Ихроҷи беш аз 600 донишҷӯи тоҷик аз Русия дар як сол. Тақдири онҳо чӣ шуд?

Дар соли 2025 беш аз 600 донишҷӯи тоҷик аз мактабҳои олӣ ва фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Дар ин бора Лутфия Абдулзолиқзода, муовини вазири маориф ва илм имрӯз, 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба қавли Абдулзолиқзода, ҳоло ин теъдод донишҷӯёни ихроҷшуда дар мактабҳои олии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ӯ гуфт, […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар соли 2025 беш аз 600 донишҷӯи тоҷик аз мактабҳои олӣ ва фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Дар ин бора Лутфия Абдулзолиқзода, муовини вазири маориф ва илм имрӯз, 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба қавли Абдулзолиқзода, ҳоло ин теъдод донишҷӯёни ихроҷшуда дар мактабҳои олии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ӯ гуфт, ки моҳи ноябри соли гузашта дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик аз Русия ва баргардонидани онҳо аз фурудгоҳҳои ин кишвар баррасӣ шудааст. Ба иттилои ӯ, дар пайи ин гуфтушунид иҷозаи идомаи таҳсили 730 донишҷӯи тоҷикро, ки давоми ду соли охир аз Русия ихроҷ шудаанд гирифтаанд.

“Дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки далели беасос ихроҷ кардани ин теъдод донишҷӯёнро аз Русия исбот мекард, ҷониби ин кишвар розӣ шуданд, ки 730 донишҷӯи тоҷикро барои идомаи таҳсил қабул кунанд. Аммо аз миёни ин донишҷӯён бештарашон дар муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон интиқол ёфта, таҳсилро идома медоданд, нахостанд ба Русия баргарданд”,- таъкид кард Абдулзолиқзода.

Бояд гуфт, ки ҳар сол мақомоти Русия дар оғози соли таҳсил даҳҳо донишҷӯёни тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил мекунанд, ихроҷ карда, чанди дигарро аз сарҳад ба дохил роҳ намедиҳанд. Аз ҷумла дар соли таҳсили 2024 чанд нафар донишҷӯёни тоҷик аз ихроҷ шуданашон аз донишгоҳ ё баргардонидан аз фурудгоҳҳои ин кишвар нигаронӣ карда буданд.

Пештар “Азия-Плюс” дар асоси шикояти донишҷӯёни тоҷик дар хусуси ихроҷи онҳо ҳудуди ин кишвар матлаб нашр карда буд, ки метавонед дар ин пайванд мутолиа кунед.

Баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол” фишор болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия якбора бештар шуд. Аксари онҳоро ба Русия роҳ намедиҳанд ва ё бидуни шарҳ ихроҷ мекунанд. Ҳамакнун дар ин кишвар қонунҳои алоҳидае қабул шудаанд, ки зиндагӣ ва кори муҳоҷирони тоҷикро дар ҳудуди Русия чандин маротиба душвор кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио