Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе – Лондонро роҳандозӣ мекунад

Охири моҳи феврали соли 2025 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” имзои протоколи иловагиро дар мавриди роҳандозии алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лондон дар нақша дорад. Роҳбари Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки дар доираи созишнома ду вариант пешбинӣ шудааст: хатсайри мустақими Душанбе – Лондон […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Охири моҳи феврали соли 2025 ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” имзои протоколи иловагиро дар мавриди роҳандозии алоқаи ҳавоӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Лондон дар нақша дорад.

Роҳбари Агентии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки дар доираи созишнома ду вариант пешбинӣ шудааст: хатсайри мустақими Душанбе – Лондон – Душанбе ва хатсайри алтернативӣ тариқи Тифлис.

“Агар хатсайри мустақим пурра серталаб нашавад, самти алтернативиро тариқи Тифлис роҳандозӣ мекунем”, – зикр кард Назарзода.

Ӯ илова намуд, ки шумораи хатсайрҳо дар як ҳафта ҳоло муайян нашудааст ва он ба талабот ба билетҳои ҳавопаймо вобаста хоҳад буд.

“Лекин ҳоло роҳандозии як хатсайр дар як ҳафта ба нақша гирифта шудааст”, – изҳор дошт номбурда.

Дар Оҷонсӣ ҳамчунин хабар доданд, ки соли 2024 ширкати “Сомон Эйр” аз Тоҷикистон ба 12 кишвар : Туркия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Русия, Қазоқистон, Чин, Олмон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон ва Гурҷистон парвозҳои мунтазам ва транзитӣ анҷом додааст. Ҳудуди 51%-и мусофирон ба шаҳрҳои гуногуни Русия расонида шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.