Муаррифи фарҳанги тоҷикон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо се забон. “Tajikborn” аз чӣ қисса мекунад?

Акси маконҳои таърихӣ, хӯрокҳои миллӣ, наворҳои таблиғотӣ, ки баъзеи он тавассути ҳуши маснуӣ омода шудааст, муҳтавои асосии тарҳи “Tajikborn” аст, ки аз сӯйи ду духтари тоҷики бурунмарзӣ роҳандозӣ шудааст ва ҳадафи он муаррифии тоҷикон ва фарҳанги онҳо ба ҷаҳон аст. Анаҳита Назрӣ ва Моҳитобон Ҷонон муассисони тарҳи ”Tajikborn” мебошанд, ки ба хотири муаррифии фарҳанги миллати […]

Нодира Собирзод, махсус барои “Asia Plus”

Акси маконҳои таърихӣ, хӯрокҳои миллӣ, наворҳои таблиғотӣ, ки баъзеи он тавассути ҳуши маснуӣ омода шудааст, муҳтавои асосии тарҳи “Tajikborn” аст, ки аз сӯйи ду духтари тоҷики бурунмарзӣ роҳандозӣ шудааст ва ҳадафи он муаррифии тоҷикон ва фарҳанги онҳо ба ҷаҳон аст.

Анаҳита Назрӣ ва Моҳитобон Ҷонон муассисони тарҳи ”Tajikborn” мебошанд, ки ба хотири муаррифии фарҳанги миллати худ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ин лоиҳаро пеш мебаранд. Онҳо бо “Азия Плюс” дар мавриди мақсади таъсис ва фаъолияти ”Tajikborn” суҳбат карданд.

 

Ғурури миллӣ

Анаҳита баъд аз 13-солагӣ дар чандин кишварҳои хориҷӣ зиндагӣ кардааст ва ӯ таҳсилдидаи Академияи байналмилалии Уммон, Донишгоҳи менеҷмент ва иқтисоди ISM дар Вилнюс, Мактаби тиҷоратии SolBridge дар Донишгоҳи Вусонги Теҷон мебошад.

 

Даврони кӯдакии Моҳитобон низ дар Душанбе гузаштааст. Баъдтар дар синни наврасӣ бо оилааш ба Покистон, Чин ва сипас ба Британияи Кабир рафта, дар он ҷо ба воя расидааст. 

Анаҳита мегӯяд, ки чанд сол пеш ҳангоме хориҷиён дар бораи аз куҷо будани ӯ мепурсиданд, мегуфт тоҷикам ва аз Тоҷикистон, аммо муҳтавои дурусту шоистае барои муаррифӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда наметавонист.

“Медидам, ки намояндагони дигар кишварҳо дар бораи таърихи парчам, забон ва мусиқии худ бо ифтихор суҳбат мекарданд. Дарк кардам, ки ман низ метавонам бо халқи худ ифтихор кунам ва ғурури миллиам бедор шуд”, – гуфт ӯ.

Аз рӯйи гуфтаи Анаҳита, волидонаш гуфтаанд, ки ӯ бояд бо тоҷик будани худ ғурур кунад ва ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки миллаташ дорои фарҳанги ғанӣ аст.

“Ҳадаф гузоштам то исбот намоям, ки тоҷикон низ метавонанд муосир, мустақил, донишманд бошанд ва дар ин баробар, эҳтиром ба миллату фарҳангро ба ҷо оранд”, – мегӯяд ӯ.

Моҳитобон бошад, баъд аз хатми мактаб, шавқаш ба омӯзиши забон ва фарҳанги тоҷикӣ бедор шудааст. Ба андешаи ӯ, садҳо тоҷикони бурунмарзӣ пазмони забону фарҳанги худ ҳастанд. Ва ин ба ӯ барои тарғиби забону фарҳанги халқаш ангеза бахшидааст.

 

 

Чӣ тавр таъсиси ғояи тарҳ тавлид шуд?

Моҳитобон мегӯяд, ки унвони “TajikBorn” тасодуфан дар зеҳни муаллифон пайдо шудааст. Ӯ бо дӯсташ Анаҳита, ки тариқи Instagram шинос шудааст, роҳи такмили замони тоҷикиро меҷустаанд.

Рӯзе Анаҳита дар шарҳи ҳоли саҳифаи Instagram-и худ “Tajik-born, South Korea-based”, (тоҷики муқими Кореяи Ҷанубӣ) навиштааст. Сипас Моҳитобон низ дар саҳифааш "Tajik-born, London-based” (тоҷики муқими Лондон) навиштааст. Ҳамон лаҳза дар зеҳни духтарон ғояи сохтани тарҳи рақамии “TajikBorn” ба миён омадааст.

“Мо қабл аз таъсис, тарроҳон ва шахсони хоҳишмандро ба ин лоиҳаи бемузд, ки мақсади асосиаш тарғиби фарҳанги миллӣ аст, ҷалб кардем. Ҷавоншер ва Робия розӣ шуданд бо мо кор кунанд”, – гуфт Анаҳита.

Ҳоло "Tajikborn" -ро чор тоҷик аз чор кишвари дунё пеш мебаранд. Анаҳита муассиси лоиҳа ва ҳоло муқими Рига аст, ҳаммуассис Моҳитобон дар Лондон, тарроҳ Робия дар Маскав ва мудири тарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ Ҷавоншер дар Душанбе зиндагӣ мекунанд.

“Тарҳи аксу навор ва худи муҳтаво барои мо хеле муҳим аст. Бо ин роҳ метавон мухотабони бештарро ҷалб кард. Тавассути муҳтавосозӣ саъй дорем, ки фарҳанги тоҷиконро берун аз марзҳо фарогир намоем”, – таъкид доштаанд муассисони лоиҳа.

 

Шиносоӣ бо худ

Анаҳита гуфт, хориҷиён ва гурӯҳе аз тоҷикони бурунмарзӣ тоҷикиро намедонанд. Ба ин хотир, муҳтаворо бо се забон нашр мекунанд.  Барои бештаре аз ҷамъиятҳои тоҷикон ин саҳифа як навъ “шиносоӣ бо худ” шудааст.

“Дар расонаҳо ва доираҳои илмии англисзабон фарҳанги тоҷикон то ҳол ба қадри кофӣ муаррифӣ нашудааст. Ҳадафи асосии TajikBorn дастрас кардани маълумот дар бораи таърих, ҳунар ва мероси тоҷикон бо забони англисӣ аст”, – мегӯяд Анаҳита.

Дар тӯли каме бештар аз як сол, TajikBorn аз як лоиҳаи хурд дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба як ҷомеаи фаъоли рақамӣ табдил ёфт. Муҳтавои лоиҳа тоҷиконро аз саросари ҷаҳон, ки аксари онҳо ташнаи маълумот дар бораи таъриху фарҳангу забони худ буданд, бо ниёконашон ошно кард.  

 

“Нишон додани фарҳанги тоҷикӣ дар олами рақамӣ танҳо истифоди аксу навори духтарони либоси миллипӯш  нест. Ҳадафи аслӣ шикасти қолабҳои шахшуда ва нишон додани давлату фарҳанги муосир аст. Яъне тоҷикон баробари дигар халқҳо қадам мениҳанд, аз донишҳои муосир огаҳанд, аммо бо ин ҳама, ҷадди худро фаромӯш накардаанд ва одату одоби онҳоро арҷ мегузоранд”, – гуфт Моҳитобон.

Ба гуфтаи муаллифони лоиҳа, “TajikBorn”-ро гурӯҳе аз муҳаққиқон, рассомон, тарроҳон ва нафароне хоҳишманд, ки хориҷианд ва ба фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ доранд, пайгирӣ мекунанд.

Ҳамчунин, муаллифони лоиҳа бо истифода аз ҳуши маснӯӣ аксҳои таърихӣ, тасвирҳои рассомон, хӯрокҳои миллиро “зинда” мекунанд ба ба шеваи ҷолиб ба мухотабони худ пешниҳод мекунанд.

Ҳоло “TajikBorn” бастаи стикерҳои худро дорад, ки бо ҳадафи  муаррифии лоиҳа таҳия шудааст. Стикерҳоро метавон тавассути саҳифаи расмии “TajikBorn” бар ивази 55 сомонӣ харидорӣ кард.

 

“Ҳадаф аз таҳияи стикерҳо на фоидаи молӣ, балки муаррифии тоҷикон аст. Маблағи бадастомада барои дастгирии лоиҳа истифода мешавад”, – зикр кард Анаҳита.

Барои муаллифони лоиҳа муҳим аст, ки махсусан ҷавонон аз решаи худ ифтихор ва фарҳанги хешро ба таври муосир муаррифӣ кунанд.

Муассисон орзу доранд, ки дар чанд соли наздик “TajikBorn” аз саҳифаи иҷтимоӣ дар Instagram, ба як лоиҳаи бузурги фарҳангӣ табдил ёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.

Бо дастгирии ТИКА 10 зан дӯзандагиро омӯхтанд ва соҳиби мошини дӯзандагӣ шуданд

Ҳадафи лоиҳа ин аст, ки занон ба шахсони мустақил табдил ёфта, ба иқтисоди оилаи худ саҳм гузоранд.

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.