Теъдоди нафақагирон дар соли гузашта беш аз 40 ҳазор афзудааст

Дар соли 2025 теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон 40 ҳазору 516 нафар ё 4,8% зиёд шуда, то 1-уми январи соли 2026 дар кишвар 877 ҳазору 206 нафақагир ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар зимни ҷаласаи солонаи худ зикр кардааст. Аз 1-уми сентябри соли гузашта дар баробари маошу идрорпулӣ, ҳаҷми нафақа […]

Дар соли 2025 теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон 40 ҳазору 516 нафар ё 4,8% зиёд шуда, то 1-уми январи соли 2026 дар кишвар 877 ҳазору 206 нафақагир ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бора Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар зимни ҷаласаи солонаи худ зикр кардааст.

Аз 1-уми сентябри соли гузашта дар баробари маошу идрорпулӣ, ҳаҷми нафақа ҳам зиёд гардид. Аз ҷумла, нақақаи суғуртавӣ аз 463 ба 509 сомонӣ, нафақаи меҳнатӣ аз 584 ба 641 сомонӣ ва нафақаи иҷтимоӣ аз 328 ба 362 сомонӣ баробар шуд.

Ба иттилои ин ниҳод, аз моҳи сентябри соли гузашта нафақаи 847 ҳазор нафақагир зиёд шудааст. Аз ин шумора, 346,5 ҳазор нафақаи суғуртавӣ, 272,7 ҳазор нафақаи меҳнатӣ ва 227,8 ҳазор нафақаи иҷтимоӣ мегирифтаанд. Мақомот мегӯянд, дар кишвар қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад.

Бо ин ҳол нафақа дар Тоҷикистон пасттарин дар фазои пасошӯравӣ боқӣ мемонад.

Оҷонсӣ зикр кардааст, ки дар соли гузашта даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи кишвар 6 миллиард сомониро ташкил намудааст, ки 109% нақшаи муайяншуда аст.

Дар ҳамин ҳол, аз нимаи дуюми моҳи ноябр то 30-уми декабр дар кишвар бақайдгирии рақамии нафақахӯрон гузаронида шуд. Ҳадафи барнома, “шаффофият ва самаранокии идоракунӣ, осон намудани хизматрасониҳо ва тасдиқи бехавфи шахсият” гуфта мешавад.

Қаблан аз Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки то 11-уми декабр дар кишвар ҳудуди 40% нафақахӯрон аз бақайдгирии рақамӣ ё аёнияткунонии чеҳра гузаштаанд. Маълум нест, ки то охири ин муҳлат ҳамаи нафақагирон аз бақайдгирӣ гузаштаанд, ё не.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.