Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?

0

Соли гузашта Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии Маҷлиси олии Тоҷикистон 48 миллиону 32 ҳазор сомонӣ харҷ кардааст, ки  беш аз 18 миллиони он барои пардохти музди меҳнати вакилон ва кормандони ин палатаи парлумон сарф шудааст. Дар ин бора Абдуҷаббор Сатторзода, роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагон рӯзи 22-юми декабр дар як ҷаласаи парлумон гузориш додааст.

Ба гуфтаи ӯ, хазинаи ҳармоҳаи музди меҳнати вакилон ва кормандони Маҷлиси намояндагон, 1 миллиону 490 ҳазор сомониро ташкил дода, дар умум дар соли сипаришуда 18 миллиону 83 ҳазор сомонӣ фақат барои пардохти музди меҳнати вакилон ва кормандони дигар харҷ шудааст. Маълум нест, ки вакилон моҳе чӣ қадар маош мегиранд. Тибқи иттилои тасдиқнашуда, ҳар моҳ вакилон беш аз 10 ҳазор сомонӣ маош мегиранд.

Тибқи гузориши расмӣ, маблағҳои дигари барои палатаи поёнии парлумон ҷудошуда чунин харҷ шудаанд:

Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа – 4 миллиону 630 ҳазору 250 сомонӣ;

Маводи сӯхт ва равғанҳои молиданӣ –  2 миллиону 112 ҳазору 400 сомонӣ;

Хариди маводи конселярӣ, молҳои хоҷагӣ ва либоси махсус – 1 миллиону 967 ҳазору 835 сомонӣ;

Сафари хизматии хориҷа – 1 миллиону 207 ҳазору 205 сомонӣ;

Пардохти хизмати коммуналӣ-гармидиҳӣ – 920 ҳазор сомонӣ;

Қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва суғуртаҳои давлатӣ – 731 ҳазор сомонӣ;

Таъмири собиқ бинои Маҷлиси Олӣ – 620 ҳазор сомонӣ;

Хӯроки кормандони техникӣ – 322 ҳазору 500 сомонӣ;

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои парлумони Тоҷикистон

Таъмири бинои нави Парлумон, аз ҷумла ҷудо кардани ҳуҷраҳои корӣ – 560 ҳазор сомонӣ;

Харидани қисмҳои эҳтиётӣ барои таъмири автомобилҳо – 532 ҳазору 410 сомонӣ;

Таъмири парки автомобилии Маҷлиси намояндагон – 247 ҳазор сомонӣ;

Суғуртаи нақлиёту бино, андози нақлиёт, муоинаи техникӣ, экология, нобудсозии автомашинаҳо (утилизатсия) – 198 ҳазору 590 сомонӣ;

Таъмиру таҷдиди осорхонаи Маҷлиси Олӣ ва корҳои иловагии дохили бино – 196 ҳазор сомонӣ;

Хароҷоти боркашонии кўчи вакилон – 184 ҳазору 550 сомонӣ;

Таъмини осорхона бо мусаввараҳои рамзии кишвар – 146 ҳазор сомонӣ;

Армуғонҳои ороишии осорхона – 125 ҳазор сомонӣ;

Суғуртаҳои дигари давлатӣ – 84 ҳазору 200 сомонӣ.

Шуҳрат Ғанизода, раиси Комиссияи дастур ва ташкили кори парлумон сарфи маблағҳои ҷудогардида дар соли гузаштаро “тибқи талаботи қонунгузории муҳосибӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа” арзёбӣ кардааст.

“Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аз уҳдаи вазифаҳои худ дар мавриди сарфу харҷи маблағҳои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагон, махсусан дар соли 2025, ки мо якҷо фаъолият кардем, баромада истодааст”, – гуфтааст ӯ.

Аммо маълум нест, ки ин арзёбӣ то куҷо воқеъист ва боз кадом ниҳод харҷи маблағҳоро назорат мекунад.

 

Дар соли 2026 чӣ?

Дар соли 2026 ҳаҷми маоши ҳармоҳаи вакилон ва дигар кормандони Маҷлиси намояндагон 1 миллиону 683 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ин 193 ҳазор сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли гузашта аст. Аммо ҳаҷми умумии хазинаи Маҷлиси намояндагон барои соли 2026 ва дигар хароҷот маълум нест. Кӯшишҳои мо низ барои дарёфти ин маълумот бенатиҷа анҷомид. Аз дафтари матбуотии парлумон гуфтанд, чунин иттилоъро дар даст надоранд. 

Дар Маҷлиси намояндагон 181 воҳиди корӣ мавҷуд аст. Теъдоди кормандони техникӣ ва ёрирасони дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 232 воҳиди кориро ташкил дода, хазинаи ҳармоҳаи музди меҳнати онҳо 324 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Палатаи поёнии Маҷлиси олии Тоҷикистон 63 вакил дорад. Тибқи қонуни конститутсионии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагон бо манзили хидматӣ, мошин, суғуртаи ҳатмии давлатӣ, рухсатии музднок ва дигар имтиёзҳо таъмин буда, ҳуқуқи дахнопазирӣ доранд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, ҷомеа фаъолияти вакилонро интиқод мекунад ва ин ниҳодро ҳамчун як ниҳоди рамзӣ мешиносанд, ки дар аксари мушкилоти ҷомеа бетарафанд. Ҳатто дар натиҷаи чанд пурсиш маълум шуда буд, ки аксар сокинони кишвар вакилони ҳавзаи худро ҳам намешиносанд.

Дар TelegramFacebookInstagram бо мо бимонед.

Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон

0

Дар Тоҷикистон фурӯш ва истифодаи баъзе силсила (партия)-и ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN”, ки аз сӯи ширкати “Nestlé” истеҳсол мешавад, қатъ мегардад. Дар ин бора аз ширкати “Таҷеро”, ки воридкунандаи расмии маҳсулоти ин ширкат ба кишвар мебошад, ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аз ин ширкат гуфтанд, ин тасмим дар доираи “бозхонди ихтиёрии ҷаҳонии шумораи маҳдуди давраҳои истеҳсол ҳамчун чораи эҳтиётӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мешаванд”.

“Сухан дар бораи хатари эҳтимолии мавҷуд будани токсини сереулид дар яке аз ҷузъҳо – кислотаи арахидонӣ меравад. Бо вуҷуди он ки миқдори он дар маҳсулот ниҳоят кам аст, меъёри муқарраркардаи сатҳи сереулид дар маҳсулоти ғизоӣ дар қонунгузории Тоҷикистон муқарар нашудааст. Аз ин рӯ, бозхонӣ бо мақсади пешгирӣ ва амнияти истеъмолкунандагон анҷом дода мешавад”,- гуфтанд аз ин ширкат ба “Азия-Плюс”.

Қаблан, Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар бораи манъи фурӯш ва бозхонди баъзе навъҳои ғизои кӯдаконаи “NAN” ҳушдор дода буд.

Аз ширкати “Таҷеро” гуфтанд, танҳо силсилаҳои дақиқи муайяншудаи омехтаҳои хушки ширӣ, шири турши кӯдакона ва ҳамчунин ғизои махсуси кӯдаконаи зерин бозхонд карда мешаванд:

– NAN 1 OPTIPRO – силсилаҳо:
51490346AA, 51810346AA, 51910346AA, 52180346AC, 51510346AB, 52190346BA, 52200346BA

NAN 2 OPTIPRO – силсилаҳо:
51240017C1, 51240017C2, 51420017C6, 51570017C1, 52800017C2, 52940017C3, 52950017C1, 53130017C1, 53140017C1, 51550017A1, 52920017A1, 53130017A1, 5200167811, 5200167821, 5240167821

NAN бидуни лактоза – силсилаҳо: 51400346AA

PreNAN – силсилаҳо: 52560346AA

NAN SUPREME 0–12 – силсилаҳо: 52790742C1

NAN шири турш – силсилаҳо: 51220017A2, 51230017A1

Аз ин ширкат гуфтанд, ин бозхонӣ, ба маҳсулоти дигар силсилаҳо дахл надошта, ба дигар навъҳои ғизои кӯдаконаи “Nestlé”, ки дар бозори Тоҷикистон пешниҳод ҳаст, дахл надорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба иттилои воридкунанда, бозпас гирифтани силсилаҳои зикршуда аллакай аз фурӯшандагони яклухт ва мағозаҳо оғоз шудааст. Ба истеъмолкунандагоне, ки маҳсулоти ин силсилаҳоро харидорӣ кардаанд, тавсия медиҳанд, ки онро истифода накунанд ва ба нуқтаи харидашуда бозгардонанд.

Барои бозгардонидани маҳсулот метавон бо рақамҳои зерин тамос гирифт:

– Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ: +992 903239966, +992 982669999

– Вилояти Суғд: +992 926420007, +992 928957750

Дар робита ба дигар масоили марбут ба ин ширкат, истеъмолкунандагон метавонанд бо ширкати “Nestlé” тавассути почтаи электронии [email protected] дар тамос шаванд.

Пеш аз ин, намояндагони расмии “Nestlé” дар як қатор кишварҳо, аз ҷумла давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, дар бораи бозпасхонии ихтиёрии баъзе силсилаҳои ғизои кӯдаконаи “NAN” бо сабабҳои монанд хабар дода буданд.

Қаблан дар кишвар воридоти баъзе маҳсулотҳо манъ шуда буд. Аз ҷумла Оҷонсии “Тоҷикстандарт” гуфта буд, “ки аз соли 2020 воридоти равғани нахл ба ҷумҳурӣ манъ аст, вале он дар истеҳсолот ба истиснои маҳсулоти қаннодӣ ва ғизои кӯдакона “истифода бурда мешавад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ

0

Соли гузашта дар пайи санҷиши 7 ҳазору 700 иншоот, 13 ҳазору 96 шахси масъул барои риоя накардани талаботи беҳдоштиву эпидемиологӣ ҷарима шуда, фаъолияти 186 иншоот то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан боздошта шудаанд.

Дар ин бора дар ҷаласаи солонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки дирӯз, 8-уми январ баргузор гардид, зикр шудааст.

Ба иттилои манбаъ, Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар пайи санҷишҳо 5 ҳазору 925 кг “маҳсулоти хӯрокаи пастсифат ва мӯҳлати истеъмолашон гузашта” аз муомилот боздошта ва нобуд кардааст.

Дар ҷаласа зикр шудааст, ки соли 2025 табибон 330 амалиёти ҷарроҳии пайванди узвҳо анҷом додаанд, ки нисбат ба соли 2024-ум 35 ҳолат зиёд будааст.

 

Ҳоло дар кишвар чанд табиб ва ҳамшираи тиб кор мекунанд?

Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 87 ҳазору 300 корманди тиб фаъолият мекунанд, ки 22 ҳазору 419 нафари он табибон ва 64 ҳазору 909 ҳамшираи тиб ва ё парастор мебошанд. Ин ниҳод гуфтааст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2024-ум 2,3 фоиз зиёд аст. 

“Тибқи оморҳои пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 94,3 ва кормандони миёнаи тиббӣ 99,7%-ро ташкил дода, ба соли пеш нисбат тахминан 0,8 ва 0,1% зиёд мебошад”,- навиштааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, ба ҳолати нимсолаи соли гузашта дар соҳаи тибби кишвар 1 ҳазору 600 мутахассис намерасад. Масъулини мақомот бар он боваранд, ки аз ҳисоби хатмкунандагони макотиби олии тиббӣ камбуд бартараф мешавад.

Дар бораи норасоии табибон ва муҳоҷирати онҳо дар ин пайванд мутолиа кунед.

 

Истеҳсол ва содироти дору

Ба иттилои расмӣ, соли гузашта дар 71 корхонаи истеҳсоли дору зиёда аз 106,5 млн дору ва маҳсулоти тиббӣ истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 4,5 млн адад бештар будааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ дар мушовара

Дар ин давра ширкатҳои фарматсевтӣ дору ва моддаҳои фаъоли биологӣ ба маблағи 27,14 млн сомонӣ ба хориҷи кишвар содир кардаанд, ки нисбат ба соли 2024 4,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.

 

Чанд духтар бар зидди зидди вируси папилломаи одам эм карда шуданд?

Дар моҳи октябри соли гузашта 517 ҳазор духтарони синни 10-14 солаи кишвар бар зидди вируси папилломаи одам (ВПО) эм гирифтаанд. Вазорати тандурустӣ таъкид кардааст, ки 96,6%-и духтарон ба ваксина фаро гирифта шудаанд.

Бояд гуфт, ки эмкунӣ бар зидди ВПО дар асоси қарори ҳукумати кишвар дар моҳи октябр гузаронида шуд. Вируси папилломаи одам (ВПО) барангезандае мебошад, ки пӯсти инсон ва луобпардаи узвҳои гуногуни бадан, аз ҷумла гарданаки бачадон ва қисми берунаи узвҳои таносулиро зарар расонида, ҳар сол боиси марги садҳо нафар мегардад.

Дар хусуси ин беморӣ ва раванди гузаронидани маъракам эмкунӣ дар матлаби “Чаро моякӯбии духтарон бар зидди вируси папилломаи одам муҳим аст?” мутолиа кунед. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод

0

Дар Тоҷикистон соати 02:14-и 9-уми январ заминларза рух дод. Дар ин бора Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои кишвар хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, маркази заминҷунбӣ дар 61-километрии ноҳияи Мурғоб, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Ларзиши замин дар маркази он 5,3 дараҷаро ташкил додааст.

Маълум нест, ки дар дигар минтақаҳо бузургии заминларза чанд дараҷа будааст.

Сокинон аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ларзиши заминро эҳсос кардаанд.

Дар бораи хисороти ин заминларза иттилоъ дода намешавад.

Бояд гуфт, дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли гузашта дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамчунин, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дида буданд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфта буд.

КҲФ гуфта буд, зарари заминларза дар умум беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шуда, дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила зарар дидаанд.

Мақомот моҳи ноябри соли 2025 хабар доданд, ки ҳамаи хонаҳои зарардида сохта ба сокинон дода шуд. 

Дар бораи чӣ гуна метавон худро ҳангоми заминларза ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод, дар ин маводи мо хонед: Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми дуввуми ҳикояи “Хошарӯб” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард

0

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон расман эълон кард, ки Котиботи давлатии ин кишвар барномаи қуръакашӣ ё лотереяи “Корти сабз” (“Green Card”)-ро муваққатан боздоштааст. Ғайр аз ин, онҳое ки барандаи ин қуръакашӣ ҳастанд, метавонанд аз мусоҳиба гузаранд, вале муваққатан раводид намегиранд.

“Аризадиҳандагони барнома метавонанд аризаҳои худро супорида, мусоҳиба гузаранд ва Котиботи давлатӣ таъини мусоҳибаҳоро барои аризадиҳандагони барнома идома хоҳад дод, лекин ягон раводид дар чаҳорчӯбаи ин барнома судур нахоҳад шуд. Умуман, мусоҳибаҳои аллакай таъйиншуда дар доираи ин барнома ба санаи дигар гузаронида ё лағв карда намешаванд.”, – навишт Сафорат ИМА дар Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, дар сурати пайдо шудани иттилои дигаре дар ин маврид Котиботи давлатии Амрико аризадиҳандагонро огоҳ хоҳад кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Эълони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон

Сафорат ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накардааст.

Дастури боздошти барномаи мазкурро чанде пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико баъди тирпарронӣ дар Донишгоҳи Брауни шаҳри Провиденс дар рӯзи 13-уми декабри соли 2025, ки дар пайи он, ду кас кушта ва 18 тан маҷруҳ шуданд, содир карда буд.

Гуфта мешуд, гумонбари ин ҳодиса Клаудио Мануэл Невеш Валенте, шаҳрванди 48-солаи Пуртуғол буда, соли 2017 тавассути барномаи лотереяи “Корти сабз” ба Амрико ворид шудааст.

Боз доштани қуръакашии “Корти сабз” дар ҳолест, ки ҳамасола дар моҳҳои октябр ва ноябр сабтином дар ин барнома оғоз мешуд. Вале имсол оғоз нашуд. Сабабаш ҳам шарҳ дода намешавад.

Ҳамасола даҳҳо тан аз Тоҷикистон “Корти сабз”-ро пур мекунанд ва миқдори камашон соҳиби он мегарданд. Аз ҷумла, соли гузашта аз Тоҷикистон 2 ҳазору 982 кас барандаи “Корти сабз” шуда буданд. 

Сар аз соли 1990, ҳамасола Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, 50 ҳазор раводиди иқомати доимӣ медиҳад. Ғолибони лотереяи “ Корти сабз” ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба таври қонунӣ дар Амрико зиндагӣ кунанд.

Дар ин матлаби таҳиянамудаи мо дар бораи пур кардани мустақилонаи аризаи "Green Card" ва дар матлаби дигари дар бораи чӣ гуна санҷидани натиҷаҳои бозии лотерея ва ба доми қаллобон наафтодан маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?

0

Камолиддин  Муминзоди 42-сола рӯзи 7-уми январ дар пайи тағйироти кадрӣ ба курсии раиси Кумитаи рушди маҳал такя зад. Ӯ роҳбари пешини Кумитаи рушди сайёҳӣ аст ва як соли пеш дар ҳамон рӯз аз мансаб барканор шуда буд. Муминзод кист, дар самти сайёҳӣ чӣ навоварӣ кард ва акнун барои рушди маҳал чӣ шақша дорад? Дар ин бора ӯ бо “Азия-Плюс” гуфтугӯ кард.

 

Дебочаи мансабгирии Муминзод

Дар шарҳи ҳолаш гуфта мешавад, ки хатмкардаи се донишгоҳ, аз ҷумла донишгоҳи Италия аст ва забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Аз соли 2007 фаъолияташро оғоз карда, беш аз 10 сол асосан дар маркази идораи лоиҳаҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ кор кардааст.

Соли 2023 раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъйин шуд ва ин нахустин мансаби баландаш маҳсуб мешуд. То ин замон ба ҳайси муовини раиси ин кумита фаъолият дошт.

Вай замоне роҳбари Кумитаи рушди сайёҳӣ таъйин шуд, ки ба бахши сайёҳии кишвар таваҷҷуҳи бештар дода мешуд. Ҳадафи таъсиси ин ниҳод ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, рушди зерсохтҳои сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, мусоидат ба сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба ин соҳа зикр мегардид.

Ҳамин тариқ, Камолиддин  Муминзод дар ин вазифа наздики ду сол фаъолият кард ва дар ин муддат чӣ корҳоро ба сомон расонд, ба таври кул дақиқ нест. Аз ҷумла, ба иттилои интишоршуда, дар замони роҳбариаш санҷиши иншооти сайёҳиро ба роҳ монда, мехост, онҳоро ба “қаноатбахш”, “таъмирталаб” ва “партофташуда” тасниф кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Камолиддин Муминзод (аз рост дуюм) дар вақти гирифтани мансаби наваш, 7-уми январи 2026

 

Инчунин,  ӯ моҳи июли соли 2024 дар як ҷаласа аз кам будани ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар нигаронӣ карда, гуфта буд, дар 2 ноҳияи ВМКБ, дар 9 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар 5 шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур то ҳол ширкати саёҳӣ таъсис дода нашудааст. Он замон мегуфт, дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар на кам аз 5 ширкати сайёҳӣ таъсис медиҳад.

Аз ҷумлаи ташаббусоте, ки Камолиддин  Муминзод дар вақти роҳбарии Кумитаи рушди сайёҳӣ пеш гирифт, даъвати рӯзноманигорон ба ҷасалаҳои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ буд. Дар ин ҷаласаҳо, ки бо роҳбарии муовини сарвазир Дилрабо Мансурӣ баргузор мешуд, бурду бохти самти сайёҳии кишвар баррасӣ мешуд.

Номбурда рӯзи 7-уми январи соли 2025 аз вазифаи раисии Кумитаи рушди сайёҳӣ барканор шуд ва чанде баъд муовини раиси Кумитаи рушди маҳал таъйин гардид. Аммо пас аз як соли расо, 7-уми январи соли 2026, аз курсии муовинӣ озод ва ба вазифаи раисии Кумитаи рушди маҳал таъйин шуд.

 

Муминзод дар самти сайёҳӣ чӣ кард?

“Азия-Плюс” рӯзи 8-уми январ, аз Камолиддин Муминзод дар бораи фаъолияти пешинааш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ва нақшаҳояш дар мансаби нав пурсон шуд.

Ба гуфтаи ӯ, дар Кумитаи рушди сайёҳӣ санҷиши иншооти сайёҳӣ дар давраи фаъолияташ оғоз шуд, вале тамом нашуд. Таъсис додани на кам аз 5 ширкатҳои сайёҳӣ дар ҳар як шаҳру ноҳияҳо низ оғоз шуда, идома доштанд.

“Ин иқдомҳо вақтталаб буда, ҷараёни тӯлониро тақозо мекунад. Баъди рафтани ман, ин корҳо анҷом ёфт ё не, маълумот надорам”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Дар ҳамин ҳол, ӯ аз давраи қариб дусолаи кораш натиҷагирӣ карда, гуфт, “дар мансаби пешина ҳамкориҳои байналмилалӣ тақвият дода шуд, аз ҷумла шумораи зиёди созишномаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид”.

Номбурда таъкид кард, замони роҳбариаш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ “низоми идоракунӣ таҷдид ва қонунгузории соҳаи сайёҳӣ такмил дода шуд ва Нақшаҳои генералии сайёҳии вилоятҳои Суғду Хатлон барои рушди устувори сайёҳӣ ва ҷалби сармоягузорӣ дар соҳа бо ҷалби ширкатҳои машваратии Италия ва Испания таҳия гардиданд”.

“Ҳамчунин, иқтидорҳои сайёҳии кишвар дар хориҷа муаррифӣ шуда, барои дарёфти бозорҳои нави сайёҳӣ Кумита ва бахши хусусӣ дар намоишгоҳҳои бонуфузи сайёҳӣ дар Амрико, Аврупо ва Осиё иштирок намуданд, ки дар натиҷа охири соли 2024-ум 1 миллиону 400 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд”, – иброз дошт Муминзод.

Зикр кардан ба маврид аст, ки теъдоди сайёҳони ба Тоҷикистон омада ҳамеша мавриди баҳс будааст. Коршиносон ба ин нукта таъкид мекунанд, ки миллионҳо нишон додани теъдоди сайёҳон шубҳабарангез аст ва аз ин лиҳоз, ҳисоби сайёҳон бояд шаффоф бошад ва арқоми воқеӣ пешниҳод шавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бинои Кумитаи рушди маҳал

 

Акнун барои рушди маҳал чӣ нақша дорад?

Муминзод гуфт, фаъолияти аввалиндараҷааш дар курсии раиси Кумитаи рушди маҳал амалӣ кардани супориши сарвари давлат аст, ки соли 2026-ро “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон кард.

Раиси нав инчунин татбиқи “Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро вазифаи муҳими дигараш медонад. Ӯ яке аз ҳадафҳои дигарашро омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мешуморад.

Камолиддин Муминзод мегӯяд, нақша дорад, “Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо барои солҳои 2021-2025”-ро натиҷагирӣ кунад ва ба ҳукуматҳои маҳаллӣ дар таҳия ва амалисозии “Барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо барои солҳои 2026-2030” ёрӣ расонад.

Барои рушди маҳалҳо, ӯ ният дорад, ҳамкориҳои байналмилалиро густариш диҳад. Ин ҷалби сармояи хориҷӣ тавассути созишномаҳои ҳамкорӣ ва бародаршаҳрӣ ва ёддоштҳои тафоҳумро дар бар мегирад.

Дар охир, Муминзод гуфт, ба такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ хоҳад кард, “то механизми идоракунии рушди маҳал боз ҳам шаффофтар ва самараноктар гардад”.

Камолиддин  Муминзод 2-юми январи соли 1984 таваллуд шуда, дар се донишгоҳ таҳсил кардааст. Ба иттилои интишоршуда, хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2006, факултаи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити  Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дар соли 2012 ва магистратураи байналмилалии оид ба идоракунии хариди давлатии факултаи иқтисодиёти Донишгоҳи Тор Вергатаи шаҳри Рими Италия дар солҳои 2019-2020 мебошад.

Ӯ 13 сол асосан дар маркази идораи лоиҳаҳои вазорату кумитаҳои давлатӣ кор кардааст ва дар бахши идораи харид ва машварат дар татбиқи лоиҳаҳо таҷриба дорад.

Моҳи июни соли 2020  бо фармони президент аз мутахасиси оддӣ ҳамчун муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон таъин мешавад ва то 11-уми январи соли 2023 дар ин мансаб кор мекунад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026

0

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1925 – Дар шаҳри Тошканд Ҷамъияти омӯзишии “Тоҷикистон” таъсис ёфт.

Соли 1929 – Дар Тоҷикистон аввалин совхозҳо, аз ҷумла пахтакорӣ дар Вахш, ғаллакорӣ дар Данғара, Истаравшан ва Ҳисор таъсис дода шуданд,

Соли 1936 – Шаҳри Хуҷанд, ки яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон аст, ба шаҳри Ленинобод тағйири ном кард. Баъд, 26-уми феврали соли 1991 бо қарори Шӯрои Олии кишвар ба номи таърихии худ – Хуҷанд баргардонида шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рамзи шаҳри Хуҷанд

Соли 1940 – Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис ёфт. Ин иттифоқ бо мақсади инкишоф додани анъанаҳои мусиқии классикӣ ва халқии тоҷик, аз бар намудани мероси гаронбаҳои мусиқии классикии халқҳои дигар, аз ҷумла осори мусиқии ҷаҳонӣ таъсис ёфт.

Соли 1986 – Ҳавопаймои боркаши Ан – 124 (“Руслан”) аввалин парвози худро анҷом дод.

Соли 1992 – Муносибатҳои дипломатӣ байни  Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барқарор шуд ва сафорати ин кишвар дар Душанбе ба фаъолият шурӯъ кард.

Соли 2002 – Бар асари заминларза 3 маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи сохтмони НБО “Роғун” осеб дид. Дар пайи он 3 кас ҷон бохта, 55 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Соли 2001 – Дар вилояти Суғд аввалин Оҷонсии хусусии иттилоотӣ – “Вароруд” таъсис ёфт.

Соли 2020 – Дар ВМКБ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шикорчиёни маҳаллӣ силоҳ доданд, то одамон ва чорворо аз ҳамлаи гургон ҳифз кунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Мавлуди Султон Мирзошоев, вазири пешини фарҳанг ва собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Султон Мирзошоев

Султон Мирзошоев соли 1953 Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб, соли 1963 Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб ва соли 1966 мактаби олии ҳизбии назди Кумитаи маркази  Ҳизиб комунисти иттиҳоди Шӯравиро дар Москав хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти худро дар вазифаи котиби якуми Комитети комсомолони шаҳри Кӯлоб, котиби дуюми Комитети Ҳизби комунсисти ноҳияи Арал (ҳозира Восеъ, 1957-59), котиби якуми Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон (1960), котиби Комитети Ҳизби комунисти ноҳияи Восеъ (1961-1964) оғоз карда, то солҳои баъдӣ, ҳамчун раиси Комитети давлатии кинематографияи Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ (1967-1973), намояндаи доимии Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ дар назди шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ (1973-1979) кор кардааст.

Ҳудуди 10 сол, аз соли 1979 то 1987 вазири маданият ё фарҳанги Тоҷикистони Шӯравӣ баъдан, аз як сол сардори Идораи саёҳии назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ ва се сол, аз 1990 то 1993 котиби якуми Комитети Ҳизби комунисти вилояти Кӯлоб, амалан раиси ин вилоят буд. 

Баъди ин, як сол, аз 1993 то 1994 ҳамчун роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон кор кардааст. Аз 1995 то 1997 раиси "Коҳи Ваҳдат"-и Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон буд. Султон Мирзошоев ду даъват 6 ва 11  вакили Шӯрои Олии Тоҷикистони Шӯравӣ буд.

Инчунин дар нависандагӣ низ панҷа озмуда, асарҳои ҷолиб офаридааст. Асарҳои “Борис Кимёгаров” бо ҳамкории адиб Карим Давлат, қиссаҳои “Ҷонфидо” ва “Арзи дил”, повести “Дуои сари роҳ” аз ҷумлаи онҳоянд.

Собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон дар синни 85-солагӣ шаби 7 июни соли 2019 пас аз бемории начандон тӯлонӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Соли 1934 – Зодрӯзи Муаззама Мироқилова, доктори илмҳои тиб.

Соли 1936 – Мавлуди Ғанӣ Ҷӯразода, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ғанӣ Ҷӯразода

Ғанӣ Ҷӯразода солҳо дар рӯзномаҳои “Комсомолии Тоҷикистон”, “Ҷумҳурият”, “Садои мардум” ва маҷаллаи “Коммунисти Тоҷикистон” ба фаъолияти журналистӣ машғул буд. Дар ин муддат худро ҳамчун нависанда ва шоир низ муаррифӣ кард. Ҳикоя ва қиссаҳои “Кулоҳи падар”, “Захми дил”, “Қисмат” аз ҷумлаи таълифоти ӯянд.

Ғанӣ Ҷӯразода 28-уми феврали соли 2021 баъди беморӣ дар синни 85-солагӣ  даргузашт.

Соли 1945 – Зорӯзи Комил Бекзода, шарқшинос, номзади илмҳои фалсафа, асосгузори маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Комил Бекзода

Комил Бекзода файласуфи тоҷик, доктори илми фалсафа ва асосгузори маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” аст, ки замоне дар пайи нашри китобе баҳсбарангез гардид ва дар пайи он худи Комил Бекзода низ ба вокуниши тунди ҷомеа рӯбарӯ шуд.

Ӯ таҳсилкардаи шуъбаи забони арабии факултаи шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) аст.

Беш аз 7 сол дар кишварҳои арабии Миср, Яман, (Адан, Санъо) таҳсил ва ба ҳайси тарҷумон кору фаъолият кардааст. Муддате дар ДМТ, Маркази Синошиносии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ва Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ ба моддигароӣ ва ормонгароии фалсафаи ҷаҳонӣ муътақид нест ва ба андешааш, “моддигароии имрӯза ба идеология мубаддал гардидааст ва ормонгароӣ ҳамеша идеология аст”.

Бекзода соли 1993 дар назди Пажӯҳишгоҳи фалсафаи АИ маҳфили фалсафӣ-фарҳангии “Ҷаҳони андеша”-ро таъсис дод, ки ҳоло дар тобеияти Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ қарор дорад.

Аъзои он соли 2013 китоберо бо номи “Ҷаҳонбинии оянда” дар нашриёти “Кайҳон” ба табъ расонданд, ки аз 40 саҳифа иборат буда, як боби он дар мавриди вуҷуди Худо баҳс мекунад. Ин мавзӯъ танҳо баъд аз тақрибан як соли нашри ин китобча бо вокунишҳои тунди бисёре аз сокинон ва руҳониён қарор гирифт. Дар ин байн маҳфил муддате фаъолияти худро қатъ кард, аммо баъди чанд моҳ, моҳи ноябри соли 2014 дубора фаъолияти худро оғоз кард.

Соли 1948 – Мавлуди Ҷӯра Ҳошимӣ, Шоири халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷӯра Ҳошимӣ

Ҷӯра Ҳошимӣ аз шоирони забардасти кӯдакона дар Тоҷикистон буда, ҳар як кӯдак аз остонаи мактаб бо шеъри “Ман Алифбо мехонам” бо ашъори ӯ шинос мешавад. Шеърҳои зиёди ӯ дар китобҳои дарсии хонандагони синфҳои поёнӣ ҷо дода шудаанд ва ба завқи хонандагони хурдсол созгоранд. “Баччаҳову кӯчаҳо”, “Ре мегӯям ман бурро”, “Нинӣ бапо шуд” аз намунаҳои маъруфи эҷодиёти ӯ мебошанд.

Ӯ хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ДМТ) буда, фаъолияти худро ҳамчун мусаҳҳеҳ дар Нашриёти “Ирфон” оғоз кардааст.

Минбаъд дар Кумитаи давлатии телевизион ва радио, рӯзномаи “Пионери Тоҷикистон” (“Анбоз”-и имрӯза), маҷаллаи “Чашма” дар вазифаҳои гуногун фаъолият карда, муддате сардабири ҳафтаномаи ҷумҳуриявии бачагонаи “Гул-гул” буд. Аз соли 1991 мушовири бахши адабиёти кӯдакону наврасони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

Ҷӯра Ҳошимӣ оғози солҳои 70-уми асри гузашта вориди майдони адабиёт гардид. То имрӯз китобҳои ашъори ӯ бо номҳои “Соябони садранга”, “Офтобак”, “Ман Алифбо мехонам!”, “Нинӣ бапо шуд”, “Аз як-як то лак-лак”, “Кулча чаро ширин аст?”, “Ман ба куҷо медавам?”, “Ре“ мегӯям ман бурро!”, “Чаро шамолак вазид?”, “Баччаҳову кӯчаҳо” мунташир шудаанд.

Ӯ ҳамчунин бо оҳангсозони маъруфи кишвар барои кӯдакону наврасон як қатор сурудҳои ҷолиб офаридааст. Беҳтарин шеърҳояш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шудаанд ва худи ӯ дар баргардони ашъори шоирони халқҳои гуногуни ҷаҳон ба тоҷикӣ саҳми арзанда дорад. Ахиран, китоби “Очаҷону бачаҷон”-и ӯ дар озмуни “Китоби сол-2025” дар бахши “Назми бачагона” сазовори ҷойи дуюм гардид.

Соли 2009  – Ҷумъабой Ниёзов, муовини пешнии Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) дар 61-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷумъабой Ниёзов

Ҷумъабой Ниёзов аз бунёдгузорони ҳизби демократи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, муддате бахши вилоятии ҲДТ-ро роҳбарӣ мекард ва соли 1995 раиси ҳизб интихоб шуда, аз соли 2000 то поёни умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.

Ӯ хатмкардаи факултаи энергетикии Донишгоҳи Политехникии шаҳри Душанбе буда, фаъолияти худро дар ҳамин донишгоҳ оғоз ва муддате дар филиали Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон дар Хуҷанд кор кардааст.

Аз соли 1989 фаъолияти сиёсии Ҷумъабой Ниёзов оғоз мегардад. Ӯ худи ҳамон сол ҳамраиси ҳаракати мардумии “Эҳёи Хуҷанд” интихоб шуда, то охири соли 1990 дар ин созмон фаъолият доштааст.

Гуфта мешавад, ки ин созмон баъди ба мақсади сиёсии худ расидан дар соли 1993, ки барқарор намудани номи таърихии шаҳри Хуҷанд будааст, фаъолияташро қатъ кард. Баъдан аксар узви фаъоли он, аз ҷумла Ҷумъабой Ниёзов ба узвияти ҲДТ шомил шуданд.

Номбурда соли 1990 раиси бахши вилоятии ҲДТ дар вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) интихоб шуд. Соли 1995 бошад раисиҳизб интихоб гардид.

Ӯ муддате зиндонӣ ҳам шуда буд ва худро “маҳбуси сиёсӣ” меномид.

Ҳамчунин аз соли 1995 то соли 1997 узви ҳайати музокироти сулҳи байни тоҷикон буда, моҳи июни соли 1997 ба узвияти Комиссияи Оштии Миллӣ пешбарӣ гардид ва то соли 2000 дар зеркомиссияи сиёсии он буд. Минбаъд то охири умр муовини аввали раиси ҲДТ буд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Соли 1839 аввалин таҷҳизоти аксбардорӣ кашф шуд. Луи Дагер, ихтироъкори фаронсавӣ онро кашф ва 9 январи соли 1839 ҳукумати Фаронса онро бо номи "Дагеротипия" ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

"Дагеротипия" аввалин технологияе буд, ки барои аксбардории доимӣ истифода мешуд. Ин раванд аз сабти тасвир ба рӯи плитаҳои нуқрагӣ, ки бо йод ҳассос гардонида шуда буданд, иборат буд. Ин ихтироъ имкони эҷоди тасвирҳои возеҳ ва доимиро фароҳам овард, ки қаблан ғайриимкон буд. 

Имрӯз Рӯзи саёҳат бо тӯби ҳавоӣ (воздушний шар) аст. Дар ин рӯзи соли 1793 Жан-Пер Бланшар аввалин парвози худро бо чунин тӯб дар Амрико анҷом дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ 44 маротиба дар Аврупо бо тӯбҳои ҳидрогенӣ ба осмон баромада, тасмим гирифт, ки дар ҷаҳони нав аввалин шахсе шавад, ки ин корнаморо иҷро мекунад.

9-уми январ Рӯзи байналмилалии хореограф таҷлил мешавад. Ин ҷашн ба онҳое бахшида шудааст, ки техника ва санъати рақсро нигоҳ дошта, онро такмил ва насли ояндаро таълим медиҳанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 1951, дар ин рӯз, 74 сол пеш дар Ню-Йорк (ИМА) қароргоҳи СММ расман ифтитоҳ гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

То он замон ниҳодҳои асосии СММ муваққатан дар маҳалли Лейк-Саксесс фаъолият мекарданд. Бинои нави қароргоҳ дар соҳили дарёи Ист-Ривер ҷойгир шуда, ба маркази асосии фаъолияти дипломатии байналмилалӣ табдил ёфт. Аз он вақт инҷониб қароргоҳи СММ макони баргузории иҷлосияҳои Маҷмаи умумӣ, Шӯрои амният ва дигар ниҳодҳои муҳими созмон аст.

Соли 1969 аввалин парвози озмоишии ҳавопаймои Конкорд баргузор гардид. Ин ҳавопаймоҳои баландсуръат 27 сол истифода шуда, аз рӯйи  суръат якчанд маротиба рекорд гузошт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Масалан, масири Лондон – Ню-Йоркро дар муддати 2 соату 55 дақиқа ва атрофи ҷаҳонро дар муддати 31 соату 27 дақиқа ва 49 сония бо шаш фуруд барои сӯзишворӣ пур кардан тай кард. Аммо соли 2003 бинобар хароҷоти зиёд, истифодаи тиҷоратии “Конкорд” қатъ гардид.

Соли 2007 аввалин телефони "iPhone" муаррифӣ шуд. "iPhone", ки Стив Ҷобс муаррифӣ кард, прототипи хеле сода ва нопурра буд. Моделҳое, ки баъдан ба бозор баромаданд, аз он фарқ мекарданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ -2+3º, шабона дар водиҳо -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 6-11º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 10+15º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 6+11º гарм, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ -3+2º.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона дар водиҳо 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, шабона дар водиҳо -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 13-15º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард, дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 49-51º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона 0-2º сард.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона -1+1º.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 9-11º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 9 ба 10-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?

0

Дирӯз, 7-уми январ Диловар Пирзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб таъин шуд. Ӯ то ин дам муовини аввали раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Тоҷикистон буд. Пирзода дар як мусоҳибаи ихтисосӣ ба “Азия-Плюс” аз нақшаву ҳадафҳои ояндааш гуфт.

 

“Рушди шаҳри Кӯлоб ва хидмат ба халқ”

Диловар Пирзода, ки дар ин вазифа Бахтиёр Назарзодаро иваз кард, имрӯз, 8-уми январ, дар сӯҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар давраи роҳбариаш пеш аз ҳама барои рушди шаҳри Кӯлоб, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни истиқлол ва идомаи бунёди иншооти гуногун кӯшиш мекунад.

“Бо мардуми шаҳр, соҳибкорон ва роҳбарон вохӯриҳо баргузор карда, барои ҳалли мушкилоти мардум чораҷӯӣ мекунем. Он мушкилоте, ки мавҷуданд, аз ҷониби корхонаву ниҳодҳои дахлдор фавран бартараф карда мешаванд. Ба мардум наздик будан ва бо соҳибкорон дар якҷоягӣ кор кардан ба манфиати кор мебошад”, – гуфт Пирзода.

Ӯ дар хусуси ҷобаҷогузории кадрҳо кӯтоҳ гуфт, ки “алҳол бо мутахасисоне, ки дар сатҳи роҳбарият фаъолият доранд, кор мекунем”.

 

Диловар Пирзода кист?

Диловар Пирзода 44-сола ва хатмкардаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон мебошад. Ӯ солҳо дар “Тоҷикзаминсоз” ба ҳайси иқтисодчии шуъбаи замин, сардори шуъба ва муҳандиси заминсози дараҷаи 2-юм кор кардааст.

Солҳо дар мақоми раиси Кумитаи идораи замини ноҳияҳои Восеъ, Мир сайид Алии Ҳамадонӣ ва минтақаи Кӯлоб фаъолият кардааст.

Диловар Пирзода давоми солҳои 2022–2024 дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон кор карда, аз моҳи майи соли 2024 то таъин шудан ба вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб ҳамчун муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон адои вазифа мекард.

Бояд гуфт, ки дирӯз, 7-уми январ бо фармони раисҷумҳур, Бахтиёр Назарзода, ки аз соли 2021 раиси шаҳри Кӯлоб буд, аз вазифа озод шуд. Сабаби барканории Назарзода аз ин мақом маълум нест. 

Дар баробари ин раисони 8 шаҳру навоҳии дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва ду муовини раиси вилояти Хатлон аз вазифа барканор шуданд, ки дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд

0

Додгоҳи Хатлон Чорӣ Қулиев, як сокини ноҳияи Носири Хусрави ин вилоятро барои бо барқ куштани ҳамсараш ба муддати 21 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳукми додгоҳ 16-уми октябри соли 2025 содир шуда, “Азия-Плюс” ба тозагӣ бо он шинос шуд.

Варқа Зайниддин, ёвари додситони Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳодиса рӯзи 20-уми августи соли гузашта, дар пайи ҷанҷоли зану шавҳар бар сари баргузории тӯйи писарашон рух додааст.

“Сабаби ҷанҷол камбуди маблағ барои хариди ҷиҳози лозима шудааст. Тӯйи арӯсии писарашон мебоист моҳи декабри соли 2025 барпо мешуд. Баъди ҷанҷол Улдона Рӯзиева (ҳамсари маҳкумшуда) хоб мекунад. Дар ин ҳолат Чорӣ Қулиев сангеро дар рӯйпуши болишт андохта, ба пушти сари занаш ду бор мезанад. Баъдан ноқилеро оварда, ба ангуштони дасти ӯ печонда, нӯги дигари онро ба барқ пайваст мекунад. Дар натиҷаи раисиши барқ Улдона Рӯзиева мефавтад”, – гуфт Варқа Зайниддин.

Ба қавли ӯ, Чорӣ Қулиев “ба хотири пинҳон кардани ҷиноят” эълон кардааст, ки занаш дар пайи фишорбаландӣ мурдааст. Аммо, ба қавли мақомот, тафтишот маълум кардааст, ки “зан бо барқ кушта шудааст”.

Додситонии Хатлон Чорӣ Қулиевро бо ҷурми “куштор бо бераҳмии махсус” (моддаи 104 қисми 2 банди “в”, “е” КҶ) муттаҳам кардаст ва бар асоси ин иттиҳом додгоҳ ӯро ба 21 соли зиндон маҳкум кардааст. 

Назари маҳкумшуда ва пайвандони ӯ ба ҳукми додгоҳ ва ҳамчунин дар робита ба ин қазия маълум нест.

Ҳодисаи куштори ҳамсар ё ҳамсари собиқ дар пайи нофаҳмӣ дар Тоҷикистон бори аввал нест. Аз ҷумла, чанд рӯзҳ пеш мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як сокини 28-солаи деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминободро бо гумони куштори ҳамсари собиқаш “дар заминаи хусумату рашк” дастгир кардаанд.

Ҳамчунин, моҳи декабри соли гузашта ВКД аз боздошти як сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хабар дод, ки ба куштори ҳамсараш гумонбар аст. Ин ниҳод мегӯяд, ин мард занашро бо мушту лагад ва чӯбдаст (калтак) задааст.

Дар Тоҷикистон омори алоҳидаи куштори ҳамсарон аз дасти шавҳаронашон нест. Вале Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврал соли гузашта гуфта буд, ки соли гузашта 3 ҳазору 246 ҷиноят нисбати занону духтарон содир шудааст. 

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ дар кишвар дар шаш моҳи  соли 2025 – 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст. Маълум нест, ки дар ин иён чандто куштори ҳамсарон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.