Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 январи соли 2026

0

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз тими миллии футзали кишвар дар доираи омодагиҳо ба Ҷоми Осиё-2026 бо дастаи мунтахаби Қирғизистон рақобат мекунад. Бозӣ дар Ҷакарта доир мегардад.

– Тими миллии наврасони Тоҷикистон имрӯз бо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дидори дӯстонаи навбатии худро баргузор мекунад. Бозӣ дар шаҳри Дубай доир мегардад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1989 Дар Бразилия аввалин маротиба Чемпионати ҷаҳон оид ба футболи хурд баргузор гардид.

Соли 2002 – Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид бар зидди созмони террористии "Ал-Қоида" ва ҳаракати "Толибон", ки фаъолияти ҳарду дар Тоҷикистон низ мамнуъ аст, таҳримҳо эълон кард.

Соли 2003 – Рустам Қаландаров, яке аз гумонбарони куштори Сайф Раҳимзод Афардӣ, раиси онвақтаи Кумитаи давлатии телевизион ва радио гунаҳкор дониста шуда, ба қатл маҳкум гардид.

Соли 2015 – Ҷилди сеюми “Энсиклопедияи миллии тоҷик” бо теъдоди 5 ҳазор нусха нашр шуд.

Соли 2016 – Зиннатулло Исмоилзода, бори аввал раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон интихоб шуд.

Соли 2020 – Қарзи ширкати “Барқи Тоҷик” ба маблағи 10 миллион доллар аз ҳисоби буҷети давлат бахшида шуд.

Соли 2020 – Марҳилаи дуюми фаъолияти истгоҳи тозакунии об ва обтаъминкунии “Хуҷҷора”, ки ба КВД “Обу корези Душанбе” тааллуқ дорад, ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1933 – Зодрӯзи Мукаррама Қосимова, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои филология.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мукаррама Қосимова

Ин донишманди тоҷик, яке аз тарғибгарони омӯзиши алифбои ниёгон буда, солҳо дар ин ришта фаъолият бурд. Бо ибтикори ӯ, Маркази омӯзиши забонҳои назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил шудааст, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд. Аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба ӯҳда дошт. 

Мукаррама Қосимова солҳо узви Комиссияи аттестатсионии назди ҳукумати Тоҷикистон буд. Вай 2-юми октябри соли 2020 дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт.

Ин забоншиноси тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) таҳсили илм карда, солҳо дар ин боргоҳи илм аз муаллим то профессор фаъолият кардааст. Ду навбат, солҳои 1966-1968 ва 1974-1977 декани факултети филологияи ин донишгоҳ буд.

Ӯ дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” кӯшишҳои зиёд ба харҷ додааст.

Мукаррама Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ ва беш аз 190 асар ва интишороти илмӣ таълиф кардааст.

Соли 1956 – Мавлуди Комила Камолова, нависанда, тарҷумон, доктори фахрии фалсафаи Донишгоҳҳои ҷаҳонии Кембриҷ ва Оксфорд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Муқоваи яке аз китобҳои Комила Камолова

Ӯ тарҷумон ва мураттиби “Афсонаҳои халқи тоҷик” буда, ҳамчунин худ як силсила ҳикояҳо барои кӯдакон эҷод кардааст.

Вай дар соҳаи тарҷума саҳми назаррас дорад ва як зумра асарҳои маъруфи гуногунжанрро аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст, ки дар хориҷ аз кишвар низ ба нашр расидаанд. “Ишқ ва шамшер”, “Куруши Кабир”, “Нишони зиндагӣ”, “Барфи охирин”, “Кимиёкаҳ” зумраи тарҷумаҳои ӯ ба забони русианд.

Комила Камолова хатмкардаи факултаи филологияи руси Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ДМТ) аст. Аз соли 1974 ба тарҷумаи асарҳои бадеии нависандагони тоҷик ба забони русӣ шурӯъ намудааст. Солҳои 1986-1992 муҳаррир-тарҷумони маҷаллаи “Чашма”, солҳои 1992-1998 мухбири бахши русии рӯзномаи “Тирози ҷаҳон” ва мухбири махсуси рӯзномаи “Ҳомии Ватан”-и Вазорати мудофиа буд.

Соли 1991 – Зодрӯзи Нуриддин Давронов, футболбози тоҷик, собиқ ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон.

Соли 1958 – Аббос Алиев, аввалин вазири маорифи Ҷумҳурии мухтори шуравии сотсиалистии Тоҷикистон дар синни 89-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Аббос Алиев

Ӯ солҳо дар институти ховаршиносии Маскав ва Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ низ фаъолият бурдааст.

Ба навиштаи Муҳаммадҷон Шакурӣ, ӯ яке аз муборизони зидди пантуркизм буд. Алиев дар даврони вазири маориф буданаш дар ҳама соҳаҳои ҳаёти фарҳангии Тоҷикистон саҳм гузошта, барои таъсиси  якумин маҷаллаи Тоҷикистон – “Дониш ва омӯзгор” ва “Бедории тоҷик” бисёр талош кардааст.

Вай дар маъракаи маҳви бесаводӣ фаъолона ширкат доштааст. Аббос Алиев нахустин профессори тоҷик аст. Ӯ дертар соли 1935 бадарға шуд, ки ба навиштаи худаш дар як мактубе сабабаш “фошу танқиди камбудҳои китоби Файзулло Хоҷаев” будааст.

Соли 1948 баъди озодӣ аз бадарға Тоҷикистонро тарк намуда, то лаҳзаи маргаш дар Қазоқистон зист ва ҳамон ҷо вафот кард.

Соли 1978 – Тоҳир Тоҷибоев, ҳунарпешаи театру синамо ва коргардони шӯравии тоҷик дар 68-солагӣ аз олам чашм баст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Тоҳир Тоҷибоев аз дасти чап

Тоҳир Тоҷибоев яке аз асосгузорони театри назди шӯъбаи маорифи халқи Хуҷанд (баъдтар дар асоси он театри касбӣ ташкил ёфтааст) ба шумор меравад. Ӯ соли 1930 фаъолиятро дар ин театр оғоз намудааст. Сипас солҳои 1945-1955 ба театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ омад ва инҷо чун ҳунарпешаи бомаҳорат ном баровард.

Баъдтар солҳои 1955-1970 дар Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод (ҳозира Суғд) кор кардааст.

Ӯ дар саҳнаҳои театри кишвар як қатор наққшҳои муассир офаридааст, аз ҷумла нақши Тоҳир дар “Тоҳир ва Зӯҳро”, Неъмат дар “Ҳалима” аз ин қабиланд. Ҳамчун коргардон пйесаҳои “Нурхон”, “Лайлӣ ва Маҷнун”, “Иродаи зан” ва дигар осори драматургони советиро ба саҳна гузоштааст.

Соли 2009 – Баҳром Маннонов, рӯзноманигори собиқадори “Азия-Плюс” дар 62-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Баҳром Маннонов

Ӯ беш аз 9 сол дар Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” кор карда, замоне сармуҳаррири он буд. Ҳарчанд дар равияи тамоман мутафовит аз рӯзноманигорӣ – физика таҳсили илм карда, солҳо дар ин соҳа кор кард, баъди оғози кори журналистӣ зуд дар ин ришта мақом пайдо кард. Маннонов соли 2002 ба “Азия-Плюс” омад ва то рӯзи марг инҷо кор мекард.

Қабл аз ин, директори мактаби миёнаи №2-и шаҳри Канибодом ва солҳои 1995-2002 ёвари роҳбари Шӯрои идораи Ҷамъияти саҳомии “Бодом” буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

16-уми январ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии “Битлз” таҷлил мегардад. Ин сана бо рӯзи ифтитоҳи клуби “The Cavern” дар Ливерпул дар соли 1957 мувофиқ меояд, ки дар он Ҷон Леннон, Пол Маккартни ва Ҷорҷ Харрисон аввалин бор баромад карда буданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1963 дар ин рӯз Никита Хрушёв эълон кард, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дорои бомбаи ҳидрогенӣ шудааст. Ин силоҳ дар давраи таниши сиёсӣ байни СССР ва ИМА озмуда шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳамасола, 16-уми январ дар ИМА ҳамчун Рӯзи озодии дин таҷлил мешавад. Дар ин рӯз аз тамоми амрикоиҳо даъват мешавад, ки таърихи кишвари худ ва душвориҳои мубориза барои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва озодиҳои мазҳабиро ба ёд оранд. Ин санаро бо баргузор кардани чорабиниҳо дар оила, мактабҳо, донишгоҳ ва муассисаҳои дигар ҷашн мегиранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ин рӯзи соли 1786 Ассамблеяи Генералии Вирҷиния Оинномаи озодии динии Вирҷинияро қабул кард.

Томас Ҷефферсон асоси ин санади қонунгузориро таҳия намуда буд. Ин қонун ба андозбандии рӯҳониёни маҳаллӣ аз шаҳрвандон хотима дод ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандии одамонро барои изҳори эътиқоди динии худ бидуни тарс аз табъиз фароҳам овард. Ин қонун ба ворид кардани тағйирот ба сарқонуни ИМА, ки озодии дин кафолат дода шуд, таъсир расонид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Имрӯз Рӯзи байнулмилалии ғизоҳои тунд дар саросари ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба дӯстдорони таомҳои тунд бахшида шуда, ҳадафаш ҷалби таваҷҷуҳ ба фарҳанги ғизоҳои миллии кишварҳои гуногун, гуногунрангии таомҳо ва нақши қаламфури тунд дар ошпазӣ мебошад.

Дар бисёр кишварҳо дар ин рӯз фестивалҳо, озмунҳои пухтупаз, намоишгоҳҳои таомҳои тунд ва чорабиниҳои таблиғотӣ баргузор мегарданд. Ғизоҳои тунд на танҳо таъми хос доранд, балки ба гуфтаи мутахассисон, истеъмоли мӯътадили онҳо метавонад мубодилаи моддаҳоро фаъол гардонад ва иштиҳоро беҳтар кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -2+3º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, дар водиҳо рӯзона борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо  рӯзона 4+9º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, бегоҳирӯзӣ ҳарорати ҳаво паст шуда то 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 14-16º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7-12º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-11º сард, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад ва бегоҳирӯзӣ ба барф табдил меёбад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, бегоҳирӯзӣ ҳарорат паст шуда, то 2+4º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар нимаи дуюми рӯз борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 1-3º сард.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 1-3º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 16 ба 17-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ӯзбекистон дараҷаҳои низомиро ӯзбекӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳамоно мехоҳанд дараҷаҳои низомӣ тоҷикӣ шаванд

0

Ӯзбекистон соли 2026 мехоҳад истилоҳоти низомии русиро ба вожаҳои ӯзбекӣ тарҷума кунад. Ҳоло Комиссияи истилоҳшиносӣ тарҷумаи 41 калимаи русӣ ба гузинаҳои ӯзбекиро баррасӣ дорад. Дар ҳоле ки кишвари ҳамсоя нав истилоҳоти низомиашро ӯзбекӣ мекунад, талошҳои чандинсолаи бархе аз донишмандон аз Тоҷикистон барои тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ то кунун бенатиҷа анҷомидааст.​

Ба иттилои хабаргузории ӯзбекии “UzDaily”, забоншиносон ва дигар шаҳрвандони огоҳи Ӯзбекистон ҳам метавонанд ба раванди ӯзбекӣ кардани истилоҳот ва рутабҳои низомӣ шарик шаванд ва пешниҳодоти худро ба тариқи матбуот ё хаттӣ ба Комиссияи истилоҳот ироа кунанд.

 

Талошҳо дар Тоҷикистон чӣ натиҷа дод?

Дар Тоҷикистон масъалаи тоҷикӣ кардани дараҷаҳои низомӣ солҳо боз мавриди баҳс қарор дорад. Соли 2018 Умед Ҷайҳонӣ, донишманд ва пажӯҳишгари тоҷик, тарҳеро бар асоси истилоҳоти “Шоҳнома” ва сипоҳи давлатҳои тоҷикии Ашкониён, Сосониён ва Сомониён пешниҳод кард.

Коргурӯҳи муштараки Кумитаи забон ва истилоҳот ва Вазорати дифоъи Тоҷикистон онро пазируфта, соли 2020 ба Шӯрои амнияти миллӣ фиристод, вале баррасии расмии ин масъала чанд сол номаълум монд.

Моҳи феврали соли 2022 Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси вақти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки баробариҳои тоҷикии дараҷаҳои низомӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пазируфта нашуданд.

Муҳаммадҷонзода ҳамчунин гуфт, хулосаи Кумита барои дигар кардани дараҷаҳои низомӣ чанд сол қабл гирифта шудааст ва бо пайдо шудани шароит ва имконият мумкин, ки номи онҳо дигар карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, Умед Ҷайҳонӣ соли 2020 дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” дар мавриди пазируфта шудан ё нашудани пешниҳодҳо аз сӯйи мақомоти зидахл гуфта буд,  ки "дар Тоҷикистон танҳо як кас тасмимгиранда аст ва ӯ ҳам касе ҷуз раисҷумҳур нест. Агар вай тасмим бигирад, ки дар 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон низомиён бо дараҷаҳои низомии тоҷикӣ режа (парад) бираванд, ҳамин фардо ҳама ниҳодҳо ин пешниҳодро тасвиб хоҳанд кард…"

Моҳи октябри соли 2020 масъулони Вазорати дифоъ низ ба “Азия-плюс” гуфта буданд, ки миллӣ кардани дараҷаҳои низомии артиш фақат аз ниҳоди онҳо вобаста нест.

Ҳамин тариқ, бо гузашти 8 сол ин талошҳо бенатиҷа анҷомид ва дараҷаҳои артиши миллии Тоҷикистон бо забони русӣ боқӣ монданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Умед Ҷайҳонӣ

 

Чаро пешниҳоди тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ пазируфта нашуд?

Умед Ҷайҳонӣ рӯзи 14-уми январ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сарфи назар аз он ки талошҳояш то кунун бенатиҷа мондааст, вале баҳси тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ поён наёфтааст.

“Ҳамзамон, бо пешниҳоди тоҷикисозии номи дараҷаҳои низомӣ нишонҳое барои сардӯшиҳояшон низ таҳия карда будем то сомонаи дараҷаҳои низомии тоҷикиро падид оваранд. Дар поёни соли 2025 аз Вазорати мудофиа ин сардӯшиҳои дараҷаҳои низоми тоҷикиро аз ман хостанд, ки барояшон фиристодам. Он сардӯшиҳоро барои тарҳи ислоҳи пӯшоки ҳамсони низомиён хоста буданд”, – гуфт вай.

Ҷайҳонӣ афзуд, яке аз далелҳое, ки дараҷаҳои низомии пешниҳодӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон тасвиб нашуданд, ин буд, ки коргурӯҳи муштараки Вазорати мудофиа ва Кумитаи забону истилоҳот чандто аз дараҷаҳои низомии пешниҳодиро тағйир дод, ки тарҳи пешниҳодшударо нокоромад кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Сардӯшиҳое, ки Умед Ҷайҳонӣ барои вазорати мудофиа пешниҳод карда буд

“Аз ҷумла, ин коргурӯҳ бо пофишории низомиён ба ҷои полковник, ки баробари тоҷикии он сарҳанг аст, сарлашкарро пешниҳод кард. Сарлашкар дараҷаест генералӣ ва баробар бо генерал-лейтенант. Чун аз ин ғалатҳо дар тарҳи пешниҳодии коргурӯҳ бисёр буд, хуб шуд, ки ҳукумат пешниҳоди коргурӯҳро напазируфт”, – ёдоварӣ кард Ҷайҳонӣ.

Ҷайҳонӣ он тарҳро ислоҳ ва бо баҳрагирӣ аз “Шоҳнома” сомонаи дараҷаҳои низоми тоҷикиро таҳия кардааст, ки ба гуфтаи худаш, “дақиқтар аз системи дараҷаҳои низомии шуравӣ аст”.

 

“Ҷашни 35-солагии истиқлол фурсати муносиб аст”

Умед Ҷайҳонӣ бар ин бовар аст, ки “тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ иқдоме хоҳад буд дар ростои сиёсати устуворсозии худшиносии миллӣ, ки раисҷумҳур дар Тоҷикистон иҷро мекунад”.

“Дараҷаҳои пешниҳодӣ реша дар таърихи низомӣ ва “Шоҳнома” доранд, ки он ҳам дар ростои ҳамон сиёсат дар Тоҷикистон ба ҳар хонавода эҳдо мешавад. Яъне тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ дамидани руҳи “Шоҳнома” дар бадани нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст. Ҷашни 35-умин солгарди истиқлол фурсати муносиб барои ин кор аст”, – таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.

Дар баробари тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ, ин донишманди тоҷик пешниҳод дорад, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии истиқлол барои Посгони арҷгузорӣ (Қаровули фахрӣ) либоси миллӣ таҳия шавад.

Ба қавли ӯ, “дар донишномаи динӣ ва илмии “Динкард” гуфта шуда, ки ранги ҷомаи артишторон, яъне низомиён, сурх ва майгун (арғувонӣ) аст ва ба зару сим ороста шуда. Ранги сурх дар намодшиносӣ рамзи муборизаву ҷоннисорӣ барои озодӣ ва истиқлол аст”.

Аз ин рӯ, Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, “мешавад барои Посгони арҷгузорӣ, ки намоде аз Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, кители сурхранг ё арғувонӣ таҳия кард то Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо сипаҳдории ниёкони мо пайванди таърихӣ дошта бошад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Имсол ҷашни Сада кай ва дар куҷо таҷлил мегардад?

0

Рӯзи 31-уми январ дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад. Ҷашнвора соати 9:00-и субҳ оғоз мешавад.

Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд дар ҷашн кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари  Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд.

Инчунин, ба гуфтаи манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, намоиш-фурӯши ниҳол ва барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.

Соли гузашта ҷашни Сада рӯзи 1-уми феврал бо ширкати кишоварзон, ҳунармандон ва асалпарварон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон таҷлил гардида буд.

Дар намоишгоҳ дастранҷи марди деҳқон,  техникаи кории кишоварзӣ, кӯчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт аз намоиш-фурғши маҳсулоти гуногун боздид ва харидорӣ карданд.

Сада ҷашни қадимиву суннатии мардуми тоҷик буда, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад.

Олимон мегӯянд, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни Сада дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2017 ҳамасола охири моҳи январ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Вокуниши Вазорати тандурустӣ ба овозаҳо дар бораи зарари доруи “Пантогам” ва марги кӯдакон дар пайи истеъмоли он

0

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба овозаҳо дар бораи зарари доруи “Пантогам” вокуниш карда, фавти кӯдаконро дар пайи истеъмоли ин дору, ки ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, беасос хонд. Ба таъкиди ин ниҳод, ин дору “ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ ҷавобгӯ мебошад”.

Ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои алоҳида дар паёмрасонҳо аксу садоҳое мечархад, ки дар он иддао мешавад, ки дар пайи истеъмоли доруи “Пантоган”, ки барои беморони асаб пешбинӣ шудааст, дар кӯдакон дилбеҳузурӣ, беҳушӣ пайдо шуда, ҳатто чанд тифл ба ҳалокат расида, чанде дигар дар бахши эҳё бистарӣ шудаанд.

Вазорати тандурустӣ рӯзи 15-уми январ дар вокунише гуфтааст, ки баъди паҳн шудани овозаҳо дар мавриди зарари доруи “Пантогам” ин масъаларо баррасӣ кардааст.

“Натиҷаи санҷишҳои физикию химиявии такрории намунаи силсилаҳои гуногуни доруи мазкур муайян намуданд, ки силсилаҳои зери ташхис қарор гирифта ба талаботи стандартҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ мебошад”, – навиштааст ин ниҳод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ изҳор доштааст, ки дар ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои истеъмоли доруи мазкур “дар шахс ҳолатҳои дигар ҳам метавонанд пайдо шаванд”. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин ниҳод, “аз меъёр зиёд истифода бурдани “Пантогам” боиси вайроншавии хоб ё хоболудӣ ва садо дар сари инсон мегардад”.

“Ҳангоми табобати дарозмуддат истифодаи якҷояи ин дору бо дигар доруҳои ноотропӣ ва воситаҳои ангезадиҳанда (стимуляторҳо) тавсия дода намешавад”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Инчунин вазорат таъкид кардааст, ки мутахасисони соҳавӣ дар бахшҳои эҳёи кӯдакона, бемориҳои асаби кӯдакона ва заҳролудшавӣ “вобастагии фавти кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб аз истифодаи дорувории “Пантогам”-ро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, беасос номиданд”.

Вазорат, илова кардааст, ки муроҷиати як шаҳрванд дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи он ки дар пайи истеъмоли ин дору ду кӯдакаш фавтида якеи дигар дар шуъбаи наҷот бистарӣ аст, санҷид ва он "беасос аст”.

Ин ниҳод аз шахси муроҷиаткунанда Комилҷон Латипов ном бурда гуфтааст, ки номбурда рӯзи 10-уми январ Закия Комилҷонзода, духтарчаи 4-моҳаашро ба шуъбаи қабули кӯдаконаи Беморхонаи "Истиқлол” “бо аломатҳои хоболудӣ, карахтӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, хунукии дасту пойҳо ва қайкунӣ овардааст”.

“Шубҳаи волидайни бемор аз он сар мезанад, ки шояд фарзандашон пас аз истеъмоли доруи Пантогам ба ин ҳолат гирифтор шудааст. Ҳамчунин номбурда зимни сабти овозӣ зикр кардааст, ки гуё аз истифодаи доруи "Пантогам" 3 кӯдак фавтидааст, ки ин ҳолат низ дар ягон муассисаи тиббӣ ба қайд гирифта нашудааст”,-гуфтааст вазорат.

Манбаъ навиштааст, ки табибони ин беморхона ба Закияи 4-моҳа ташхиси “Энсефалопатияи токсикӣ бо алоими афсурдашавии системаи марказии асаб” гузошта ва ӯро бистарӣ кардаанд. Ҳоло вазъи саломатии кӯдак муътадил аст.

Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ҳолати пайдо шудани масъалаву мушкилот нисбат ба маводҳои доруворӣ ва хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ ба телефонҳои боварии Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ  +992-888-000-303, +992-931-119-191, +992-37-250-35-33 муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Душанбе ба қатори шаҳрҳои арзонтарин барои зиндагӣ дохил шуд

0

Шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон дар “Радабандии байналмилалии арзиши зиндагӣ дар шаҳрҳо дар соли 2026” (Cost of Living Index by City 2026) – и пойгоҳи таҳлилии “Numbeo” ба қатори шаҳрҳои арзонтар барои зиндагӣ шомил гардидааст.

Дар ин радабандӣ шаҳри Душанбе дар байни 479 шаҳр дар зинаи 437-ум қарор гирифтааст. Барои муқоиса шаҳри Ню-Йорк интихоб шудааст.

Мувофиқи таҳлили пойгоҳ, шохиси арзиши зиндагӣ дар пойтахти Тоҷикистон 28,6 бандро ташкил дода (барои муқоиса, баландтарин шохис 118,5 банд аст), хароҷоти асосӣ дар ин ҷо қариб 3,5 маротиба нисбат ба Ню-Йорк пасттар мебошад. 

Ҳамчунин, шохиси иҷораи манзил дар Душанбе 11,3 банд (барои муқоиса, баландтарин шохис 70,6 банд аст), арзиши умумии зиндагӣ бо дарназардошти иҷора 20,9 банд (барои муқоиса, баландтарин шохис 97,1 банд аст), радабандии қобилияти харидории аҳолии маҳаллӣ 36,2 банд (барои муқоиса, баландтарин шохис 115,4 банд аст)-ро ташкил додааст.

Нархи ғизо берун аз хона (тарабхонаҳо) низ яке аз ченакҳои ин радабандӣ буда, дар Душанбе шохиси нархи тарабхонаҳо 20,6 банд (барои муқоиса, баландтарин шохис 121 банд аст) будааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тибқи арзёбии “Numbeo”, Душанбе ҳамчунон яке аз шаҳрҳои дастрас дар ҷаҳон аз рӯйи хароҷоти ҳаррӯза боқӣ мемонад, аммо болоравии минбаъдаи сифати зиндагӣ бевосита ба афзоиши даромади аҳолӣ ва рушди инфрасохтори шаҳрӣ вобаста мебошад.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳрҳо бо поинтарин арзиши зиндагӣ, ки ба феҳристи “Numbeo” дохил шудаанд, шаҳрҳои Остона, Алмато, Тошканд ва Бишкек мебошанд. Зиндагӣ дар Душанбе нисбат ба ин шаҳрҳо арзонтар будааст.

Минтақаи Осиёи Марказӣ бо хароҷоти паст барои манзил, маҳсулоти хӯрокворӣ ва хизматрасониҳо тавсиф мешавад, аммо сатҳи нисбатан пасти даромади аҳолӣ қобилияти харидории сокинони маҳалиро маҳдуд месозад.

Қиматтарин шаҳрҳои ҷаҳон барои зиндагӣ тибқи радабандии “Numbeo” дар соли 2026 шаҳрҳои Сюрих, Женева ва Базели кишвари Суис эътироф шудаанд.

Ин радабандии мазкур аз ҷониби пойгоҳи таҳлилии “Numbeo” соле ду маротиба тартиб дода мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Wikipedia-и ҷаҳонӣ 25-сола шуд. Wikipedia-и тоҷикӣ дар кадом сатҳ аст?

0

Имрӯз аз таъсиси Wikipedia-и ҷаҳонӣ 25 сол гузашт. Дар пасманзари ин мо рӯ овардем ба Wikipedia-и тоҷикӣ, ки 27-уми январи соли 2004 расман фаъол гашта буд.

Wikipedia ин донишномаи озод ва ройгони ҷаҳонӣ дар интернет аст. Он аз мафҳуми “wiki” яъне зуд ва “pedia” баргирифта аз “энсклопедия” таркиб ёфтааст. Он мудирони худро дорад, аммо ҳар нафар метавонад дар он мавод нашр кунад. Истифода аз он мавод ҳам барои ҳамаи корбарони интернет ройгон ва дастрас аст.

Дар ин муддат Wikipedia-и тоҷикӣ чӣ пешрафт дошт, бо кадом мушкилҳо рӯбарӯ аст ва барои такмили он чӣ бояд кард?

Барои посух ёфтан ба ин ва дигар саволҳо мо бо Зинҳор Насриддинзода, яке аз мудирони Wikipedia-и тоҷикӣ сӯҳбат кардем. Ӯ мегӯяд, давоми 22 сол дар Wikipedia-и тоҷикӣ 116 ҳазору 305 мавод нашр шудааст ва давоми соли 2025 аз ин пойгоҳ 69 млн маротиба истифода кардаанд.

Ба қавли Насриддинзода, то имрӯз 105 ҳазору 645 корбар дар донишномаи озод худро сабти ном кардаанд, аммо “муттаасифона бештари онҳо фаъол нестанд ва ҳатто як мавод ҳам нашр накардаанд”. Аз ин шумора танҳо 145 корбар фаъол буда, ба таври доимӣ мавод нашр мекунанд.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Зинҳор Насриддинзода

“Бештари маводҳо пок мешаванд…”

“Wikipedia чаҳорчӯба, қонун ва талаботҳои худро дорад. Агар мақолаи нашршуда ба талаботи он ҷавобгӯ набошад, аз ҷониби мудирон тоза карда мешавад. Айни ҳол Wikipedia-и тоҷикӣ 7 мудир дорад, ки ҳамарӯза маводҳоро таҳлил ва сарчашмаи онҳоро месанҷанд. Дар ҳолати ошкор шудани камбудҳо, яъне бидуни сарчашма интишор кардан ё ғайриэътимод будани мавод, он пок карда мешавад”,- афзуд Зинҳор Насриддинзода.

Мавсуф мегӯяд, ки яке аз талаботи асосии Wikipedia ин аст, ки мавод бояд сарчашмаи боэътимод дошта, набояд яктарафа бошад.

“Як нафар наметавонад, дар бораи худаш мақола нашр кунад, мақола бояд дар такя ба ягон сарчашма – рӯзнома, китоб ва ё сомонаи расмӣ навишта шавад”, – таъкид мекунад ӯ.

Ба гуфтаи Насриддинзода, бештари мудир ва корбарони Wikipedia-и тоҷикӣ кормандони Эсклопедияи миллии кишвар ҳастанд, ки маводҳоро назорат ва мақолаҳои донишномаи миллиро дар Wikipedia ҷой мекунанд.

 

Корбарони Wikipedia чӣ имтиёзҳо доранд?

Масъулини кори Wikipedia-и тоҷикӣ ройгон ва ба таври ризокорӣ фаъолият мекунанд. Корбарон бошад, мақолаҳоро аз китобҳо ва маҷаллаву маъхазҳои дигар ба Wikipedia илова мекунанд.

Ҳар шахс метавонад корбари ин пойгоҳ бошад ва корбари фаъол метавонад мудири он шавад, ки ба тарзи овоздиҳӣ дар пойгоҳи Wikipedia дар саҳифаи мудирон сурат мегирад.

Ҳамчунин, имконоти мудири кулл шудан низ ҳаст, ки онҳо Wikipedia-и тоҷикиро дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва бунёди Wikimedia муаррифӣ карда, бо “wiki”-нависони ҷаҳонӣ мубодилаи таҷриба мекунанд. Айни ҳол Wikipedia-и тоҷикӣ ду мудири кулл дорад, ки барои ду соли оянда интихоб шудаанд.

“Байни “wiki”-нависони фаъол аз ҳисоби фонди Wikimedia барои таҳқиқи мавзуи муайян ва омода кардани мақола грантҳо ҷудо мешавад, то ин ки ягон самти Wikipedia-ро рушд диҳанд. Ин ягона манбаи молиявии ин пойгоҳ аст”,- мегӯяд  Насриддинзода.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик

“Мо ниёз ба донишноманависон дорем…”

Бо гузашти 22 сол аз таъсиси Wikipedia-и тоҷикӣ баҳсҳо дар бораи ғалату камбудҳо дар матну арқоми маводи ин донишнома кам нест. Мудири ин пойгоҳ онро ба кам будани сафи ризокорон пайванд дод.

Мушкилоти дигаре, ки мудири ин пойгоҳро нигарон кардааст, то ҳол зиёд будани хатоҳои имлоӣ ва ҷузъӣ дар википедия аст, ки ба гуфтаи ӯ “вақте донишманде дар такя ба Wikipedia-и форсӣ мақолаи худро таҳрир ва нашр мекунад, аз ҷониби корбари дигар ба калимаҳои содаи аз русӣ ба мо интиқолёфта иваз карда мешавад. Зеро ҳар корбар имкони тағйир додани маълумотро дорад. Албатта, ки он аз ҷониби мудирон боз танзим ва таҳрир мешавад, аммо барои як пойгоҳи бузург 7 мудир кам аст”.

Ба қавли Насриддинзода, Wikipedia-и тоҷикӣ дар мадди аввал ниёз ба мудирони донишманд ва корбарони фаъол дорад.

“Дар ҳақиқат, мушкилот дар Wikipedia-и тоҷикӣ хеле зиёд аст, зеро низоми кори ин пойгоҳро на ҳама хуб мефаҳмад. Бештари маводи донишномаи миллӣ, яъне маводи Энсиклопедияи тоҷик пурра дар Wikipedia ҷойгир карда нашудааст. Ҳоло корбарон дар ин самт кор мекунанд, аммо он кифоя нест”,- афзуд ӯ.

Ба таъкиди Насриддинзода, “мо бояд талош кунем, ки ҳадди аққал ба Wikipedia-и форсӣ наздик бошем, ки он миллионҳо мақола дошта, дар қатори беҳтарин Wikipedia-ҳои ҷаҳон шомил аст”.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Нақша дорем, фонди Wikimedia-ро дар кишвар таъсис диҳем..”

Пешбурди Wikipedia кори ризокорӣ ва як шуғли иловагӣ маҳсуб меёбад, аз ин лиҳоз, мудирон ва корбарони имрӯзаи он имконияти пурра саргарми ин пойгоҳ шуданро надоранд.

“Имрӯз дасти мо намерасад, мо имконот ва вақти зиёд надорем, ки гурӯҳ –гурӯҳ шуда, дар донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ ин чизро тарғиб кунем. Лекин дар доираи имконотамон  кӯшиш дорем маводи бештар нашр кунем. Соли гузашта барои ҷалби корбар чанд вохӯрӣ дар донишгоҳу муассисаҳо низ доштем. Ва ҳоло нақша дорем фонд низ таъсис диҳем”,- гуфт ӯ.

Ҳамчунин, онҳо нақша доранд, ки барои “wiki”-нависон дафтари кории донишноманивисиро фароҳам оранд, то ҳар нафари хоҳишманд тавонад барои интишори маводи бештар ва ба ин тариқ, рушди Wikipedia-и тоҷикӣ саҳм гузорад.

“Новобаста аз мушкилоти мавҷуда, Wikipedia-и тоҷикӣ дар байни Wikipedia-ҳои ҷаҳонӣ мавқеӣ худро дорад ва миёни Wikipedia-и кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо ҳам аз ҷиҳати теъдоди маводҳо ва ҳам аз рӯйи сифати мақолаҳо ба ҳисоб меравад”, – мегӯяд Насриддинзода.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Даргузашти Султонмуроди Одина, шоир ва нависандаи тоҷик дар 75-солагӣ

0

Шаби 14-уми январ Султонмуроди Одина, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик дар 75-солагӣ даргузашт. Дар ин бора рӯзноманигор Суҳроби Зиё дар саҳифаи худ дар фейсбук хабар дод.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, 15-уми январ пас аз намози пешин дар деҳаи Шопури шаҳри Ҳисор баргузор мегардад.

Султонмуроди Одина 3 ноябри соли 1950 дар деҳаи Кӯҳони шаҳри Ҳисор таваллуд шуда, соли 1972 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.

Чанд сол дар шаҳри Ҳисор ба ҳайси муаллими забон ва адабиёт кор карда, аз соли 1980 то 2023 дар вазифаҳои гуногуни ҳукумати ин шаҳр фаъолият намудааст. Аз ҷумла, аз соли 1990 то 1994 узви комиссияи таҳияи Конститутсияи Тоҷикистон ҷалб шуда, солҳои 1994–1995 узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон буд.

Султонмуроди Одина муассиси маҷаллаи “Маорифи Ҳисор” аст ва аз соли 2012 то дами охир сармуҳарририи маҷаллаи “Ҳисори зарнисор”-ро ба зимма дошт.

Дар шаҳри ҳоли ӯ гуфта мешавад, ки ӯ қисса, шеър, ҳикоя, асарҳои саҳнавӣ, публисистӣ, ҳуқуқӣ ва таълимию тарбиявӣ эҷод кардааст.        

Аз ҷумла ӯ муаллифи китобҳои “Родмарди Ҳисорӣ”, “Ҷамоат”, “Муфтии шаҳид” (бо ҳамқаламии Х.Ашўров), “Дарёдил”, “Тобишҳои зиндагӣ”, “Бозтоби тақдир”, маҷмўаҳои шеърии “Шукрона”, “Дарди  дил”, “Афсонаи шафақ”, “Мурғакони ризқҷў”, Нури ҳавас”, “Пайроҳаҳои камолот”, “Гулчини ҳавас”, “Асрори бозубанд”, “Меҳроби умед”, “Боли орзу”, “Идҳои ориёӣ”, “Санои афсона” ва даҳҳо китоби дигар аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Фармони афзоиши маошу нафақа ва идрорпулиҳо имзо шуд. Акнун кӣ чӣ қадар мегирад?

0

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи зиёд кардани ҳаҷми маошу нафақа ва идрорпулиҳо, ки дирӯз, 14-уми январ имзо шуд, аз 1-уми сентябри соли 2026 музди кор ва нафақаву идрорпулӣ (стипендия)-ҳо аз 15 то 25% боло бурда мешавад. Ҳамчунин, маоши ҳадди ақал, ки ҳоло 1000 сомонӣ аст, аз моҳи сентябр 1300 сомонӣ муайян мешавад.

Тибқи фармони имзошуда, аз моҳи сентябри соли равон маош дар соҳаҳои дигар ба таври зайл боло меравад: 

– маоши кормандони кӯдакистонҳо ва мактабҳои миёна – 25%;

– маоши кормандони коллеҷҳо, литсейҳои касбӣ-техникӣ ва донишгоҳу донишкадаву академияҳо, мактабҳои махсуси варзишӣ, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос  ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф – 20%;

– музди кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла сартабиб, табиб, кормандони муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ – 20%;

– маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, яъне кормандони тиббӣ, маъмурӣ ва хоҷагии хона-интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, осоишгоҳҳо, литсей-интернатҳои касбии махсуси маъюбон, шуъбаҳои кумаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа – 20%;

Маоши асосӣ барои ҳисоб кардани музди зиёдшавии кормандони соҳаи тардурустӣ 893 сомонӣ муайян шудааст. Яъне бо назардошти 893 сомонӣ, 20 дарсад маоши онҳо зиёд мегардад.

– музди кормандони китобхонаҳо, осорхонаҳо, театрҳои давлатӣ, матбуоти даврӣ, телевизиону радио ва дигар муассисаҳои соҳаи фарҳанг – 20 %;

– маоши кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, ҳукумати шаҳру ноҳияҳо -20%;

Маоши асосӣ барои мансабҳои маъмурӣ, ки дорои зинаи олӣ мебошанд, 1614 сомонӣ; зинаҳои якум, дуюм, сеюм ва чоруми хизмати давлатӣ 1506 сомонӣ ва зинаҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизматӣ 1668 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Яъне дарсади зиёдшавии музди маоши ин кормандон дар асоси он муайян мешавад.

– маоши хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот – 20 %;

Маоши асосӣ барои ҳисоб намудани баландшавии музди меҳнати кормандони рутбаи қаторӣ то лейтенант 2002 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1800 сомонӣ муқаррар шудааст. Маоши ин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 20 дарсад ба ин маблағ илова мегардад. Ҳамчунин, маоши заминавӣ барои хидматчиёни давлатии зинаҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм ва чоруми хизмати давлатӣ 1800 сомонӣ ва зинаҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми мақомоти зикргардида 2002 сомонӣ муқаррар шудааст.

– нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо – на кам аз 15%. 

Ҳамчунин, маоши ҳадди ақал барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ аз 1-уми сентябр 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад. Ҳоло ин меъёр 1000 сомонӣ аст.

Дар фармон зикр мешавад, ки маблағгузории маоши зиёдшуда пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ таъмин  мешавад.

Дар бораи боло бурдани маош аз моҳи сентябри имсол, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми охири худ дар нимаи дуюми моҳи декабри соли 2025 хабар дод.

Соли 2025 ҳам маоши омӯзгорон 30%, дигар кормандони муассисаҳои бахши маориф, илму фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин муассисаҳои буҷетӣ ва идрорпулиҳо 20%, пардохтҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулиҳо ба он ва андозаи заминаи нафақавӣ ба андозаи 10% афзуда буд.

Маоши кам дар Тоҷикистон аз мушкилҳои асосии сокинон аст. Дар баробари баланд шудани маошу нафақа, нархи маҳсулот дар бозорҳо ва пардохти хидматрасониҳо дар кишвар низ боло меравад. Аз ҷумла, аз моҳи феврали имсол арзиши истифодаи барқ барои аҳолӣ 17% қимат шуда, аз 35,36 дирами ҳозира ба 41,37 дирам барои 1 кВт/соат мерасад. Ин аст, ки сокинон афзоиши ҳаҷми маошу нафақаро индексатсияи нархҳо медонад.

Коршиносон ҳам бар ин назаранд, ки ҳангоми таъини маоши кормандони давлатӣ бояд нархи “сабади истеъмолӣ” ба инобат гирифта шавад. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Теъдоди нафақагирон дар соли гузашта беш аз 40 ҳазор афзудааст

0

Дар соли 2025 теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон 40 ҳазору 516 нафар ё 4,8% зиёд шуда, то 1-уми январи соли 2026 дар кишвар 877 ҳазору 206 нафақагир ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар зимни ҷаласаи солонаи худ зикр кардааст.

Аз 1-уми сентябри соли гузашта дар баробари маошу идрорпулӣ, ҳаҷми нафақа ҳам зиёд гардид. Аз ҷумла, нақақаи суғуртавӣ аз 463 ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ аз 584 ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ аз 328 ба 362 сомонӣ баробар шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, аз моҳи сентябри соли гузашта нафақаи 847 ҳазор нафақагир зиёд шудааст. Аз ин шумора, 346,5 ҳазор нафақаи суғуртавӣ, 272,7 ҳазор нафақаи меҳнатӣ ва 227,8 ҳазор нафақаи иҷтимоӣ мегирифтаанд. Мақомот мегӯянд, дар кишвар қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.

Бо ин ҳол нафақа дар Тоҷикистон пасттарин дар фазои пасошӯравӣ боқӣ мемонад.

Оҷонсӣ зикр кардааст, ки дар соли гузашта даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар 6 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки 109% нақшаи муайяншуда аст.

Дар ҳамин ҳол, аз нимаи дуюми моҳи ноябр то 30-уми декабр дар кишвар бақайдгирии рақамии нафақахӯрон гузаронида шуд. Ҳадафи барнома, “шаффофият ва самаранокии идоракунӣ, осон намудани хизматрасониҳо ва тасдиқи бехавфи шахсият” гуфта мешавад.

Қаблан аз Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки то 11-уми декабр дар кишвар ҳудуди 40% нафақахӯрон аз бақайдгирии рақамӣ ё аёнияткунонии чеҳра гузаштаанд. Маълум нест, ки то охири ин муҳлат ҳамаи нафақагирон аз бақайдгирӣ гузаштаанд, ё не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 5

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷуми ин асари таърихиро манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин, ҳикояҳои Антон Чеховромани “Киштии Нӯҳ” ва маҷмӯи ҳикояҳои Юнус Юсуфиро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани асари таърихии "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.