Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд

0

Дар соли 2025 арзиши сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба андозаи рекордии 39% боло рафтанд. Болоравии нарх ба як қатор омилҳо вобаста аст: шиддати вазъияти геополитикӣ, заъфи қурби доллар, зиёд шудани талабот ба тилло, ки дар ҷаҳон ба афзоиши нархи тилло боис шуд. Тибқи пешгӯиҳо, дар соли 2026 ҷараёни болоравии нархи тилло идома меёбад.

Бонки миллии Тоҷикистон хабар дод, ки сабикаҳои тиллои ченшудаи БМТ дар шароити афзоиши баланди нархҳои ҷаҳонӣ ба ин фулузот ба ҳисоби миёна ба андозаи 39,03% гарон шудаанд.

Бино ба маълумоти ин ниҳод, давоми соли 2025 арзиши сабикаи 5-грамма ба маблағи 1 832.19  сомонӣ (38,34%38 сомонӣ) афзуда, дар рӯзи 1-уми январи соли равон 6610,42 сомониро ташкил дод. Сабикаи 100-грамма бошад, ба маблағи 36 737.98 сомонӣ (39,47%) зиёд шуда, рӯзи 1-уми январи соли равон нархаш 129 812,90 сомониро ташкил дод.

Ҳамчунин сабикаҳои тиллои вазнашон 10, 20 ва 50 грамм низ ба фурӯш гузошта шудааст. Бояд гуфт, ҳар қадаре вазни сабикаи ченшуда зиёдтар бошад, тилло ҳамон қадр ба харидор арзонтар фурӯхта мешавад.

ГАЛЛЕРЕЯ (2)


 

Ёдрас мекунем, ки сабикаҳои тиллои БМТ пас аз гароншавии рекордӣ (ба андозаи 43%) дар соли пандемияи 2020, дар ду соли минбаъда каме арзон шуданд (ба андозаи 4,1% дар соли 2021 ва 9% – дар соли 2022). Аммо аз соли 2023 инҷониб нархи он бо суръати нисбатан баланд (21,5% дар соли 2023 ва 25,8% – дар соли 2024) боло рафтанд.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 5 рӯзи аввали соли 2026 арзиши сабикаҳои БМТ бо суръати боз ҳам бештар – ба ҳисоби миёна 3% боло рафт. Ба эҳтимоли қавӣ, ин ба болоравии нархи фулузоти гаронбаҳо дар ҷаҳон дар пасманзари рӯйдодҳо дар Венесуэла вобаста аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

БМТ моҳи июни соли 2017 сабикаҳои тиллои ченшудаи поккоришударо ба муомилоти озод баровард. Ҳоло шаҳрвандон метавонад бидуни маҳдудият онро харанд.

Мутахассисони БМТ арзиши сабикаҳоро ҳамарӯза бар асоси нархҳои унсияи Труа (31,1034768 грамм)-и тилло аз рӯи натиҷаҳои фиксинг (сабти нарх)-и субҳи байнибонкӣ дар Лондон муайян ва муқаррар мекунанд.

Ҳамчунин, хароҷоти воқеӣ барои тайёр кардани сабикаҳои ченшудаи тило, нақлиёт ва суғурта, инчунин боҷҳои содиротӣ ба назар гирифта мешаванд.

Барои истеҳсоли сабикаҳо аз тиллои дар кишвар истихроҷшуда истифода мешавад.

Дар гузориши Шӯрои ҷаҳонии тилло (WGC) гуфта мешавад, соли 2025 нархи тилло ба таври бесобиқа давоми даҳ соли охир боло рафт: то 1-уми ноябри соли 2025 арзиши тилло ба андозаи 60,6% боло рафта, дар як соли ҳоло нопурра зиёда аз 50 нишондиҳандаҳои таърихии ҳадди ниҳоиро нав кард.

Таҳлилгарони WGC сабаби инро ба таъсири чанд омил рабт медиҳанд: номуайянии вазъи геополитикӣ ва иқтисодӣ, заъфи қурби доллар, инчунин ҷараёни мусбати ҳаракати нархҳо.

Дар пасманзари ин ҳам сармоягузорон ва ҳам бонкҳои марказӣ ҳиссаи тиллоро дар сандуқҳо ба сифати як воситаи гуногунсамт сохтан ва “бандари ором” дар давраҳои бесарусомонӣ зиёд карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст

0

Дар ёздаҳ моҳи соли 2025 2 ҳазору 700 донишҷӯ аз Тоҷикистон барои таҳсил ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон рафтаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 2 баробар зиёд мебошад, хабар медиҳад Кумитаи миллии омори Ӯзбекистон.

Ба иттилои манбаъ, аз моҳи январ то ноябри соли 2025-ум дар маҷмуъ, 37,2 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои гирифтани маълумот ба Ӯзбекистон орафтаанд.

Тоҷикистон аз лиҳози донишҷӯёне, ки дар ин давра барои таҳсил ба ин кишвар рафтаанд, дар ҷои сеюм қарор гирифтааст. Ҳиндустон бо 16,3 ҳазор нафар ва Туркманистон  бо 8,9 ҳазор кас дар зинаҳои аввал ва дуввум қарор гирифтаанд.

Ин ниҳод чанде пеш хабар дода буд, ки Тоҷикистон пас аз Русия дуюмин кишварест, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни ӯзбекистонӣ барои таҳсил омадаанд. Ҳоло дар мактабҳои олии Тоҷикистон 5 ҳазору 761 донишҷӯи ӯзбекистонӣ таҳсил мекунанд. 

Ба ҷуз аз Ӯзбекистон, донишҷӯёни тоҷикистонӣ ҳамчунин дар дигар кишварҳо ҳам таҳсил мекунанд. Ба иттилои Маркази барномаҳои байналмилалии Тоҷикистон, то моҳи августи соли равон 42 ҳазор донишҷӯйи тоҷик дар донишгоҳҳои 42 кишвари дунё таҳсил доранд, ки беш аз 30% онҳоро духтарон ташкил медодаанд.

Аз ҳама бештар дар Русия таҳсил мекунанд: ба ҳолати моҳи декабр беш аз 27 ҳазор. 

Дар зинаи дуюм Чин қарор дорад, ки 2990 нафар донишҷӯёни тоҷик дар ин кишвар таҳсил мекунанд. Қазоқистон низ яке аз самтҳои серталаб дар ин соҳа буда, дар ин ҷо 970 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Туркия ҳудуди 900 донишҷӯро аз Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифтааст.

Боз 3252 нафар дар дигар кишварҳо таҳсил мекунанд. Миёни онҳо Ҳиндустон, Олмон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳо номбар мешаванд, ки барои донишҷӯёни хориҷӣ барномаҳои таълимӣ ва стипендияҳо пешниҳод мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст

0

Дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳона аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистон ва захмиву кушта шудани чанд шаҳрванди Чин дар авоили моҳи гузашта, сохтмони бахше аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма, ки Тоҷикистонро ба Чин мепайвандад, дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз қатъ шудааст. 

Ин қитъаи роҳ аз ҷониби роҳсозони чинӣ ва коргарони маҳаллӣ сохта мешуд, ки чиниҳо рӯзи 1-ми декабри соли 2025 пас аз ҳамлаи мусаллаҳонаи дуввум аз хоки Афғонистон маҳали кори худро тарк карданд ва то ҳанӯз барнагаштаанд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар як посухи катбӣ ба Радиои Озодӣ қатъ шудани корҳоро тасдиқ карда, гуфтааст, "ҳадаф “таъмини амнияти кормандони чинӣ” ва то “барқарор шудани амнияти пурра” муваққатан корҳои роҳсозӣ боздошта шудааст. Ҳоло дар ин мавзеъ танҳо коргарони маҳалӣ ба иҷрои корҳои ҳошияӣ машғуланд".

Ҳамла ба коргарони ширкати роҳсозии чинии "China Road and Bridge Corporation" рӯзи 30-юми ноябр дар деҳаи Шодаки ноҳияи Дарвози Тоҷикистон аз хоки Афғонистон анҷом шуд. Дар натиҷаи он, 2 шаҳрванди Чин кушта ва 2 шаҳрванди дигари ин кишвар ҷароҳат бардоштанд.

Пештар аз ин, рӯзи 27-уми ноябри соли 2025 ВКХ Тоҷикистон гуфт, ки ба бошишгоҳи коргарони корхонаи "Шоҳин СМ" бо истифода аз силоҳҳои оташфишон ва  паҳподи муҷаҳҳаз бо норинҷак аз хоки Афғонистон ҳамла сурат гирифта, дар пайи он се корманди ширкати маъдантозакунии "Шоҳин СМ", ки шаҳрвандони Чин будаанд, ҷон бохтаанд.

ВКХ-и Тоҷикистон ин ҳамлаҳоро кори гурӯҳҳои ҳаросафкан хонда, маҳкум кард ва аз мақомоти феълии Афғонистон даъват кард, ки барои таъмини суботу амният дар марз тадбирҳои муассир андешанд.

ВКХ-и ҳукумати Толибон*  гуфт, ҳамла тавассути гурӯҳҳое анҷом шудааст, ки ҳадафашон “эҷоди бесуботӣ ва беэътимодӣ миёни кишварҳои минтақа аст”. Ин гурӯҳ ба Тоҷикистон ва Чин изҳори ҳамдардӣ кард.

Сафорати Чин дар Душанбе аз Тоҷикистон хост, барои таъмини амнияти ширкатҳо ва шаҳрвандонаш чораҳои зарурӣ андешад. Ҳамчунин, аз шаҳрвандони худ дар Тоҷикистон талаб кард, ки минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистонро тарк кунанд.

Қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ, ки ҳоло кори сохтмониаш қатъ шудааст, бахше аз роҳи байналмилалии Душанбе-Қулма аст, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад. Ин роҳ аз ноҳияи Дарвоз то ноҳияи Рӯшон мерасад ва 109 километр тӯл дорад. Бар асоси тарҳ дар ин қитъаи роҳ 14 пул ва 5 долони зидди тарма сохта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд

0

Шурӯъ аз 5-уми январ шаҳрвандони кишвар метавонанд, тасдиқи аслияти маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ, аз ҷумла оиладор будан ё набуданро ба таври электронӣ бо истифода аз QR-рамз ё пойгоҳи расмии doc.adliya.tj дарёфт кунанд.

Дар ин бора Вазорати адлияи кишвар хабар дода, навиштааст, ки дигар барои тасдиқи ин ҳуҷҷат ба вазорат омадан лозим нест.

Қаблан, сокинон санади вазъи оилавиро дар шуъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) –и маҳалли зисти худ гирифта, барои тасдиқи он бояд ба Вазорати адлия меомаданд. Акнун метавонанд баъди гирифтани санад, онро тариқи пойгоҳи doc.adliya.tj ё бо истифода аз QR-рамз тасдиқ кунанд. Барои ин бояд ба пойгоҳ ворид шуда, аризаро бо истифода аз маълумот  дар бораи худ, аз ҷумла рақами телефон ё почтаи электронӣ, нусхаи шиноснома, санади аз САҲШ-и маҳалли зист дастраскарда ва ҳамчунин, худро акс (селфи) гирифта, ба пойгоҳ ворид кунад. Ариза ба вазорат ба шакли электронӣ ирсол мегардад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз вазорат гуфтанд, дар ин пойгоҳ худи маълумотнома дар бораи вазъи оилавиро гирифта намешавад ва танҳо онро баъди дар САҲШ маҳалли зист дарёфт кардан, тасдиқ мекунанд.

Аз натиҷаи баррасии дархост ба шаҳрванд ҷавоб ба почтаи электронии ишорашуда ва ё СМС-паёмак ба рақами дар ариза зикргардидад ирсол карда мешавад.

Ин хизматрасонӣ ройгон буда, новобаста аз макони будубоши шаҳрванд – ҳам дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳам берун аз он дастрас мебошад, гуфтааст вазорат.

Онҳое, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, наздиконашон бо ваколатнома аз САҲШ маҳалли зисти худ дар Тоҷикистон маълумотнома дар бораи вазъи оилавиро дастрас мекунанд ва худи шаҳрванде, ки дар хориҷа аст, дар пойгоҳи doc.adliya.tj онро тасдиқ мекунад.

Талаботи мазкур дар доираи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ тариқи электронӣ амалӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки аз моҳи октябри соли 2025 арзиши бекор кардани ақди никоҳ ду баробар зиёд шуд. Тибқи тағйирот ба қонун “Дар бораи боҷи давлатӣ” барои бекор кардани ақди никоҳ боҷи давлатӣ чунин муқаррар шудааст:

– Дар асоси аризаи яке аз ҳамсарон: ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 156 сомонӣ баробар аст.

– Дар асоси аризаи якҷояи зану шавҳар: ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 780 сомонӣ баробар аст.

– Дар асоси ҳалномаи додгоҳ: ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки ин ба 1092 сомонӣ баробар аст.

Аз ҳам пошидани оилаҳо дар Тоҷикистон чандин сол боз яке аз мавзӯъҳои доғ дар ҷомеа маҳсуб мешавад. Тибқи омори расмӣ, дар нимаи аввали соли 2025 равон дар Тоҷикистон 4117 оила барҳам хӯрдааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 291 адад камтар будааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт

0

Аз охири соли 2025 то аввали соли 2026 чанд тағйири калидӣ дар сафи мансабдорони воломақоми Украина сурат гирифт. Ба иттилои расонаҳо, қисме аз мансабдорон курсиро тарк карда, вазифаҳои нав гирифтанд, бархеи дигар аз сиёсат рафтанд.

 

Барканории роҳбарони Хадамоти амният ва дастгоҳи раисҷумҳур

Ба иттилои ВВС, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дирӯз, 6-уми январи соли 2026 роҳбари Хадамоти амният (ХАУ) Васил Малюкро аз вазифа барканор кард.​

Ба навиштаи манбаъ, Малюк, ки бо амалиётҳои алайҳи Русия, аз ҷумла ҳамлаҳои бесарнишин ба қаламрави Русия машҳур буд, аз курсӣ меравад, аммо ба ӯ мансаби дигар медиҳанд.

“Ман дар низоми Хадамоти амнияти Украина мемонам, то амалиётҳои махсуси фаромутаносиби сатҳи ҷаҳониро пиёда кунам. Мутмаинам, ки хадамоти махсуси қавӣ ва муосир – кафили амнияти давлати мо мебошад”, – гуфта мешавад дар изҳороти Малюк, ки дар саҳифаи Хадамоти махсуси Украина дар телеграм нашр шудааст.

Зеленский бо фармони дигар Евгений Хмара, роҳбари воҳиди вижаи “Алфа”‑и Хадамоти амниятро иҷрокунандаи вазифаи роҳбари ХАУ таъйин карда, барои тасдиқ ба порлумон фиристодааст.

Ба гуфтаи ВВС, иваз шудани роҳбари ХАУ ҳамчунин як қисми кӯшиши Зеленский барои мутобиқ кардани сохторҳои қудратӣ ба марҳилаи навтари ҷанг ва тақвияти амалиётҳо ба шумор меравад.​

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Евгений Хмара

Кирил Буданов ба ҷои Андрий Ермак

Як рӯз пеш, 5-уми январ, “Украинская правда” хабар дод, ки Зеленский Кирил Буданов, роҳбари Истихбороти ҳарбиро барканор ва ҳамзамон ӯро ба вазифаи раиси дастгоҳи раисҷумҳур таъйин кард. Ӯ ҷойгузини Андрий Ермак, ки баъди олуда шудани номаш ба парвандаи марбут ба ришватхӯрии Бюрои миллии зиддифасоди Украина ошкоркарда зикр шуд, таъин шуд. То ҳол Ермак ба вазифаи дигаре таъйин нашудааст.

Ба навиштаи хабаргузории украинӣ, Буданов ҳамчун “генерали ҷабҳа” ва шахси боэътимод барои Вашингтон шинохта мешуд ва ба ӯ барои идора кардани низоми сиёсӣ ва музокироти сулҳ миёни Русия ва Украина такя мекарданд.​

 

Барканории вазирони энерживу адлия​​​​​​​

Охири соли гузашта ҳам чанд мансабдори баландпояи Украина аз вазифа барканор ва боз чанде аз онҳо ба курсии дигаре таъйин шуданд. Аз ҷумла, 19-уми ноябри соли 2025 вазири энержии Украина Свитлана Гринчук аз вазифа рафт. Ҳамзамон бо Гринчук, вазири адлия Герман Галушенко низ истеъфо доданд.​

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Герман Галушенко

Ҳарду вазир пас аз он аз вазифа рафтанд, ки Бюрои миллии зиддифасоди Украина парвандаи ришвахӯрии онҳо ба маблағи 100 миллион долларро ошкор кард.​

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Свитлана Хринчук

Ройтерз дар таҳлили рӯзи 12 декабри 2025 навишт, ки то миёнаи декабр ҳеҷ як номзади ниҳоӣ барои курсиҳои вазирони энержӣ ва адлия тасдиқ нашудаанд. Адами “шахси арзанда”-ро ин расона ба ҷанги Русияву Украина рабт додааст. Ҳарду курсӣ то кунун холӣ мондааст ва корҳои идории онҳоро муовинон пеш мебаранд.

Ба ин тартиб, ба иттилои ВВС, DW, Ройтерз ва “Украинская правда”, дар охир соли 2025 ва аввали соли 2026 бештар сухан аз иваз кардани чеҳраҳои калидӣ дар доираи ҳамон элитаи атрофи Зеленский меравад – ҳайати ҳукумат на он қадар “нав” шудааст, балки қисман “ҷойгузини ҳам” шудаанд.​

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд

0

Раисони 9 шаҳру навоҳии Тоҷикистон, аз ҷумла Кӯлоб, Истаравшан, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва ду муовини раиси вилояти Хатлон аз вазифа барканор шудаанд. Ҳамчунин, ёрдамчии президент дар робита ба масоили иҷтимоӣ, раиси Кумитаи рушди маҳал ва муовинонаш нав шуданд.

Аз ҷумла, Абдулло Раҳмонзода, ки то ин дам ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа буд, аз вазифа озод ва муовини раиси вилояти Хатлон дар бахши идеология таъин шудааст.

Ҳамчунин, Ашурбой Солеҳзода, ки муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо аз вазифа озод ва муовини раиси вилояти Хатлон дар бахши иқтисод таъин гардид.

Маълум нест, ки ёрдамчии нави президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кӣ таъин шуд.  Ҳамчунин, номи муовини нави якуми вазири рушди иқтисод ва савдо ҳам маълум нест.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Шарифҷон Ҷумъазода, ки то ин дам раиси Кумитаи рушди маҳал буд, ба ҷойи Баҳоваддин Баҳодурзода раиси нави Исфара таъин шудааст. Баҳодурзода, ки 6 соли охир раиси ин шаҳри наздимарзӣ буд, маълум нест, ки ба кадом мансаб таъин шудааст.

Тибқи фармони раисҷумҳур, Бахтиёр Назарзода, ки аз соли 2021 раиси шаҳри Кӯлоб буд, аз вазифа озод шудаааст. Як манбаъ аз ҳукумати Хатлон ба “Азия-Плюс” гуфт, ба ҷои Назарзода ба курсии раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода, ки то ин дам муовини аввали раиси Кумитаи давлатии замин ва геодезии Тоҷикистон буд, такя зад.

Манбаъи “Азия-Плюс” аз ҳукумати вилояти Суғд гуфт, ки ба ҷои раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода, ки аз соли 2020 раиси ин ноҳия буд, Ҷамшед Ҷуразода, ки то ин дам муовини раиси вилоят буд, раиси нави Спитамен таъин шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Манбаъи мо гуфт, Темурҷон Нӯмонзода ба ҷои Нусратулло Салимзода, ки аз соли 2023 раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд, раиси нави ин ноҳия таъин шудааст.

Нусратулло Салимзода ба ҷои Абдуғаффор Ҳикматуллозода, ки аз соли 2023 раиси ноҳияи Рӯдакӣ буд, раиси нави ин ноҳия таъин шудааст. Маълум нест, ки Ҳикматуллозода чӣ мансаб гирифтааст.

Ба ҷои Адҳам Маъмурзода, ки 6 соли охир раиси шаҳри Истаравшан буд, Абдусаттор Қодирӣ, муовини аввали ӯ раиси нави ин шаҳр таъин шудааст.

Хадамоти матбуотии роҳбари давлат менависад, ки Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аз вазифа озод шуда, ба ҷои ӯ Набизода Фаррухиддин, ки то ин дам раиси ноҳияи Ховалинг буд, раиси нави Ҳамадонӣ таъин шудааст. Ба ҷои Набизода, Саймумин Рауфзода раиси нави ноҳияи Ховалинг таъин шудааст. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Абдулҳафиз Одиназода

Ҳамзамон, Абдулҳафиз Одиназода, раиси ноҳияи Ҷайҳун аз вазифа барканор ва ба ҷои ӯ, Ализода Азизулло иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷайҳун таъин гардид.

Ҳамчунин, Манучеҳр Шарифзода, ки то кунун муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон буд, директори “Театри миллӣ” таъйин шудааст. Ин ниҳод навтаъсис аст ва Шарифзода аввалин раиси он мебошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус

0

Мақомоти Русия як зани 26-солаи зодаи Тоҷикистонро дар пайванд ба марги Юлия Буртсева, блогери 38-солаи рус дастгир кардаанд. Ба иддаои Кумитаи тафтишоти Русия, Шоира Назуллоева дар анҷом додани амалиёт барои зебоӣ, ки гӯё боиси марги блогнависи рус шудааст, гумонбар дониста мешавад.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, ҳодиса рӯзи 4-уми январ дар клиникаи хусусии “Elmas” дар Маскав рух дода, вазъи блогери рус пас аз анҷоми амалиёт бад шудааст. Баъди ин ӯро ба яке аз шифохонаҳои шаҳри Маскав интиқол додаанд, аммо ӯ дар он ҷо фавтидааст.

Кумитаи тафтишотии Русия дар пайванд ба ин қазия, алайҳи Шоира Назуллоева бо иттиҳоми “аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва иҷрои нодурусти вазифаи касбӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, менависад "Медуза".

ИЗОБРАЖЕНИЕ Юлия Буртсева

Расонаҳои Русия менависанд, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо нигоҳҳои муҳоҷирбадбинона ва миллатгароёна маъруф аст, тафтиши ин парвандаро зери назорат гирифтааст.

Ҳамчунин, расонаҳои Русия иддао кардаанд, ки Шоира Назуллоева корманди клиникаи “Elmas” набуда, дар он ҷо утоқеро иҷора гирифта, кор мекардааст.

Дар сурати собит шудани иттиҳоми эълоншуда, ба ин зодаи Тоҷикистон то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари ин зани тоҷик дар робита ба ин қазия маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?

0

Сар аз оғози соли 2026 нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ва ё биржа ба қиматшавӣ оғоз кард. Дар рӯзҳои аввали моҳи январ нархи муқараршудаи хариди он барои оянда (фючерс) то андозаи 64,8 сент барои 1 фунт афзудааст. Агар нархи ҷории 64,8 сент барои 1 фунтро ба килограм гузаронем, пас нархи 1 кило ҳудуди 1,43 долларро ташкил медиҳад. Вале дар муқоиса ба нархи солона он тақрибан 5,4% паст буда, талабот ба пахта начандон зиёд боқӣ мемонад.

Бино ба арзёбии "Trading Economics", ба афзоиши нарх бозгашти сармоягузорон пас аз соли нав ба бозор кумак кард, ки онҳо қарордодҳои дар вақти коҳиш гирифтаашонро хариданд. Ин ба болоравии нархҳо мусоидат кард. 

Сарфи назар аз барқарор шудани нархҳо, хавфҳо боқӣ мемонанд. "Trading Economics" зикр мекунад, ки иштирокчиёни бозор мисли пешин аз талаботи кам, захираҳои барзиёд ва эҳтимоли таъсири таърифаҳо (тарифҳо) ба пахтаи амрикоӣ нигаронӣ мекунанд.

Дар ин замина, тибқи иттилои Вазорати кишоварзии ИМА фурӯши софи содироти пахта давоми ҳафта, ки рӯзи 25 декабри соли 2025 ба охир расид, 134 ҳазор тойро ташкил доданд, ки бозор инро ба сифати ҳушдори талаботи паст қабул кард.

Дар пасманзари афзоиши истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон, қиматшавии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ ба фоидаи кишвар аст. Зеро пахтаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ бо нархи қиматтар фурӯхта мешавад. 

Дар “Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027” дар соли 2025 ҳаҷми ҷамъоварии пахта 390 ҳазор тонна ва истеҳсоли нахи пахта – 139 ҳазор тонна арзёбӣ шудааст.

Ҳамчунин, соли гузашта содироти нахи пахта аз Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буд. Аз оғози сол Эрон аз Тоҷикистон ба маблағи 45,7 млн доллар зиёда аз 30 ҳазор тонна нахи пахта харид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард

0

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии “Занон, сулҳ ва амният” (Women, Peace and Security Index, WPS) дар соли 2025/26, ки аз сӯи Институти масъалаҳои занон, сулҳ ва амният дар назди Донишгоҳи Ҷорҷтаун ва Институти таҳқиқоти сулҳ дар Осло гузаронида шуд, миёни 181 кишвар бо гирифтани 0,685 хол ҷои 89-умро касб кардааст.

Дар ин шохис, Қазоқистон дар ҷои 72 (0,722), Туркманистон дар ҷои 74 (0,720), Қирғизистон дар ҷои 84 (0,697) ва Ӯзбекистон дар ҷои 98 (0,674) қарор гирифтаанд.

Бахши мусбат барои Тоҷикистон дар ин шохис бехатарии рӯзмарра ба ҳисоб меравад: 93% занон посух додаанд, ки шабона вақте ба сайру гашт мебароянд, бехатарариро эҳсос мекунанд. Ин паҳлу дар радабандии мазкур беҳтарин дар байни гурӯҳҳои муқоисавӣ зикр шудааст.

Нишондиҳандаи заифтар дар шохис, дастрасӣ ба ҳуқуқ ва ҳимоят аз ҳуқуқи худ аст. Тоҷикистон аз рӯйи “дастрасӣ ба адолат” мувофиқи баҳогузории 0-4 ҳамагӣ 0,7 хол гирифтааст, ки нишондиҳандаи пастарин аст. Миёни нишондиҳандаҳои ҳассос, 14% хушунат аз тарафи шавҳар аст.

Дар бахши “фарогирӣ ба таҳсил” соли миёнаи таҳсили занон – 10,9 сол, сатҳи бо шуғл таъмин будани занони 25–64-сола – 28,8%, фарогирии молиявӣ – 39,4% буда, 68% занон аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд. Саҳми занон дар парлумон 26,6%-ро ташкил медиҳад.

Радабандии “Занон, сулҳ ва амният” вазъи занонро аз рӯи 13 нишондиҳанда (иштирок дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ, амният ва ҳоказо) арзёбӣ мекунад.

Пешсафи раддабандӣ бо нишондиҳандаи 0,939 Дания мебошад ва дар поёни ин шохис Афғонистон бо нишондиҳандаи 0,279 ҷой дорад. Ҳамзамон дар панҷгонаи кишварҳо бо нишондиҳандаи паст Яман, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Сурия ва Судон қарор доранд.

Дар гузориш, пешрафти суст ҷаҳонӣ дар як қатор самтҳо, аз ҷумла фавти модарон ва намояндагии сиёсии занон, инчунин камбуди захираҳо барои барномаҳои марбут ба ҳуқуқи занон қайд шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2

0

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани маҷмуъи ҳикояҳои Юнус Юсуфӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми дуввуми ҳикояи “Хоб” манзури ҳаводорони китоб мешавад.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ҳадафи лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов сабти китобҳои савтӣ ва пешниҳоди он ба хонандаву шунавандааш тавассути радио, сомона ва саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила тарғиби ҷомеа ба мутолиаи китоб мебошад.

Қаблан, лоиҳаи “Аудиокитоб” ҳикояҳо аз “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, “Дардҳои гиреҳхӯрда”-и Иноят Насриддин ва ҳикояҳои Антон Чеховро дар шакли савти манзури хонандагон ва шунавандагон карда буд.

Ин бор таҳиякунандагони лоиҳа ба хондани роман ва ҳикояҳои китоби "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ оғоз карданд.

Китобҳои савтӣ ҳамарӯза тариқи радиои “Азия-Плюс” пахш мегардад ва ровии он Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва директори барномавии радиои “Азия-Плюс” аст.

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ ва “Телеграм”-и радиои “Азия-Плюс” метавонед, гӯш кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.