Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?

Сар аз оғози соли 2026 нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ва ё биржа ба қиматшавӣ оғоз кард. Дар рӯзҳои аввали моҳи январ нархи муқараршудаи хариди он барои оянда (фючерс) то андозаи 64,8 сент барои 1 фунт афзудааст. Агар нархи ҷории 64,8 сент барои 1 фунтро ба килограм гузаронем, пас нархи 1 кило ҳудуди 1,43 долларро ташкил медиҳад. Вале дар муқоиса […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Сар аз оғози соли 2026 нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ва ё биржа ба қиматшавӣ оғоз кард. Дар рӯзҳои аввали моҳи январ нархи муқараршудаи хариди он барои оянда (фючерс) то андозаи 64,8 сент барои 1 фунт афзудааст. Агар нархи ҷории 64,8 сент барои 1 фунтро ба килограм гузаронем, пас нархи 1 кило ҳудуди 1,43 долларро ташкил медиҳад. Вале дар муқоиса ба нархи солона он тақрибан 5,4% паст буда, талабот ба пахта начандон зиёд боқӣ мемонад.

Бино ба арзёбии "Trading Economics", ба афзоиши нарх бозгашти сармоягузорон пас аз соли нав ба бозор кумак кард, ки онҳо қарордодҳои дар вақти коҳиш гирифтаашонро хариданд. Ин ба болоравии нархҳо мусоидат кард. 

Сарфи назар аз барқарор шудани нархҳо, хавфҳо боқӣ мемонанд. "Trading Economics" зикр мекунад, ки иштирокчиёни бозор мисли пешин аз талаботи кам, захираҳои барзиёд ва эҳтимоли таъсири таърифаҳо (тарифҳо) ба пахтаи амрикоӣ нигаронӣ мекунанд.

Дар ин замина, тибқи иттилои Вазорати кишоварзии ИМА фурӯши софи содироти пахта давоми ҳафта, ки рӯзи 25 декабри соли 2025 ба охир расид, 134 ҳазор тойро ташкил доданд, ки бозор инро ба сифати ҳушдори талаботи паст қабул кард.

Дар пасманзари афзоиши истеҳсоли пахта дар Тоҷикистон, қиматшавии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ ба фоидаи кишвар аст. Зеро пахтаи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ бо нархи қиматтар фурӯхта мешавад. 

Дар “Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027” дар соли 2025 ҳаҷми ҷамъоварии пахта 390 ҳазор тонна ва истеҳсоли нахи пахта – 139 ҳазор тонна арзёбӣ шудааст.

Ҳамчунин, соли гузашта содироти нахи пахта аз Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш буд. Аз оғози сол Эрон аз Тоҷикистон ба маблағи 45,7 млн доллар зиёда аз 30 ҳазор тонна нахи пахта харид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.