“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 13

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми сездаҳуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Чанде аз “хонаҳои бесоҳиб”-и Истиқлолро дубора ба соҳибонашон додаанд

0

Соҳибони ин хонаҳо, ки қаблан манзили худро бесоҳиб гузошта ба хориҷа рафта буданд, баъди тасмими ҳукумати Истиқлол дар бораи тақдими ин хонаҳо ба ниёзмандон, дубора ба ин шаҳр баргашта, хонаҳои худро соҳибӣ кардаанд.

Дар ин бора Қаюмҷон Маҳмудзода, раиси шаҳри Истиқлол рӯзи 26-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Қаблан, мақомоти шаҳри Истиқлол мехостанд, хонаҳое, ки солҳо боз бесоҳиба буданд, ба тавозуни ҳукумат гузаронанд ва ба ниёзмандони дар навбати хонабуда диҳанд. Баъди рӯйхат кардану муҳр задани дари хонаҳо, соҳибони онҳо пайдо шудаанд.

Раиси шаҳри Истиқлол гуфт, ки то ҳол соҳиби 17 хона пайдо шудаанд ва манзилҳои худро соҳибӣ карданд. Ба гуфтаи раиси шаҳр, соҳибони хонаҳои дигар ҳам "оҳиста – оҳиста пайдо шуда истодаанд".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қаюмҷон Маҳмудзода

"Ин хонаҳо ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд. Тибқи қонунҳои амалкунанда, мо ҳақ надорем хонаҳои хусусиро ба фонди манзили шаҳр ворид кунем"-зикр кард Қаюмҷон Маҳмудзода.

Ба таъкиди номбурда, акнун соҳибони хонаҳо бояд манзилҳои худро, ки дару тиреза надошта, таъмирталабанд ва ҳусни шаҳрро коста мекунанд, таъмир кунанд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Истиқлол дар шимоли вилояти Суғд ҷойгир буда, дар он ҷо солҳои пеш ақаллиятҳои гуногуни зиёд зиндагӣ доштанд. Баъдан, теъдоде аз онҳо шаҳрро тарк карданд ва хонаҳои онҳо холӣ монд.

Тобистони соли гузашта мақомоти дахлдори шаҳри Истиқлол гуфтанд, зимни як санҷиш беш аз 50 хонаи бидуни соҳибмулк ё беназоратро ошкор кардаанд. Он замон раиси шаҳри Истиқлол гуфта буд, ки агар қарори додгоҳ содир шавад, ин манзилҳо ба ниёзмандоне,  ки дар навбат истодаанд, дода мешавад.

Ҳамин тариқ, ӯ дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли гузашта гуфт, ки баъди рӯйхат кардану муҳр задани дари хонаҳое, ки солҳо бесоҳиб буданд, соҳибони хонаҳо пайдо шудаанд ва мехоҳанд хонаҳояшонро соҳибӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии зиддифасод, аввал собиқ роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва дертар Баҳодур Ахмедов, сокини шаҳри Бӯстонро бо ҷурми қаллобӣ боздошт кард, ки мехостанд ин хонаҳои бесоҳибро бо ҳуҷҷатгузории қалбакӣ ба “шиносҳояшон” фурӯшанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

Имрӯз дар вазорату идораҳои зерин нишасти матбуотӣ баргузор мешавад:

– Кумитаи рушди маҳал, соати 08:00;

– Оҷонсии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, соати 09:00;

– Саридораи геология, соати 10:00;

– Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, соати 11:00;

– Маркази миллии тестӣ, соати 14:00;

– Донишгоҳи давлатии тиҷорат, соати 08:00, Донишгоҳи аграрӣ соати 09:00 ва дар  Донишгоҳи славянӣ соати 10:00.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1935 – Дар бораи нашри луғати мукаммали русӣ-тоҷикӣ қарор қабул шуд. Шӯрои илмии алифбои нави тоҷикии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Соли 1993 – Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон барқарор шуданд.

Соли 2016 – Озода Раҳмон, яке аз духтарони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2019 – Демаркатсияи пурраи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба анҷом расид.

Соли 2021 – Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶСП “Скай Катеринг”, ки дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон хӯроки ҳавопайморо таъмин менамояд, иҷозатномаи хизматрасонии махсус бо асъори хориҷӣ дод.

Соли 2022 – Раисони шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, Роғун ва роҳбари ширкати “Барқи тоҷик” нав шуданд.

Соли 2022 – Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи нав рух дод, ки дар натиҷа ду тоҷик кушта ва 10 тани дигар захмӣ шуданд.

Соли 2022 – Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ сармураббии нави тими миллии футболи Тоҷикистон шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Петр Шергт

Таҳти роҳбарии ӯ дастаи Тоҷикистон  24 бозӣ анҷом дода, дар 11 бозӣ пирӯз шуда, 7 бор мусовӣ кардааст. Дар давраи роҳбари ӯ мунтахаби Тоҷикистон бори аввал, ба Ҷоми Осиё-2023 роҳ ёфт ва ба марҳилаи чорякниҳоӣ рафт. Бинобар анҷоми муҳлати шартнома дар аввали соли 2024 ӯ аз вазифаи сармураббии тими миллии футболи Тоҷикистон рафт.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1940 – Зодрӯзи Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сорбон

Нависандаи нозукбаёни тоҷик Сорбон (Пури Ҳамроҳ) имрӯз 85-сола шуд. Ӯ факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Муддати мадиде дар кори рӯзноманигорӣ ҳам машғул шудааст. Аз ҷумла,  муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, нашриёти “Ирфон”, мухбири рӯзномаи “Маданияти Тоҷикистон” буда, чанд сол дар нашриёти “Маориф” ва Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ фаъолият доштааст.

Сорбон яке аз нависандагони маъруф ва соҳибноми тоҷик аст. Асари “Ҷӯгӣ”-и ӯ яке аз беҳтарин асарҳои муосир дар адабиёти тоҷик дониста мешавад. Ҳамчунин ӯ муаллифи қиссаву романҳои маъруфи “Занги аввал”, “Санги сипар”, “Марди танҳо”, “Достони писари Худо” ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво аст.

Нахустин гулчини ҳикоёташ “Гап дар дил” буда, сипас асарҳои дигари ӯ, “Сабо”, “Қумрӣ”, “Пиндор”, “Марди танҳо”, “Чархи эҳтиётӣ”, “Санам”, “Спитамон”, “Шинел”, “Барзгар” ва чандин маҷмӯаи гуногунмуҳтаво мунташир шуданд. То имрӯз 12 ҷилди Куллиёти осораш ба дасти чоп расидааст.

Ҳикояҳои Лев Толстой, Фёдор Достоевский, «Пӯлод чӣ тавр обутоб меёбад”-и Николай Островский, романи “Ман офтобро мебинам”-и Нодар Думбадзе, қиссаи “Киштии сафед”-и Чингиз Айтматовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.

"Азия-Плюс" дар ҷашни 80-солагии нависанда дар бораи зиндагиаш, буҳрони маънавӣ дар ҷомеа, фарқи адабиёти замони шӯравӣ аз Тоҷикистони навин ва масоили дигар мусоҳиба анҷом дода буд, ки дар матлаби Сорбон: Кори ман сиёсатбозӣ нест… метавонед мутолиа кунед.

Соли 1948 – Зодрӯзи Савринисо Сабзалиева, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Савриниссо Сабзалиева

Савринисо Сабзалиева яке аз ҳунарпешагони муваффақ ҳам дар синамо ва ҳам дар театр буда, ҳамчунин дар дубляжи як қатори филмҳо низ саҳм дорад. Баъди хатми Донишкадаи санъати Тоҷикистон аввал дар Театри давлатии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ карда, баъдан дар мактаби мусиқии бачагонаи шаҳри Хоруғ муддате дарс гуфтааст.

Дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳо дар намоишномаҳои “Рӯдакӣ”, “Отелло”, “Дод аз дасти ақл” дар хотирҳо мондааст. Дар синамо бошад, дар филмҳои тоҷикии “Духтарони суғдӣ”, “Асрори нӯҳ пайғамбар”, “Гумгаштапайдо”, “Иштибоҳ”, “Вохӯрӣ дар дараи марг” ва ғайра нақш бозидааст.

Ӯ ҳамчунин дар сужаҳои киножурнали ҳаҷвии “Калтак”, саҳнаю намоишҳои телевизионӣ нақшҳои зиёд иҷро кардааст. Саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ низ бузург аст.

Савринисо Сабзалиева 4-уми майи соли 2020 дар 72-солагӣ даргузашт.

Соли 1964 – Мавлуди Маҳмадқул Каримов, кимиёгар, доктори илмҳои кимиё.

Соли 1983 – Зодрӯзи Шукрулло Хайрзода, собиқ ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод, муовини пешини вазири маориф ва ҳоло ректори Донишгоҳи давлатии Данғара.

Соли 2022 – Далер Лоҳутӣ, файласуф, забоншинос ва тарҷумон, писари Абулқосим Лоҳутӣ дар синни 87-солагӣ дар Маскав даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Далер Лоҳутӣ

Далер Лоҳутӣ, писари Абулқосим Лоҳутӣ, шоири пуровозаи Тоҷикистону Эрон буда, мутахассиси варзидаи кибернетика ва ҳуши маснӯӣ, файласуфи мантиқдон, забоншинос ва тарҷумони варзида буд. Ӯ муаллифи асарҳои гаронарзише дар заминаи тарҷумаи матнҳои фалсафӣ низ буд.

Далер Лоҳутӣ хатмкардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломаносов буда, аз соли 1998 дар Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия фаъолият кардаас. Ҳамчунин ба унвони роҳбари Маркази илмиву таълимии таъмини барномавию лингвистии низомҳои интелектуалӣ буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имруз, рӯзи аз муҳосираи фашистӣ комилан озод шудани Ленинград ҷашн гирифта мешавад. Соли 1941 Гитлер дар канори Ленинград амалиёти ҷангӣ cap карда, 8 сентябр шаҳрро ба муҳосира гирифт. 27 январи соли 1944 артиши шӯравӣ мухосираро, ки 872 рӯз давом карда буд, комилан барҳам доданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ин сана ба хотири ёдбуди миллионҳо нафаре интихоб гардидааст, ки дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон қурбони сиёсати нобудсозии оммавии режими онвақтаи Олмон шуданд. Маҳз 27-уми январи соли 1945 нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ урдугоҳи консентратсионии Освенсим (Аушвитс)-ро озод карданд, ки яке аз рамзҳои фоҷиаи Ҳолокост ба шумор меравад.

Тибқи маълумоти таърихӣ, дар натиҷаи Ҳолокост зиёда аз 6 миллион нафар, инчунин миллионҳо намояндагони дигар миллатҳо, ақаллиятҳо ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ кушта шуданд. 

Имрӯз Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёнии Ҳолокост таҷлил мешавад. Ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ 1-уми ноябри соли 2005 тасдиқ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз, рӯзи кашфи Антарктида таҷлил мешавад. 27 январи соли 1820 аввалин экспедитсияи русҳо ба Антрктида бо сардории Таддей Беллингсгаузен пас аз шаш моҳ ба қитъаи ҷанубӣ расид. Дар маҷмӯъ, сафар 750 рӯз давом карда, 28 ҷазира дар баҳрҳои ҷанубӣ ва як соҳили қаблан номаълуми материк кашф карда шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин рӯз, "Кайҳон моликияти тамоми инсоният" эълон карда шудааст. 27 январи соли 1967 “Дар бораи меъёрҳои фаъолияти давлатҳо дар тадқиқ ва истифодаи фазоӣ кайҳон, аз ҷумла Моҳ ва дигар ҷисмҳои осмонӣ” созишнома ба имзо расид. Имруз зиёда аз 100 мамлакат иштирокдори ин Шартнома мебошанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона -1+4º, дар шарқи вилоят рӯзона 10-15º сард, дар баъзе минтақаҳо то 7-9º сард, дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 4+6º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 26 ба 27-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Муаррифи фарҳанги тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо се забон. “Tajikborn” аз чӣ қисса мекунад?

0

Акси маконҳои таърихӣ, хӯрокҳои миллӣ, наворҳои таблиғотӣ, ки баъзеи он тавассути ҳуши маснуӣ омода шудааст, муҳтавои асосии тарҳи “Tajikborn” аст, ки аз сӯйи ду духтари тоҷики бурунмарзӣ роҳандозӣ шудааст ва ҳадафи он муаррифии тоҷикон ва фарҳанги онҳо ба ҷаҳон аст.

Анаҳита Назрӣ ва Моҳитобон Ҷонон муассисони тарҳи ”Tajikborn” мебошанд, ки ба хотири муаррифии фарҳанги миллати худ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ин лоиҳаро пеш мебаранд. Онҳо бо “Азия Плюс” дар мавриди мақсади таъсис ва фаъолияти ”Tajikborn” суҳбат карданд.

 

Ғурури миллӣ

Анаҳита баъд аз 13-солагӣ дар чандин кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ кардааст ва ӯ таҳсилдидаи Академияи байналмилалии Уммон, Донишгоҳи менеҷмент ва иқтисоди ISM дар Вилнюс, Мактаби тиҷоратии SolBridge дар Донишгоҳи Вусонги Теҷон мебошад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Анаҳита Назрӣ

Даврони кӯдакии Моҳитобон низ дар Душанбе гузаштааст. Баъдтар дар синни наврасӣ бо оилааш ба Покистон, Чин ва сипас ба Британияи Кабир рафта, дар он ҷо ба воя расидааст. 

Анаҳита мегӯяд, ки чанд сол пеш ҳангоме хориҷиён дар бораи аз куҷо будани ӯ мепурсиданд, мегуфт тоҷикам ва аз Тоҷикистон, аммо муҳтавои дурусту шоистае барои муаррифӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда наметавонист.

“Медидам, ки намояндагони дигар кишварҳо дар бораи таърихи парчам, забон ва мусиқии худ бо ифтихор суҳбат мекарданд. Дарк кардам, ки ман низ метавонам бо халқи худ ифтихор кунам ва ғурури миллиам бедор шуд”, – гуфт ӯ.

Аз рӯйи гуфтаи Анаҳита, волидонаш гуфтаанд, ки ӯ бояд бо тоҷик будани худ ғурур кунад ва ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки миллаташ дорои фарҳанги ғанӣ аст.

“Ҳадаф гузоштам то исбот намоям, ки тоҷикон низ метавонанд муосир, мустақил, донишманд бошанд ва дар ин баробар, эҳтиром ба миллату фарҳангро ба ҷо оранд”, – мегӯяд ӯ.

Моҳитобон бошад, баъд аз хатми мактаб, шавқаш ба омӯзиши забон ва фарҳанги тоҷикӣ бедор шудааст. Ба андешаи ӯ, садҳо тоҷикони бурунмарзӣ пазмони забону фарҳанги худ ҳастанд. Ва ин ба ӯ барои тарғиби забону фарҳанги халқаш ангеза бахшидааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Моҳитобон Ҷонон

 

Чӣ тавр таъсиси ғояи тарҳ тавлид шуд?

Моҳитобон мегӯяд, ки унвони “TajikBorn” тасодуфан дар зеҳни муаллифон пайдо шудааст. Ӯ бо дӯсташ Анаҳита, ки тариқи Instagram шинос шудааст, роҳи такмили замони тоҷикиро меҷустаанд.

Рӯзе Анаҳита дар шарҳи ҳоли саҳифаи Instagram-и худ “Tajik-born, South Korea-based”, (тоҷики муқими Кореяи Ҷанубӣ) навиштааст. Сипас Моҳитобон низ дар саҳифааш "Tajik-born, London-based” (тоҷики муқими Лондон) навиштааст. Ҳамон лаҳза дар зеҳни духтарон ғояи сохтани тарҳи рақамии “TajikBorn” ба миён омадааст.

“Мо қабл аз таъсис, тарроҳон ва шахсони хоҳишмандро ба ин лоиҳаи бемузд, ки мақсади асосиаш тарғиби фарҳанги миллӣ аст, ҷалб кардем. Ҷавоншер ва Робия розӣ шуданд бо мо кор кунанд”, – гуфт Анаҳита.

Ҳоло "Tajikborn" -ро чор тоҷик аз чор кишвари дунё пеш мебаранд. Анаҳита муассиси лоиҳа ва ҳоло муқими Рига аст, ҳаммуассис Моҳитобон дар Лондон, тарроҳ Робия дар Маскав ва мудири тарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ Ҷавоншер дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.

“Тарҳи аксу навор ва худи муҳтаво барои мо хеле муҳим аст. Бо ин роҳ метавон мухотабони бештарро ҷалб кард. Тавассути муҳтавосозӣ саъй дорем, ки фарҳанги тоҷиконро берун аз марзҳо фарогир намоем”, – таъкид доштаанд муассисони лоиҳа.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Робия

Шиносоӣ бо худ

Анаҳита гуфт, хориҷиён ва гурӯҳе аз тоҷикони бурунмарзӣ тоҷикиро намедонанд. Ба ин хотир, муҳтаворо бо се забон нашр мекунанд.  Барои бештаре аз ҷамъиятҳои тоҷикон ин саҳифа як навъ “шиносоӣ бо худ” шудааст.

“Дар расонаҳо ва доираҳои илмии англисзабон фарҳанги тоҷикон то ҳол ба қадри кофӣ муаррифӣ нашудааст. Ҳадафи асосии TajikBorn дастрас кардани маълумот дар бораи таърих, ҳунар ва мероси тоҷикон бо забони англисӣ аст”, – мегӯяд Анаҳита.

Дар тӯли каме бештар аз як сол, TajikBorn аз як лоиҳаи хурд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба як ҷомеаи фаъоли рақамӣ табдил ёфт. Муҳтавои лоиҳа тоҷиконро аз саросари ҷаҳон, ки аксари онҳо ташнаи маълумот дар бораи таъриху фарҳангу забони худ буданд, бо ниёконашон ошно кард.  

 

МЕДИА (IFRAME)

“Нишон додани фарҳанги тоҷикӣ дар олами рақамӣ танҳо истифоди аксу навори духтарони либоси миллипӯш  нест. Ҳадафи аслӣ шикасти қолабҳои шахшуда ва нишон додани давлату фарҳанги муосир аст. Яъне тоҷикон баробари дигар халқҳо қадам мениҳанд, аз донишҳои муосир огаҳанд, аммо бо ин ҳама, ҷадди худро фаромӯш накардаанд ва одату одоби онҳоро арҷ мегузоранд”, – гуфт Моҳитобон.

Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, “TajikBorn”-ро гурӯҳе аз муҳаққиқон, рассомон, тарроҳон ва нафароне хоҳишманд, ки хориҷианд ва ба фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ доранд, пайгирӣ мекунанд.

Ҳамчунин, муаллифони лоиҳа бо истифода аз ҳуши маснӯӣ аксҳои таърихӣ, тасвирҳои рассомон, хӯрокҳои миллиро “зинда” мекунанд ба ба шеваи ҷолиб ба мухотабони худ пешниҳод мекунанд.

Ҳоло “TajikBorn” бастаи стикерҳои худро дорад, ки бо ҳадафи  муаррифии лоиҳа таҳия шудааст. Стикерҳоро метавон тавассути саҳифаи расмии “TajikBorn” бар ивази 55 сомонӣ харидорӣ кард.

 

МЕДИА (IFRAME)

“Ҳадаф аз таҳияи стикерҳо на фоидаи молӣ, балки муаррифии тоҷикон аст. Маблағи бадастомада барои дастгирии лоиҳа истифода мешавад”, – зикр кард Анаҳита.

Барои муаллифони лоиҳа муҳим аст, ки махсусан ҷавонон аз решаи худ ифтихор ва фарҳанги хешро ба таври муосир муаррифӣ кунанд.

Муассисон орзу доранд, ки дар чанд соли наздик “TajikBorn” аз саҳифаи иҷтимоӣ дар Instagram, ба як лоиҳаи бузурги фарҳангӣ табдил ёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Артиши Тоҷикистон дар радабандии иқтидори ҳарбии ҷаҳонӣ 8 зина боло рафтааст

0

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар шохиси навшудаи "Иқтидори ҳарбии ҷаҳонӣ" (Global Firepower) барои соли 2026 дар миёни 145 кишвари ҷаҳон зинаи 100-умро ишғол кардааст. Ин нишондод 8 зина болотар аз мавқеи соли гузаштаи Артиши кишвар аст. Соли 2025 Тоҷикистон дар зинаи 108-уми ин радабандӣ қарор дошт.

Тибқи маълумоти маркази таҳлилии "Global Firepower", нишондиҳандаи қудрати ҳарбии Тоҷикистон дар соли 2026 ба 2,1749 баробар шудааст, дар ҳоле ки як сол пеш ин нишондиҳанда 2,3049 буд.

Дар радабандии мазкур, ҳар қадар нишондиҳанда ба сифр наздик бошад, ҳамон қадар артиши давлат пурқудраттар ҳисобида мешавад. Ҳамин тавр, паст шудани нишондиҳанда нишонаи беҳтар шудани мавқеи кишвар мебошад.

Мувофиқи радабандии мазкур, дар соли 2026 артиши Ӯзбекистон пурқудраттарин дар Осиёи Марказӣ эътироф шуда, дар зинаи 53-юм қарор дорад. Қазоқистон дар зинаи 58-ум, Туркманистон 78-ум ва Тоҷикистон дар зинаи 100-ум мавқеъ гирифта, аз артиши Қирғизистон, ки дар зинаи 109 қарор дорад, пештар аст.

Дар соли 2025 артиши Қазоқистон пурқудраттарин Осиёи Марказӣ дониста шуда, дар зинаи 57-уми ҷаҳон қарор дошт. Артишҳои Ӯзбекистон (зинаи 58), Туркманистон (77), Қирғизистон дар зинаҳои баъдӣ буданд ва Тоҷикистон бо ишғоли зинаи 108-ум дар радабандӣ мавқеи пасттаринро байни кишварҳои Осиёи Марказӣ соҳиб буд.

Бояд гуфт, ба навиштаи маркази таҳлили "Global Firepower", радабандии Иқтидори ҳарбии ҷаҳонӣ бо назардошти беш аз 60 омили гуногун муайян мешавад. Аз ҷумла, шумора ва навъи воҳидҳои ҳарбӣ, вазъи молиявӣ, иқтидори логистикӣ ва омилҳои ҷуғрофӣ, аз омилҳои арзёбии радабандӣ гуфта мешаванд.

Тибқи ин радабандӣ, артишҳои ИМА, Русия ва Чин дар сегонаи беҳтаринҳо дохил шуда, се зинаи охирро артишҳои Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Бенин ва Бутан соҳиб шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳушдори ҳавошиносон аз эҳтимоли боридани барф ва фаромадани тарма дар се рӯзи оянда

0

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки аз 27 то 29-уми январ, бо сабаби боришоти (атмосферӣ) барфу борон, дар бархе минтақаҳо хавфи фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Ин ниҳод, аз ҷумла, гуфтааст, ки эҳтимоли бештари тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ (километрҳои 48–74), минтақаҳои Майхура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, минтақаҳои Манем, Вуж, Тангив ва Бидуи ноҳияи Шуғнон пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, мақомот ба сокинону ронандаҳо тавсия додаанд, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд.

“Ба масъулони соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки чораҳои заруриро андешанд”, – гуфта мешавад дар ҳушдори Оҷонсӣ.

Қаблан, рӯзи 22-юми январ дар кишвар барфи шадид борид, ки боиси қариб як шабонарӯз баста шудани роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона роҳе, ки шимоли кишварро бо марказ мепайвандад, гардида буд. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 23-24-уми январ баъди қатъ гардидани боришот ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳои водию-доманакӯҳӣ шабона то 8-13º хунук шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво нисбатан гарм пешгӯӣ шуда буд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

0

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар –  генерал-майор Бекмурод Абдуллоев, муовини пешини вазири корҳои дохилӣ ва Рустам Турсунов, собиқ роҳбари Департаменти иҷрои ҷазои ВКД-и Ӯзбекистон хабар додаанд. Маълум нест, ки онҳо ба чӣ иттиҳом айбдор мешаванд.

Ба иттилои Kun.UZ, алайҳи ҳардуи ин мансабдорони пешин дар доираи як парванда тафтишот идома дорад. Ба қавли манбаъ, боздошти онҳо пас аз он сурат мегирад, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар робита бо мубориза бо фасод дар соли 2026 “вазъияти фавқулода” эълон кардааст.

Аз мақомоти ин кишвар боздошти ин ду чеҳраи шинохта дар Ӯзбекистонро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки Додситонии кул ҳоло таштишот мебарад. Дар робита ба иттиҳоме, ки онҳо айбдор мешаванд, иттилоъ дода намешавад.

 

Онҳо кистанд?

Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар, Бекмурод Абдуллоев аз моҳи апрели соли 2021 муовини вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон буда, 3-юми ноябри соли 2025 бо дастури роҳбари ин кишвар аз вазифа барканор шуда буд. Ӯ қаблан низ дар сохтори ВКД дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доштааст. Аз ҷумла, солҳои 2018-2019 муовини сардори Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд ва як муддат сардори Сарраёсати патрулӣ-посбонӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ӯзбекистон будааст. Баъдан, то замони муовини вазири корҳои дохилӣ таъин шуданаш, муовини якум оид ба таъминоти ҷамъиятии фармондеҳи Гвардияи миллӣ буд.

Рустам Турсунов низ, ки аз соли 2021 сардори Департаменти иҷрои ҷазои ВКД-и Ӯзбекистон буд, дар як рӯз бо Бекмурод Абдуллоев, 3-юми ноябри соли 2025  бо фармони раисҷумҳури ин кишвар аз мансаб озод шудааст. Ӯ қаблан, солҳои 2017-2018 сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷиззах ва сипас то соли 2021 сардори Раёсати ВКД дар вилоятии Навоӣ будааст.

Бояд гуфт, боздошти мансабдорон ва ё собиқ мақомдорон дар ин кишвар падидаи нав нест. Аз ҷумла, соли 2023 Афзал Эрматов, раиси Оҷонсии муҳоҷират бо иттиҳоми ҷамъоварии ғайриқонунии беш аз миллион доллар (14,5 млрд сӯми ӯзбекӣ) боздошт шуд ва додгоҳ ӯро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳамчунин ахиран, моҳи феврали соли 2025 Дониёр Тошхӯҷаев, собиқ муовини аввали сардори Раёсати пулиси шаҳри Тошканд бо иттиҳоми сӯйиқасд ба ҷони Комил Алламҷонов, чеҳраи шинохтаи сиёсати Ӯзбекистон ва яке аз ҳамсафони Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Ӯзбекистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.

Пештар аз ин, Рашид Қодиров, додситони кулли пешини Ӯзбекистон барои содир кардани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла гирифтани пора, қаллобӣ, қасдан саркашӣ аз пардохти андоз, дахолат ба раванди таштишот муттаҳам дониста ва ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамроҳи ӯ чандин зердастонаш ҳам зиндонӣ шуданд. Аммо аввали соли 2023 додситони кулли пешин шартан аз зиндон раҳо шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Носир Саидзода дар бораи зарару фоидаи истифодаи ҳуши маснӯӣ дар таҳияи барномаҳои телевизонӣ ва эҷоди суруду мусиқӣ гуфт

0

Носир Саидзода, раиси Кумитаи телевизион ва радио истифодаи ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ)-ро дар эҷоди суруду мусиқӣ ва таҳияи барномаҳои телевизионӣ шарҳ дода гуфт, “истифодаи он ягон хатар надорад, вале наметавонад ҷойгузини сарояндагону мусиқинавозон бошад”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳуши маснӯӣ танҳо барои “тезонидани кор” истифода мешавад ва тавассути он метавон ҳаттол садои асбобҳои миллии тоҷикиро эҷод кард. Ба гуфтаи ӯ, зеҳни сунъӣ танҳо барои эҷоди мусиқӣ истифода мешавад, вале наметавонад ҷойгузини садо бошад.

“Мо ин қадар сарояндагони машҳур, садоҳои хуб дорем. Мо ҳоло то ба он марҳила нарасидем, ки садои зеҳни сунъӣ эъҷодкарда ба ҷойи садои як сарояндаи мо истифода шавад. Ман дақиқ мегӯям, ки ҳеҷ чиз садои сарояндагони моро иваз ё такрор карда наметавонад”, – тавзеҳ дод ӯ.

Носир Саидзода гуфт, овози зинда ҳамеша ҳис карда мешавад ва “якҷоя кардани он бо мусиқии зеҳни сунъӣ офаридаи хеле зебо мешавад”.

Ба гуфтаи ӯ, барои омода кардани мусиқӣ, ки қаблан ансамбл алоҳида даъват мешуду садои ҳар як асбоби мусиқӣ алоҳида сабт ва баъдан ҳамоҳанг мешуд, вақти зиёд лозим буд. Вале имрӯз метавон номгӯи асбобҳоро дар барнома супориш дод ва кореро, ки қаблан то як ҳафта сарф мешуд, дар 5-10 дақиқа иҷро кард.

Аммо бо вуҷуди ин, ба қавли ӯ, баъзан ниёз ба навозандагон ҳаст ва садои баъзе асбобҳои мусиқӣ, чун ғижжаку най аввал зинда сабт мешаванд ва баъдан, ба мусиқии зеҳни сунъӣ эҷодкарда ҳамҷоя мегарданд.

Ба гуфтаи Носир Саидзода, яке аз далоили ҷойгузини оҳангсоз шуда натавонистани ҳуши маснӯӣ ин аст, ки “ба зеҳни сунъӣ низ оҳангсоз супориш медиҳад ва бояд ӯ ҳирфаӣ бошад, то донад, ки аз барномаи зеҳни сунъӣ чӣ мехоҳад”.

Ҳамчунин, раиси Кумитаи телевизион ва радио таъкид кард, ки ҳоло оҳангсозон ва ҳам созандагони филмҳои тасвирӣ аз ҳуши маснӯӣ васеъ истифода мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин, коргардонҳои филм ва барномаҳо вақте ба мавзуъҳои таърихӣ даст мезананд, “маҷбурем барои сохтани баъзе мавзеъҳои таърихӣ аз зеҳни сунъӣ истифода кунем”.

Бо рушди фанновариҳои рақамӣ дар кишвар, вазорату идораҳо ва наҳодҳои давлатӣ низ талош доранд, дар фаъолияти худ аз ҳуши маснӯӣ истифода кунанд. Махсусан, баъди дастури роҳбари давлат дар паёми соли 2024 дар робита ба истифодаи васеи ҳуши маснӯӣ дар пешниҳоди хидматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ, ин раванд вусъат меёбад. 

Қаблан, дар моҳи июли соли гузашта, Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) лоиҳаи қатъномаи “Нақши зеҳни сунъӣ (ҳуши маснуӣ) дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ”-ро, ки аз сӯи Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бо иттифоқи оро қабул карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

НАВШУДА. Марги як писарбачаи 12-сола дар пайи ҳамлаи сагҳои дайду дар ноҳияи Рӯдакӣ

0

Дар пайи ҳамлаи сагҳои оворагард ё дайду дар ноҳияи Рӯдакӣ Ҳаким Давлатови 12-сола, сокини деҳаи Мирзочули ин ноҳия ҷон бохтааст. Ҳодиса рӯзи 15-уми январи имсол рух дода, писарбача ҳудуди 8 соат баъди ҳамлаи сагҳо, дар беморхонаи “Шифобахш” (Қарияи Боло) ба ҳалокат расидааст.

Акси пайкари хунолуди ин наврас чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, боиси нигаронии корбарон гардида буд. Дар акс дида мешавад, ки кӯдак бо захмҳои гуногун дар бемористон бистарӣ буда, табибон талош доранд ба ӯ кӯмак расонанд.

Иноятулло Юсупов, роҳбари Маркази таъмини бехатарии озуқаворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ имрӯз, 26-уми январ дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” ҳодисаро тасдиқ карда, гуфт, ки писарбачаро бегоҳии рӯзи 15-уми январ ба хок супурдаанд.

Номбурда афзуд, ки сагҳои дайду дар заминҳои кишти деҳа, ки “хеле дур аз хонаи ин кӯдак аст, ба ӯ ҳамла кардаанд”. Ба нақли ӯ, Ҳаким барои дидани ҳавзи моҳипарвариашон ба ин минтақа танҳо рафта буд.

“Ба нақли падари Ҳаким, сагҳои дайду ба ӯ захми шадид расонидаанд. Аз сабабе, ки дар наздики ҷойи ҳодиса манзили зист нест, ҳеҷ кас ба додаш нарасидааст. Дар роҳ ба беморхона, дар пайи изтиробу эҳсоси тарс сатҳи қанди писарбача 17,4 шудааст. Кӯдакро ҷарроҳӣ накардаанд, танҳо пайи газидагии сагро озмоиш карда диданд, ки сагҳои дайду бемории ҳорӣ (девонагӣ) надоштаанд”, – гуфт манбаъ.

Холназар Ғиёсов, муовини сардухтури беморхонаи “Шифобахш” дар сӯҳбати телефонӣ кӯтоҳ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки “Ҳакимро дар вазъияти ниҳоят шадид ба беморхона оварданд”.

“Баъди нисфирӯзӣ ӯро оварданд, узвҳои ҳаётан муҳимаш зарар дида буд. Ниҳояти талошро кардем, аммо бегоҳии он рӯз фавтид”,-гуфт Ғиёсов.

Иноятулло Юсупов гуфт, ки  дар пайи ин ҳодиса, дар ҳудуди ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, қариб 100 саги дайдуро “безарар карданд”.

Кӯшишҳои “Азия-Плюс” барои сӯҳбат бо Раҷабалӣ Давлатов, падари Ҳаким ва масъули ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ то замони нашри хабар бенатиҷа анҷомид.

Қаблан низ сагҳои оворагард ва бемории ҳоридошта ба сокинони деҳаҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳамла мекарданд, ки гоҳо он ба марги сокинон меанҷомид. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли гузашта дар пайи ҳамлаи сагҳои дайду дар деҳаи Гулхании шаҳри Ҳисор 24 кас осеб дида, дар беморхона бистарӣ шуда буданд.

Дар пайи ин ҳодисаҳо, мақомот дар бештари ҳолатҳо, маъракаи безараргардонӣ ё куштори сагҳои дайдуро ба роҳ мемонанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Пайрав Воҳидов 50-сола шуд! Мураббие, ки мунтахаби Тоҷикистонро ба Ҷоми Осиё мебарад

0

Имрӯз, 26-уми январ, сармураббии дастаи футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 50-солагиашро ҷашн мегирад. Имрӯз маҳз ӯ ба омода кардани дастаи мунтахаб ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, ки дар он Тоҷикистон дар яке аз гурӯҳҳои душвор қарор дорад, машғул аст.

Моҳи январ мунтахаби футзали Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2026 – мусобиқаи асосии қора оғоз кард. Дастаро дар ин мусобиқа шахсе роҳбарӣ мекунад, ки номаш аллакай чандин сол мустақиман бо дастовардҳои футзали Тоҷикистон марбут аст.

Бо ин баҳона “Азия-Плюс” ба роҳи тайкарда ва дастовардҳои ӯ назар андохт.

 

Роҳ тайкардаи бозингар: аз футболи калон ба футзал

Пайрав Воҳидов 26-уми январи соли 1976 дар Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушода, ҳунарнамоии касбиашро дар футболи калон нимаи солҳои 1990 оғоз ва дар тими “Соҳибкор”-и Душанбе дар Лигаи якуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон бозӣ мекард.

Маҳз ҳамон замон Воҳидов ба футзал рӯ овард – нахуст ҳамчун бозигари мусобиқаҳои шаҳр ва ҷумҳурӣ ва сипас ба яке аз касоне, ки мактаби мураббигии шакли навро ташаккул медиҳад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Қадамҳои нахусти мураббигӣ ва иҷозатномаи КФО

Соли 2014 ӯ ба иҷозатномаи мураббигии Конфедератсия фуитболи Осиё (КФО ё AFC) Level-1 соҳиб шуда, сармураббии дастаи “Ҳумо”-и Душанбе таъин шуд. Минбаъд пайваста дар тимҳои “ТКБ Лизинг”, “Карон” ва “Сипар” кор карда, ҳамзамон заминаи методиашро қавӣ ва аз ҳамаи зинаҳои таълими мурабииҳо – Level-1, Level-2 ва Level-3 гузашт. Аллакай ҳамон вақт мутахассисон равиши доимӣ, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва малакаи кор бо захираҳои маҳдуди ӯро зикр мекарданд.

Такони ҷиддӣ дар фаъолияти касбии ӯ соли 2018, замоне, ки мураббии дастаи “Соро компания” таъйин шуд, рух дод. Давоми якчанд мавсим ин даста ба яке аз дастаҳои пешсафи футзал табдил ёфт.   

Таҳти роҳбарии Воҳидов “Соро компания” 6 маротиба қаҳрамони Лигаи касбии футзали Тоҷикистон (солҳои 2018, 2019, 2021, 2022, 2024, 2025), 5 маротиба ғолиби Ҷоми Тоҷикистон, 4 маротиба соҳиби Суперҷом ва ғолиби мусобиқаи байнулмилалии БК “Олимп” (соли 2019) дар Атирау шуд, ки аввалин дастаи ғолиби берун аз ҳудуди Қазоқистони ин мусобиқа мебошад.

Соли 2019 “Соро компания” бори нахуст дар таърихи футзали Тоҷикистон дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё ҳанарнамоӣ карда, роҳро ба мусобиқаи баргузидаи футзали қора боз кард.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мунтахаби Тоҷикистон: идомаи мантиқӣ

Воҳидов қариб доимо паҳлӯи мунтахаби миллӣ қарор дошт. Солҳои 2015-2016 ӯ ба ҳайси ёвари самурабии тими мунтахаб ва соли 2017 ба мунтахаби миллии ҷавонони ҷумҳурӣ (U-20) роҳбарӣ мекард.

Аз моҳи июни соли 2021 Пайрав Воҳидов сармурабии дастаи футзали Тоҷикистон таъин шуда, ҳамзамон корашро дар “Соро компания” идома медиҳад. Таҳти роҳбарии ӯ ҳам даста миллӣ ва ҳам “Соро компания” усули хоси бозии худро пайдо кард ва нафақат дар мусобиқоти дохилӣ, балки берун аз кишвар ҳам ҳунарнамоии тамошобоб нишон медиҳад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҷоми Осиё-2026: имтиҳони  асосӣ

Имрӯз Воҳидов дастаи мунтахабро дар марҳилаи калидии омодагӣ ба даври финалии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврал дар Индонезия баргузор мешавад, роҳбарӣ мекунад.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба гурӯҳи “С” шомил буда, бо дастаҳои Ӯзбекистон (28 январ), Ҷопон (30 январ) ва Австралия (1 феврал) бозӣ мекунад. Ин яке аз гурӯҳҳои душвор ва пурқуввати мусобиқа бо ҳарифони пуртаҷриба ва дастаҳои пешсафи қора маҳсуб меёбад.

Ба давраи тамрину омӯзиш 16 футзалбоз аз дастаҳои “Соро компния”, “Сипар”, “Истиқлол”, инчунин легионерҳо аз Ӯзбекистон даъват шудаанд. Аз рӯйи натиҷаҳои давраи тамирину омӯзиш 16 бозигари дастаи мунтахаб интихоб мешаванд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Натиҷа ва низом

Пайрав Воҳидов – мураббии шоистаи Тоҷикистон (соли 2019), чандин маротиба дорандаи унвони беҳтарин сармураббии кишвар (2018, 2019, 2021, 2022, 2024, 2025) мебошад.  Аз ҳама муҳимаш ӯ мураббиест, ки аз зинаҳои касбии: даста → дастаи мунтахаб → сатҳи байнулмилалӣ гузаштааст.

Дар синни 50-солагӣ Воҳидов на танҳо чун соҳибҷашн, ҳамчунин ба сифати меъмори амалкунандаи футзали тоҷик меояд, ки ояндаи наздики футзали тоҷик ба қарорҳо ӯ вобастаанд. Ҷоми Осиё-2026 як имтиҳони навбатист. Ва аз бисёр ҷиҳатҳо он имтиҳон маҳз барои Пайрав Воҳидов маҳсуб меёбад.

Дар ин ҷода ба ӯ барору пирӯзӣ мехоҳем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.