Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки ҳадафи аслии таъсиси Фонди роҳ дароз кардани муҳлати истифодаи роҳҳои мошингард дар кишвар мебошад. Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмон ва таъмиру навсозии роҳҳои ҷумҳурӣ маблағи зиёд – ҳудуди 30 млрд сомонӣ равона шудааст. “Аммо маблағҳое, ки барои дар ҳолати […]

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим имрӯз, 29 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор намуд, ки ҳадафи аслии таъсиси Фонди роҳ дароз кардани муҳлати истифодаи роҳҳои мошингард дар кишвар мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмон ва таъмиру навсозии роҳҳои ҷумҳурӣ маблағи зиёд – ҳудуди 30 млрд сомонӣ равона шудааст.

“Аммо маблағҳое, ки барои дар ҳолати хубу коршоям нигоҳ доштани роҳҳо ҷудо мешаванд, кофӣ нестанд”, – иброз дошт вазир.

Азим Иброҳим зикр кард, ки ҳамчунин тариқи Фонд барои таъмири роҳҳои мошингарди маҳаллӣ имконияти молиявӣ фароҳам оварда мешавад.

Ғайр аз ин, таъкид дошт вазир, таъсиси Фонди роҳ яке аз шартҳои Бонки осиёии рушд дар доираи пешниҳоди грант барои сохтмони роҳи автомобилгарди Роғун – Обигарм – Нуробод мебошад.

Қобили зикр аст, ки ин ниҳоди молиявӣ соли 2019 барои сохтмони қитъаи 30-километраи ин роҳ 110 млн доллар грант ихтисос дод.

Ёдрас мекунем, ки қарор дар бораи таъсиси Фонди роҳ аз ҷониби ҳукумат 26 декабри соли гузашта қабул карда шуд.

Мувофиқи ин санад, Вазорати нақлиёт вазифадор шудааст, ки якҷоя бо вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ дар муҳлати то се моҳ бо тартиби муқарраргардида ба ҳукумат оид ба ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва молиявии Фонди роҳ пешниҳодҳо манзур намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.