Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines” дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест

Як ҳавопаймои масофирбари ширкати “Azerbaijan Airlines"-и Озарбойҷон, ки аз Боку ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи минтақаи Оқтауи ҷануби Қазоқистон суқут кардааст. Ба иттилои расонаҳо, дар дохили ҳавопаймо 62 мусофир ва 5 сарнишин қарор доштанд. Ширкати "Azerbaijan Airlines" тасдиқ кардааст, ки ки ҳавопаймои "Embraer 190" бо рақами J2-8243 аз Боку ба Грозний парвоз […]

Asia-Plus

Як ҳавопаймои масофирбари ширкати “Azerbaijan Airlines"-и Озарбойҷон, ки аз Боку ба шаҳри Грознийи Чеченистон парвоз мекард, дар наздикии фурудгоҳи минтақаи Оқтауи ҷануби Қазоқистон суқут кардааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар дохили ҳавопаймо 62 мусофир ва 5 сарнишин қарор доштанд.

Ширкати "Azerbaijan Airlines" тасдиқ кардааст, ки ки ҳавопаймои "Embraer 190" бо рақами J2-8243 аз Боку ба Грозний парвоз мекард, вале маҷбур шуд дар 30 километрии Оқтау нишасти изтирорӣ анҷом диҳад.

Хабаргузории “КазТаг” аз қавли мақомоти беҳдоштии Қазоқистон навиштааст, ки  29 нафар осеб дидаанд ва аз ин 27 касро ба беморхона бурдаанд, ки 11 нафари онҳо дар шуъбаи эҳё мебошанд. Тақдири мусофирони дигар ҳанӯз маълум нест.

Дар байни осебдидагон 2 кӯдаки 11 вҷа 16 –сала ҳам будаанд, ки онҳоро барои ҷарроҳӣ омода мекунанд.

Дар бораи ҳалокшудагон маълумоти расмӣ дар даст нест. "КазТаг" навиштааст, ки “дар ҷои ҳодиса чор ҷасад сабт шудааст”. 

Сабаби суқути ҳавопаймо гуногун шарҳ дода мешавад.

“РИА Новости” бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон навишт, ки сабаби суқути ҳавопаймои Embraer 190 метавонад бархӯрдан бо гурӯҳи парандагон бошад.

Ҳамчунин, маълумот дар бораи таркиши баллони оксиген дар дохили ҳавопаймо пайдо шудааст.

Радиои Озодӣ навиштаст, ки “бино ба як хабар, туман (меғ)-и зиёд сабаби тағйири самти парвози ҳавопаймо шудааст”.

“Baza" навиштааст, ки хатари ҳамлаи бесарнишинҳо метавонад сабаби тағйири самти парвози ин ҳавопаймо шуда бошад.

Раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки айни ҳол дар Русия ҷиҳати иштирок дар саммити ИДМ қарор дошт,  бинобар суқути ҳавопаймо сафарашро қатъ карда, ба Боку бармегардад.

Бо фармони ӯ як ҳайати давлатии Озарбойҷон ба Қазоқистон фиристода шудааст, то сабабҳои суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines”-ро дар ҷойи ҳодиса таҳқиқ намояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.