Ҳушдори ҳавошиносон аз эҳтимоли боридани барф ва фаромадани тарма дар се рӯзи оянда

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки аз 27 то 29-уми январ, бо сабаби боришоти (атмосферӣ) барфу борон, дар бархе минтақаҳо хавфи фаромадани тарма вуҷуд дорад. Ин ниҳод, аз ҷумла, гуфтааст, ки эҳтимоли бештари тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ (километрҳои 48–74), минтақаҳои Майхура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, минтақаҳои Манем, Вуж, Тангив […]

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон ба сокинон ҳушдор додааст, ки аз 27 то 29-уми январ, бо сабаби боришоти (атмосферӣ) барфу борон, дар бархе минтақаҳо хавфи фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Ин ниҳод, аз ҷумла, гуфтааст, ки эҳтимоли бештари тармафароӣ дар шоҳроҳи Душанбе–Чаноқ (километрҳои 48–74), минтақаҳои Майхура ва Зидеҳи ноҳияи Варзоб, ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, минтақаҳои Манем, Вуж, Тангив ва Бидуи ноҳияи Шуғнон пешгӯӣ мешавад.

Дар робита ба ин, мақомот ба сокинону ронандаҳо тавсия додаанд, ки бе зарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ ва тармафаро сафар накунанд.

“Ба масъулони соҳаҳои роҳу нақлиёт тавсия дода мешавад, ки чораҳои заруриро андешанд”, – гуфта мешавад дар ҳушдори Оҷонсӣ.

Қаблан, рӯзи 22-юми январ дар кишвар барфи шадид борид, ки боиси қариб як шабонарӯз баста шудани роҳи Душанбе-Чаноқ, ягона роҳе, ки шимоли кишварро бо марказ мепайвандад, гардида буд. Ҳамин тариқ, рӯзҳои 23-24-уми январ баъди қатъ гардидани боришот ҳарорати ҳаво дар қисми зиёди минтақаҳои водию-доманакӯҳӣ шабона то 8-13º хунук шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво нисбатан гарм пешгӯӣ шуда буд

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.