вазири энерҷӣ ва захираҳои об дар яке аз маҷлисҳои ҳукумати кишвар иттилоъ дод, ки "аз ҳисоби сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, афзоиши иқтидор боз ба 253 МВт ба туфайли таъмиру навсозии нерӯгоҳҳои амалкунанда, барқарор намудани 440 МВт иқтидор аз ҳисоби навсозии таҷҳизот ва гирифтани 1500 МВт барқ аз ҳисоби нерӯи офтоб дар назар аст".

Он замон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин, дастур дод, ки дар биноҳои истиқоматӣ низ панелҳои офтобӣ насб шуда, онҳо ба шабакаи миллии барқ ҳамгиро (пайваст) шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.