Кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳам соҳиби иди касбӣ шуданд

0

Вакилони палати поёнии парлумон лоиҳаи тағйиру иловаҳои қонун дар бора рӯзҳои идро ба тасвиб расониданд, ки тибқи он ҳар сол 1-уми июл дар кишвар “Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” таҷлил мешавад.

Ин лоиҳаи қонунро рӯзи 25-уми декабри соли 2025 ҳукумати кишвар бо имзои як қарори махусус, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда буд.

Вакилони парлумон дар ҷаласаи рӯзи 21-уми январ дар баробари дигар қонунҳо тағийрот ба ин қонунро ҳам ба тасвиб расониданд ва аз ин пас ҳар сол 1-уми июл кормандони суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иди худро таҷлил мекунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон расман 97 иду ҷашн мавҷуд аст, ки 12 – тояш ғайрикорӣ мебошанд:

– 1 январ – Соли нав;

– 8 март – Рӯзи Модар;

– 21-24 март – Ҷашни байналмилалии “Наврӯз”;

– 9 май – Рӯзи Ғалаба;

– 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;

– 9 сентябр – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

 – Иди Рамазон (ҳар сол аз ҷониби мақоми давлатӣ муқаррар мешавад);

– Рӯзи иди Қурбон (ҳар сол аз ҷониби мақоми давлатӣ муқаррар мешавад).

Дар ҳамин ҳол, тибқи қарори ҳукумат рӯзҳои кории зерин дар соли 2026 ба рӯзи истироҳат гузаронида шуданд. Яъне сокинон рӯзи шанбеи 14-уми март кор мекунанд ва ба ҷои он рӯзи ҷумъаи 27-уми март истироҳат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, дар ҷашни “Наврӯз” аҳолӣ 9 рӯз пайдарҳам истироҳат мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мақомот аз се муноқиша дар “Парламент” гуфтанд, вале аз занозанӣ бо ширкати додситони собиқи Бӯстон ишорае накарданд

0

Пулиси Суғд мегӯяд, дар маркази дилхушии “Парламент”-и шаҳри Хуҷанд дар як ҳафтаи охири соли гузашта се муноқиша рух додааст.

Ин ниҳод дар як гузориши телевизионӣ ду ҳодисаро шарҳ дода, ҳодисаи сеюмро шарҳ надодааст. Маълум нест, ҳодисае, ки ҷузъиёташ эълон нашудааст, ба қазияи муноқиша миёни додситони ҳамакнун собиқи шаҳри Бӯстон, Абдуқаҳҳор Азизов ва роҳбари тарабхонаи “Парламент” Парвиз Ашӯров рабт дорад ё  не.

Дар гузориши “Ахбори ВКД”, ки 23-юми январ нашр шудааст, гуфта мешавад, ки дар занозании якум, ки 30-юми декабр рух дод, чор нафар сокини шаҳри Хуҷанд – Шероз  Ашуров, Абдулло Бобоҷонов, Акмал Кароматуллоев ва   Аббос Авезов “аз ҳиссиёти авбошӣ” ҷанҷоли лафзӣ карда, баъдан миёни онҳо занозанӣ сурат гирифтааст.

Инчунин, гуфта мешавад, ки ҳодисаи дуввум, 31-юми декабр рух дода, ҷавонии Муҳаммад Сабурзодаи 22-сола бо як зан дар маркази дилхушӣ даргирӣ кардааст.

Маълум нест, ки алайҳи онҳо парванда боз шудааст ё не.

Мақомот ҳодисаи сеюмро, ки ба гуфтаи онҳо ҳудуди 10 рӯз пеш дар ин макон рух додааст, шарҳ надодаанд ва маълум нест, ки он ба қазияи муноқишаи Абдуқаҳҳор Азизов ва Парвиз Ашӯров рабт дорад ё  не. Ин ҳодиса ҳам тақрибан да шубу рӯзи ҳодисаи сеюме, ки мақомот дар гузориш шарҳ надодаанд, рух дода буд.

Қаблан, Радиои Озодӣ навишта буд, кашокаш миёни Абдуқаҳҳор Азизов ва Парвиз Ашӯров охири моҳи декабр сар задааст. Муноқиша аз он шурӯъ шудааст, ки додситон, ки бо дӯстонаш дар тарабхона ҳузур доштааст, гӯё бо Парвиз Ашӯров ҷанҷол карда, ба сари ӯ даст бардоштааст. Дар ҷавоб гӯё Парвиз Ашӯров ва дигар пайвандонаш додситонро задаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Меҳмонхонаи "Парламент", ки дар дохили он тарабхонаи ҳамномаш ҷойгир аст.

“Барои ҷудо кардани ду тараф як корманди милиса, ки дар тарабхона будааст, ба ҳаво тир андохтааст. Гуфта мешавад, барои баррасии ҳодиса кормандони милиса низ ба онҷо рафтаанд”, – навиштааст ин расона.

Чанд рӯз пас аз ин ҳодиса бо фармони додситони кулл, Абдуқаҳҳор Азизов аз вазифа сабукдӯш ва ҳамин тариқ, аз ҳаққи кор дар идораҳои додситонӣ маҳрум шуд. Додситонии кул ҳам расман барканории Азизовро тадсиқ ё рад накардааст.

Мақомот ва ҳарду ҷониби қазия ҳам ҳодисаро то ҳол шарҳ надодаанд. Қаблан, хабарнигори "Азия-Плюс" ба ҷойи ҳодиса ба тарабхонаи “Парламент”, ки дар дохили меҳмонхонаи ҳамноми он ҷойгир аст, рафт, вале нигаҳбон гуфт, "роҳбарият пас аз Соли нав ба кор ҳозир нашудаанд ва бо ВАО ҳам сӯҳбат намекунанд”.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёде аз ин занозанӣ нашр шудааст, ки дар ҳар кадоми он ҷонибҳо тарафи дигареро сабаби сар задани муноқиша меноманд

Радиои Озодӣ ду рӯз пеш навишт, ки Додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи занозании дар ин тарабхонаро оғоз карда, чаҳор нафар дар додгоҳ муҳокима мешаванд. Ду нафар дар боздошт, ду тани дигар дар озодӣ будаанд.

Ба навиштаи манбаъ, Абдуқаҳҳор Азизов, писари Абдуҷаббор Азизов ёвари собиқи президенти Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо, муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва Парвиз Ашӯров домоди собиқи Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Кай дар Тоҷикистон суғуртаи ҳатмии тиббӣ ҷорӣ мешавад?

0

Аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки ҷорӣ гардидани низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ (СҲТ) дар Тоҷикистон пас аз соли 2030 ба нақша гирифта шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар Вазорат чанд лоиҳаи санадҳои меъёрӣ таҳия шудааст, ки ба гуфтаи ин ниҳод, ба ҷанбаҳои калидии низоми СҲТ дахл доранд. "Дастурамал дар бораи пардохти ҳақмуздҳои суғурта", "Барномаи заминавии СҲТ", инчунин муқаррарот дар бораи "Фонди суғуртаи ҳамтии тиббӣ", аз ҷумлаи чунин ҳуҷҷатҳои таҳиягардида маҳсуб меёбанд.

Лоиҳаҳои мазкур барои мувофиқасозӣ ба дигар вазорату идораҳои кишвар фиристода шудаанд.

"Қабули қонун дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон пас аз соли 2030 ба таъхир гузошта шуд. Ин тасмим ба шароитҳои воқеӣ марбут буда, айни замон низоми СҲТ дар марҳилаи омодашавӣ қарор дорад", – гукфтанд аз ин ниҳод.

 

Арзиши суғурта ва пардохтҳои иловагӣ

Дар Вазорати тандурустӣ зикр карданд, ки арзиши суғуртаи ҳатмии тиббӣ барои шаҳрвандон аз ҷониби ҳукумат муайян карда мешавад.

манбаъ гуфт, дар доираи низоми СҲТ ба шаҳрвандон хидматрасониҳои ройгони тиббӣ ва маводи доруворӣ пешниҳод мешаванд, ки ба номгӯйи тасдиқшуда дохиланд. Дастгирӣ аз ҷониби давлат барои оилаҳои камдаромад аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин, назорати сифати хидматрасониҳои тиббӣ дар доираи низоми суғуртаи ҳамтии тиббироро Вазорати тандурустӣ амалӣ мекунад. Самаранокии пешниҳоди хидматрасониҳои тиббӣ аз ҷониби Хадамоти назороти тиббӣ ва иҷтимоӣ пайгирӣ мешавад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, номгӯйи хидматрасониҳое, ки ба низоми СҲТ дохил шудаанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ карда мешавад.

Барои хидматрасониҳои тиббии марбут ба технолгияҳои муосир ва хароҷоташ бештар эҳтимол пардохти иловагӣ талаб карда шавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Табибони тоҷик

 

Чаро татбиқи СҲТ ба таъхир гузошта шуд?

Қонун “Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон” соли 2008 қабул шуда, вале он замон парлумон тасмим гирифт, ки амалисозии санад то соли 2010 мавқуф гузошта шавад. Лекин пас аз 2 соли дигар низ қарор қабул  нашуд.

Охири соли 2022 вакилони парлумон бори панҷум муҳлати мавриди амал қарор гирифтани қонунро мавқуф гузоштанд.

Дар ҷаласаи парлумон зимни шарҳи вазъият, Ғафур Муҳсинзода, собиқ муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд, ки "мувофиқи хулосаи комиссияи кории байниидоравӣ, дар кишвар барои пурра гузаштан ба низоми суғуртаи тиббӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда нашудааст".

Ба гуфтаи ӯ, барои ҷорисозии он бояд талаботи иқтисодӣ, молиявӣ ва тадорукотӣ ба инобат гирифта шавад.

Номбурда илвоа карда буд, ки мувофиқи хулосаи Вазорати молия, “дар сурати пардохти аъзоҳаққӣ ба суғуртаи тиббӣ аз ҳисоби меъёри амалкунандаи андози иҷтимоӣ, эҳтимоли коҳиши даромад ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вуҷуд дорад, ки метавонад ба иҷро нашудани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат ба аҳолӣ оварда расонад”.

Вай зикр карда буд, ки таҷрибаи кишварҳои дигар нишон дод, ки барои ҷорисозии суғуртаи ҳатмии тиббӣ маблағи зарурӣ барои соҳаи тандурустӣ бояд на камтар аз 4-6%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-ро ташкил диҳад. Он вақт ин нишондиҳанда дар Тоҷикистон ба 2,8% (дар ҳамин ҳол, 80-90%-и буҷетро дар маҳалҳо маоши кормандон ташкил медод) баробар буд.

Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2026 хароҷоат ба соҳаи тандурустӣ дар ҳаҷми 5,03 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳудуди 2,5% нисбат ба ММД-ро ташкил медиҳад.

Суғуртаи ҳатмии тиббӣ яке аз навъҳои суғуртаи иҷтимоӣ мебошад, ки дар доираи он аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи ҳатмии тиббӣ ба таъмини шаҳрвандон бо кумаки заминавии тиббӣ ва дору имкон дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Натиҷагирӣ аз соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026. Дар маҷлиси солонаи ҳукумат чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?

0

Дирӯз, 23-юми январ таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, президент ва роҳбари ҳукумати кишвар ҷаласаи солонаи ҳукумат баргузор гашт, ки дар он “натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2025 муфассал баррасӣ гардида, вазифаҳои асосӣ барои соли 2026 муайян карда шуданд”.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳури менависад, ки дар ҷаласа аъзои ҳукумат, масъулини дастгоҳи иҷроияи президент, роҳбарони мақомоти давлатӣ, идораҳои назди президент ва ҳукумат, корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ва дигар масъулин иштирок карданд.

Нахуст, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2025 ҳисобот дода, аз ҷумла гуфтааст, ки соли гуҳашта, “ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он 8,4 фоиз таъмин карда шуд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Б иттилои ӯ, сатҳи таваррум 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 0,1 банди фоизӣ кам мебошад.

“Соли 2025 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 60,3 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 7 миллиард сомонӣ зиёд мебошад. Дар соли ҳисоботӣ дар кишвар 400 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуда, суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъмин гардид”, – гуфтааст сарвазир.

Дар идома зикр кардааст, ки “бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда соли 2025 13 лоиҳаи сармоягузории давлатии соҳа ба маблағи 14,9 млрд сомонӣ мавриди татбиқ қарор дода шуд”.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2024-ум 7 фоиз зиёд гардида, ба 24 млрд кВт. соат расонида шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 84,6 миллиард сомониро ташкил дода, афзоиши он нисбат ба соли 2024-ум 9,5 фоиз таъмин гардидааст.

Ба иттилои сарвазири кишвар, дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 59,5 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 35 фоиз зиёд мебошад.

“Дар ин давра ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкии кишвар ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ додашуда зиёд гардида, 30 миллиард сомониро ташкил дод”, – гуфтааст Қоҳир Расулзода.

Ба таъкиди вай, дар ин давра ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба 28,7 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024 23 фоиз зиёд аст.

Соли 2025 ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ 77,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 14 фоиз зиёд аст. Гардиши савдои хориҷӣ бошад нисбат ба соли 2024-ум 20,5 фоиз афзоиш ёфтааст. Вале омори мушаххас наовардааст.

Ҳамчунин, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ соли 2025 ба 30,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2024-ум 13,2% зиёд мебошад.

Сарвазир гуфтааст, ки дар ин давра 38 муассисаи томактаби сохта шуда, шумораи умумии онҳо дар кишвар ба 795 адад расидаааст.

Соли 2025 дар мамлакат 214 мактаб ва бинову синфхонаҳои иловагӣ барои 99 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло дар кишвар 4 ҳазору 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дорад.

Дар ин давра 113 муассисаи соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, 301 муассиса таъмиру азнавсозӣ карда шудааст.

Ба иттилои Қоҳир Расулзода, соли гузашта 280 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шудааст.

Дар идома, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз ва Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук ҳисобот доданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Файзиддин Қаҳҳорзода

Гуфта шуд, ки соли 2025 “аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 26,5 миллиард сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 3 миллиард 598 миллион сомонӣ зиёд мебошад”.

Иҷрои нақшаи андоз, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 104,3%, вилояти Хатлон 103,1 %, вилояти Суғд 107,1 %, шаҳри Душанбе 119,8 % ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 109,5 % таъмин гардидааст.

Баъди ин, Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пас аз ҳисоботи Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кулли кишвар бар бораи фаъолияти мақомоти назорату санҷиш дар самти пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, бартарафсозии қонуншиканиҳо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, дастур шудааст, ки “мақомоти прокуратура ҷиҳати пешгирӣ аз ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории мамлакат оид ба истифодаи замин, танзими ҷашну маросим ва дигар соҳаҳо тадбирҳои саривақтӣ ва бетаъхир андешанд”.

Дар идома, Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар робита ба раванди ҷалби сармоя ба иқтисоди миллӣ ва роҳҳои афзун намудани он, Фирдавс Толибзод, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва Алиҷон Салимзода, раиси “Амонатбонк” дар бораи соҳаи бонкдорӣ ва сиёсати пулию қарзӣ ҳисобот доданд.

Ба онҳо супориш дода шудааст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ, хусусан сармояи мустақим, устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, гузариш ба муомилоти ғайринақдӣ ва ба шакли пурраи электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявию бонкӣ чораҳои мушаххас андешанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав зимни гузориши худ гуфтааст, ки “соли 2025 дар кишвар корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ бо таъсиси 17 ҳазор ҷойҳои нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, нисбат ба соли қаблӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,1 фоиз афзоиш ёфт”.

Зимни ҳисоботи солонаи Азим Иброҳим, вазири нақлиёт натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар соли 2025 ҷамъбаст гардида, самтҳои асосии рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо барои давраи минбаъда муайян карда шудааст.

Ба Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои об ва роҳбарони ширкатҳои соҳа барои татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои кам кардани талафоти неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва баҳисобгирии пурраи истифодабарандагони неруи барқ, ҷамъоварии саривақтии маблағи он аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳо ва бунёди иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли неруи барқ дастуру супориш дода шудааст.

Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ ва Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист низ дар робита ба самтҳои фаъолияти худ ҳисобот додаанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Раҳим Саидзод, вазири маориф ва илм, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳия ва нашри китобҳои босифати дарсӣ ва маводи таълимӣ, бунёди мактабҳои наву замонавӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, бунёду навсозии бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, ҳамчунин бо шуғл таъмин намудани мардум дар маҳалҳо ва рушди ҳунармандию косибӣ вазифадор карда шуданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни ҳисоботи худ гуфтааст, ки соли гузашта дар пойтахт 46 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.

Ба иттилои вай, дар ин давра, 62 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дада шуд ва суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 26 фоиз таъмин гардид.

“Дар баробари ин, суръати рушди маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ нисбат ба соли 2024 31 фоиз зиёд гардида, ба масоҳати 713 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти иҷтимоию хизматрасонӣ ба истифода супорида шуд”, – гуфтааст Рустами Эмомалӣ.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустами Эмомалӣ

Дар идома, Алишер Мирзонабот, раиси ВМКБ, Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2025 ҳисобот доданд.

Дар охири кори маҷлиси васеи ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, бо натиҷагирӣ аз фаъолияти тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба масъулин “барои рафъи камбудиҳои мавҷуда, иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияву татбиқи нақшаи чорабиниҳои таъминкунандаи пешрафту тараққиёти соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар дастуру супоришҳои мушаххас” додааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Алишер Мирзонабот, Раҷаб Аҳмадзода, Давлаталӣ Саид

Президент масъулинро вазифадор кардааст, ки рушди иқтисоди кишварро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин кунанд.

Аз ҷумла, раисҷумҳур супориш додаааст, ки “дар самти пешгирӣ кардани омилҳои коррупсионӣ дар ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ тадбирҳои иловагӣ ва муассир амалӣ карда шаванд”.

Ҳамчунин, намояндагиҳои дипломатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар вазифадор шудаанд, ки “муаррифии мунтазами имкониятҳои сармоягузориро ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа ба роҳ монда, фаъолияти худро дар самти ҷалби сармояи мустақим ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд”.

“Бонки миллӣ якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз ҷониби Роҳбари давлат вазифадор карда шуданд, ки ҷараёни қарздиҳиро самаранок ба роҳ монда, ҳаҷми қарзҳоро ба соҳибкории истеҳсолӣ, хусусан, дар ноҳияҳои дурдасти кишвар бамаротиб афзоиш диҳад”, навиштааст хадамоти матбуотии президент.

Ҳамчунин, Бонки миллӣ вазифадор гардидааст, ки якҷо бо вазорату идораҳо рушди низоми пардохт ва татбиқи пурраи низоми ғайринақдиро дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ таъмин намуда, аз 1-уми июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродиро ҷорӣ кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамчунин, Хадамоти алоқа вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои мобилӣ чораҳои фаврӣ ва муассир андешида, суръат, сифати хизматрасонӣ ва дастрасии интернетро беҳтар намояд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат супориш додааст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноатро дар ММД ба 30% расонанд.

“Дар баробари ин супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва азнавтаҷҳизонии онҳо тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, махсусан, бо ҷалби сармоягузорони ватанӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд”,- гуфта мешавад дар хабар расмӣ.

Ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҷамъиятҳои саҳҳомии «Барқи Тоҷик» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» супориш дода шудааст, ки ҷорӣ намудани низоми биллингӣ, баҳисобгирии пурраи истифодабарандагон ва ҷамъоварии саривақтии маблағи неруи барқ аз аҳолӣ ва ташкилоту корхонаҳоро таъмин кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар охир, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки аъзои ҳукумат, роҳбарони дигар сохторҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо “дар ин соли бисёр муҳим барои амалӣ намудани супоришҳои Паёми Роҳбари давлат ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат, бартараф кардани камбудиву норасоиҳои дар маҷлиси имрӯза зикргардида, супоришу вазифаҳои гузошташуда ва риояи ҳатмии интизоми давлатӣ масъулияти шахсӣ доранд”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад

0

Тибқи фарзияи пешакии Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 18-уми феврал оғоз мешавад ва як моҳ давом мекунад.

Дар ин бора аз ин Кумита ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, ки ин рӯз ба тақвими солшумории қамарӣ дуруст меояд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, қарори ниҳоӣ дар мавриди оғози моҳи Рамазон моҳи феврал дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар қабул карда мешавад, вале маълум нест он мушаххас кай баргузор мешавад. Ҳамасола тақриба як ё ду ҳафта пеш аз оғози моҳи Рамазон мегузашт. Миқдори маблағи садақаи фитр, закот ва фидяи савм низ дар ин ҷаласа муайян хоҳад шуд.

Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта моҳи Рамазон дар кишвар 1-уми март шуруъ шуда, рӯзи 30-юми март бо аноҷми моҳ, иди Рамазон таҷлил шуда буд. Ҳаҷми садақаи фитр соли пеш 8 сомонӣ, закот 900 сомонӣ ва фидяи барои 30 рӯз 480 сомонӣ муқаррар гардида буд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки яке аз ду иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Кохи Борбад ҷоизасупории “Суруди сол – 2025”, ки чанд соли охир аз сӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон гузаронида мешавад, доир мегардад. Чорабинӣ соати 16:30 оғоз хоҳад шуда, 24 овозхон бо ҷоиза қадрдонӣ мешаванд. Арзиши чипта аз 250 то 400 сомонӣ аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Имрӯз дар Сирки давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҳунармандони машҳури ҷаҳонӣ – Флавио ва Бруно Тони барномаи сиркӣ пешниҳод мекунанд. Дар барнома ҳамчунин ҳунарнамоии акробатҳо, гимнастҳои ҳавоӣ, жонглёр ва масхарабоз пешниҳод мешавад. Ҳамчунин бо паланги омӯзонидашуда саҳнаҳои ҷолиб таҳия шудаанд. Арзиши чиптаҳо аз 80 то 150 сомонӣ буда, метавон аз хазинаи Сирк ва ё сомонаи ticketon.tj дастрас кард.

– Имрӯз соати 18:00 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ балети машҳури Лео Делиб – “Коппелия” намоиш дода мешавад. Арзиши чипта аз 33 то 55 сомонӣ буда, метавон аз хазинаи театр ва ё сомонаи echipta.tj дастрас кард.

 

ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ

Соли 1970 – Дар Хоруғ нахустин корхонаи тавлиди маҳсулоти дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2001 – Парламент қарор кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия дар бораи ҳифзи ҳуқуқи шахсони мансуб ба ақаллиятҳои миллӣ ҳамроҳ шавад.

Соли 2010 – Намояндагии дипломатии шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Душанбе фаъолияти худро оғоз намуд.

Соли 2011 – Дар терминали байналмилалии фурудгоҳи “Домодедово” таркиш рух дод. Дастгоҳи тарканда, ки бо элементҳои металлии осебрасон пур шуда буд, аз ҷониби террористи маргталаб фаъол карда шуд.

Дар натиҷаи ин ҳодиса 37 нафар ҳалок ва 172 нафар маҷрӯҳ гардиданд. Дар миёни фавтидагон 3 шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд. Тафтишот муайян кард, ки таркишро террористи маргталаб Магомед Евлоев анҷом дода, ташкилкунандаи он Доку Умаров, раҳбари созмони ҷиноии “Иморати Кавказ” будааст.

Соли 2021 – Номи ноҳияи Шаҳритуз ба Шаҳритус иваз карда шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1911 – Мавлуди Наврӯзшо Қурбонҳусейнов, овозхон, навозанда ва оҳангсози тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Наврӯзшо Қурбонҳусейнов

Наврӯзшо Қурбонҳусейнов яке аз аввалин мутрибу сарояндагоне буд, ки бо таъсиси Театри драмаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба фаъолият пардохт. Ӯ солҳо дар ин театр фаъолият бурда, як муддат роҳбари бахши мусиқии ин театр буд. Дар давоми фаъолияти ҳунарии ӯ беш аз 200 суруду навоҳои мукаммали мусиқӣ офарида шуданд.

Ӯ ҳамчунин созҳои мусиқии рубоб, танбӯр, сетор, ғижжак, най ва ҷуфтсозро моҳирона менавохт. Ба як зумра филмҳои синамоӣ оҳангу наво офаридааст, аз ҷумла дар филми “Бачагони Помир”, намоишҳои “Тошбек ва Гулқурбон”, “Қишлоқи тилоӣ”, “Овози ман”, “Духтари тоҷик” аз маъруфтарин сурудаҳои ӯянд.

Соли 1944 – Зодрӯзи Субҳон Ибодов, физикдон ва ахтаршиноси тоҷик.

Соли 1962 – Мавлуди Муаззамхон Ансорӣ, номзади илмҳои филология, ректори Донишкадаи омӯзгорӣ дар шаҳри Панҷакент.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муаззама Ансорӣ

Ӯ 18 сол инҷониб, аз соли 2007 то имрӯз ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аст

Муаззамхон Ансорӣ имрӯз ҳамчунин профессори фахрии Донишгоҳи Вена ва аъзои Шӯрои академияи Донишгоҳи Оксфорди Британияи Кабир аст.

Дар соҳаи адабиётшиносӣ якчанд таҳқиқотҳои адабӣ анҷом дода, 8 китоб таълиф намуда, барои китоби Энсиклопедияи миллии тоҷик зиёда аз 300 мақола таълиф намудааст..

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи байналмилалии маориф ҷашн гирифта мешавад. Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, имрӯз тақрибан 244 миллион кӯдак ва наврас дар ҷаҳон имкони ба мактаб рафтан ё хатми онро надоранд. Сабаби ин ҳолат камбизоатӣ, табъиз, низоъҳои мусаллаҳона, ҳолатҳои фавқулода ва оқибатҳои тағйирёбии иқлим мебошанд. Ҳамчунин муҳоҷират ва кӯчонидани маҷбурӣ ба дастрасии маориф таъсири манфӣ мерасонанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

24 январ Рӯзи байналмилалии “эскимо” ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи соли 1922 Кристиан Нелсон, соҳиби дӯкони шириниҳо дар шаҳри Онава (штати Айова, ИМА) барои ихтироъи “эскимо” – яхмоси қаймоқӣ дар чӯбчаи шоколадпӯш патент гирифт. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ “эскимо” аз соли 1937 паҳн шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Рӯзи огоҳӣ дар бораи синдроми Мёбиус аст. Синдроми Мёбиус, ки ба номи Паул Юлиус Мёбиус, олим ва асабшиноси олмонӣ гузошта шудааст, як бемории нодири ирсӣ аст. Он бо фалаҷи асабҳои рӯй ва дигар аномалияҳо, аз қабили норасоии мушакҳои қафаси сина ва нуқсони узвҳо мушаххас мешавад. Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки сабаби ин синдром метавонад вайроншавии асабҳо дар давраи рушди ҷанин, таъсири доруҳо ё бемориҳои музмини модар бошад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

24-уми январи соли 1965 Уинстон Черчил, сарвазири Бритониёи Кабир дар 90-солагӣ даргузашт. Ӯ яке аз маъруфтарин сиёсатмадорон ва давлатмардони асри ХХ ба шумор меравад. Черчилл ду маротиба – солҳои 1940–1945 ва 1951–1955 сарвазири Британияи Кабир буд ва дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо иродаи қавӣ, қарорҳои қатъӣ ва суханрониҳои таъсирбахшаш маъруф гардид.

Ғайр аз фаъолияти сиёсӣ, Уинстон Черчилл нависанда, таърихнигор ва журналист низ буд. Ӯ осори зиёди таърихӣ навиштааст ва барои саҳмаш дар адабиёт ва тавоноии баён, соли 1953 бо Ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт қадрдонӣ шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

24 январи соли 1935 бори аввал нӯшокии пиво дар банка ба фурӯш бароварда шуд. Ширкати амрикоии "Krueger Brewing Co" дар шаҳри Ричмонд аввалин марҳилаи пивои банкаро истеҳсол намуд.

Навоварӣ зуд писанди мардум гашт: ҳамагӣ пас аз ним сол фурӯши пиво дар банкаҳои металлӣ нисбат ба фурӯши анъанавӣ панҷуним маротиба зиёд шуд. Талабот рӯ ба афзоиш овард ва пиво дар байни аҳолӣ хеле маъмул гардид. Дар ибтидо банкаҳо аз пӯлод сохта мешуданд. Истифодаи алюминий барои истеҳсоли банкаҳо бори аввал соли 1958 дар ҷазираҳои Ҳавай оғоз ёфт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

24 январ ҳамчунин “табларзаи тиллоии Калифорния” – истихроҷи оммавии тилло дар солҳои 1848-1855 оғоз ёфт. Ин рӯйдод ба рушди босуръати минтақа сабаб гардид: дар чанд соли кӯтоҳ Сан-Франсиско аз як шаҳраки хурд ба маркази бузург табдил ёфт, роҳҳо, мактабҳо ва калисоҳо бунёд шуданд.

Бо гузашти вақт низоми қонунгузорӣ ташаккул ёфт ва соли 1850 Калифорния расман ба ҳайси як иёлати Амрико пазируфта шуд. Аз ҳамон вақт онро аксар вақт “Иёлати тиллоӣ” меноманд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7-12º сард, дар водиҳо шабона -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар  доманакӯҳҳо рӯзона -1+4º, дар водиҳо шабона -3+2º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -4+1º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 11-13º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4 гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар ғарби вилоят шабона 6-11º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 23-28º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 0-2º сард, шабона 6-8º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 24 ба 25-юми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Аз фоҷеа дар Шарора 37 сол гузашт. Ягона духтари зиндамонда дар куҷост ва чӣ рӯзгор дорад?

0

Аз фоҷеа дар шаҳраки Шарора, ки субҳи барвақти 23-юми январи соли 1989 рух дод ва ҷони садҳо нафарро рабуд, 37 сол гузашт. Он замон дар пайи заминларзаи шадид пораи кӯҳ канда шуда, қисме аз шаҳраки Шарора дар шаҳри Ҳисорро зери хоку лой кард. Аз минтақаи зери кӯҳмонда танҳо як духтарке бо номи Парвина зинда пайдо шуд, ки 6 рӯз пеш таваллуд шуда буд. Ӯро Шарора ном гузоштанд.

Ҳоло Шарора дар Маскав зиндагӣ дорад. Мо ӯро пайдо кардем ва аз зиндагии кунунии ӯ пурсидем. Ҳамчунин, ба шаҳраки Шарора рафтем ва бо шоҳидони ин ҳодиса суҳбат кардем.

 

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Шӯрои сулҳ”, мулоқоти Трампу Зеленский ва шитоби Уиткофф ба сӯйи Путин. Дар Давос кӣ ва чӣ гуфт?

0

Шаби 22 ба 23-юми январ дар Маскав Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси раисҷумҳури Амрико ва Ҷаред Кушнер, соҳибкор ва домоди Доналд Трамп дар робита ба поёни ҷанг дар Украина мулоқот кард. Чанд соат пештар аз ин, Владимир Зеленский ва Доналд Трамп, раисҷумҳурони Украина ва Амрико дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодӣ дар Давос айнан дар ҳамин мавзуъ сӯҳбат карданд.

Тибқи иттилои Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия, дар мулоқоти Путин ва Уиткоффу Кушнер, ки қариб севуним соат давом кардааст, ҷонибҳо дар мавриди “таассурот ва арзёбии худ” аз мулоқоти Трамп бо Зеленский дар Давос баргузор шуд, табодули назар кардаанд.

Ҳамчунин, дар ин дидор тарафҳо барои баргузории аввалин ҷаласаи сеҷониба бо иштироки намояндаҳои Русия, Амрико ва Украина дар масъалаҳои амниятӣ ба созиш расидаанд. Қаблан Зеленский гуфта буд, ки ин нишаст рӯзҳои 23 ва 24-уми январ “дар сатҳи фаннӣ” дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор хоҳад шуд.

Ёвари Путин музокироти шаби гузаштаро “пурмазмун, созанда, содиқона ва боэътимод” хондааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Владимир Путин ва Стив Уиткофф

Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Русия дар ин гуфтугӯҳо, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки “бе ҳаллу фасли масъалаи қаламравӣ” наметавон ба натиҷае умед баст.

“То замоне, ки ин масъала ҳал нашавад, Русия кӯшиш мекунад, ки ҳадафҳои таъинкардаи худро дар амалиёти махсуси низомӣ (Русия ҷанги худ алайҳи Украинаро амалиёти махсуси низомӣ меномад) ба даст орад”, – изҳор доштааст Ушаков.

Ӯ илова кардааст, ки дар музокироти Маскав масъалаҳои таъсиси "Шӯрои сулҳ",  вазъи Гренландия ва дигар мавзуъҳои минтақаӣ низ муҳокима гардид.

Ҷониби Амрико то кунун дар ин маврид изҳори назар накардааст.

 

Зеленский: “Як сол гузашт, вале ҳеҷ чиз тағйир наёфт”

Як рӯз пеш аз ин, 22-юми январ Владимир Зеленский ва Доналд Трамп дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодӣ дар Давос тақрибан як соат паси дарҳои баста бо ҳам гуфтугӯ доштаанд. Баъди анҷоми мулоқот, Трамп ба хабарнигорон гуфтааст, ки вохӯрӣ бо Зеленский “хуб” гузаштааст.

Ӯ пиромуни масоиле, ки баррасӣ шуданд, мушаххасан посух надода, ба саволи хабарнигорон дар робита ба паёмаш ба Путин гуфтааст, “ҷанги Русия алайҳи Украина бояд хотима ёбад”.

Трамп ҳамчунин таъкид кардааст, ки ҳарду ҷониб ба сулҳ майл доранд ва Зеленский барои бастани созиш омода аст.

“Фикр мекунам, гуфта метавонем, ки мо ба ин масъала хеле наздик шудаем”, – гуфтааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, Зеленский зимни суханронӣ дар ҳамоииши Давос, ки чанде пас аз мулоқоти ӯ бо Трамп сурат гирифт, Аврупоро барои қотеъ набуданаш дар мавқеи худ дар ҷанг дар Украина интиқод кардааст.

“Аврупо то имрӯз, поёни соли чоруми ҷанги бузург, ба таври қобили қабул қотеъ нест, нерӯҳои ҳарбии худро ба андозаи лозимӣ тақвият намедиҳад ва ҳамоно аз ҳад зиёд ба Амрико такя мекунад”, – гуфтааст ӯ.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Суҳбат бо журналистон баъд аз мулоқот. Зеленский ва Трамп

Роҳбари Украина гуфтааст, ки Аврупо ба қувваҳои мусаллаҳи муттаҳид ниёз дорад ва бояд киштиҳои нафткаши новгон (флот)-и соягии Русияро боздорад. Ӯ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар сурати тасмими кишварҳои аврупоӣ барои ғарқ кардани киштиҳои русӣ дар гирди Гренландия, Украина омодаи кумак аст.

Дар оғози суханронии худ дар Давос, Владимир Зеленский аз филми машҳури амрикоии “Рӯзи суғур” (Groundhog Day) ёдовар шуда, гуфтааст, ки “ҳеҷ кас намехоҳад чунин зиндагӣ кунад. Аммо мо имрӯз маҳз ҳамин гуна  зиндагӣ дорем. Соли гузашта ман суханронии худро дар ин ҷо, дар Давос, бо ҷумлаи “Аврупо бояд  ба ҳимояи худ қодир бошад” анҷом додам. Як сол гузашт, вале ҳеҷ чиз тағйир наёфт”.

 

“Шурои сулҳ”-и Трамп оё ҷойгузини СММ мешавад?

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп дар ҳошияи ҳамоиши ҷаҳонии иқтисодии Давос аз таъсиси Шӯрои сулҳ (Board of Peace) – ниҳоди нави байналмилалӣ, ки ба гуфтаи коршиносон, метавонад ҷойгузини Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бошад, хабар дода, оинномаи онро имзо кардааст.

Ба иттилои расонаҳо, ин як  шӯрои умумиҷаҳоние хоҳад буд, ки раёсати онро Доналд Трамп ба уҳда мегирад. Вазифаи раиси Шӯро интихобӣ нест ва ӯро танҳо бо истеъфои ихтиёрӣ ё дар ҳолати аз даст додани қобилияти корӣ метавон барканор кард. Трамп худ вориси худро таъин мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Имзои қарори "Шӯрои сулҳ"

Дар суханронии худ Трамп гуфтааст, Шӯрои сулҳ дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла СММ фаъолият хоҳад кард. Кэролайн Ливитт, сухангӯи Кохи Сафед эълон кардааст, ки Шӯрои сулҳ акнун расман ба як созмони байналмилалӣ табдил ёфтааст.

CNN дар асоси пешнависи оинномае, ки ба дасти онҳо расидааст, менависад, ки “Шӯрои сулҳ” фаротар аз масъалаи Ғазза, ният дорад дар ҳамаи даргириҳои ҷаҳонӣ миёнҷигарӣ кунад.

Барои дарёфти узвияти якумрӣ ҳар кадом кишварҳо бояд як миллиард доллар пардохт намоянд. Барои шомил шудан ба Шӯро даъватномаи Трамп лозим буда, муҳлати узвият се сол гуфта мешавад. Кишварҳое, ки то 22-юми январи соли 2027 ба буҷети Шӯро як миллиард доллар пардохт мекунанд, узви доимӣ мегарданд. Раис метавонад давлатеро хориҷ кунад, агар аз се ду ҳиссаи аъзои Шуро зидди ин қарор овоз надиҳанд.

 

Чанд кишвар оинномаро пазируфтанд?

Дар Форуми Давос рӯзи 22-юми январ оинномаро намояндагони беш аз 20 кишвар, аз ҷумла Баҳрайн, Марокаш, Аргентина, Арманистон, Озарбойҷон, Булғористон, Маҷористон, Индонезия, Урдун, Қазоқистон, Косово, Покистон, Парагвай, Қатар, Арабистони Саудӣ, Туркия, Аморати муттаҳидаи Арабӣ, Ӯзбекистон, Муғулистон имзо кардаанд.

Чин, Русия ва чанд кишвари дигар ҳанӯз посухи ниҳоӣ надодаанд. Дар ҳамин ҳол Трамп иддао кардааст, ки Владимир Путин низ барои узвият дар Шӯро мувофиқат кардааст ва пешниҳод додааст, ки ҳаққи узвияти якмиллиарддоллариро аз дороиҳои масдудшудаи Русия дар Амрико пардохт кунад.

Нуқтаи баҳсбарангези ин тарҳ фурӯши курсиҳои доимӣ ба маблағи 1 миллиард доллар аст. Мунаққидон Шӯрои сулҳро “клуби пулакӣ” меноманд, дар ҳоле ки ҷонибдоронаш бар ин назаранд, ки кишварҳое, ки ба ташаббусҳои ҷаҳонӣ бештар саҳм мегузоранд, бояд нуфузи бештар дошта бошанд.

Бо вуҷуди ин фишорҳо, мақомоти СММ таъкид кардаанд, ки ин созмон ҷойгоҳи худро ҳифз хоҳад кард ва “Шӯрои сулҳ” наметавонад ҷойгузини он шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳукумати Тоҷикистон барои харҷу сарфи самараноки буҷети давлатии соли 2026 қарори алоҳида қабул кардааст

0

Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи сарфу харҷи буҷети давлатӣ дар соли 2026 қарор қабул кард. Ин санад ба истифодаи пурсамари маблағҳои давлатӣ, саривақт амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мусоидат ба рушди иқтисод дар соли 2026 равона шудааст.

Дар он аз ҷумла гуфта мешавад, ки вазорату идораҳо ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ вазифадоранд, ки иҷрои саривақтии муқаррароти буҷетро, бахусус дар қисмати пардохтҳои иҷтимоӣ ва музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ таъмин кунанд. Ҳамчунин, риояи нақшаи харидҳои давлатӣ ва хароҷоти самараноки маблағҳо ба сохтмон ва таъмиру навсозии иншоот муҳим аст.

Дар санад зикр мешавад, ки бо мақсади баланд бардоштани шаффофият, Вазорати молия хароҷоти маблағҳо аз буҷетро назорат карда, ҳисоботҳои семоҳа тартиб медиҳад. Ҳамаи харидҳои давлатӣ бояд дар доираи меъёрҳои тасдиқгардида бо самти ҳатмии сарфашуда дар суратҳисобҳои махсус амалӣ шаванд. 

"Дар робита ба пардохти музди меҳнат тариқи кортҳои электронӣ, инчунин пешниҳоди ҳатмии ҳисобот дар бораи пардохти нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ тадбирҳо андешида шудааст", – гуфта мешавад дар санад.

Ҳамчунин, дар ҳуҷҷат, ба масъалаи анҷоми саривақтии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, зикр мешавад, ки "баҳри амалисозии лоиҳаҳо вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд дар бораи тақсимоти грантҳо ва маблағҳои қарз маълумоти муфассал пешниҳод кунанд".

Дар қарор уҳддадориҳо оид пешниҳоди ҳисоботи семоҳа дар бораи хароҷот ва даромад ба буҷети ҷумҳуриявӣ бо шумули маълумот доир ба амалиёти молиявӣ, андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ зикр шудааст.

Ҷорисозии гардиши электронии ҳуҷҷатҳо барои соддаву осон кардани амалиёти молиявӣ ва баланд бардоштани шаффофияти онҳо як таркиби муҳими қарор маҳсуб меёбад. Тавре дар санад бармеояд, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд, ки саривақт воридсозии маълумот ба низоми идоракунии молияи давлатиро таъмин кунанд.

"Ҳукумат ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ, инчунин барои ҳамоҳангсозӣ бо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ҷиҳати таъмини маблағгузории барномаҳои давлатӣ тадбирҳо пешбинӣ кардааст", – зикр мешавад дар қарори ҳукумат.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба дӯши Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон вогузор шудааст.

Ёдрас мекунем, ки қисмати даромади буҷети соли 2026 ба маблағи зиёда аз 65 млрд сомонӣ (ҳудуди 7 млрд доллар) муайян карда шудааст, ки 31% зиёдтар нисбат ба соли 2025 аст. Ҳаҷми умумии хароҷоти ҳамёни асосии кишвар дар соли 2026 ҳудуди 67 млрд сомонӣ (7,2 млрд доллар) муқаррар шудааст.

Дар соли 2026 ҳаҷми ҳадди ниҳоии касри умумии буҷети давлатии 1% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ  (ММД) муқаррар шудааст, ки ба ҳудуди 2 млрд сомонӣ баробар аст.

Бино ба маълумоти пешакии Вазорати молияи Тоҷикистон, қисмати даромади буҷети давлатӣ дар соли 2025 ба андозаи 13,3% барзиёд иҷро гардида, зиёда аз 60,3 млрд сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Алайҳи 6 тан парванда боз шуда, 2 нафар дар боздоштанд”. Мақомот муноқишае, ки дар он размикори тоҷик кушта шуд, шарҳ доданд

0

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон бори аввал муноқишаи гурӯҳӣ дар шаҳри Кӯлобро, ки дар пайи он, Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов), размикори ҷавони тоҷик кушта шуда, чанд тани дигар ҷароҳат бардоштанд, шарҳ доданд. Ба иттилои онҳо, дар пайванд ба ин қазия, нисбати 6 иштирокчии ин занозанӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ду гумонбар боздошт шудаанд.

Дар пайи муноқишаи гурӯҳе аз наврасон дар шаби 11-уми январи соли равон дар Кӯлоб Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов), размикори ҷавони тоҷик кушта ва ба гуфтаи манбаъҳо, ду тани дигар захмӣ шудаанд. Қаблан гуфта мешуд, ки дар пайванд ба ин ҳодиса, Сулаймон Одинаев, як сокини 19-солаи ин шаҳр ҳамчун гумонбар боздошт шудааст.

Шариф Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ (РВКД) дар вилояти Хатлон баъди қариб ду ҳафтаи ин муноқиша бо сокинони шаҳри Кӯлоб вохӯрда, аз онҳо хостааст, ки барои пешгирӣ аз кордкашии наврасон бо мақомоти интизомӣ ҳамкорӣ кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Шариф Назарзода

Ин мулоқот дирӯз, 22-юми январ, бо иштироки устодони варзишу ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор ва дар он, ҳамчунин, масъалаи кордкашии наврасон, зиёдшавии сатҳи ҷиноят ва пайвастан ба гурӯҳҳои террористӣ баррасӣ шудааст.

Сардори Раёсати ВКД дар ҳамоиш акси размикори кушташуда, захмишудаҳо ва боздоштшудаҳоро дар ин муноқиша ба ҷавонони Кӯлоб намоиш дода, "якчанд далелҳои изтиробангезро таҳлил ва пешниҳоди ширкаткунандаҳо кардааст".

 

“Алайҳи 6 нафар парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ду кас дар боздоштанд”

Аз Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” бархе аз ҷузъиёти занозании шаби 11-уми январро гуфтанд.

Тавре аз ин ниҳод гуфтанд, муноқиша бо иштироки 7 ҷавони ин шаҳр дар пайи баҳс сари телефони мобилӣ сар задааст, ки дар натиҷа як тан кушта шуда, 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.

“Нисбати 6 нафар иштирокчиёни муноқишаи гурӯҳӣ дар шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Гумонбари асосӣ, Сулаймон Одинаев, сокини 19-солаи маҳаллаи Нурободи шаҳри Кӯлоб ва Маҳмуд Набиев, иштирокчии дигари ин муноқиша, рафиқи Одинаев дар боздошт қарор доранд. Чор нафари дигаре, ки алайҳашон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст, дар муноқиша захм бардоштаанд ва дар беморхона қарор доранд”,-гуфтанд аз ин Раёсат.

 

“4 тан захмӣ шуданд”

Мақомот аз яке аз захмиён Саидраҳмон Раҳмон, сокини 18-солаи шаҳри Кӯлоб ном бурданд, ки ҷароҳати вазнин бардошта, ҳоло вазъи саломатиаш нисбатан беҳтар шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Вазъи саломатии Амирҷон Одинаев, Муҳаммадҷони Зайниддин ва Сунатулло Умарзода, се захмии дигар хуб будааст. Ҳоло ин чор нафар дар беморхона қарор доранд ва ба қавли мақомот, баъди итмоми тафтишоти пешакӣ “онҳо барои кирдори кардаашон назди қонун ҷавоб мегӯянд”.

Аз Раёсат гуфтанд, алайҳи Сулаймон Одинаев, бо иттиҳоми  қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, дар ҷараёни бетартибиҳои оммавӣ (моддаи 110, қисми 3-и Кодекси ҷиноятӣ) парванда ифтитоҳ шудааст.  Бар асоси ин банди қонунгузорӣ ба гумонбар аз 8 то 12 соли зиндон ҷазо таҳдид мекунад.

Нисбати Маҳмуд Набиев, ки дар боздошт аст, бо иттиҳоми авбошӣ (моддаи 237) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз 5 то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Нисбат ба 4 иштирокчии дигари муноқиша, ки дар беморхона қарор доранд, низ бо гумони авбошӣ (моддаи 237, қисми 2 ва 3 –и КҶ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Ин банди қонунгузорӣ аз ҷарима то 7 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов

 

Муноқиша чаро сар задааст?

Қаблан, манобеи алоҳида гуфта буданд, ки дар пайи муноқиша ду ҳамроҳи размикор, яке аз шикам ва дигаре аз даст захм бардошта, бо вазъи сиҳатии “миёна” дар бемористон қарор доранд. Он замон гуфта мешуд, ки дар пайванд ба ин ҳодиса, танҳо Сулаймон Одинаев боздошт шуда, бар асоси ду банди Кодекси ҷиноӣ – “расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси ҳалокати инсон мешавад” ва “авбошӣ” нисбаташ парванда боз шудааст.

Хабаргузории Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи хуб навишта буд, ки “баҳс аз як телефони мобилӣ сар шуда, гӯё Маҳмадалӣ Юсупов телефони мобилии Сулаймон Одинаевро барои ба ҷое занг задан гирифта, бозпас надодааст”.

Як манбаъ аз бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб низ имрӯз, 23-юми январ, ба “Азия-Плюс” ин гуфтаҳоро тасдиқ карда гуфт, ки размикор телефони мобилии Одинаевро гирифта, бозпас надодааст, ки ба баҳси ду ҷониб кашида шудааст.

“Маблағ талаб кардаанд, пул додааст, аммо телефонро барнагардонидааст. Баҳс сари телефон оғоз шуда бо кордкашӣ анҷом ёфтааст”,-гуфт манбаъ.

Муҳаммадалӣ Саъдуллоев (Исуфов) рӯзи 12-уми январ ба хок супорида шуд.

Бояд гуфт, куштори размикори тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокуниши тунди ҷомеаро ба бор овард, ки бештари корбарон сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавононро ба беназоратии онҳо аз сӯйи волидайнашон рабт доданд.

Ҷузъиёти бештари ин қазияро дар матлаби мо дар ин пайванд мутолиа кунед.

Зимнан, аз омори сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Кӯлоб, ки дар мулоқоти 22-юми январ Шариф Назарзода пешниҳод шуд, дида мешавад, ки тайи панҷсолаи охир сатҳи ҷинояткорӣ дар шаҳри Кӯлоб, нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон афзудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, давоми соли 2025-ум дар ин шаҳр 719 ҷиноят содир шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба панҷ соли пеш қариб 90 ҳолат зиёд аст. Дар вилояти Хатлон соли гузашта 6 ҳазору 621 ҷиноят ошкор шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 173 ҷиноят (6 ҳазору 648) зиёд аст. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.