Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод

Дар Тоҷикистон соати 02:14-и 9-уми январ заминларза рух дод. Дар ин бора Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои кишвар хабар додааст. Ба гуфтаи манбаъ, маркази заминҷунбӣ дар 61-километрии ноҳияи Мурғоб, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Ларзиши замин дар маркази он 5,3 дараҷаро ташкил додааст. Маълум нест, ки дар дигар минтақаҳо бузургии заминларза чанд дараҷа будааст. […]

Дар Тоҷикистон соати 02:14-и 9-уми январ заминларза рух дод. Дар ин бора Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои кишвар хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, маркази заминҷунбӣ дар 61-километрии ноҳияи Мурғоб, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст. Ларзиши замин дар маркази он 5,3 дараҷаро ташкил додааст.

Маълум нест, ки дар дигар минтақаҳо бузургии заминларза чанд дараҷа будааст.

Сокинон аз шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки ларзиши заминро эҳсос кардаанд.

Дар бораи хисороти ин заминларза иттилоъ дода намешавад.

Бояд гуфт, дар пайи заминларзаи рӯзи 13-уми апрели соли гузашта дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод 1 нафар ҷон бохта, 16 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Ҳамчунин, 67 манзили истиқоматӣ пурра ва 280 хона қисман вайрон шуда, 321 хонаи дигар зарари сабук дида буданд. Ҳамчунин, 146 бинои ёрирасон, аз қабили мактаб, бунгоҳи тиббӣ, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳо ва системаҳои обтаъминкунӣ зарар дида, 57 сар чорво талаф ёфта буд.

КҲФ гуфта буд, зарари заминларза дар умум беш аз 17,78 миллион сомонӣ ($1,66 млн) ҳисоб шуда, дар маҷмуъ 1 ҳазору 331 оила зарар дидаанд.

Мақомот моҳи ноябри соли 2025 хабар доданд, ки ҳамаи хонаҳои зарардида сохта ба сокинон дода шуд. 

Дар бораи чӣ гуна метавон худро ҳангоми заминларза ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод, дар ин маводи мо хонед: Заминларза. Чӣ гуна метавон худро ҳифз кард ва ба кадом хатоҳо набояд роҳ дод?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.