“Ягона роҳ, сохтани метро”. Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?

Моҳҳои охир тамбашавии нақлиёт дар Душанбе боиси нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст. Барои кам кардани тамбашавӣ мақомот 17 гузаргоҳи пиёдагардонро барҳам доданд. Онҳо гуфтанд, гузаргоҳҳо яке аз омилҳои тамбашавӣ дар роҳҳо дар шаҳр аст.  Ин қарор дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни сокинон баҳсҳои зиёдеро ба миён овард.  Аксаран зидди барҳам додани гузаргоҳҳоянд, чун ба гуфтаашон, […]

Меҳрангез Султонзода, Шаҳноза Мустафоқулова, Asia-Plus

Моҳҳои охир тамбашавии нақлиёт дар Душанбе боиси нороҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахт гардидааст. Барои кам кардани тамбашавӣ мақомот 17 гузаргоҳи пиёдагардонро барҳам доданд. Онҳо гуфтанд, гузаргоҳҳо яке аз омилҳои тамбашавӣ дар роҳҳо дар шаҳр аст. 

Ин қарор дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни сокинон баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. 

Аксаран зидди барҳам додани гузаргоҳҳоянд, чун ба гуфтаашон, барояшон нороҳатӣ пеш меорад. Онҳо мегӯянд, яке аз роҳи ҳал сохтмони метро аст. Қисмате ин қарорро дастгирӣ карданд ва умед доранд, ки бо ин роҳ тамбашавии нақлиёт ва интизориҳои тӯлонӣ дар роҳҳо ба охир мерасад. 

Аз сокинон пурсидем, ки оё ин роҳи ҳал аст? Боз чӣ гуна метавон бар зидди танбашавӣ дар роҳҳо мубориза бурд?

Муфассал, дар навори мо тамошо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.