Дар Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷирон дар соли аввал ҷои корашонро иваз накунанд

Вакилони Ҳизби либерал-демократии Русия ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки дар асоси он муҳоҷироне, ки бо патнет кор мекунанд, муваззафмешаванд, ки на камтар аз як сол  дар як ҷой кор кунанд (ё зери дасти як корфармо дар ду ҷой) ва дар ин муддат ҷои кори худро иваз накунанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад. "Дар сурати қатъи шартнома давоми […]

Asia-Plus

Вакилони Ҳизби либерал-демократии Русия ба Думаи давлатӣ лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардаанд, ки дар асоси он муҳоҷироне, ки бо патнет кор мекунанд, муваззафмешаванд, ки на камтар аз як сол  дар як ҷой кор кунанд (ё зери дасти як корфармо дар ду ҷой) ва дар ин муддат ҷои кори худро иваз накунанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

"Дар сурати қатъи шартнома давоми як сол бидуни сабаби узрнок, амали патент бекор шуда, муҳоҷир уҳдадор мешавад, ки Русияро тарк кунад. Агар аз кор озод шудан бо сабабҳои воқеӣ, аз ҷумла барҳамхӯрии ширкат, ҳолатҳои фавқулода ё пардохт нагардидани маош сурат гирифта бошад, ба корманд барои дарёфти ҷойи нави корӣ 30 рӯз муҳлат дода мешавад", – зикр мешавад дар лоиҳа.

Муалифон бар ин назаранд, ки чунин тадбир норасоии кадрҳо дар сохтмону бахши кишоварзӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро коҳиш дода, масъулияти муҳоҷирону корфармоҳоро бештар мекунад ва назорат дар соҳаи муҳоҷиратро тақвият медиҳад.

Охири соли 2024, Вазорати сохтмони Русия пешниҳод карда буд, ки муҳоҷирон зери ихтиёри як корфармо кор кунанд. Ин ниҳод гуфт, ки ин пешниҳод танҳо ба соҳаи сохтмон дахл дошт ва ба коҳиши норасоии коргарон ва тақвияти назорат аз болои муҳоҷиронравона шудаааст.

Мақомоти Русия тайи ду соли охир сиёсати муҳоҷиратро шиддат дода, барои кормандони хориҷӣ ҳар гуна талаботу маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд. 

Аз ҷумла, роҳандозии рӯйхати шахсони таҳти назорат, ҷорӣ гардидани талабот оид ба пешниҳоди огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар, болоравии арзиши патентҳо дар бисёре аз минатқаҳо ва камшавии соҳаҳое, ки дар он муҳоҷирон тавонанд машғули кор бошанд.

Масалан, аз соли 2026 ба муҳоҷирон фурӯши машрубот ва тамоку дар ҳамаи минтақаҳои Русия, ба ҷуз шаҳри Маскав, манъ шуд. Манъи ба ин монанд аллакай барои фурӯши дорувории тиббӣ, савдои чаканаи сайёр ва кор дар бозорҳо низ амал мекунад.

Дар дигар соҳаҳо ба теъдоди кормандони хориҷӣ маҳдудият ҷорӣ шуд. Дар соҳаи ҳамлу нақли мусофирон ва боркашонӣ ҳиссаи муҳоҷирон набояд аз 24% аз шумори умуии кормандон зиёд бошад. Дар соҳаи сохтмон ҳудуди нав муқаррар шуд – 50% ба ивази 80%-и пешина ва дар бахши кишоварзиву хоҷагии ҷангал – аз 50 то 40%.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.