Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус

Мақомоти Русия як зани 26-солаи зодаи Тоҷикистонро дар пайванд ба марги Юлия Буртсева, блогери 38-солаи рус дастгир кардаанд. Ба иддаои Кумитаи тафтишоти Русия, Шоира Назуллоева дар анҷом додани амалиёт барои зебоӣ, ки гӯё боиси марги блогнависи рус шудааст, гумонбар дониста мешавад. Ба навиштаи расонаҳои Русия, ҳодиса рӯзи 4-уми январ дар клиникаи хусусии “Elmas” дар Маскав […]

Asia-Plus

Мақомоти Русия як зани 26-солаи зодаи Тоҷикистонро дар пайванд ба марги Юлия Буртсева, блогери 38-солаи рус дастгир кардаанд. Ба иддаои Кумитаи тафтишоти Русия, Шоира Назуллоева дар анҷом додани амалиёт барои зебоӣ, ки гӯё боиси марги блогнависи рус шудааст, гумонбар дониста мешавад.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, ҳодиса рӯзи 4-уми январ дар клиникаи хусусии “Elmas” дар Маскав рух дода, вазъи блогери рус пас аз анҷоми амалиёт бад шудааст. Баъди ин ӯро ба яке аз шифохонаҳои шаҳри Маскав интиқол додаанд, аммо ӯ дар он ҷо фавтидааст.

Кумитаи тафтишотии Русия дар пайванд ба ин қазия, алайҳи Шоира Назуллоева бо иттиҳоми “аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан ва иҷрои нодурусти вазифаи касбӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст, менависад "Медуза".

Расонаҳои Русия менависанд, Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти Русия, ки бо нигоҳҳои муҳоҷирбадбинона ва миллатгароёна маъруф аст, тафтиши ин парвандаро зери назорат гирифтааст.

Ҳамчунин, расонаҳои Русия иддао кардаанд, ки Шоира Назуллоева корманди клиникаи “Elmas” набуда, дар он ҷо утоқеро иҷора гирифта, кор мекардааст.

Дар сурати собит шудани иттиҳоми эълоншуда, ба ин зодаи Тоҷикистон то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Назари ин зани тоҷик дар робита ба ин қазия маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.