Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо масъалаи зарур будани сохтмони метро баррасӣ мешавад. «Вақте ки ҳоло таҳлили техникию иқтисодӣ (ТТИ) надорем, чӣ гуна метавонем дар бораи муҳлати сохтмон сухан ронем? – гуфт ӯ имрӯз, […]

Asia-Plus

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло танҳо масъалаи зарур будани сохтмони метро баррасӣ мешавад.

«Вақте ки ҳоло таҳлили техникию иқтисодӣ (ТТИ) надорем, чӣ гуна метавонем дар бораи муҳлати сохтмон сухан ронем? – гуфт ӯ имрӯз, 29 январ, дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе.

Вай зикр кард, ки дар айни ҳол раванди таҳияи таҳлили пешакии техникию иқтисодӣ идома дорад, ки дар моҳи март – апрели соли ҷорӣ ба анҷом мерасад. Пас аз ин, ба гуфтаи ӯ, таҳияи он оғоз гардида, баъдан лоиҳаи муфассали сохтмони метро омода хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ, вазир илова кард, ки дар марҳилаи аввал нақшаи сохтмони се хатти метро мавҷуд аст – аз Сирки давлатӣ то дарвозаҳои ҷанубӣ, шимолӣ ва шарқии пойтахт.

Қаблан, Вазорати нақлиёт хабар дода буд, ки сохтмони метро дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои июн-июли соли ҷорӣ шурӯъ мегардад. Баъдан онро иваз кард ва навишт, ки “корҳои омодагӣ ба сохтмони метро дар Душанбе тобистони соли равон оғоз мешавад”.

Дар он хабар гуфта мешуд, ки аввалин шохаи метро бо дарозии 10,5 км аз қисмати ҷануби шаҳр (Дарвозаи Ҷанубӣ) ба марказ то маҳалли Сирки давлатӣ сохта мешавад.

Бояд гуфт, ки метрои Душанбе бо кӯмаки молиявии Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад. Бонки Кореяи Ҷанубӣ барои гузаронидани корҳои пешакӣ 200 ҳазор доллар ҷудо мекунад ва он зеризаминӣ мешавад.

Ёдрас мешавем, ки 1-уми марти соли 2022 миёни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Роҳи оҳани миллии Корея” дар бораи сохтмони метрои пойтахт ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Баъдан 22-юми августи соли 2023 Вазорати нақлиёт бо Бонки содиротию воридотии Корея (“Эксимбонк”) ҷиҳати маблағгузории омӯзиши пешакӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар Душанбе созишнома бастанд. Намояндагони бонк розӣ шуданд, ки ҳамчунин таҳияи муфассали лоиҳаро низ  маблағгузорӣ кунанд.  

Қабан, як манбаъи “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки нахустин хатти метрои пойтахт охири соли 2040 мавриди истифода қарор мегирад.

Моҳҳои охир тамбашавии нақлиёт дар Душанбе боиси нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст. Мақомот барои кам кардани тамбашавӣ чораҳо меандешанд, вале бенатиҷа. Ҳам мақомот ва ҳам сокинони кишвар бовар доранд, ки сохтмони метро сатҳи тамбашавӣ дар пойтахтро  аз байн мебарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.