Омбудсмени Русия гуфт, занон аз Тоҷикистон мехоҳанд пайвандонашон ба зиндонҳои ватанашон истирдод шаванд

0

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Русия Татяна Москалкова дар бораи зарурати фаъолсозии корҳо ва  васеъ намудани муқаррароти қарорҳо бо дигар кишварҳо дар мавриди ба ватан баргардонидани шаҳрвандони хориҷии дар Русия маҳкумшуда изҳори назар кард.

“Бисёр вақт аз занони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо дархости кумак ба хешовандони онҳо ҷиҳати интиқол ба ватан барои минбаъда адои ҷазо кардан дар макони наздиктар ба пайвандону наздикон муроҷиатҳо мегирам. Мутаассифона, бинобар сабаби муҳлатҳои тӯлонии баррасии дархостҳо, мутобиқат накардани меёърҳои миллӣ ва созшномаҳои байнулмилалӣ, ҳаллу фасли ин масоил тӯл мекашад”, – гуфтааст Москалкова зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Русия.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари душвориҳои марбут ба тарҷумаи ҳуҷҷатҳо, нокофӣ донистани забони русӣ ва мушкилот бо ирсоли бастаҳо, ин гуна шахсон бо душвориҳои зиёд дучор мешаванд.

Татяна Москалкова таъкид доштааст, ки айни замон аз ҷониби омбудсмену дипломатҳо ва ҳуқуқшиносони касбӣ ба миён гузоштани масъалаи беҳтар намудани қарордодҳои мавҷуда дар ин самт хеле муҳим аст.

Масъалаи интиқоли шаҳрвандони маҳкумшудаи Осиёи Марказӣ аз зиндонҳои Русия ба ватан қаблан низ ба миён гузшта шуда буд. Пайвандони муҳоҷирони маҳкумшуда аз мушкилоти марбут ба масофаи дур ва хароҷоти молиявӣ, ки ба онҳо ҷиҳати дидор бо наздиконашон дар муассисаҳои ислоҳӣ монеъа эҷод мекунанд, арзу шикоят мекунанд.

Пас аз оғози ҷалби маҳкумшудагон аз зиндонҳо барои ҷанг дар Украина, ин мушкилот боз ҳам печидатар шуд.

Моҳи сентябри соли 2023 як гурӯҳ маҳкумшудагони тоҷик, ки дар зиндони Қазон адои ҷазо мекарданд, ба намояндагии диплдоматии Тоҷикистон дар Русия ва Додситонии кулли Тоҷикистон бо дархости баргардонидани онҳо ба ватан барои адои ҷазо муроҷиат намуданд, зеро аз он дар ташвиш буданд, ки онҳоро ба ҷабҳа (фронт) мефиристанд.

Баррасӣ шудани масъалаи онҳо маълум нест. Ба ҳар ҳол, тайи се соли ахир дар бораи табодули маҳкумшудагон байни Русия ва Тоҷикистон ягон маълумот ё омор расонаӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вазир боздошти як зердасташро тасдиқ кард. Сардори раёсати тандурустии Суғд чаро боздошт шуд?

0

Боздошти Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғдро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ кард, аммо гуфт, шояд боздошти ӯ ба фаъолияти шахсияш рабт дошта бошад.

Дар бораи боздошти Фаррух Мақсудзода моҳи декабри соли 2025 хабарҳои тасдиқнашуда паҳн шуд, аммо он замон мақомоти расмӣ ҳеҷ иттилое надоданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ бори аввал расман тасдиқ кард, ки ин зердасташ дар вилояти Суғд боздошт шудааст, аммо нагуфт, ки Фаррух Мақсудзодаро кадом ниҳод ва барои чӣ боздошт кардааст.

Ӯ танҳо зикр кард, ки “ба фаъолияти касбиаш эроде набуд” ва боздошти ӯ “шояд ба фаъолияти шахсии ӯ рабт дошта бошад”.

Манобеи мо дар мақомоти вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки Мақсудзода чанд муддат ин ҷониб дар кор нест, аммо бо баҳонаи “беморӣ” ва “рухсатӣ” дақиқ нагуфтанд, ки ӯ дар куҷо аст.

Як бародари Мақсудзода боздошти бародарашро рад карда, гуфт, “рӯзи душанбе (яъне 19-уми январи соли 2026) аз сафар меоянд  ва бо худашон саволу ҷавоб мекунед”. Аммо тамоси такрорӣ бо ӯ ғайриимкон шуд.

Модари Фаррух Мақсудзода низ рӯзи 16-уми январ кӯтоҳ гуфт, ки “писарам як ҷойи дур рафтагӣ, ман бо журналисто гап намезанам. Намедонам кай меояд”.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Мақсудзодаро мақомоти амниятии вилояти Суғд боздошт карда ва иттиҳоми алайҳи ӯро бо ҷурми “тамаъҷӯӣ” тафтиш доранд”. Аммо ба ин расона ҳам касе расман иттиҳоми алайҳи Мақсудзода эълоншударо тасдиқ накардааст.

Бояд гуфт, Фаррух Мақсудзода тобистони соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъин шуда буд. Вай як давраи гузашта ҳам дар ин симмат кор кард ва дар байн Сардухтури беморхонаи вилоятӣ буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Айбдорем… ҳатто аз Афғонистон поёнтарем”. Нигаронии роҳбари КОА аз мақоми Тоҷикистон дар раддабандии таҳқиқоти илмӣ

0

Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии SCImago дар мавриди тадқиқоти илмӣ 10 зина поёнтар аз Афғонистон аст, ки ин вазъ ниҳоди ваколатдори давлатиро нигарон кардааст. Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) аз муҳаққиқони тоҷик талаб дорад, ки мақолаҳои илмии худро бештар дар маҷаллаҳои тақризшавандаи ҷаҳонӣ чоп кунанд, то мавқеи кишвар дар ин самт тақвият ёбад.

Сайфиддин Давлатзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ (КОА) рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, Тоҷикистон дар раддабандии SCImago миёни 33 кишвари Осиё мақоми 27-ум ва миёни ҳама кишварҳои ҷаҳон мақоми 164-умро соҳиб шудааст. Вале дар сомонаи расмии scimagojr.com мо мушоҳида кардем, ки Тоҷикистон миёни ҳамаи кишварҳои ҷаҳон дар зинаи 147-ум қарор дорад.

Давлатзода бо нигаронӣ гуфт, ки Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиё пас аз Афғонистон қарор дорад. Дар раддабандии SCImago, ки мо аз сомонаи расмиаш дидем, Тоҷикистон миёни кишварҳои Осиё як зина ва миёни ҳама кишварҳои ҷаҳон 10 зина баъд аз Афғонистон аст.

Миёни кишварҳои Осиё: Афғонистон дар мақоми 26 ва Тоҷикистон дар мақоми 27-ум қарор дорад;

Миёни кишварҳои ҷаҳон: Афғонистон дар мақоми 137 ва Тоҷикистон дар ҷойи 147 қарор дорад.

“Мо миёни кишварҳои Осиё пас аз Афғонистон қарор дорем. Ман чанд бор дар доираи олимони кишвар ба ин мавзӯъ тамаркуз кардам. Ҳамчун олим шарм медорам: бо вуҷуди ин қадар таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат барои соҳаи илм, аз як давлате, ки ним аср боз дар он ҷанг аст, ҷойгоҳи мо пасттар аст. Албатта, кам кас мегӯяд, ки айбдор аст. Ман худамро айбдор ҳис мекунам. Барои он ки мо натавонистем, аққалан, аз давлатҳое, ки дар ҷанг қарор доранд, пештар истем”, – гуфт раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ. ​

Сайфиддин Давлатзода гуфт, ки “сабаби аслӣ дар он аст, мо мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои байналмилалии бонуфуз нашр намекунем ва ҷиҳати воридсозии маҷаллаҳои илмӣ ба пойгоҳҳои иқтибосоварии илмии ҷаҳонӣ мо камтар таваҷҷӯҳ дорем”.

Ба қавли Давлатзода, ҳоло Комиссияи олии аттестатсионӣ конфренсияи сатҳи осиёӣ ва ё ҷаҳониро ба нақша гирифтааст ва дар ин росто семинарҳои омӯзишӣ ҳам баргузор кардан мехоҳад, то муҳаққиқони тоҷик барои нашри мақолаҳои илмии худ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи бонуфузи ҷаҳонӣ бештар таваҷҷӯҳ кунанд ва маҷаллаҳои илмии кишвар дар пойгоҳҳои иқтибосоварии илмии ҷаҳонӣ ворид шаванд.

Ба қавли ӯ, ин ташаббусҳо боиси боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар раддабандии SCImago замина хоҳад гузошт.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷойгоҳи Тоҷикистон дар минтақа

Тоҷикистон дар ин рейтинг аз кишварҳои хеле хурду ҷазираӣ боло меистад, аммо дар муқоиса бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қариб дар ҷойи охир меистад:

Қазоқистон – ҷойи 69, (64913 ҳуҷҷат),

Ӯзбекистон – ҷойи 83, (38873 ҳуҷҷат)

Қирғизистон – ҷойи 130, (7118 ҳуҷҷат)

Тоҷикистон – ҷойи 147 (3710 ҳуҷҷат),

Туркманистон – ҷойи 191 (636 ҳуҷҷат)

Дар сегонаи беҳтарини рейтинг Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷойи 1, Чин дар ҷойи 2 ва Британияи Кабир дар ҷойи 3-юм қарор доранд.​

Русия дар ин рейтинг дар мақоми 12‑ум ва Эрон дар мақоми 19‑ум аст.

Дар сегонаи бадтаринии раддабандӣ бошад, Фаронсаи Ҷанубӣ дар ҷойи 241, Питкэрн дар ҷойи 242 ва Ҷазираҳои Ҳёрд ва Макдоналд дар ҷойи 243-юм ҳастанд.

Ёдовар мешавем, ки раддабандии ҷаҳонии SCImago тамоми нишондиҳандаҳоро барои давраи 1996 то 2024 фаро мегирад ва ҳар 2 сол бо навсозии додаҳои Scopus ҷамъбаст мешавад. Акнун бояд соли 2026 ин раддабандӣ натиҷаҳои навашро дар мавриди таҳқиқоти илмӣ эълон кунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 15

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми чаҳордаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳабибулло Назарзода: Оғози парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Лондон ҳоло имкон надорад

0

Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 28-уми январ гуфт, ки роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Лондон – Душанбе бинобар фоидаовар ва худкифо набудани он ҳоло имкон надорад.

Як сол пеш, дар нишасти матбуотии Оҷонсӣ гуфта шуда буд, ки байни Душанбе ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар назар буд, ки парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳайвопаймоии “Сомон Эйр” иҷро мешаванд.

Дар доираи созишнома байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир ду вариант пешбинӣ шуда буд: хатсайри мустақими Душанбе – Лондон – Душанбе ва хатсайри ҷойгузин тариқи Тифлис.

Моҳи январи соли 2025 Ҳабибулло Назарзода изҳор дошта буд, ки агар хатсайр бо мусофирон комилан пур нашавад, хатсайри алтернативӣ роҳандозӣ мекунанд.

“Парвози аввал пешбинӣ гардида буд, вале талаботи мусофирон ба он дар сатҳи зарурӣ қарор надошт. Аз ҳисоби "секунҷа" ба хатсайри Душанбе – Лондон тариқи Тифлис ҳамагӣ 3 билет фурӯхта шуд”, – шарҳ дод Назарзода.

Ӯ ҳамчунин, ба душвории масъалаи реҷаи раводид ишор намуда, зикр кард, ки протоколи дахлдор ба имзо расида, бо дипломатҳои Британияи Кабир гуфтушунид ҷараён дорад.

Ҳабибулло Назарзода илова кард, ки ба ҷониби Британия низ пешниҳод шудааст, ки ба Тоҷикистон тариқи хатсайрҳои ҳавоӣ парвозҳо анҷом диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷирон дар соли аввал ҷои корашонро иваз накунанд

0

Вакилони Ҳизби либерал-демократии Русия ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки дар асоси он муҳоҷироне, ки бо патнет кор мекунанд, муваззафмешаванд, ки на камтар аз як сол  дар як ҷой кор кунанд (ё зери дасти як корфармо дар ду ҷой) ва дар ин муддат ҷои кори худро иваз накунанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

"Дар сурати қатъи шартнома давоми як сол бидуни сабаби узрнок, амали патент бекор шуда, муҳоҷир уҳдадор мешавад, ки Русияро тарк кунад. Агар аз кор озод шудан бо сабабҳои воқеӣ, аз ҷумла барҳамхӯрии ширкат, ҳолатҳои фавқулода ё пардохт нагардидани маош сурат гирифта бошад, ба корманд барои дарёфти ҷойи нави корӣ 30 рӯз муҳлат дода мешавад", – зикр мешавад дар лоиҳа.

Муалифон бар ин назаранд, ки чунин тадбир норасоии кадрҳо дар сохтмону бахши кишоварзӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро коҳиш дода, масъулияти муҳоҷирону корфармоҳоро бештар мекунад ва назорат дар соҳаи муҳоҷиратро тақвият медиҳад.

Охири соли 2024, Вазорати сохтмони Русия пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирон зери ихтиёри як корфармо кор кунанд. Ин ниҳод гуфт, ки ин пешниҳод танҳо ба соҳаи сохтмон дахл дошт ва ба коҳиши норасоии коргарон ва тақвияти назорат аз болои муҳоҷиронравона шудаааст.

Мақомоти Русия тайи ду соли охир сиёсати муҳоҷиратро шиддат дода, барои кормандони хориҷӣ ҳар гуна талаботу маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. 

Аз ҷумла, роҳандозии рӯйхати шахсони таҳти назорат, ҷорӣ гардидани талабот оид ба пешниҳоди огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар, болоравии арзиши патентҳо дар бисёре аз минатқаҳо ва камшавии соҳаҳое, ки дар он муҳоҷирон тавонанд машғули кор бошанд.

Масалан, аз соли 2026 ба муҳоҷирон фурӯши машрубот ва тамоку дар ҳамаи минтақаҳои Русия, ба ҷуз шаҳри Маскав, манъ шуд. Манъи ба ин монанд аллакай барои фурӯши дорувории тиббӣ, савдои чаканаи сайёр ва кор дар бозорҳо низ амал мекунад.

Дар дигар соҳаҳо ба теъдоди кормандони хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ шуд. Дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон ва боркашонӣ ҳиссаи муҳоҷирон набояд аз 24% аз шумори умуии кормандон зиёд бошад. Дар соҳаи сохтмон ҳудуди нав муқаррар шуд – 50% ба ивази 80%-и пешина ва дар бахши кишоварзиву хоҷагии ҷангал – аз 50 то 40%.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матуботӣ баргузор мешавад:

– дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист, соати 08:00;

– дар Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, соати 09:00;

– дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, соати 09:00;

– дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, соати 10:00;

– Вазорати энергетика ва захираҳои об, соати 11:00 дар “Барқи Тоҷик”.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1932 – Кумитаи радиошунавонии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 1932 – ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳри Ҳисор) таъсис дода шуд.

Соли 1956 – аввалин толори синамои мустанад дар ҷумҳурӣ бо номи “Хроника” кушода шуд.

Соли 2007 – ҳангоми амалиёти махсус дар ноҳияи Исфара паноҳгоҳи зеризаминии минагузошташуда ошкор шуд.

Соли 2011 – Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки муҷозот барои ғасби ғайриқонунии замин ва тақсими ғайриқонунии қитъаҳои замин пурзӯр карда шавад.

Соли 2012 – Дар ҳавопаймои “Тоҷик Эйр”, ки аз Маскав ба Душанбе парвоз мекард, писарбача ба дунё омад 

Соли 2020 – Додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо хабарнигорон ба ҷонибдори лағви мораторий ба ҳукми қатл дар Тоҷикистон изҳори назар кард.

Соли 2021 – Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи даъвати умумӣ ба хизмати ҳарбӣ”-ро дар таҳрири нав имзо кард, ки тибқи он дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмати ҳарбии пулакӣ ҷорӣ карда шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1911 – Алӣ Аҳмадов, арбоби давлатии шӯравӣ ва тоҷик, Комиссари халқии корҳои хориҷии Тоҷикистони Шӯравӣ.

Соли 1974 – Мавлуди Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Дилрабо Мансурӣ

Дилрабо Мансурӣ, ки ҳоло муовини сарвазири Тоҷикистон аст, ду сол пеш, 29-уми январи соли 2024 дар рӯзи зодрӯзаш ба ин мансаб таъин гардид. Ӯ соли 1996 Филиали Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Хуҷандро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст.

Пас аз хатми донишгоҳ дар ин даргоҳ аввал ба ҳайси лаборанти калони кафедраи “Ресандагӣ ва иқтисодиёти соҳа”, баъдан ассистенти кафедраи “Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ” кор кардааст. Аз соли 2001 то 2008 аввал ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи  “Технологияи матоъ, кешбофӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ” ва баъдан мудири кафедраи “Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ” фаъолият намудааст.

Пас аз дифои рисолаи илмӣ, солҳои 2008-2010 дар кафедраи “Технологияи саноати бофандагӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ” ба ҳайси дотсент ва солҳои 2010-2014 ҳамчун муовини директор оид ба илм ва инноватсияи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ кор кардааст.

Солҳои 2014-2015 директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ буд.

Соли 2015 дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон иштирок карда, вакили Маҷлиси намояндагон интихоб мегардад. Соли 2020 такроран вакили парлумон ва муовини раиси Маҷлиси намояндагон  интихоб шуд. То лаҳзаи таъин ба вазифаи муовини сарвазири Тоҷикистон, дар ин мансаб фаъолият мекард.

Соли 1955 – Мавлуди Зебинисо Рустамова, устоди дараҷаи байналхалқии варзиш, дорандаи ҷоизаи биринҷии Бозиҳои XXI олимпӣ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зебуниссо Рустамова

Зебинисо Рустамова, дар замони Шӯравӣ қаҳрамонии ҷаҳон ва ҷоизадори Бозиҳои олимпии Монреали Конодо шуд. Дар сабқати аввал сазовори медали тилло ва дар дувумӣ биринҷӣ шуду номи Тоҷикистонро он замон берунтар аз маҳдудаи Шӯравӣ бурд. То ҳол рекорди гузоштаи ӯ аз ҷониби бонувони дигари камонкаши тоҷик дар сатҳи олам такрор нашудааст.

Зебинисо Рустамова дар вазифаҳои ҷонишин ва раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ҶШС Тоҷикистон ва ноиб-президенти Кумитаи олимпии Тоҷикистон кор кардааст.

Соли 1962 – Зодрӯзи Аваз Юлдошев, журналисти шинохта ва собиқ хабарнигори Азия-Плюс.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аваз Юлдошев

Роҳи касбии Аваз Юлдашев аз солҳои пурташаннуҷи 90-ум оғоз ёфта, дар он айём ӯ сармуҳаррири рӯзномаи “Тоҷикистон” буд. Сипас фаъолияти ӯ дар сохторҳои давлатӣ – Кумитаи гумрук ва Агентии назорати маводи нашъаовар идома ёфт.

Соли 2008 Аваз Юлдашев ба “Азия-Плюс” пайваст. Ӯ роҳбари хадамоти хабарии расонаи мо буд. 

Ӯ 9-уми феврали соли 2024 дар 62-солагӣ даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1886 Карл Бенс барои аввалин мошини худ патент гирифт. Ин як вагончаи сечархаи дукаса буд, ки вазнаш 250 кг буд ва чархҳои баланд дошт.

Мошин бо суръати 16 км/соат ҳаракат мекард, ки аз рӯи стандартҳои имрӯзаи хело кам аст. Аммо он вақт он тарҳи хеле пешрафта дониста мешуд. Ба он номи “Motorwagen” дода шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

29 январи соли 1886, пас аз он ки ихтироъ аз озмоишҳои сершумор ва баъзе тағйиротҳо гузашт, Motorwagen патенти императории Олмон №37435 гирифт. Ба хотири ин рӯйдоди таърихӣ 29 январ ҳамчун рӯзи ихтирои он таҷлил мешавад.

Имрӯз, Рӯзи сафарбаркунии аҳолӣ бар зидди хавфи ҷанги ядроӣ аст.  Он дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад ва мақсади асосии он даъват ба хотима бахшидан ба мусобиқаи яроқи ядроӣ, кам кардан ва минбаъд тадриҷан барҳам додани аслиҳахонаҳои ядроии мамлакатҳои ҷаҳон ва бартараф намудани худи хавфи ҷанги ядроӣ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1-6º сард, дар водиҳо шабона 1-6º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағийрёбанда, рӯзона бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 9-14º сард, дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок, рӯзона бебориш пешгӯи шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 3-5º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 0-2º хунук, шабона 2-4º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона 0-2º сард. 

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 7-9º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 29 ба 30-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз нарху суръати интернет то фарогирии аҳолӣ бо 5G ва ҷаримаи ширкатҳои мобилӣ. Дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа чӣ гуфтанд?

0

Сифат ва нархи интернет, фарогирии аҳолӣ бо интернети насли нави 5G, даромади ширкатҳои мобилӣ ва ворид кардани интернет аз Чин, аз муҳимтарин нукоте буд, ки зимни нишасти матбуотии Хадамоти алоқа, ки имрӯз, 28-уми январ гузашт, баррасӣ шуд.

Дар Хадамоти алоқа гуфтанд, яке аз омилҳои паст будани сифати интернети мобилӣ ин афзоиши талабот ба интернет аст. Ба иттилои ин ниҳод, дар 5 соли охир талабот ба интернет 10 баробар (аз 3 Гбайт ба 30 Гбайт) афзуда, “дар истгоҳҳои базавӣ сарборӣ ба бор овардааст”.

Ҳоло теъдоди умуми истифодабарандагони интернети мобилӣ ва собит (ноқилӣ) дар Тоҷикистон 5,2 миллион нафар (4,5 млн. дар соли 2024) аст. Аз ин теъдод 5,1 миллион муштарии интернети мобилӣ ва боқимонда истифодабарандагони интернети ноқилӣ будаанд.

Исфандиёри Саъдулло, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон гуфт, соли гузашта арзиши таърифаҳои ироадиҳандагон (провайдерон)-и интернети ноқилӣ “ба ҳисоби миёна то 55% поён карда шуда, таърифаҳои бо суръати камтар аз 30 Мбит/с бекор шуданд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Исфандиёри Саъдулло дар байн

Ба гуфтаи ӯ, мушкили суръати пасти интернет ҳоло танҳо дар алоқаи мобилӣ аст, дар интернети собит “умуман мушкиле нест ва сатҳу сифаташ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ аст”. 

Вале аз ин ниҳод нагуфтанд, ки ҳоло сифати интернети мобилӣ дар кишвар чӣ гуна аст ва нархи он ҳам барои 1 Мбит/с чанд сомонӣ арзиш дорад.

 

"Соли 2030 Тоҷикистон пурра ба интернети 5G мегузарад"

Зимни нишаст, раиси Хадамот изҳор дошт, ки соли 2027 тамоми ҷумҳурӣ ба интернети 4G фаро гирифта мешавад ва соли 2030 бошад, Тоҷикистон пурра ба интернети 5G мегузарад. 

Ба иттилои манбаъ, нақшаи насби пойгоҳҳои насли 5G дар Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 тасдиқ шуда, мутобиқи ин нақша, дар 65 шаҳру ноҳияи кишвар бо иштироки ширкатҳои ироадиҳанда (операторон)-и алоқаи мобилӣ пойгоҳҳои стандарти 5G насб мешавад.

Ӯ гуфт, иҷрои нақшаи мазкур чунин хоҳад буд: 

– то охири соли 2026 – фарогирии на камтар аз 15%-и аҳолӣ;

– то охири соли 2027 – фарогирии на камтар аз 35%;

– то охири соли 2028 – фарогирии на камтар аз 50%

– то охири соли 2029 – фарогирии на камтар аз 75%;

– то охири соли 2030 – таъмини фарогирии 100%-и аҳолии ҷумҳурӣ.

Ҳоло, ба иттилои Хадамоти алоқа, дар ҷумҳурӣ 84 пойгоҳи насли 5G, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 77 адад, Роғун 1 адад, Хоруғ 1 адад, Бохтар 2 адад ва Хуҷанд 3 адад “насб ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд”. 

“Нишондодҳое, ки мо имрӯз мегирем, нисбат ба нишондодҳои 3G ва 4G беҳтаранд. Аммо на ҳамаи телефонҳои мобилие, ки имрӯз дар дасти шаҳрвандон ҳаст, стандарти 5G-ро қабул карда метавонанд. Он шаҳрвандоне, ки имрӯз дорои телефонҳои стандарти 5G мебошанд, пурра аз он истифода бурда истодаанд” – гуфт Исфандиёри Саъдулло. 

Ба иттилои манбаъ, ҳоло тибқи супориши роҳбари кишвар гурӯҳи кории Хадамот лоиҳаи “Стратегияи рушди соҳаи алоқа барои давраи то соли 2040” – ро таҳия кардааст. Ҳоло ин лоиҳа дар марҳилаи коркарди ниҳоӣ қарор дорад ва ба наздикӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Исфандиёри Саъдулло

Ба иттилои роҳбари ниҳод, дар лоиҳа 16 нишондоди мақсадноки асосӣ аз ҷумла, то 100% расонидани сатҳи интернети фаррохмавҷ, баланд бардоштани суръати интернети собит ва суръати миёнаи интернети мобилӣ, баланд бардоштани ҳиссаи фарогирии роҳҳои автомобилгард бо алоқаи мобилии 4G ва 5G ва бештар кардани сатҳи қаноатмандии аҳолӣ аз хидматрасониҳои соҳаи алоқа, ба назар гирифта шудааст.

 

Мушкил дар барқ аст?

Дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа, шикояти сокинон дар робита ба таъмини интернет дар сурати қатъ шудани барқ ва ҳамчунин, таъмини пойгоҳҳои ширкатҳо бо нерӯи барқ низ баҳс шуд.

Аз ҷумла, Исфандиёри Саъдулло гуфт, то имрӯз 62% истгоҳҳои базавӣ бо зергенераторҳо ва 8% бо панелҳои офтобӣ таъминанд. Мувофиқи нақша, дар соли 2026 бояд 80% зеристгоҳҳо бо генератор ва 30%-и он бо панелҳои офтобӣ муҷаҳҳаз шаванд.

“Муддати дароз маҳдудияти барқ давом меёбад ва каме мушкил аст. Вале агар гӯем, ки мушкилоти асосӣ дар қувваи барқ аст, хато мекунем. Нарасидани инфрасохтор ва таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла истгоҳҳои базавии стандарти нав мушкилоти соҳа мебошанд ва мо дар ин самт корбарӣ мекунем”, – изҳор дошт Исфандиёри Саъдулло.

Дар ҳамин ҳол, Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати “Tcell” гуфт, ки яке аз сабабҳо ин мушкил набудани реҷаи муайяни қатъи барқ аст, ки ширкат аз бозмонии кори истгоҳҳои базавӣ сари вақт огоҳ намешавад. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Озодхон Давлатшоев

"Мо бисёр мехостем, бо Шабакаҳои барқ як нақшаи саҳеҳ дошта бошем, то донем, ки кай ва ба куҷо сӯзишворӣ барему генераторҳоро фаъол кунем. Мушкил дар сӯзишворӣ ва таъмини он нест, мушкил дар кори системаҳоест, ки моро аз қатъи барқ хабардор мекунанд… Кӯшиш мекунем, бо Шабкаҳои барқ нақшае таҳия ва аз рӯйи он кор кунем”, – шарҳ дод Озодхон Давлатшоев.

Исфандиёр Саъдуллоев, ба ҳайси мушкилоти дигари соҳа, куҳнаву фарсуда будани инфрасохтор ё худ таҷҳизоти мухобиротӣ, хатҳои интиқоли маълумот, шароити ҷуғрофии кишвар, сарбории аз меъёр зиёд дар истгоҳҳои базавӣ, кифоя набудани самоягузорӣ, норасоии кадрҳои ихтисосманд ва маҳдудияти барқро номбар кард.  

 

Интернет аз Чин кай ба Тоҷикистон меояд?

Раиси Хадамоти алоқа дар бораи воридкунии интернет аз Чин гуфт, ки ҳоло “бо сабаби сардиҳо дар ноҳияи Мурғоб” корҳо муваққатан бозистодаанд.

Ба гуфтаи, ӯ кашидани хатти интернет аз Чин дар ҳудуди ВМКБ то шаҳри Хоруғ расидааст.

“Ният дорем, аз моҳи март корҳоро идома диҳем ва то охири соли 2026 насби 310 км хатти оптикии боқимондаро ба анҷом расонда, бо ширкатҳои хидматрасон пайвасти мустақим дошта бошем” – илова кард ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Хадамот дар бораи тасмими ворид кардани интернет аз Чин ҳанӯз моҳи сентябри соли 2025 хабар дода буд. Он вақт гуфта мешуд, ки ноқилҳои 48-қабата (жила)-и оптикиро аз Душанбе то Хоруғ кашида, дар марҳилаи баъдӣ, то сарҳади Чин идома хоҳанд дод.

 

“Бо ин сатҳу сифат чӣ хел ҷарима накунем?”

Ҳамчунин, Исфандиёри Саъдулло изҳор дошт, ки давоми соли гузашта барои қонунвайронкунӣ дар самти алоқа нисбати 119 нафар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 129 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин шудааст. Дар миёни онҳо ҳамаи ширкатҳои мобилӣ низ ҳастанд ва бештари ин маблағ ба онҳо рабт дорад.

“Бо ин сатҳу сифати инетернет, инҳоро ҷарима накунем намешавад”, – илова кард ӯ. 

 

Беш аз 5,5 млрд сомонӣ даромади ширкатҳои мобилӣ дар соли гузашта

Аз Хадамоти алоқаи кишвар ҳамчунин, гуфтанд, ширкатҳои мухобиротӣ ва корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа соли гузашта 5 миллиарду 52 миллиону 795 ҳазору 187 сомонӣ даромад доштаанд. Ин рақам назар ба соли 2024-ум 16,6% зиёд будааст.

Ба гуфтаи манбаъ, соли 2024 даромади ширкатҳои мобилӣ ва корхонаҳои зерсохтори Хадамоти алоқа 4 миллиарду 333 миллиону 274 ҳазору 496 сомонӣ будааст.

Ёдовар мешавем, ки сокинони кишвар аз паст будани суръати интернет ва нархи гарони он шикоят мекунанд. Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонии суръат ва арзиши интернет ҳам зинаҳои пойинро касб кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Решаҳои империяхоҳӣ. Чаро мубаллиғони Кремл Осиёи Марказиро таҳдид мекунанд?

0

Мубаллиғони Русия соли нави 2026-ро бо таблиғи даъвоҳои хашини империяхоҳии Кремл шуруъ карданд. Онҳо аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро таҳдид карданд, ки истиқлолияташонро мегиранд. Ин даъвоҳои мубаллиғон шояд касеро тарс дод ва касони дигарро, ки аз анъанаҳои сиёсии Русия огоҳ нестанд, ба ҳайрат овард. Вале бо назаре ба таърих, метавонем мутмаин шуд, ки чунин ривоятҳои Маскав як амали маъмулӣ аст. Ахиран анъанаи таърихии империяхоҳии Русия аз зовияи нав омӯхта шудааст ва ин зовия чанде пеш дар китоби муаллифи украинӣ Кузарӣ (Kuzari) нашр шудааст, ки "Азия-Плюс" ба нукоти муҳимтарини он таваҷҷуҳ кард.

Дар расонаҳо изҳороти муҷрии барномаҳои таблиғотии Кремл Владимир Соловев аз рӯзи 11 январ ба таври густарда инъикос шуд. Вай бо такя ба амалиёти ИМА дар Венесуэла пешниҳод кард: “Туф кардем ба ҳуқуқи байналхалқӣ. Агар барои амнияти миллии мо зарур буд, ки дар Украина “Амалиёти махсуси низомӣ” (ҳукуматдорон ва мубаллиғони Русия ҷанг дар Украинаро чунин ном мебаранд) роҳандозӣ кунем, чаро… мо наметавонем “Амалиёти махсуси низомӣ”-ро дар дигар минтақаҳои таҳти нуфузамон роҳандозӣ кунем? Аз даст додани Арманистон – мушкили бузург аст. Мушкилӣ дар Осиёи Марказии мо – мушкилии бузург аст ва мо бояд ҳадафҳову вазифаҳоямонро рушан кунем. Мо бояд фаҳмонем, ки – бозӣ тамом шудааст”.

Як рӯз баъд аз Соловев яке аз барҷастатарин идеологҳои “ҷаҳони русӣ” Александр Дугин гуфт: “Набояд розӣ шуд, ки Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистони мустақил вуҷуд дошта бошанд… Ё онҳо дар урдугоҳи мо хоҳанд буд ва ё ба майдони ҳарби Ғарб ё Чин табдил хоҳанд шуд”. Вай илова кард, ки дар шароити кунунӣ “ҳеч роҳе ба ҷуз аз эълони империяи Русия ва пушти по задани ҳуқуқи байналхалқӣ вуҷуд надорад”.

Дар гуфтумонҳои умумӣ ин ду чеҳраи зикршуда ҳамчун афроди наздик ба Кремл ном бурда мешаванд. Соловев ба таври доимӣ дар чорабиниҳое иштирок мекунад, ки аз сӯи дастгоҳи президенти Русия ташкил карда мешаванд. Дар моҳи январи соли 2025 Владимир Путин шахсан ба вай унвони журналисти хидматнишондодаи Русияро дод.

Дугин бошад як чеҳраи мураккаб ва таъсиргузорест. Расонаҳои Ғарб ӯро “мағзи Путин” меноманд. Ин нуктаи назар ҳам вуҷуд дорад, ки идеяҳои Дугин ба Путин ҳангоми ғасби Қрим дар соли 2014 ва рӯи даст гирифтани ҷанг дар Украина дар соли 2022 таъсир доштаанд.

Бо назардошти робитаҳои исботшудаи ин ду чеҳра бо Маскави расмӣ, коршиносон ба ин назаранд, ки наметавон изҳороти онҳоро ҳамчун назари шахсии худи онҳо баҳо дод – агар содатар гӯем, онҳо наметавонанд бидуни иҷозаи Кремл чунин сухан гӯянд.

Мантиқи империяхоҳӣ, ки ҳанӯз дар асри XIV (16) шакл гирифта буд, ҳамоно сохтори асосии сиёсати хориҷии Русияро ташкил медиҳад. Русия мисли гузашта кишварҳои ИДМ – ро ҳамчун қисме аз ҳудуди таҳти нуфузи худ баҳо медиҳад ва истиқлолияти онҳоро нодида мегирад.

Ин тамоюлҳо ба таври муфассал дар китоби муаллифи украинӣ Kuzari зикр шудаанд. Китоб таҳти унвони “Исчезнувшая Цивилизация – незамеченная Катастрофа” аз чоп баромадааст. Дар ин китоб муаллиф бо ҷузъиёт ва далелҳои зиёде нишон медиҳад, ки шуруъ аз асри XIV (16) чӣ гуна ҳукумати мустақар дар Маскав модели империалистии худро шакл додааст: машруъияти динӣ додан ба бартарии Маскав – қудрату нуфузи онро муқаддас ҷилва медиҳад ва аз ин тариқ ғасби ҳудудҳои навро тавҷеҳ мекунад.

Маскав густариши қаламравашро дар Шарқи мусалмонӣ ҳамчун зарурати “ҳифзи дин” ва густариши “ҷаҳони православӣ” баҳо дод ва худро дар муқобили “бединон” гузошт. Изҳороти ошкорои мубаллиғони рус дар моҳи январи соли 2026 ин нуктаро бармало карданд, ки сиёсати хориҷии Русия ҳамоно бар ҷоҳталабиҳои империяхоҳӣ асос ёфтааст.

Аз нуқтаи назари геополитика дар китоб рӯйдодҳову равандҳои зиёди таърихие аз диди нав бозгӯ шудаанд, ки на танҳо харитаи қавмӣ ва сиёсии Қафқози Ҷанубӣ, балки Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро муайян мекунанд. Дар асоси ҳазорон манбаъ, мисли пазлҳои мухталиф, уфуқи васеи робитаи иллату маълули рӯйдодҳо боз мешавад. Уфуқ ё рушание, ки дар пайи таҳлилҳо ба даст меояд, ба таври возеҳ аз шарҳу тафсири таърихи расмӣ дар кишварҳои минтақа ва худи Русия фарқ хоҳад дошт.

Муаллифи китоб менависад, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ривоятҳои Маскав назарияи саргармкунандае нест. Хотираи таърихии минтақа таҷрибаи ҳамроҳ кардани ҳудуди Туркистонро ба ҳайати империяи Русия дар нимаи дувуми асри XIX ба ёд дорад, ки он замон густариши низомӣ ва маъмурии Русия бо ривояти “маъмурияти тамаддунӣ” ва тобеъ кардани мардуми маҳаллӣ ба маркази қудрати хориҷӣ ҳамроҳ буд. Дар даврони шӯравӣ мантиқи империализм дар шакли дигари ниҳодсозӣ ҳифз шуда буд.

Ба андешаи муаллифи китоб, дар андешаи назарияпардозони Русия модели иқтисодӣ ва сохтории Тоҷикистон ҳамчун минтақаи дурафтодаи зери нуфуз – бо имкониятҳои маҳдуди мустақилона рушд кардан ва вобастагии зиёд аз манобеи хориҷӣ – шакл гирифтааст. Баъди пошхӯрии СССР ин вобастагӣ дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ амиқтар шуд ва ҳамчунин муҳоҷирати меҳнатӣ ва кумаки молии хориҷӣ ин вобастагиро барҷастатар кард.

Барои Тоҷикистон, ки масоили амниятӣ, устуворӣ ва қабули тасмимҳои мустақилона ҳассосияти махсус дорад, чунин изҳороти чолишбарагез ва ғайривоқеиву империяхозона аз Маскав хатарҳои баргашт ба мантиқи ҳимояи хориҷиро ба ёд меоранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Танҳо тавассути ду фурудгоҳ тобути беш аз 1,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан овардаанд

0

Соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасади 1 ҳазору 585 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия  ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум 430 тобут ё 37% бештар аст.

Дар ин бора дар ҳисоботи солонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе зикр шудааст. Маълум нест, ки ин ҷасадҳоро аз кадом кишварҳо овардаанд. Вале ҳамасола садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, дар пайи ҳаводиси табиӣ ба ҳалокат мерасанд ва ё аз сӯи маллитгароёни рус кушта ва ҷасади онҳо ба ватан оварда мешавад.

Масъулини Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон омори интиқоли ҷасадҳо дар кулли кишварро нагуфтанд.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ навиштааст, ки дар ин муддат тариқи Фурудгоҳи байналмилали Кӯлоб 38 тобутро ба ватан овардаанд, ки дар муқоиса ба як сол пеш 24 адад камтар аст.

Маълум нест, ки дар соли гузашта теъдоди тобутҳое, ки тариқи фурудгоҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар ва аз роҳи заминӣ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, чӣ қадар аст.

Бояд гуфт, ҳар сол тобути даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз дигар кишварҳо ба ватан меоранд, ки аксарияти онҳо ҷасади муҳоҷирони тоҷики дар Русиябуда ҳастанд. Бештари вақт сабаби марги онҳо тасодуф дар сохтмон, беморӣ, куштор ва садама гуфта мешавад.

Аз ҷумла, ду ҳафта пеш ҷасади се узви оилаи тоҷикро, ки дар Русия аз бӯйи газ ба ҳалокат расида буданд, ба Тоҷикистон оварда дар зодгоҳашон деҳаи Шедруди ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба хок супориданд.

Пештар аз ин пайкари хунолуди Қобилҷон Алиеви 10-соларо, ки рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи шаҳрванди 15-солаи Русия бо корд ва бар пояи нафрати миллӣ кушта шуд, ба Тоҷикистон оварда, дар зодгоҳаш, ноҳияи Шаҳринав ба хок супурданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.