Ҳабибулло Назарзода: Оғози парвозҳо бо хатсайри Душанбе – Лондон ҳоло имкон надорад

Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 28-уми январ гуфт, ки роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Лондон – Душанбе бинобар фоидаовар ва худкифо набудани он ҳоло имкон надорад. Як сол пеш, дар нишасти матбуотии Оҷонсӣ гуфта шуда буд, ки байни Душанбе ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар назар буд, ки парвозҳо аз […]

Asia-Plus

Ҳабибулло Назарзода, раиси Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотии рӯзи 28-уми январ гуфт, ки роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Лондон – Душанбе бинобар фоидаовар ва худкифо набудани он ҳоло имкон надорад.

Як сол пеш, дар нишасти матбуотии Оҷонсӣ гуфта шуда буд, ки байни Душанбе ва Лондон хатсайри ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад. Дар назар буд, ки парвозҳо аз ҷониби ширкати ҳайвопаймоии “Сомон Эйр” иҷро мешаванд.

Дар доираи созишнома байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир ду вариант пешбинӣ шуда буд: хатсайри мустақими Душанбе – Лондон – Душанбе ва хатсайри ҷойгузин тариқи Тифлис.

Моҳи январи соли 2025 Ҳабибулло Назарзода изҳор дошта буд, ки агар хатсайр бо мусофирон комилан пур нашавад, хатсайри алтернативӣ роҳандозӣ мекунанд.

“Парвози аввал пешбинӣ гардида буд, вале талаботи мусофирон ба он дар сатҳи зарурӣ қарор надошт. Аз ҳисоби "секунҷа" ба хатсайри Душанбе – Лондон тариқи Тифлис ҳамагӣ 3 билет фурӯхта шуд”, – шарҳ дод Назарзода.

Ӯ ҳамчунин, ба душвории масъалаи реҷаи раводид ишор намуда, зикр кард, ки протоколи дахлдор ба имзо расида, бо дипломатҳои Британияи Кабир гуфтушунид ҷараён дорад.

Ҳабибулло Назарзода илова кард, ки ба ҷониби Британия низ пешниҳод шудааст, ки ба Тоҷикистон тариқи хатсайрҳои ҳавоӣ парвозҳо анҷом диҳанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.